logo

туризм

ЧОРСӮ ДЕҲАЕ ШАБЕҲИ ШАҲР

Ин рустои зебоманзари ноҳияи Лахш бо табиати нотакрору дилнишин, боду ҳавои форам ва заминҳои фароху зархез дар буриши чор роҳи бузург ҷой гирифтааст, ки онҳо  аз водиҳои доманадор ибтидо мегиранд. Ҳамин аст, ки дар ин ҷо  соҳаҳои тиҷорату савдо, сайёҳӣ ва истеҳсолот ҳоло ба таври густурда рушд доранд. Чорсӯ ба маркази тиҷорати байнимарзӣ табдил ёфтааст.  Соҳибкорони зиёд  бо истифода аз шароиту имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат дар бахшҳои гуногун фаъолияти пурсамар менамоянд. Гирудори сохтмончиён, ҳаракати мошинҳои калони пурбор ва қомат афрохтани биноҳои нави савдою хизматрасонӣ дар гӯшаю канори деҳа аз пешрафти босуръати он гувоҳӣ медиҳанд.

Маркази тиҷорати миёнамарзӣ 
Имсол ба шарофати омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ ва эълон шудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ин гӯшаи дурдасти диёр сохтмони иншооти таъйиноти иҷтимоию иқтисодӣ вусъати тоза гирифта, ба деҳа симои нав бахшид. Дар Ҷамоати деҳоти Лахши ноҳия сохтмони  16 иншооти бузурги ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аксари онҳо маҳз дар деҳаи Чорсӯ бунёд меёбанд. Ҳарчанд то фарорасии ҷашн ду соли дигар аст, аллакай, сохтмони бештари  онҳо дар арафаи анҷомёбист. Аз раванди босуръати корҳои созандагию ободонӣ бармеояд, ки то ду соли дигар бунёди иншоот дар маркази ҷамоат – деҳаи Чорсӯ аз нақша зиёд амалӣ хоҳад шуд. Шароиту имкониятҳои фаровони табиӣ ва мавзеи мусоиди ҷойгиршавии деҳа ба рушди савдою хизматрасонӣ такони ҷиддӣ бахшидааст.
Ба гуфтаи Зариф Воҳидов, раиси ҷамоат, солҳои охир дар натиҷаи дастгирии давлатии  соҳибкорон ва истеҳсолоти ватанӣ бо иқдоми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи соҳибкорони деҳа  рӯ ба афзоиш оварда, ба ифтитоҳ ёфтани иншооти нав ва ба куллӣ зеботар шудани симои он мусоидат намуд.Тайи ду соли охир дар деҳа дигаргуниҳои зиёд ба вуқӯъ пайвастанд.
- Тӯли ин муддат дар ин ҷо аз тарафи соҳибкорон 8 маркази савдо, коргоҳҳои мебелбарорӣ, коркарди пашм, 2 ҳаммом, 2 меҳмонхонаи замонавӣ,  5 ошхона, боғча барои 64 кӯдак бо тарҳи замонавию меъмории миллӣ бунёд ёфтааст. Ҳоло  бунёди маркази минтақавии ташхис, 2  маркази савдо, 2 ошхонаи замонавӣ,  толори варзиш ва бинои боҳашамати маҷлису маъракаороӣ ҷараён дорад. Соҳибкорони минтақаҳои дигари мамлакат низ  талош менамоянд, ки фаъолияти тиҷоратию истеҳсолиашонро дар ин ҷои мусоид ба роҳ монанд. Теъдоди чунин соҳибкорон сол ба сол бештар мешавад, - гуфт ӯ.
Дар натиҷаи рушди тиҷорат ва савдо як қатор ташкилотҳои молиявию сармоягузорӣ низ дар деҳа ташкил ёфтаанд, ки барои пешбурди кори кишоварзону соҳибкорон ба ҷалби сармоя машғуланд. Айни замон дар деҳа намояндагии Ташкилоти байналмилалии JIZ, ассотсиатсияи кишоварзии «Лахш»,  фонди қарзии хурди  «Эҳёи кӯҳистон» ва намояндагии КВДҶ «Тоҷикагролизинг» фаъолияти натиҷабахш доранд.  Аз ҳисоби ташкилотҳои мазкур дар деҳоти ҷамоат хатҳои оби нӯшоӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои омӯзишӣ ва иншооти дигар сохта шуда, соҳибкорону кишоварзон барои равнақи фаъолияти худ қарзҳои имтиёзнок дастрас намуданд.
Ҳарчанд дар деҳа беҳбудиҳои рӯзафзун ба чашм мерасанд, аммо бунёди инфрасохтори бозори миёнамарзӣ яке аз масъалаҳои пураҳамияти ин мавзеъ ҳанӯз ҳалталаб боқӣ мемонад. Бозори минтақавии  «Сомониён» дар деҳа ҳоли табоҳ дорад. Дар ин ҷо рӯзи якшанбе бозор барпо мегардад, ки савдогарон дарҳам барҳам маҳсулоташонро дар байни роҳ парешон намуда, ба фурӯш мегузоранд.  Таваққуфгоҳ надоштани воситаҳои нақлиёт ва ҳаракати бенизоми онҳо дар байни харидорону фурӯшандагон мушкили дигари бозор аст. Бо вуҷуди дархосту пешниҳоди зиёди соҳибкорону тоҷирон, мутаассифона, то ҳол  масъалаи бунёди инфрасохтори бозор ҳаллӣ худро наёфтааст.

Макони ояндадори сайёҳӣ
Дар масофаи на он қадар дур аз деҳаи Чорсӯ қуллаи овозадори ба номи Исмоили Сомонӣ, дарёҳои азими Сурхоб ва Ваҷанг (Муксу) ҷойгиранд.  Барои кӯҳнавардоне, ки мехоҳанд қулларо фатҳ намоянд, ин деҳаи хушманзараю обод беҳтарин макони будубош аст. Дарёҳои Сурхобу Ваҷанг ду шохаи асосии дарёи Вахшанд, ки аз кӯҳҳои сарбафалаккашида сарчашма мегиранд. Дар соҳили онҳо сохтани осоишгоҳҳои тобистона басо манфиатбахш хоҳад буд. Ҳамчунин, сайёҳон  барои рафтан ба мавзеъҳои дигари таърихию тамошобоби минтақа нахуст дар Чорсӯ қарор мегиранд. Дар масофаи ҳамагӣ 5 километр дур аз ин ҷо деҳаи пурасрори Сафеддара воқеъ аст, ки  он дорои таърихи пурғановат ва мавзеъҳои марғуби диданист. Оромгоҳи шахсияти маъруфи фарҳангию ирфонӣ - Ҳазрати Шоҳтолиб дар ин русто ва чашмаҳои шифобахшу дарахтзори ғайриодӣ диққати меҳмононро ҷалб намудааст. Дар боғи оромгоҳ чанд ҳазор дарахти худрӯйи сиёҳбед  мавҷуд аст, ки байни кӯҳпораҳо реша давондаанд ва аз ҳар ҷойи ин ҷангали ғайриодӣ чашмаҳои ширину мусаффо ҷӯш зада, рӯ - рӯи кӯҳпораҳо мешоранд. Дар атрофу акнофи Чорсӯ даҳҳо мавзеи дигари нодир мавҷуданд, ки ҳамасола сайёҳони дохилию хориҷӣ барои тамошои онҳо дар ин деҳа ҷамъ меоянд. Бо мақсади истифодаи босамари чунин имкониятҳо соли равон дар ин ҷо ширкати сайёҳии минтақаи Рашт «Арчасайр» ба фаъолият пардохт.
Қурбоналӣ Неъмонов, роҳбари ширкат, бовар дорад, ки Чорсӯ солҳои наздик ба бузургтарин макони сайёҳӣ табдил меёбад.
- Барои қабули сайёҳоне, ки ба минтақаи Лахш барои тамошои мавзеъҳои гуногун меоянд ва ё қуллаи ба номи Исмоили Сомониро фатҳ карданианд, деҳа макони мусоиди иқомат аст. Қариб ҳамаи инфрасохтори зарурӣ - меҳмонхона, маркази савдо, ҳаммому беморхонаҳо ва дигар шароити даркорӣ дар ин ҷо фароҳам оварда шудаанд. Мушкили асосӣ мақоми байналмилалӣ надоштани гузаргоҳи гумрукии Қарамиқ аст, ки аксари сайёҳони хориҷӣ бо ин сабаб вориди минтақаи мо намешаванд. Агар  ин гузаргоҳ мақоми байналмилалӣ гирад, бовар дорам, ки ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба минтақаи Лахш даҳчанд меафзояд, - изҳор дошт Қ. Неъмонов.
     
Намоди фарҳанги дӯстӣ
Дар деҳаи Чорсӯ осорхонаи таърихнигор Ҳомид Борон мавҷуд аст ва дар он ёдгориҳо аз гузаштаи хеле куҳани ин сарзамин ҷамъоварӣ шудаанд. Дар ин ҷо куҳантарин олоти рӯзгори аҷдодони тоҷиконро мебинед. Як қисми дигари ин осорхона аз пайдоиши дӯстию рафоқати тоҷикону қирғизҳо ҳикоят мекунад, ки то имрӯз идома дорад ва ба як дарахти азимҷуссаи пурбор мубаддал шудааст. Ҳамасола меҳмонони зиёде аз шаҳрҳои Душанбею Бишкек ба Чорсӯ меоянд ва ин ҷо тараннуми сулҳу дӯстиро бо чашми сар  дида, аз рафоқати ду миллат мафтун мегарданд. Намояндагони ду  миллат тӯли солҳои дарози ҳамзистӣ дар роҳи зиндагӣ ва ватандорӣ ба ҳам тавъам шуда, дар байни онҳо садҳо оилаи муштарак ба вуҷуд омадааст, ки далели қарин будани онҳост. Ҳама тантанаҳои идонаи ҷашнҳои Наврӯзи байналмилалӣ, Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва даҳҳо чорабиниҳои фарҳангию варзиширо мардуми минтақаи Лахш  якҷо дар ҳамин деҳа бо эҳсоси баланди ватандӯстона мегузаронанд. Басо нишотбахш аст, ки ҳар сол доир ба мавзӯъҳои дӯстию ватанпарварӣ, хизматҳои беназири Пешвои миллат дар деҳа маҷлису ҷамъомадҳо ороста мешаванд. Аз ҳисоби шоирону нависандагон ва аҳли зиёи минтақа ин ҷо маҳфили шоирони ваҳдатсаро амал менамояд, ки хеле фаъол аст. Аммо набудани толори мувофиқ фазои фарҳангии деҳаро халалдор сохтааст.
Бо ин ҳама файзу баракат, ғановати моддию маънавӣ  ҳоло Чорсӯ ба шаҳрчае шабоҳат дорад, ки аз баракати сулҳу амонӣ ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар замони соҳибистиқлолии мамлакат зода шудааст. Акнун домонашро васеътар менамояд ва имкон дорад, ки боз ҳазорҳо хонаводаи ҷавонро ба оғӯш гирад. Ҳар қадар деҳа калонтар мешавад, симои он ҳамон андоза намои шаҳрро мегирад. Ҳоло деҳа бо рушду равнақ ёфтани соҳаҳои хоҷагии халқ ба ҷабҳаи кору пайкори ватандӯстона табдил шудааст. Умед дорем, ки дар он даҳҳо марказҳои савдою хизматрасонӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти ёрирасон ва  фарҳангию фароғатӣ дари худро ба рӯи мардум боз менамоянд ва Чорсӯ ҳамчун як шаҳре дар домони паҳновари Лахш сар боло хоҳад намуд. Танҳо омода сохтани нақшаи кулли  ин шаҳр намерасад, ки масъулони соҳа бояд сари он биандешанд.                                                                   
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.08.2019    №: 150    Мутолиа карданд: 409

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед