logo

фарҳанг

МУАЛЛИМА

Нафарони зиёде дар деҳоти Фархор Шоҳзодамо Исматоваро муаллима ном мебаранд, ки ин бесабаб нест. Ӯ аз ҷамоати Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб аввалин духтаре буд, ки соли 1968 ба мактаби олӣ дохил шудаву бомуваффақият онро хатм намудааст. Дар мактаби миёнаи № 24  - и деҳаи Бобо - Сафоли ноҳияи Фархор ҳамчун аввалин муаллима, инсони меҳнатдӯсту бомаърифат дар як муддати кӯтоҳ ҳурмату эҳтироми ҷомеаро ноил  гашт. Фаъолияти пурсамарашро комитети ҳизбии ноҳия ба инобат гирифта, аввалҳои соли 1980 муаллимаро раиси  Ҷамоати деҳоти Деҳқон - Ариқ интихоб карданд. Бо ӯ аз ҳамон давра дар як хоҷагӣ фаъолият доштем. Он овон ман раиси колхози «Коммунизм» будам.

То давраи роҳбарии Шоҳзодамо Исматова дар вазифаи раиси ҷамоат, масъалаҳои  маъмурию иҷтимоӣ, хоҷагӣ, ҳатто оилавӣ дар сатҳи мақомоти давлатии ҷамъиятии ноҳияву вилоят ҳаллу фасл мешуд. Акнун, туфайли ақлу заковат, донишу кордонии раиси ҷамоат масъалаҳои мазкур ҳалли худро дар ҳудуди хоҷагӣ, деҳа ё ҷамоат меёфтаанд. Гуфтору рафтори муаллима ҳидояте буданд, ки аз қалби пур аз меҳру муҳаббати инсонӣ фаввора мезад. Ҳамчун оби ҳаётбахш кибру ғурур ва хашми алангазанандаи ҷонибҳоро хомӯш ва ба роҳи рост ҳидоят менамуданд...
Вақти раисии Шоҳзодамо ягон ҷанҷоли оилавӣ то дари суд намерафт ва дар ин давра ягон оила барҳам нахӯрдааст. Зеро роҳбарону фаъолони хоҷагиҳо садди роҳи вайроншавии оилаҳо мешуданд. Омадани Шоҳзодамо ба Ҷамоати деҳоти Деҳқон - Ариқ ба сифати омӯзгор, раис, баъдан ба ҳайси директори мактаб, гулдастаеро мемонд, ки аз гулҳои рангоранги ҳаёту зиндагӣ таркиб ёфта, накҳату бӯи муаттараш на танҳо сурату сирати одамон, балки симои худи деҳотро куллан дигаргун сохт. Шаклу мазмуни зиндагии деҳотиён ба маънои томаш тағйир ёфт.
Туфайли роҳбарии Шоҳзодамо Исматова дар симати роҳбари ҷамоат нақшаҳои истеҳсолии хоҷагиҳо сари вақт иҷро мешуданд. Аз ҷумла, хоҷагии «Коммунизм» қариб ҳар сол ғолиби мусобиқаи сотсиалистӣ мегардид. Аз ҳисоби хоҷагиҳо ва буҷети маҳаллӣ се мактаби миёна, дар ҳамаи деҳаҳо бунгоҳҳои тиббӣ, барои деҳқонону зиёиён хонаҳои истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирифтанд. Роҳи байни деҳаҳо аввал сангфарш, баъд асфалтпӯш карда шуданд. Байни деҳоти ҷамоат ва ноҳия автобуси мусофирбар ба мардум хизмат мерасонд.
Январи соли 1997 Шоҳзодамо Исматоваро директори МТМУ № 24, ҳамон дабистоне, ки даҳ сол пеш чун муаллима фаъолият дошт, таъйин карданд. Вале набзи ҷомеа, сохти он ба куллӣ дигар шуда буд. Аз камбуди маошу мушкилоти рӯзгор аксари муаллимон тарки мактабу пешаи омӯзгорӣ карда, ба корҳои фоидаовар ва муҳоҷирати меҳнатӣ шуғл меварзиданд. Муаллимони  ба нафақа баромадаро ба кори таълиму тарбия ҷалб ва дигар деҳаҳо омӯзгорони хубро даъват намуда, дари муассисаро ба рӯи хонандагон боз нигоҳ дошт.
Духтарҳои деҳот, бо ташвиқу тарғиби муаллима, баъди хатми мактабҳои миёна яке пайи дигаре ба донишкадаву донишгоҳҳои ҷумҳурӣ дохил мешуданд. Акнун волидон майлу хоҳиши духтаронро ба инобат мегирифтанд. Моҳира Кишварова, Барқия Назримадова бо дастуру ҳидояти муаллима ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Санифамо ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Гулчеҳра Сатторова ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Муҳаббат Сатторова ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ва даҳҳо духтарони дигар муҳассил гаштанд.
Имрӯз муаллима дар сояи давлати фарзандони хеш, ки омӯзгор, табиб ва иқтисодчианд, фароғат дорад. Вале аз шогирдон дил канда наметавонад. Ҳар рӯз бо чеҳраи бозу хандон ба истиқболи онҳо шитофта, онҳоро ба ҳаёту зиндагии шоиста роҳнамун месозад.
Чиллахон ИСОЕВ, нафақахӯри аҳамияти ҷумҳуриявӣ,
Умари ШЕРХОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.08.2019    №: 150    Мутолиа карданд: 458
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед