logo

паёмҳо

Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Иди Қурбон, 10 августи соли 2019

Ҳамватанони азиз!
Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон дар арафаи Иди саиди Қурбон, ки яке аз суннатҳои мубораки дини мубини ислом мебошад, қарор доранд. Ба ин муносибат, хурду бузурги сокинони кишвари азизамонро самимона табрик мегӯям.
Адо кардани намози ид, анҷом додани маносики ҳаҷ ва қурбонӣ кардан аз ҷумлаи фароизи исломӣ дар рӯзи ид мебошанд. Дар доираи риояи фаризаҳои зикршуда бояд донист, ки ба ҷой овардани маносики ҳаҷ ва қурбонӣ кардан танҳо ба шахсоне воҷиб аст, ки шароити мусоиди зиндагӣ ва имкониятҳои васеи моддиву молӣ доранд. Шахсоне, ки чунин шароиту имкониятро надоранд ва дар пешбурди зиндагӣ мушкилоту тангдастӣ мекашанд, барои онҳо қурбонӣ кардан ва додани дигар садақаву хайрот дуруст нест. Онҳо метавонанд бо рафтору кирдори писандида ва одобу ахлоқи ҳамида савобу баракати арзандае ба даст оваранд. Баръакс, онҳое, ки дорои имконияти фарохи моддӣ ҳастанд, бояд як ҳиссаи гӯшти қурбонӣ ва дигар хайроту садақаи худро ба чунин шахсон, яъне ниёзмандон ва оилаҳои камбизоат, диҳанд.
Ҳамватанони азизи мо бояд донанд, ки масъалаи ба кӣ додан ва тақсим кардани гӯшти чорвои қурбоникардашуда дар ояти 36 сураи Ҳаҷҷи Қуръони маҷид баён шудааст. Дар ин оят таъкид мешавад, ки аз гӯшти чаҳорпои қурбонӣ “бихӯред ва ба дарвеши тангдаст ва бенаво бихӯронед”. Яъне, гӯшти чорвои қурбоникардашуда бояд барои таъмини эҳтиёҷоти оила ва ҳиссаи дигараш барои кумак ба муҳтоҷон сарф карда шавад. Дар аҳодиси набавӣ ва фатвоҳои фақеҳони мазҳаби ҳанафӣ низ аҳкоми анҷом додани қурбонӣ танзим шудаанд.
Ҳамчунин, мехоҳам як нуктаи муҳимро, ки ба оростани дастархони идона вобаста мебошад, бори дигар таъкид намоям. Баъзеҳо дар ҷомеаи мо то ҳанӯз ҳангоми оростани дастархони идона ба зиёдаравию исрофкорӣ роҳ медиҳанд ва ба ин васила ба буҷети оилаи худ зиён ворид менамоянд. Дар натиҷа, ҷанбаҳои маънавӣ ва ахлоқию тарбиявии ин иди саид, аз ҷумла хоксориву фурӯтанӣ ҳамчун хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, фаромӯш мешаванд ва ҳама чиз дар атрофи тановул кардани хӯроки аз андоза зиёд, яъне арзишҳои истеъмолӣ фаҳмида мешавад.
Доир ба масъалаи роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ дар оростани ҳама гуна дастархон – ҳам идона ва ҳам меҳмонӣ- Имом Абуҳанифа аз ҳадисе ҳангоми меҳмонӣ дар хонаи саҳобаи пайғамбар Ҷобир ибни Абдуллоҳ ёдовар шудааст, ки чунин аст: “Ҳамоно Пайғамбари Худо моро аз “таклуфа”, яъне таҳаммули сарфу хароҷот ва машаққати аз тавоноӣ бештар манъ карда буд”.
Аз ин рӯ, ҳангоми омодагӣ ва густурдани дастархон ба хотири ид ва пазироии меҳмон исрофкориву зоҳирпарастӣ ва кӯшиши аз дигарон беҳтару бартар буданро бо анъанаву оинҳои миллати бостонии тоҷик ва арзишҳои имониву эътиқодӣ вобаста кардан, камоли беэҳтиромӣ аст.
Арзишу муқаддасоти дини мубини ислом ба ҳеҷ ваҷҳ қабул надоранд, ки шахси мусулмон бо дасти худаш ба сатҳи некуаҳволии хонаводааш зиён ворид намояд. Баръакс, мо бояд дар рӯзҳои баргузории ин иди саид ба ҷанбаи маънавии масъала аҳамияти зарурӣ диҳем.
Мардумро аз вазъи кишварҳои мусулмонӣ, низоъҳои байнимазҳабӣ, равандҳои сиёсисозии ислом ва ниятҳои нопоки гурӯҳҳои ифротӣ воқеъбинона огоҳ кунем.
Дар раванди таълиму тарбияи ҷавонон ба масъалаҳои дӯст доштани Ватан, ҳимояи марзу бум, дастовардҳои истиқлолият ва иззату эҳтиром кардани падару модар ва калонсолон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоем. Дар ин замина, шахс метавонад корҳоеро анҷом диҳад, ки дар дафтари аъмолаш ба таври ҳамешагӣ ҳамчун садақаи ҷория сабт мегардад.
Вобаста ба истиқболи сазовори сисолагии Истиқлолияти давлатӣ як идда шаҳрвандони огоҳи мо пасандоз ва маблағҳои ба нияти ҳаҷ ҷамъовардаашонро барои адои корҳои хайр, аз қабили бунёди мактабу марказҳои саломатӣ, сохтани роҳу пулҳо, таъмини мардум бо оби нӯшокӣ, аз худ кардану обод намудани заминҳои нав, беҳтар сохтани шароити манзили зисти хеш ё ёрӣ додан ба шахсони камбизоат, яъне ба корҳое, ки тибқи аҳкоми шариат савоби ҷория мебошанд, сарф карда истодаанд. Баракати ин гуна саҳмгузорӣ ва корҳои писандида ҳам ҷамъият ва ҳам шахсиятро тарбият мекунад ва боиси тақвияти пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.
Рукни асосии Иди Қурбон анҷом додани маносики ҳаҷ мебошад. Вале як бор анҷом додани фаризаи ҳаҷ ҳамчун яке аз рукнҳои панҷгонаи ислом барои ҳар фарди мусулмон ба шарте тавсия шудааст, ки саломатӣ, тавону қудратмандӣ ва имконияти молии адо намудани чунин сафарро дошта бошад ва то баргаштани ӯ наздиконаш аз ҷиҳати таъмини эҳтиёҷоти рӯзгор ҳеҷ танқисӣ надошта бошанд.
Имрӯз сиёсати пешгирифтаи давлат барои ҳар як фарди ҷомеа имконият фароҳам овардааст, ки барои рӯз ба рӯз беҳтар сохтани зиндагии худ ва рушду ободии Ватани азизамон ба заҳмати бунёдкорона машғул шуда, дар пешрафт ва таъмини осудагии он саҳми муносиб гузорад.
Аз ин лиҳоз, итминон дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон минбаъд низ саъю талоши хешро дар роҳи тарбияи ахлоқии наврасону ҷавонон, ба роҳи дуруст раҳнамоӣ кардани онҳо, боз ҳам вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба хотири ободиву пешрафти кишвари маҳбубамон ва давлати соҳибистиқлоламон дареғ нахоҳанд дошт.
Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек, ҳамаи шумо, ҳамватанони азизро ба муносибати фарорасии Иди Қурбон табрик гуфта, бароятон тандурустиву саодати зиндагӣ, хонаи обод ва ризқу рӯзии фаровон орзу менамоям.
Иди саиди Қурбон муборак бошад, ҳамватанони азиз!
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.08.2019    №: 155    Мутолиа карданд: 2317
26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД

18.05.2020


СУҒД. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ПУРЗӮР МЕГАРДАД

НУРОБОД ҲУСНИ НАВ МЕГИРАД

ФУТБОЛ. ЧЕМПИОНАТИ БЕЛГИЯ НИЗ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ АНҶОМ ЁФТ

ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС ДАР МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС ҲАМКОРӢ МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.05.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

ТОҶИКИСТОН. БОЗ 403 МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ДАР ИСФАРА МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ОРИОН» БУНЁД МЕШАВАД

КӮДАКОН. КОРОНАВИРУС ҚУДРАТИ "ЗАБТ" - И ОРГАНИЗМИ ОНҲОРО НАДОРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед