logo

иҷтимоиёт

ХОВАЛИНГ. СУМҶҲОРО ХАВФИ НЕСТШАВӢ ТАҲДИД МЕКУНАД!

Ховалинг яке аз гӯшаҳои зебоманзари кишвар буда, мувофиқи далелҳои таърихӣ аз қадим ин минтақа диққати ҷаҳонгардону бостоншиносонро ба худ ҷалб мекард. Он дар сарчашмаҳои куҳан бо номи шаҳр ва музофоти Мунк ёд шуда, ҳамчун минтақаи ободон, дорои табиати сабзу хуррам ва мардумонаш соҳиби фарҳангу маданияти ғанӣ машҳури атрофу акноф будаанд. Қариб 60 ёдгории таърихиву фарҳангии имрӯзаи ҳудуди ноҳия – мазори Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ, Боғ – осорхонаи Восеъ, шаҳри Мунки қадим, бошишгоҳҳои одамони асри санг дар мавзеъҳои Хонақои Севодара ва Кӯлдара ва маъбади буддоии Чепол, далели таърихи куҳану фарҳанги қадимаи ин мавзеъ мебошанд.
Яке аз ёдгориҳои таърихии ноҳия сумҷҳоанд, ки ҳамчун ифодагари санъати баланди меъморӣ ва донишу ҷаҳонбинии гузаштагон, то ҳол ба пуррагӣ омӯхтаву муаррифӣ нашудаанд.

Сумҷ – макони пурасрор
Сумҷ, ки ба маънои хонаи зеризаминӣ ва нақб аст, як дастоварди муҳими соҳаи меъморӣ ба шумор рафта, таърихи андак надорад. Дар гузашта ин шакли хонасозӣ хеле рушд карда буд ва ҳатто “сумҷ – деҳаҳо” бунёд мешуд. Бо назардошти он ки тайи чанд даҳсолаи охир иқлими сайёра сол ба сол тағйир ёфта, ба тамоми мавҷудот торафт таъсири бештар расонд, дар кишварҳои пешрафта эъмори хонаҳои зеризаминӣ зиёд шуд ва ин санъат боз рушд ёфт. Чунки, агар аз як тараф барои сохтани сумҷ масолеҳи бинокории на он қадар зиёд лозим бошад, аз тарафи дигар, хонаҳои зеризаминӣ ба тағйирёбии иқлим тобовару барои раҳидан аз таъсири нурҳои офтобу сардии аз ҳад зиёди ҳаво хеле мусоиданд. Агар шумо ба интернет даромада, бо ибораи “хонаҳои зеризаминӣ” фармоиш диҳед, аз тамошои аксҳои сумҷҳои амрикоиву аврупоӣ сер намешавед.
Аҷибаш ин аст, ки онҳо хонаҳои зеризаминиро ихтирои хеш медонанд. Дар ҳоле ки ин навъи ҳунар миёни аҷдодони мо аз 1000 сол муқаддам машҳур мебошад.
Ба андешаи Амирхон Саидов, директори Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии ноҳияи Ховалинг, санъати сумҷканиву истифодабарии он миёни тоҷикон ҳанӯз дар асрҳои IX – X маъмул будааст: “Ишора кардан кофист, ки ҳанӯз дар замони сардафтари адабиёти форсу тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ин нигораи таъриху табиат дар рӯзгори мардум мавқеи хоса доштааст. Чунончи, Рӯдакии бузургвор фармудаанд:
Шав бад – он кунҷ андарун, хуме биҷӯй,
Зери он сумҷ аст, берун шав бад – ӯ.
Масъуди Саъди Салмон низ менигорад:
Ҳар даҳ нишаста бар дару бар
боми сумҷи ман,
Бо якдигар дамодам гӯянд ҳар замон.
Бояд гуфт, ки сумҷҳои кишвари мо барои олимону бостоншиносон то ҳол як макони пурасрори кашфношуда боқӣ мемонад. Ин ҷиҳат дар асрҳои гузашта ҳам диққати олимону ҷаҳонгардонро мутаваҷҷеҳи хеш сохта буд. Аз ҷумла, сайёҳи рус М. А. Варигин дар асараш “Опыт описания Кулябского бекство” (соли 1886) иброз медорад:  “Дар гузашта одамон барои худро аз аҷнабиён ҳимоя кардан дар тангии кӯҳҳо, ғорҳо, дараҳо ва партгоҳҳо пинҳон мешуданд. Ба хонаҳои зеризаминӣ бо ёрии арғамчину сабадбанд ва бо зинаҳо медаромаданду мебаромаданд”. Вале Амирхон Саидов дар ин бора назари дигар дорад: “Сумҷҳо нигораҳоеанд, ки асрори онҳо ба табиат, физика, ҷуғрофия, геология, геометрия, топонимика, археология, адабиёт ва илмҳои дигар зич алоқаманданд. Вале, мутаассифона, сирри ин ёдгориҳо то кунун дар ягон илм ошкор нашудааст”.
Баъзе сокинони маҳаллӣ бар ин назаранд, ки хонаҳои зеризаминӣ дар замонашон ба сифати паноҳгоҳ аз душман, анбор ва макони зисти одамону ҳайвонот хизмат мекарданд.  “Мо ҳангоми ҷустуҷӯ бо даҳҳо одамон дар бораи асрори ин ёдгориҳои ҳудуди ноҳияи Ховалинг суҳбат кардем. Маълум мешавад, ки сумҷҳо дар замони Инқилоби Октябр ва пас аз он низ чун паноҳгоҳи одамону китобҳои қадима хидмат кардаанд”, - афзуд Амирхон Саидов.

Сфероконус ё сохти ёдгориҳо
Аҷибаш ин аст, ки гузаштагонамон ҳангоми бунёди сумҷ аз чӯбу тахта ва ё масолеҳи дигари бинокорӣ истифода намекарданд. Зеро фарши сумҷ мудаввар ва шифташ гунбазмонанд сохта мешавад, ки сохти сфероконусро ба ёд оварда, ба истифодаи дигар масолеҳи бинокорӣ зарурат намемонад.
Барои бунёди сумҷ аввал макони мувофиқ интихоб карда мешуд. Онҳо дар танаи ҷариҳои сафедхок ва барҳаво сохта мешуданд. Устои сумҷкан аввал ҷойи дарро канда, пас аз ин ба кофтани дохили хона шурӯъ мекард. Дари сумҷхона низ мисли дарҳои қадима, масҷиду мадрасаҳо гунбазмонанд буда, соф намои шарқӣ дорад.
Аксари сумҷҳо, ки дар даруни теппахокҳо сохта мешуданд,  то 3 – 4 метр паҳнову дарозӣ доштанд. Қисме аз онҳо то 10 – 12 метри мураббаъ ва аз ин ҳам бештар андоза доранд.
Сумҷҳо бо санъати баланди меъморӣ бунёд мешуданд. Танаи деворашон суфтаву ҳамвор буда, ягон пастиву баландӣ надоранд. Баъзан барои эҳтиёҷот дар девори дохили сумҷҳо тоқчаҳо канда мешуд, ки барои гузоштани китоб ва ашёи рӯзгор истифода мегардиданд.
Аҷибаш ин аст, ки ҳавои дохили сумҷҳо доим муътадил аст. Чунки қабати ғафси хок метавонад, таъсири гармову сарморо камтар намояд. Мувофиқи қонунҳои физикӣ, хок қобилияту имконияти хуби захира кардани гармову сарморо дорад. Яъне, қабати ғафси хок гармию сардиро захира карда, дар тобистон намнокӣ ва дар зимистон гармии сумҷро таъмин мекунад. Ҳамин аст, ки сумчҳо дар тобистон салқину дар зимистон гарм мешаванд.
 
Зимнан ...
Чунин хонаҳои зеризаминӣ ё ба истилоҳ, сумҷҳо дар ҳудуди ноҳияи Ховалинги имрӯза, аз ҷумла дар наздикии собиқ деҳаҳои Дии Маҳмуд, Сумҷакон, Дараи Чанор, Возейаҳмад, Ғундиён, Тути Гулак ва ғайра сумҷ ва харобаҳои онҳо хеле зиёданд. Дар атрофи деҳаи Дии Маҳмуд сумҷҳои Сайалибой, Усто Шариф, Шарифи Кайкак то ҳол побарҷоанд. Дар деҳаи Дараи Чанор бошад, мардум сумҷҳои Мирзоалибой, Бобои Нуралии Дуктарош ва Бобои Наимро ба ёд доранд.
Ду сумҷи дарун ба даруни ин ҷо аҷибтар аст. Дар ҳар яке аз ин нигораҳо нақши дастон, сиёҳиву сафедӣ ва "мадду ҷазр" - и зиндагии гузаштагонамон фурӯзонанд. Аммо, мутаассифона, таърихи ин сумҷҳо, кай, аз тарафи кӣ ва бо кадом мақсад бунёд шудаанд, номаълум аст.
Сумҷе, ки имрӯз дар деҳаи Дии Маҳмуд номи Усто Сафоро дорад, ҳамчун ҷувозхона истифода мегардидааст. Дар он бо барзагов ё асп то солҳои 60 – уми асри гузашта ҷувоз кашида мешуд.
Солҳои охир дар ин сумҷҳо сокинон меваҷот, коҳу алаф ва дигар заруроти рӯзгорашонро нигоҳ медоранд.
Чунин сумҷҳо дар деҳаҳои Зуғара, Кулолон, поёнтари Шағмон, Навободак, Қадаҳӣ, ҳудуди Баландсар ва Боғчаи ноҳияи Ховалинг, Сари Сумҷҳо, Шоҳбачаҳо ва Чаргии Болои ноҳияи Муъминобод низ вуҷуд доранд.

Вале, мутаассифона...
Сумҷҳо ҳамчун ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, метавонанд диққати сайёҳону бостоншиносонро ба худ ҷалб созанд ва яке аз омилҳои рушди туризм дар кишвар бошанд. Чунончи, имрӯз сайёҳони зиёде аз хонаҳои зеризаминии қадимаи Туркия, Тунис ва дигар кишварҳо дидан мекунанд ва сокинон аз ин ҳисоб даромади хуб ҳам мегиранд. 
Пас аз муҳоҷиркунии мардуми кӯҳистон ва бар асари таъсири барфу борон имрӯз аксари сумҷҳои ноҳияи Ховалинг зери хок монда, хавфи пурраи нестшавӣ онҳоро таҳдид мекунад. Мутаассифона, масъулини фарҳанги ноҳия ва ҷумҳуриро аз ин парвое нест. Обод нигоҳ доштани мавзеъҳои табииву таърихӣ самти муҳими рушди минбаъдаи ноҳия ба ҳисоб рафта, ҳифзу эъмор ва муаррифии онҳо метавонад омили ҷалби сайёҳони хориҷӣ, тарғиби маданияти халқ ва ба ин васила, рушди соҳаи туризми ноҳия гардад.
Ба ҷуз ин, ташкил намудани инфрасохтори зарурӣ барои рушди туризм ва ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ яке аз роҳҳои муҳими бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинони ноҳия мебошад. Аз ин рӯ, барои расидан ба ин мақсадҳои нек зарур аст, ки аз имконоти мавҷуда самаранок истифода гардад ва барои рушди сайёҳӣ, ҳифзу тармиму муаррифии чунин ёдгориҳо чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Бахтовар КАРИМ,
Комрон САФАР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.08.2019    №: 155    Мутолиа карданд: 480

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед