logo

иқтисод

ҲИСОР. ШАҲРЕ ДАР МАСИРИ РУШД

Бахшида ба таҷлили Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла Ҳисор, тадбирҳои созандагию ободонӣ вусъати тоза касб намудааст. Дар ҳамин замина, дар ин водии зархез сохтмони иншооти таъйиноташон гуногун, таҷдиду азнавсозии роҳҳо, хурраму зебо гардондани марзи шаҳр дар назар аст. Айни ҳол бо саҳми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорон, ашхоси саховатпеша ва сокинони маҳаллӣ раванди корҳои ободонӣ бомаром идома дорад. Мардуми меҳнатқарини шаҳр бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва шукрона аз Ватани азизу маҳбуб, ваҳдати миллӣ ва оромию осоиштагии кишвар ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷидду ҷаҳд намуда, нимсолаи аввали соли ҷориро дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуданд.
Бино ба иттилои Шарифҷон Ҷумъазода, раиси шаҳри Ҳисор, баҳри расидан ба мақсадҳои наҷиб, татбиқи барномаҳои давлатӣ, иҷрои нақшаи дурнамо дар ҳамаи соҳаҳо таваҷҷуҳи роҳбарияти шаҳр, масъулони ширкатҳои сохтмонӣ, ташкилоту идораҳои дахлдор ва аҳли сокинон ба ин самт равона гардидааст. Бо мақсади дар сатҳи баланд ва сазовор истиқбол намудани ин ҷашн, бунёди 613 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Дар маҷмӯъ, то имрӯз аз ин теъдод 131 иншоот мавриди истифода қарор гирифт. Дар 155 иншоот корҳои сохтмонӣ идома дошта, 98 – тои он давоми соли ҷорӣ ба истифода дода хоҳад шуд. Инчунин, дар 19 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр, ки таъмирталаб ва садамавӣ буданд,  сохтмони муассисаҳои нав бо тарҳи замонавӣ идома дошта, то Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор  дода мешаванд. Дар баробари иншооти банақшагирифташуда, боз 101 иншооти дигар аз ҷониби аҳолӣ пешниҳод гардидааст. Дар сурати пурра мавриди истифода қарор гирифтани иншооти болозикр шумораи иншооти ҷашнӣ ба  714 - то хоҳад расид.    
Ҳоло ҷараёни корҳои сохтмонӣ хуб ба роҳ монда шуда, барои баландбардории завқи ободкории  сокинони шаҳр, таҳлил ва баррасии ҳолати иншоот, бартарафсозии монеаҳо ва вусъат бахшидан ба раванди кор ҳар моҳ ду маротиба ситоди корӣ гузаронда мешавад. Гурӯҳҳои корӣ бо фаъолон, соҳибкорон ва аҳолӣ оид ба вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ суҳбату вохӯриҳо баргузор намуда, корҳои ташвиқотию тарғиботиро ба роҳ мондаанд.
Сохтмони 10 бинои баландошёна, беморхонаи марказӣ барои 205 кат, бинои нави осоишгоҳ барои 148 ҷой, марказҳои ташхисию табобатӣ, солимгардонӣ, фарҳангию фароғатӣ, савдо ва хизматрасонӣ, бозори масолеҳи сохтмонӣ, хонаҳои истиқоматии замонавии типи котеҷ, мағоза барои либосҳои тиббӣ, хӯрокворӣ, молҳои ниёзи мардум, комплекси хизматрасонии тиббӣ, дорухона, бунгоҳи тиббӣ ва нуқтаи хизматрасонӣ, фермаи чорводорӣ, сардхона, синфхонаҳои иловагӣ, ошхонаҳои замонавӣ, барқарорсозӣ ва азнавсозии ёдгориҳои таърихии Қалъаи Ҳисор, кошонаи ҳусн, сартарошхона, ҳаммом, қассобхона, нонвойхона,  маркази таълимии забони хориҷӣ, сехи дӯзандагӣ, ҳавзи шиноварӣ- табобатӣ, муассисаҳои таълимию томактабӣ, китобхона, чароғонкунии кӯчаҳо, ташкили нуқтаҳои партовпартоӣ, тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо аз ҷумлаи иншооти ҷашнианд, ки бунёди онҳо босуръат идома дорад.
Дар баробари ин, дар ҳудуди шаҳр корҳои дигари ободонӣ, аз қабили иваз намудани симчӯбу ноқилҳои барқӣ, сангфаршкунӣ ва бетонпӯшкунии кӯча ва роҳҳои деҳаҳо, таъмиру рангуборкунии деворҳои хонаҳои баландошёна ва хонаҳои истиқоматӣ дар шаҳраку деҳот, тозаву озода нигоҳ доштан ва бо гулу дарахтҳои зебо ороиш додани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр зина ба зина амалӣ шуда истодааст.
Дар рушду нумӯи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳр саҳми соҳибкорон хеле назаррас мебошад. Бо назардошти ин, аз ҷониби роҳбарияти шаҳр низ барои пешрафти кори соҳибкорон дастгирии ҳамаҷониба карда мешавад. Алҳол шумораи соҳибкорони хурду миёнаи бо патент ва шаҳодатнома фаъолияткунанда дар шаҳр беш аз 8 ҳазорро ташкил медиҳад, ки нисбат ба 5 соли пешӣ 1,5 ҳазор зиёд мебошад.
Дар ин давра ба воситаи бонкҳои молиявӣ ва ташкилотҳои қарзии шаҳр  барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ  дар бахшҳои кишоварзӣ 18,3 миллион сомонӣ, тиҷорат 47,1 миллион  сомонӣ, истеъмолӣ 30,7 миллион  сомонӣ  ва дар маҷмӯъ, ба маблағи 96,2 миллион сомонӣ қарз дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 миллион сомонӣ зиёд аст.
Дар шаҳр баҳри омодагӣ ба ҷашн ва татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ- саноатикунонии босуръати кишвар таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад. Алҳол дар шаҳр 63 корхонаи саноатӣ мавҷуд буда, онҳо, асосан, дар самти истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноати сабук, нафтӣ, нӯшокии машруботӣ, оҳан ва маводи сохтмонӣ фаъолият намуда истодаанд. Корхонаҳои саноатии шаҳр дар ин давра ба маблағи 99,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва коркард намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 миллион  сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷониби корхона ва коргоҳҳои саноатӣ 39 номгӯи маҳсулот истеҳсол ва коркард шудааст. Дар ин нимсола истеҳсоли рехтаи пӯлодӣ ва оксигени холис аз ҷониби ҶДММ “Комбинати металлургии тоҷик”, симҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ “Файзи истеъдод” ба роҳ монда шуд, ки ин номгӯи маҳсулот солҳои пеш дар шаҳр истеҳсол намегардид.
Соли ҷорӣ дар самти рушди соҳаи саноат ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ нақшаҳои зиёд таҳрезӣ гардидааст. Сохта ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли коғаз ва маҳсулоти коғазӣ - “Коғази Шарора” бо таъсиси 100 ҷойи корӣ, коркарди шир, нуриҳои органикӣ, санг, бастабандии ҷуворимакка, коргоҳҳои  истеҳсоли бомпӯш, хишти пухта, обҳои ташнагишикан аз ҷумлаи иншоотеанд, ки бунёди онҳо босуръат ҷараён дорад. Ҳамчунин, сохтмони 50 коргоҳи хурду миёна бо таъсиси беш аз 120 ҷойи корӣ низ  идома дорад. Ҳамзамон, бо назардошти  аҳамияти соҳаи мурғпарварӣ, таъмини сокинони мамлакат бо ғизои аз ҷиҳати экологӣ тоза - тухму гӯшти парҳезӣ соли ҷорӣ бунёди 2 фабрикаи мурғпарварӣ низ ба нақша гирифта шудааст. Бунёди як фабрика бо иқтидори истеҳсолии 30 ҳазор дона тухм дар як шабонарӯз бо саҳми соҳибкор Нуриддин Солиев анҷом ёфта, рӯзҳои наздик ба фаъолият оғоз хоҳад намуд.    
Ҳадафи стратегии дигар, ки ба таъсиси ҷойҳои корӣ  ва афзун гардондани иқтидори содиротии кишвар таъсири бевосита мерасонад, ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути  рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад. Кишоварзони шаҳр ин дастурро сармашқи кори худ намуда, бо истифода аз имкониятҳои фароҳамшуда заминро ҳамчун воситаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ истифода мебаранд ва ҳамасола барои таъмини амнияти  озуқавории на танҳо шаҳр, балки минтақа ва ҷумҳурӣ саҳми калон мегузоранд. Имсол низ онҳо  пурсамар фаъолият намуда, ҳосили дилхоҳу фаровон рӯёнданд ва ҳосили дастранҷашон боиси фаровонии маҳсулот дар бозорҳои мамлакат гаштааст. Дастовардҳои истеҳсолии кишоварзони шаҳр рӯ ба афзоиш дошта, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра ба 214 миллиону 526 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11519 сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ, хусусан дар самти рустанипарварӣ ва чорводорӣ,  барзиёд таъмин гардид.
Самти асосии машғулияти чорводорони шаҳр зотпарварӣ мебошад. То ин давра аз тарафи хоҷагиҳои чорводори шаҳр 302 сар чорвои калони шохдор ҳамчун моли зотӣ ба дигар хоҷагиҳои чорвопарвари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои парвариш фурӯхта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли сипаригашта 42 сар зиёд аст. Дар маҷмӯъ, дар ҳама шаклҳои хоҷагидории шаҳр ба миқдори 2629 тонна гӯшт, 15178 тонна шир, 4675 дона тухм, 23,1 тонна пилла, 38 тонна асал ва 45,6 тонна пашм истеҳсол гардидааст. 
Дар соҳаҳои иҷтимоиёти шаҳр, аз ҷумла маориф, бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимии шаҳр ва мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилотӣ тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ гардидаанд. Алҳол дар 122 муассисаи таълимӣ 123 кабинет бо 1742  компютер, 383 принтер, 35 тахтаи электронӣ, 57 проектор ва 111  генератор муҷаҳҳаз гардонда шудааст.  Ин шароит фароҳам овард, ки соли равон дар даври минтақавии олимпиадаҳои фаннӣ 138 хонанда сазовори ҷойҳои намоён гардад. 
Дар шаҳр 10 муассисаи томактабӣ, ду мактаб – интернати  ҷумҳуриявӣ ва як хона - интернат фаъолият дорад. Алҳол пойгоҳи  моддӣ - техникии муассисаҳо,  шароити будубош, хӯрок ва табобату истироҳати тарбиятгирандагон беҳтар шудааст.  Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои духтарон синфхонаи технология бо тамоми намуди ҳунарҳои мардумӣ пурра муҷаҳҳаз гардонда шуд. Дар мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳр айни замон 204 нафар (аз ин 51 нафар духтар) ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар муассисаи давлатии хона - интернати беморони рӯҳии шаҳр 238 нафар табобат мегирад.  
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар фаъолияти минбаъдаи худ иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат,  қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати мамлакатро  самти муҳими фаъолият дониста, пайваста барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони шаҳр,  ин водии зархезро  ба макони истироҳатгоҳи меҳмонон, сайру тамошо, гул - гулшукуфон ва ба як шаҳри пешрафтаву муосир табдил додан, таъмини амнияти озуқаворӣ ва   татбиқи олитарин ҳадафҳои давлатдориамон талош меварзад.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2019    №: 156    Мутолиа карданд: 682

22.10.2019


Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҳамкориҳои Чин – Осиёи Марказӣ

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳейти Мяемеэс

Тоҷикистон дар раддабандии «AFAR» ҷойи аввалро гирифт

Дар Исфара машварати омӯзишӣ баргузор мешавад

9 ноябр - бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистону Малайзия

Амалиёти Туркия дар Сурия боиси тарки манзил кардани 70 ҳазор кӯдак шуд

Дар Қазоқистон ба собиқ Президент Назарбоев ваколатҳои бештар доданд

ВКХ Туркия: «Мо амалиётро идома медиҳем, агар террористон нараванд»

Омодашавии ИМА барои аз Афғонистон пурра баровардани артиш

Громов: «Имтиёзҳои андозбандиву гумрукӣ метавонанд “Газпром”- ро ба Тоҷикистон ҳавасманд кунанд

Ҷаҳон дар як сатр

21.10.2019


Баррасии рушди ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россия

Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо Шэн Юэюэ

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Ҷонсон аз Иттиҳоди Аврупо то январи соли 2020 мавқуф гузоштани Брекситро хоҳиш намуд

Трамп умед дорад, ки ба қарибӣ бо Чин шартномаи тиҷоратӣ мебандад

Кандашавии сарбанд дар қарибии Красноярск боиси марги 15 нафар гашт

ИМА аз Афғонистон 5 ҳазор низомиашро мебарорад

Володин: «Россия ба кормандон аз Тоҷикистон ниёз дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед