logo

туризм

ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲИИ "ТОҶИКИСТОН - 2019"

40 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Форуми байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019», ки давоми ду рӯз дар шаҳри Душанбе ҷараён гирифт, бештар аз 40 санади ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ ба имзо расид.
Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи сайёҳии Анталия  оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, Ассотсиатсияи байналмилалии сайёҳии саргузаштӣ ва тиҷоратӣ (ATTA) Нэшнл ҷиографик (Британияи Кабир) ва Академияи байналмилалии тиҷоратии сайёҳии Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Россия  аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Ҳуҷҷатҳои имзошуда паҳлуҳои гуногуни бахши сайёҳиро фаро гирифта, доираи ҳамкории байналмилалиро васеъ мегардонанд.
Боиси тазаккур аст, ки зимни маросими ифтитоҳ, муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид зикр кард, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти ҳар як давлат маҳсуб ёфта, муаррифгари таъриху тамаддун, анъанаҳои миллӣ, захираҳои табиӣ ва олами набототу ҳайвонот мебошад. Таҷриба нишон медиҳад, ки сайёҳӣ тӯли даҳсолаҳо, қатъи назар аз буҳронҳои иқтисодию молиявӣ, таҳаввулоти сиёсӣ ва тағйироти иҷтимоӣ, босуръат рушд менамояд.
Таъкид шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ аҳамияти махсус зоҳир намуда, соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гаштанд. Ин тадбирҳо ба рушди соҳаи сайёҳӣ, деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ, ки бо ҳам тавъаманд, нигаронда шудаанд.
Давлаталӣ Саид намояндагони созмонҳои бонуфуз, ширкату ассотсиатсияҳои сайёҳии кишварҳои хориҷиро барои тақвияти ҳамкории судманд ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ даъват намуда, таъкид дошт, ки сарзамини Тоҷикистон дорои захираҳои бойи табиӣ буда, сайёҳӣ яке аз бахшҳои ояндадори иқтисодиёти мамлакат ба ҳисоб меравад.
Роҳбари Департаменти аврупоии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ Питер Янеч иброз намуд, ки ба ояндаи соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон хушбин аст, зеро сарзамини тоҷикон дорои табиати зебову афсонавӣ ва нотакрор буда, таваҷҷуҳи ҳазорон сайёҳони хориҷӣ ва дӯстдорони табиатро бо манзараҳои табиати зебо ва кӯҳҳои сарбафалккашидааш ҷалб месозад.
Форум дар чор бахш – «Ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, сайёҳӣ – омили муҳими густариши робитаҳо», «Сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва фарҳангию таърихӣ», «Сайёҳии табобатӣ, солимгардонӣ ва рекреатсионӣ» ва «Рушди ҳунарҳои мардумӣ ва пайомадҳои иқтисодии он» ҷараён гирифта, дар ҳар кадоми он масъалаҳои муҳим вобаста ба рушди бахшҳо ва роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин, дар доираи форум 8 август барои меҳмонон ва иштирокдорони чорабинӣ Кумитаи рушди сайёҳӣ ба мавзеъҳои Қалъаи Ҳисор, Варзоб ва Норак инфо - тур ташкил намуд.
Ғайр аз ин, дар идомаи инфо - тур дар боғи фарҳангию фароғатии «Куруши Кабир» Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ташкил гардид, ки дар он имкониятҳои сайёҳӣ, армуғонҳои Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Намоишгоҳи мазкур барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии табобатию экологӣ, таърихию фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор, арзёбии сафар ва саёҳат ба Тоҷикистон, инчунин, таҳкиму тавсеаи ҳамкории муштарак байни ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ имконияти васеъ фароҳам хоҳад овард. Меҳмонони хориҷӣ аз тамошои намоишгоҳи сайёҳӣ таассуроти нек бардошта, аз захираҳои сайёҳии Тоҷикистон огоҳии бештар пайдо намуданд.
Ёдрас менамоем, ки форуми сатҳи баланд таҳти сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 8-10 августи соли ҷорӣ дар сатҳи баланд баргузор гардида, дар он ҳудуди 400 намоянда аз 25 кишвари ҷаҳон иштирок намуд.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2019    №: 156    Мутолиа карданд: 2536
07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед