logo

иҷтимоиёт

ОФАТҲОИ ТАБИАТ. ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚӮЪ

- Тағйирёбии иқлим имрӯз дар тамоми ҷаҳон боиси нигаронии аҳли башар гардидааст. Офатҳои табиат, аз қабили обхезӣ, сӯхтори майдони васеи ҷангалзорҳо маҳз бар асари тағйирёбии иқлим ва гармшавии ҳаво ба вуқӯъ меоянд, ки дар пай хисороти зиёд доранд. Дар чунин ҳол пешгирии офатҳои табиӣ ва бартарафсозии оқибатҳои онҳо аз масъалаҳои афзалиятнок маҳсуб меёбанд. Вале, ҷиҳати ҳалли ин мушкилот ҳатто давлатҳои абарқудрат дар танҳоӣ оҷизанд.
Ин нуктаро Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон, дар ҷаласаи якҷояи Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаҳои фароҳам овардани имкониятҳо дар муҳити бехатар ва идоракунии оби бехатари ошомиданӣ ва беҳдошт дар Тоҷикистон, ки бо иштироки роҳбарони Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд дар Тоҷикистон Валбурга Рус ва филиали Агентии Фонди Оғохон оид ба макони зист Ҳодӣ Ҳусайнӣ, роҳбарияти Фонди Оғохон дар Тоҷикистон ва дигар шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шаҳри Хоруғ баргузор гардид, иброз дошт. Зикр гардид, ки бар асари офатҳои табиӣ, махсусан, минтақаҳои кӯҳистон, мисли Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки беш аз 90 фоизаш кӯҳсор мебошад, хеле осебпазиранд. Дар ин ҷо тобистону зимистон ва ҳам баҳору тирамоҳ рух додани ҳар гуна офати табиӣ аз эҳтимол дур нест. Раиси вилоят дар робита ба ин аз ҳаёти шаҳру деҳоти ВМКБ мисолҳои зиёд овард ва таъкид кард, ки бевосита бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд оқибатҳои чунин офатҳои табиӣ барқарор шуданд. Ҳамзамон, таъкид шуд, ки аз бартараф кардани хисороте, ки дар паи офатҳои табиӣ рух медиҳанд, пешгирӣ кардани онҳо беҳтар аст. Ҳам маблағ камтар масраф мегардаду ҳам талафоти ҷонӣ пешгирӣ мегардад.
Ёдгор Файзов Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва Фонди Оғохонро аз ҷумлаи шарикони боэътимоди Ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ин самт унвон карда, афзуд, ки барномаҳое, ки ҳоло аз хусуси иҷрои онҳо ҳарф мезанем, асосан аз ҷониби ин ташкилотҳо маблағгузорӣ гардидаанд. Раиси вилоят ба шарикони рушд ҷиҳати амалигардондани марҳилаҳои аввали барномаҳои мазкур, ҳамчунин, кумаки саривақтӣ дар зимистони сербарфи имсола дар таъмини техника ва сӯзишворӣ барои аз барфу тармаҳои зиёд тоза намудани роҳҳои мошингард сипосгузорӣ намуд.
Валбурга Рус ва Ҳодӣ Ҳусайнӣ аз фароҳам овардани шароит барои ҳамкории судманд ва дастгирӣ дар татбиқи лоиҳаҳо аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр доштанд, ки омода намудани аҳолӣ ба тағйирёбии иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ, фароҳам овардани зиндагии шоиста дар муҳити бехатар, мусоидат ва дастгирии худидоракунӣ дар ҷомеаи устувор аз ҳадафҳои асосии пиёда намудани ин лоиҳаҳо мебошад. Барои тақвияти ҳамкорӣ дар татбиқи ин барномаҳо ва тарҳрезии лоиҳаҳои муваффақ вобаста ба беҳтар намудани сатҳи рӯзгори мардум дар дастгоҳи раиси вилоят шуъбаи махсус ташкил мешавад, ки маблағгузорӣ, аз ҷумла таъмини маоши кормандони он аз ҷониби Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд дар Тоҷикистон роҳандозӣ мегардад.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2019    №: 156    Мутолиа карданд: 670

22.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

Душанбе пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2021 интихоб шуд

ММД Тоҷикистон 7,4 дарсад боло рафт

Путин бо шоҳзодаи саудӣ ҳамла ба иншооти нафтиро баррасӣ намуд

Сӯхтор дар Малайзия боиси бастани яку ним ҳазор мактаб гашт

Дар Ӯзбекистон сабти телефонҳои мобилӣ пулакӣ мешавад

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед