logo

сиёсат

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҶИН ЛИЧУН

19 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ Ҷин Личунро ба ҳузур пазируфтанд.
Тавре таъкид гардид, наздик ба панҷ сол аст, ки Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ дар сармоягузории лоиҳаҳои сершумор дар самти бунёди инфрасохтор дар кишварҳои Осиё саҳм гузошта, барои Тоҷикистон низ шарики боэътимоди рушд ба ҳисоб меравад.
Доир ба ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон ва бонки мазкур дар самти маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ, аз ҷумла дастгирии лоиҳаҳои «Беҳтар намудани ҳолати роҳи автомобилгарди минтақавии Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ва «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии Норак, марҳилаи 1” фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардид ва изҳори итминон шуд, ки лоиҳаҳои дигари муштараки сармоягузорӣ дар соҳаҳои роҳу нақлиёт, энергетика ва дигар соҳаҳои афзалиятнок аз ҷониби бонк дар оянда низ дастгирӣ ёфта, сармоягузорӣ мегарданд.
Ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистон ва Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ, ки дар заминаи ҳадафҳои стратегӣ ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу энергетика ва экология таҳия ва амалӣ мегарданд, табодули афкор намуданд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо баррасӣ шуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2019    №: 158    Мутолиа карданд: 447

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод

Россия ва Франсия ба музокирот дар чорчӯбаи «2+2» тайёрӣ мебинанд

Баҳои коршиноси Амороти Муттаҳидаи Араб ба конфронси Берлин оид ба қазияи Либия

Салиби сурх: «Ҷанги Яман боиси фирори се миллион нафар гашт»

Шарқи Канада зери барф монд

Соли гузашта дар Италия ҳар ним соат замин ҷунбид

Ҷаҳон дар як сатр

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед