logo

туризм

БАЛҶУВОН ДИГАР ҶОЙИ ТАМОШО АСТ!

Балҷувон аз гӯшаҳои зебову қадимаи Тоҷикистон маҳсуб шуда, мувофиқи нигораҳои таърихӣ ва тадқиқоти бостоншиносон дар ин сарзамин аз давраи асри санг одамон зиндагӣ мекарданд. Қалъаҳои Мир, Чорбоғ, Тӯпхона, Дектур, Чаноро, Чавгонӣ, Додӣ, бошишгоҳҳои давраи асри санг дар деҳаҳои Файзобод, Шаҳиди Бобохон гувоҳи таърихи бостонии ин гӯшаи диёр аст.
Балҷувони имрӯза аз ҷумлаи ноҳияҳои зодаи даврони истиқлол буда, 2 феврали соли 1996 таъсис ёфтааст. Ин сарзамин табиати зебову афсонавӣ дорад, ки асрори он дар рӯдҳои Сурхоб, Оби Мазор, Тира, дараҳои дашти Ангора, Шикелдара, Шингидара, Гандара, Шибдара, шаршараҳои Пушти Боғу Камолӣ, чашмаҳои шифобахш, намудҳои нодири ҳайвонот, рустаниҳои доруворӣ ва навъҳои дарахтони азимҷуссаи он нуҳуфтааст. 

ИМКОНИЯТҲО ЗИЁДАНД, АГАР...
Дастовардҳои ноҳия шаҳодат медиҳанд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба масъалаи пешрафту ободии он таваҷҷуҳ зоҳир карда, барои баланд бардоштани сифати зиндагии мардум аз тамоми зарфиятҳои мавҷуда самаранок истифода кардааст. Дар зарфи 10 – 12 соли охир бо ин мақсад ҷудо гардидани зиёда аз 280 миллион сомонӣ гувоҳи ин гуфтаҳост.
Балҷувон ноҳияи аграрӣ аст ва соҳаи кишоварзӣ дар рушди иқтисодиёташ мавқеи муҳим дорад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тамоюли болоравӣ дошта, сол ба сол афзун мегардад. Иқлими мусоиди ноҳия имкон додааст, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ парвариши картошкаву сабзавот, меваю ғалла ва чорводориро зиёд карда, то қадри имкон ноҳияҳои ҳамсояро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин созанд.
Вале барои боз ҳам рушду нумӯи ноҳия захираву иқтидорҳои истифоданашуда хеле зиёданд. Бавижа обёрӣ намудани заминҳои нави бекорхобида, ба таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар деҳоти ноҳия мусоидат хоҳад кард. Бунёд намудани майдони боғҳои интенсивӣ, кишти картошка, тараққӣ додани соҳаҳои чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ ва ташкили инфрасохтори нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ омили муҳими таконбахши рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия хоҳад буд.
Дар ноҳия гиёҳҳои шифобахш ва  меваҳои буттагӣ хеле фаровон мерӯянд. Аз ҷумла 145 навъи рустании доруворӣ, 47 навъи рустании асаловар ва 118 рустании дорои равғани эфир, ба қайд гирифта шудааст, ки ба коркард фаро гирифтани онҳо метавонад боиси ташкили ҷойҳои нави корӣ ва таъмини эҳтиёҷмандон ба дорувории табиӣ, инчунин, рушди саёҳати табобатӣ  гардад.
Хушбахтона, дар деҳоти Сари Хосор коргоҳи қабули гиёҳҳои шифобахш ташкил гардид ва то қадри имкон фаъолият мекунад. Вале пурра ҷамъоварӣ ва коркарду ба фурӯш гузоштани ин неъматҳои табиат тадбирҳои ҷиддиро тақозо дорад.

ТУРИЗМ ВА БАЛҶУВОНИ РӮ БА РУШД
Бо назардошти табиати зебову нотакрор, иқлими мусоид ва ёдгориҳои фарҳангиву таърихӣ қаламрави ноҳияи Балҷувон бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ минтақаи туризми байналмилалӣ эълон гардида, ба хотири рушди соҳаи сайёҳӣ як силсила тадбирҳо андешида шуданд. Ғайр аз табиати зебову афсонавӣ дар ноҳия мавзеъҳои хушбоду ҳаво ва чашмаҳои шифобахш мавҷуданд, ки дармонбахши бисёр бемориҳоанд. Инчунин, имкониятҳои васеи ташкили шаклҳои гуногуни сайёҳӣ, аз қабили туризми кӯҳнавардӣ, шикор, велотуризм, фототуризм ва сайёҳии фарҳангиву экологӣ мавриди зикр мебошад. Барои амалӣ сохтани ин мақсаду ба роҳ мондани истифодаи чунин зарфиятҳо, пеш аз ҳама, имконоту инфрасохтори ҷавобгӯи талаботи рӯз зарур аст.
Вале саволи матраҳ ин аст, ки дар ноҳия чунин шароит фароҳам ҳаст ё не? Тавре аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, дар хатсайри Балҷувон то мавзеи шаршараи Пушти Боғи деҳоти Сари Хосор аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёди 20 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст, ки сохтмони аксари онҳо, аз ҷумла меҳмонхонаи сеошёнаи назди шаршараи Пушти Боғ, ки дар як вақт имкони қабули 60 – нафарро дорад ва корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш, майдончаи варзиш, маркази савдо ва хизматрасонӣ, анҷом ёфтааст.  
Аммо барои бунёди инфрасохтори муосир, омода намудани хатсайрҳои сайёҳии минтақа, роҳандозии сатҳи баланди хизматрасонӣ, тақвият бахшидани корҳои ташвиқотӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба мавзеъҳои тамошобоби ноҳия, ки ниҳоят муҳиманд, чораҳои зарурӣ камтар андешида шудаанд. Махсусан мавзеи Сари Хосор, барои рушди сайёҳӣ ниҳоят мувофиқ буда, дар сурати фароҳам овардани шароити зарурӣ метавонад омили рушди деҳот ва даромади хуби сокинон гардад.

ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ ФАРХУНДА
- Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни фархундаи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои мақомот тасдиқ гардида, аз ҷумла бунёд ва навсозии 375 иншоот, ба инобат гирифта шудааст. То ҳол 19 иншооти он мавриди истифода қарор гирифта, корҳои бунёдгариву эҳёсозӣ дар 101 иншооти дигар бо маром идома доранд, - иброз дошт зимни суҳбат роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Шарифхон Тӯрахонов.
Тавре Шарифхон Тӯрахонов гуфт, дар марказ ва деҳаҳои ноҳия боз як қисм иншооти дигари навбунёди ҷашнӣ, аз ҷумла гулгашт, бинои маъмурии бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, коргоҳи дӯзандагӣ, боғчаи кӯдакон, хобгоҳ барои 400 нафар, тарабхона, маҷмааи варзиш, бозори марказӣ, хати оби нушокӣ дар маркази ноҳия, майдончаи варзиш, маркази савдо ва хизматрасонӣ, корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва меҳмонхона дар деҳоти Сари Хосор ва корхонаи коркарди сангҳои маҳаллӣ дар деҳоти Тоҷикистон, ба истифода дода шуданд.  

БАЛҶУВОН ДИГАР ҶОЙИ ТАМОШО АСТ!
Тавре мо шоҳид гаштем, воқеан, имрӯз дар маркази ноҳияи Балҷувон ва аксар деҳоти он созандагиву бунёдкорӣ ба ҷабҳаи бузурги зиндагии сокинон табдил ёфтааст. Шумо агар ба ин ҷо сафар кунед, дар эъмори иншоот на танҳо сокинони маҳаллӣ, балки намояндагони аксар шаҳру манотиқи ҷуҳуриро мебинед, ки паҳлу ба паҳлуи ҳам истода, якдилона заҳмат мекашанд. Ҳамин аст, ки имрӯз маркази ноҳия - деҳаи Балҷувон намои як шаҳраки зеборо гирифтааст.
Махсусан роҳи Кангурт – Балҷувон – Ховалинг, ки зимни сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Балҷувон 6 августи соли ҷорӣ пас аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, сокинони ду ноҳияро хеле хушҳол намуд. Дарозии роҳи мазкур қариб 43 километр буда, мушкили ронандагону мусофирон аз тариқи ин хатсайр пурра рафъ гардид.
Эъмори толору майдончаҳои варзиш, нуқтаҳои хатнаи кӯдакон, сартарошхонаву кошонаҳои ҳусн, ҳаммому дӯконҳои ҳунарҳои мардумӣ иқдоми хубу кори нек аст. Вале, ба назари мо, бо истифода аз фурсати муносиб дар доираи Ҷашни фархундаи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии кишвар, агар роҳбарони ноҳия барои рафъи мушкилоти бунёдӣ, хусусан сохтмони роҳ то Сари Хосор, корхонаҳои саноатӣ, муҳайё сохтани инфрасохтори зарурии соҳаи туризм, обёрии заминҳо ва рушд додани соҳаи кишоварзӣ, талоши бештар меварзиданд, боз ҳам хубтар мебуд. Чунки бартараф шудани ин мушкилот омили асосии ҳалли дигар проблемаҳо ва пайдо шудани сармояи зарурӣ  барои рушди соҳаҳои боқимонда мебошад. Махсусан бо ҷойи кор таъмин намудани сокинон ва кам кардани шумораи муҳоҷирону шахсони бешуғли ноҳия аз масъалаҳои ҳалталаб маҳсуб меёбанд. 
Бахтовар КАРИМ,
 Комрон САФАР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2019    №: 158    Мутолиа карданд: 4092
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед