logo

иқтисод

КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА БА КОР МЕДАРОЯНД

Посух ба матлаби «Хатлон. Бефаъолиятии корхонаҳо соҳаи саноатро қафо мекашад!!!», ки 19 июни соли 2019 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр шудааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ба маълумоти шумо мерасонад, ки матлаби «Хатлон. Бефаъолиятии корхонаҳо соҳаи саноатро қафо мекашад!!!» дар маҷлиси васеи машваратии назди раиси ноҳия бо иштироки шахсони масъул мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре зикр шуд, дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми  умумии истеҳсоли маҳсулот дар ноҳия ба 474 миллиону 126 ҳазору 900 сомонӣ расонда шуд, ки аз ин ҳиссаи маҳсулоти саноатӣ 72 миллиону 338 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад. Нишондиҳандаи соҳаи саноат назар ба ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 40 ҳазору 300 сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра аз 36 корхонаи истеҳсолии саноатии ноҳия 11 корхона фаъолият накард. Аз инҳо 9 корхона пахтатозакунианд ва дар давоми сол бо сар шудани мавсими пахтасупорӣ ба кор шурӯъ менамоянд.
ҶСШК «Ф.Саидов» бинобар сабаби фарсуда шудани таҷҳизот ва ҶДММ «Қутайба» бинобар сабаби дар маҳбас қарор доштани роҳбари корхона аз фаъолият бозмондаанд.
Дар шашмоҳа дар ноҳия 3 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба истифода дода шуд: «Абдумалики Камолиддин», «Рушди иқтисоди водии Вахш» ва «Ганҷ».
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён аз ҳамкорӣ бо Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» қаноатманд буда, баҳри пурзӯр намудани кор дар самти ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, бунёди корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои корӣ ва иҷрои дурнамои саноатию рушди истеҳсолоти содиротӣ тадбирҳо меандешад.
Вализода Икромиддин СИРОҶИДДИН,
иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2019    №: 158    Мутолиа карданд: 665

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед