logo

Хабарҳо

Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим гурӯҳи муҳандисони Донишкадаи банақшагирӣ ва лоиҳакашии роҳҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин вобаста ба сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе – Кулма (қитъаи Қалъаи Хумб – Ванҷ) мулоқот намуд.
Зикр гардид, ки дарозии роҳ 92,3 км буда, зимни бунёди он  сохтмони ду нақб бо дарозии 5,2 км, 67 лӯлаи селпарто, 5 долони муҳофизатӣ, 15 пул, 54 км деворҳои муҳофизавӣ  ва дигар инфрасохтори зарурӣ пешбинӣ шудааст.
Намояндагони Чин иброз намуданд, ки онҳо барои дақиқ гузарондани корҳои лоиҳакашиву баҳодиҳӣ беҳтарин муҳандисони донишкадаро ҷалб намудаанд.
Аз намояндагони институтҳои илмиву тадқиқотии ҳар ду кишвар даъват ба амал оварда шуд, ки зимни азназаргузаронӣ ва баҳодиҳӣ ба омилҳои ҳаракати душвори роҳ дар шароити кӯҳистон, мавзеъҳои осебпазири омадани сел ва тарма, дуруст пешбинӣ намудани долону деворҳои муҳофизатӣ ва босифат анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.
- Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ин роҳ идомаи мантиқии содагардонии тиҷорат ва сарфаи вақту сармоя барои доираи васеи соҳибкорони кишварҳои минтақа ба шумор рафта, имкониятҳои муосирро барои баромадан ба давлатҳои дигар ба таври доимӣ таъмин месозад, - гуфт муовини Сарвазири мамлакат.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2052

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад

Таъкиди Путин аз зарурати арҷгузории арзишҳои оилаи серфарзанд

Сарвазири Афғонистон: "Натиҷа бояд ба раъйдиҳии воқеии халқи мо асос ёфта бошад"

Чин ба шарти бастани созишномаи тиҷоратӣ бо ИМА ба мувофиқа расид

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медалҳои биринҷии гӯштигирони тоҷик

08.11.2019


Давлаталӣ Саид бо Мансур бинни Зойид оли Наҳён вохӯрд

Баргузории конференсия оид ба саҳми диаспораҳо дар рушди кишвар

Масоили ҳамкории фарҳангӣ матраҳ шуданд

МАОРИФ. Медали тиллои хонандагони точик аз Туркия

07.11.2019


Гурӯҳи мусаллаҳ безарар гардонда шуд

БОКС. Медали тиллои муштзани тоҷик дар Россия

ФОРУМИ ПАНҶУМИ МИЛЛӢ. Пойгоҳе ки ҳуқуқшиносонро ба ҳам меорад

Ба Ингушистон суриёие омад, ки аспсавор ба дидори Путин раҳсипор аст

Эрдуғон аз боздошти ҳамсари сарвари "ДИ" Ал-Бағдодӣ хабар дод

Интиқоди ҳазорҳо олим аз беэътиноии сиёсатмадорон ба тағйири иқлим

Пойтахти Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои ИДМ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.11.2019


Роҳҳои баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ баррасӣ шуданд

Ҳамоиш доир ба нақши ҷавонон дар тарғиби арзишҳои миллӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед