logo

иҷтимоиёт

ХОВАЛИНГ ДИЁРЕ, КИ ҲАР ВАҶАБАШ ТАЪРИХ АСТ

Ноҳияи Ховалинг дорои захираҳои бойи сайёҳӣ буда, аз давраҳои қадим табиати нодиру ёдгориҳои фарҳангиаш таваҷҷуҳи сайёҳону ҷаҳонгардонро ба худ ҷалб кардааст. Иқлими мусоид, рӯду дараҳои хушманзара, ёдгориҳои беназири таърихию табиӣ ва мавқеи ҷуғрофии он имконият медиҳад, ки дар ноҳия намудҳои гуногуни туризм ривоҷу равнақ ёбад.

АЗ КӮЛДАРА ТО САРИҶАР
Ховалинг аз қадимтарин минтақаҳои на танҳо Тоҷикистон, балки Осиёи Марказист. Дар ҳудуди он ёдгориҳое, ки таърихи беш аз миллионсола доранд, хеле зиёданд. Қадимтарини онҳо истиқоматгоҳҳои одамони ҷамоаи ибтидоии Осиёи Марказӣ – Кӯлдара буда, таърихи он ба 950 ҳазор сол мерасад. Ёдгориҳои аз гирду атрофи он бадастомада бошанд, умри беш аз миллионсола доранд.
Кӯлдара дар қисмати ҷанубу шарқии деҳаи Лоҳутӣ, дар масофаи 12 километр то маркази ноҳия ҷойгир шудааст. Солҳои 1981 – 1984, ҳангоми гузарондани корҳои ҳафриётӣ аз ин мавзеъ ёдгориҳои одамони ҷамоаи ибтидоӣ ёфт гардид, ки он ба асри санг тааллуқ дошта, дорои қимати бузурги илмӣ мебошанд. Ин ёдгориҳо дар таърихи тамаддуни башарӣ нодиртарин ба шумор мераванд. Бозёфтҳои мазкур айни ҳол дар Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, Осорхонаи бостоншиносӣ, Осорхонаи миллӣ ва осорхонаи ноҳия маҳфузанд.
Ёдгории дигари нодиру арзишманд деҳшаҳри қадимаи Сариҷар ба шумор меравад. Давраи шукуфоии Сариҷар ба асрҳои XVII - XVI - и пеш аз милод рост омада, ёдгории мукаммалу беҳамтои охири асри биринҷ ва аввали асри оҳан аст. Умри ин ёдгорӣ бештар аз 3700 сол буда, аҳамияти муҳими байналмилалӣ дорад. Он соли 2010 дар қисми шимолу ғарбии дарёи Ёхсу – подомани деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг, аз тарафи гурӯҳи муштараки бостоншиносону муаррихони ватаниву хориҷӣ кашф гардидааст. Бояд зикр кард, ки оид ба асри биринҷ дар Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии ноҳияи Ховалинг ёдгориҳои зиёди таърихӣ мавҷуду маҳфуз мебошанд.
Дар ин ёдгорӣ соли 2010 кофтукови озмоишӣ гузаронда шуд ва ковишҳои бостоншиносии васеъ асосан аз соли 2012 оғоз гардида, то соли 2017 идома ёфт. Дар ин муддат ҳазорҳо нигораҳо, боқимондаҳои нақши дастони ниёгонамон пайдо шуданд. Ҳоло низ корҳои ҳафриётӣ аз тарафи олимону бостоншиносони Тоҷикистону Фаронса ва Олмону Лаҳистон идома дорад, ҳадаф ҷустуҷӯ, дарёфт ва омӯзиши инфрасохтори деҳшаҳр, омӯзиши объектҳои мудофиавӣ, стратиграфияи қабатҳои маданӣ, пайдо кардани боқимондаҳои меъмории истиқоматӣ, устохонаҳои истеҳсолӣ ва дигар паҳлуҳои ободии ин ёдгории беназир мебошад.

МУЪҶИЗАИ ТАБИАТ
Ёдгориҳои табиӣ низ дар ноҳия кам нестанд. Машҳуртарину зеботарини онҳо мавзеи Ёхсу мебошад. Ёхсу (Ахшу, Охшу, Бахшу, Вахшу) на танҳо гӯшаи пурасрори таърихию пурғановат, балки мавзеест, ки саросар муъҷизаву боигариҳои дилкашу дилрабо дорад. Силсилаи қаторкӯҳҳо, сангу шахҳои бузурги чун ҳайкалҳои зебои табиӣ, арчазорони сарсабз, доманҳои дар баҳорон гулпӯш, манзараҳои рангини шаху дараҳо ва талу теппаҳои рангини сабзпӯш, навои шаршараву рудҳои кӯҳии аз чашмасорони аз дили кӯҳҳои зархез ҷоришаванда диққати ҳар бинандаро ба худ мекашад. Хусусан, кӯҳҳову шахҳои муъҷизанок, ки ҳар кадом ба худ номҳои хоса доранд ва ин номҳоро мардум аз замонҳои қадим то имрӯз ҳифз кардааст. Масалан, Кӯҳи Одам, Калфи Девдара, Кӯҳи Говара, Кӯҳи Қалъа, ҷои Сумби Дил – Дили Ҳазрати Алӣ, Қозии Яктефа, Кураи Қаюм, Қаври Кофирбача ва ғайра.
Кӯҳҳои сарбафалак мисли қасру кӯшкҳои афсонавӣ мебошанд. Ҳар як кӯҳу шаху қулларо гӯё устоҳои гулдасту пухтакоре тарошидаву бунёд карда бошанд, ки манораву қулла ва гумбазу деворҳои онҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Кӯҳи қисми шимолу ғарбии деҳаи Шукновро низ гӯё ҳайкалтароши чирадасте сохтааст. Мардум ин муъҷизаи табиатро Кӯҳи Харсанг ва ё Кӯҳи Ракета ном мебаранд. Ин кӯҳ, дар ҳақиқат, киштии кайҳониро пеши назар меорад. Инчунин, кӯҳҳое низ ба чашм мерасанд, ки шабеҳи бино ва ё гӯшае аз маҳаллаи ободон мебошанд.
Дар ин ҳудуд ба ҷуз аз ёдгориҳои таърихӣ ёдгориҳои табиии нодир хеле зиёданд, ки онҳо чун муъҷизаҳои табиат, асрори ниҳонеро дар худ маҳфуз медоранд ва омӯзишу таҳқиқи онҳо муфид буда, қимати хосаи илмию маънавӣ доранд. Дар ҳақиқат, ҳамаи ин манзараҳо нишонаҳои бузурганд, ки мисли онҳоро дар дигар гӯшаи дунё дучор омадан номумкин аст.

ДАРВОЗАИ ТИЛЛОИИ ХАТЛОН
Ноҳияи Ховалинг дар қисмати шимолу шарқи вилояти Хатлон воқеъ буда, дар маркази объектҳои муҳими сайёҳии минтақа қарор дорад. Аз ин рӯ, мавқеи ҷуғрофии ноҳия имконият медиҳад, ки Ховалинг ба дарвозаи тиллоии сайёҳии вилояти Хатлон бадал гардад. Аз як тараф, роҳи наздиктар ба Боғи табиии Сари Хосор ва шаршараи Пушти Боғи ноҳияи Балҷувон маҳз аз Ховалинг мегузарад, аз тарафи дигар, роҳ ба сӯи парваришгоҳи “Чилдухтарон” - и ноҳияи Муъминобод ва шаҳру ноҳияҳои Кӯлобу Восеъ доимо кушода аст.
Ғайр аз ин, дар ноҳияи Ховалинг барои рушди намудҳои асосии туризм, аз қабили туризми таърихӣ, сайругаштӣ, этнографӣ, экологӣ, рекреатсионӣ, динӣ – зиёратӣ, велотуризм ва фототуризм имкониятҳо фаровонанд. Ҳифз ва оқилона истифода бурдани ин иқтидорҳо, махсусан, ёдгориҳои таърихии ноҳия ба рушду нумӯи иқтисодиёту маънавиёти он мусоидат мекунад.
Комрон САФАР,
Бахтовар КАРИМ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.08.2019    №: 159    Мутолиа карданд: 1131

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед