logo

ҳуқуқ

500 000 СОМОНӢ. ҚАРЗЕ, КИ ГУНАҲГОРРО ЗИНДОНӢ КАРД

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии соҳибкорон ва рушди соҳибкорӣ имкониятҳои мусоидро фароҳам оварда, дар ин замина як қатор барномаҳои алоҳида оид ба рушди ин соҳа қабул гардидааст. Инчунин, баҳри амалӣ намудани ин ҳадафҳо бо супориши Ҳукумати кишвар ба соҳибкорон қарзҳои имтиёноки бонкӣ дода мешавад. Аммо ҳолатҳое ҷой дорад, ки шаҳрвандони алоҳида бо мақсадҳои нопоки худ ба ном корхонаҳо кушода, аз ин дастгирии Ҳукумат суиистифода бурда, маблағҳои буҷетиро, ки ба рушди соҳаи соҳибкорӣ равона шудааст, гирифта, ғайримақсаднок истифода мебаранд.
 
Нурулло Исуфов аз ҷумлаи соҳибкорест, ки ба ин амал даст задааст. Чуноне тафтишоти пешакӣ муайян намуд, номбурда ҳамчун роҳбари ҶДММ «Чашмаи Истиқлол» 29 сентябри соли 2013 барои гирифтани қарзи имтиёзнок оид ба таъсис додани сехи қаннодӣ ба Муассисаи давлатии Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат ва дархост кардааст, ки ба ӯ маблағи 500 000 сомонӣ ҷудо карда шавад. Барои таъмини иҷрои уҳдадорӣ бинои мағозаи «Садбарг» - ро, ки дар филиали ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» - и  шаҳри Кӯлоб ба гарав гузошта шуда буд, ғайриқонунӣ дастрас намуда, бо номи худ ба расмият дароварда, ғайриқонунӣ ба Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба гарав гузоштааст.
Бо қарори Шӯрои нозирони Муассисаи давлатии Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 октябри соли 2013 дар асоси шартномаи қарзӣ аз ҳисоби маблағҳои гардиши фонди мазкур ба Н. Исуфов 500 000 сомонӣ барои ташкил намудани сехи қаннодӣ ҳамчун қарзи имтиёзнок ба муҳлати 3 сол, таҳти 12 фоиз солона ҷудо карда шудааст. Мавсуф ба воситаи хазинаи маркази филиали № 63 БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Душанбе дар ду давра 13 ноябр ва 12 декабри  соли 2013 маблағи зикршударо мегирад.
Ӯ гӯё ба маблағи 250 000 сомонӣ таҷҳизоти сехи қан-нодиро харидааст. Аммо дар асл чунин таҷҳизот мавҷуд набуда, пули ба тариқи қарз додашударо тасарруф кардааст. Инчунин, боқимондаи маблағро ӯ ғайримақсаднок аз Ҷумҳурии Халқии Хитой дастгоҳи салафанбарорӣ ба маблағи 59 331 сомонӣ харида, боқимонда 190 669 сомониро ба эҳтиёҷоти худ харҷ карда, ба Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 500 000 сомонӣ зарари махсусан калон расондааст.
Маҳкумшуда, 29 сентябри соли 2014 барои гирифтани қарз ба директори филиали ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» - и ноҳияи Восеъ муроҷиат кардааст, ки ба ӯ маблағи 3000 доллари ИМА барои зарурияти иҷтимоӣ дода шавад. Барои таъмини иҷрои уҳдадорӣ ду сар чорвои калони шохдор ва лавозимоти хонаро, ки 2770 доллари ИМА арзиш дошт, ба гарав гузошта, маблағи 3000 доллари ИМА - ро аз бонки номбурда бо 36 фоизи солона ба муҳлати 1 сол гирифта, онро низ ба манфиати шахсии худ харҷ кардааст.
Ӯ маблағи ба тариқи кредит гирифтаашро ба ивази фоизҳои қарзаш аз филиали БДА Ҷумҳурии Тоҳикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Душанбе пардохт карда, ба филиали ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ба маблағи 2940 доллари ИМА зарар расондааст.
Ҳамин тариқ, Исуфов Нурулло Исуфович дар асоси моддаи 246 (тасарруфи пулу молӣ ба тариқи кредит додашуда) қисми 2 банди «а» ва қисми 3 банди «б»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, бо ҳукми суди ноҳияи Восеъ 9 сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Ш. НИЁЗӢ, муовини прокурори ноҳияи Восеъ,                                                
Зафар АКРАМОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.08.2019    №: 159    Мутолиа карданд: 1731

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед