logo

сафарҳо

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ
20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивии дарахтони себ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд боздид ба амал оварданд.
Боғи интенсивии навъҳои дар бозори ҷаҳонӣ маъруфи себ, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми шарикони рушд, бо технология ва усулҳои италиявию испанӣ дар майдони 1,88 га бунёд ёфтааст.
Афзалияти аз ҳама муҳими ин боғ аз боғҳои анъанавӣ дар он аст, ки ниҳолҳои он, аллакай, дар соли якуми сабзиш қисман ба ҳосил омада, дар соли дуюм ба таври назаррас ҳосилдеҳ мешавад. Масалан, барои пурра ба ҳосил омадани боғҳои анъанавии себ қариб 10 сол лозим мебошад. Ғайр аз ин ҳосилнокии боғҳои интенсивӣ 3-4 баробар аз чунин боғҳо зиёд аст.
Масофаи миёни ниҳолҳо як метр ва масофаи миёни қаторҳои боғ 4 метр буда, дар як гектар 2500 бех ниҳол шинонда шудааст. Айни ҳол, дар боғ 4700 бех дарахти мевадиҳанда, аз ҷумла навъҳои “Гала”, “Гренни Смит” ва “Голден Делишес” парвариш меёбанд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки боғ моҳи апрели соли 2018 бунёд шуда, соли дуюм бор медиҳад. Нигоҳубини чунин боғҳо, албатта, бо технологияи навтарин ба роҳ монда шуда, ҳашароту бемориҳо тавассути барномаҳои махсуси компютерӣ назорат карда мешаванд. Ниҳолҳо бо усули қатрагӣ об дода мешаванд. Аҳли заҳмати хоҷагӣ азм доранд, ки бунёди боғҳои интенсивиро дар дигар қитъаҳои ноҳияи хушбоду ҳаво васеъ ба роҳ монанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз боздиди боғи интенсивии дарахтони себ аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд. Дар он деҳқонони меҳнатқарини ноҳия маҳсулоти кишоварзии худро ба намоиш гузошта буданд.
Мардуми ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бештар ба кишту парвариши картошка машғуланд ва дар намошгоҳ намудҳои гуногуни ҳосили ин навъи зироати кишоварзӣ, ки бо заҳмати зиёд ба даст омадааст, ба маъраз гузошта шуд. Боғдорӣ низ дар ин ноҳияи дурдасти мамлакат ба таври густурда рушд дорад. Иқлими ноҳия барои хушкондани зардолу мусоид буда, дар ин шароит сифатнокӣ ва бехатарии ин навъи мева таъмин мебошад. Ба маъраз гузоштани навъҳои зиёди зардолу дар ин намоишгоҳ заҳмати пайваста ва дар ин самт таҷрибаи ғанӣ доштани сокинонро бозгӯ мекунад.
Дар маҷмӯъ, дар номоишгоҳи дастовардҳои сокинони меҳнатдӯсти ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳама намуди ҳосили зироати кишоварзӣ ба маъраз гузошта шуд ва он аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд гирифт.
Сарвари давлат зимни суҳбату вохӯрӣ бо кишоварзони ноҳия барои истифодаи самараноки замин, боз ҳам афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка маслиҳатҳои муфид доданд.

20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ба истифода доданд. Сохтмони иншоот моҳи марти соли 2019 оғоз гардида, имрӯз бо сифати баланд ба истифода дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳуҷраҳои корӣ дидан намуда, барои бунёди чунин як бинои наву замонавӣ, ки тариқи ҳашар сохта шудааст, аҳсанту офарин хонданд.
Бинои навбунёд дорои ҳуҷраҳои корӣ буда, бо компютер ва мизу курсии замонавӣ таъмин мебошад. Бояд зикр намуд, ки то имрӯз барои кормандон шароити созгор мавҷуд набуд.
Боиси тазаккур аст, ки зимни сафари корӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъсиси ду сехи дӯзандагӣ дар ду деҳот 20 мошинаи нави дӯзандагӣ туҳфа карданд. Ин имконият фароҳам меорад, ки чанд нафар занони хонашини ноҳия бо ҷои кор таъмин гардида, ҳамзамон, ба ҷавондухтарон касби дӯзандагӣ омӯзонда мешавад.
Иншооти мазкур ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сохта шудааст.

20 август баъди ифтитоҳи як қатор иншоот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳия суҳбату мулоқоти самимӣ доир карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истиқболи гарму самимӣ, ҷонибдории мардуми ноҳия аз сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карда, ҳамаи иштирокчиёни мулоқот ва, дар маҷмӯъ, тамоми сокинони ин ноҳияи шуҳратдорро ба Ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зодаи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад ва ба туфайли Истиқлолияти давлатӣ ин гӯшаи биҳиштосои сарзамини аҷдодиамон эҳё гардида, ба яке аз мавзеъҳои муҳими кишоварзии мамлакат табдил ёфт. Дар муддати хеле кӯтоҳ, тайи се-чор соли охир, дар деҳоти ноҳия ба шарофати таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати мамлакат иншооти иҷтимоӣ, аз қабили муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, нуқтаҳои хизматрасонӣ, намояндагии бонкҳо, неругоҳҳои барқи обии хурд ва дигар инфрасохтори зарурӣ бунёд шудаанд, ки ҳоло фаъолияти муназзам дошта, боиси беҳтар шудани шароити зиндагии аҳолӣ гардидаанд.
Дар ноҳия танҳо барои истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди 248 иншоот пешбинӣ шуда, то имрӯз 93  - тои он мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин муддат, инчунин, аз баракати заҳмати сокинони ватандӯсти ноҳия дар шароити кӯҳистони камзамин боғҳои нав бунёд ёфта, майдони заминҳои корам васеъ ва роҳҳои байни деҳот тахту ҳамвор гардида, маркази ноҳия бо қомат афрохтани иншооти муосири маъмуриву хизматрасонӣ ва бунёди хиёбону гулгаштҳо ҳусни тоза гирифтааст.
Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар давраи соҳибистиқлолӣ барои рушди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории Буҷети давлатӣ қариб 170 миллион сомонӣ, аз ҷумла 81 миллион сомонӣ мусоидати молиявӣ ва аз ҳисоби маблағҳои марказонидашудаи вазорату идораҳо 35 миллион сомонӣ равона гардидааст. Дар доираи татбиқи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои солҳои 2016-2020, ки аз 171 лоиҳа иборат мебошад, сеюним соли охир 52 лоиҳа дар ҳаҷми беш аз 102 миллион сомонӣ амалӣ шуд, ки қариб 60 дарсади маблағи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми заҳматкаши ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар оянда низ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз рӯзгори орому осуда барои истиқболи шоиста аз Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талоши бештар хоҳанд кард.
Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сокинони шукргузори ин ноҳияи дурдасти мамлакат, аз ҷумла омӯзгор Муҳаббат Одинаева, нафақагир Мирзохон Раҳимов ва омӯзгори ҷавон Ниёзӣ Кишваршоҳи Шоҳмирзо, баромад карда, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини пешрафту тараққиёти ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бузург арзёбӣ намуданд.

20 август дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии "Роғ" бо фаъолияти кишоварзон шинос шуда, аз рафти нашъунамои картошка ошноӣ пайдо карданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, масоҳати заминҳои корам дар хоҷагии деҳқонии "Роғ" ба 124,2 гектар баробар буда, аз ин ҳисоб 102 гектар ба кишти картошка рост меояд. Деҳқонони хоҷагӣ пайваста барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ талош карда, дар парвариш ва захираи ин намуди маҳсулоти кишоварзӣ аз роҳу усулҳои нав ва тухмиҳои хушсифат истифода мебаранд. Феълан дар хоҷагии деҳқонии "Роғ" навъҳои гуногуни картошка, аз қабили "Тоҷикистон", "Биг Росса", "Аладин", "Пикассо" парвариш мешаванд.
Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки соли гузашта кишоварзони хоҷагии деҳқонии "Роғ" аз ҳар гектар аз 250 то 300 - сентнерӣ ҳосил ба даст овардаанд. Имсол вобаста ба мусоид омадани вазъи ҳаво нақшаи ҳосил аз ҳар гектар то 350 - сентнерӣ аст.
Деҳқонон барои нигаҳдории картошка аз чағора-анбори зеризаминӣ истифода мебаранд. Танҳо дар хоҷагии деҳқонии "Роғ" 205 – то чунин анбори зеризаминӣ мавҷуд буда, ғунҷоиши ҳар яке аз онҳо аз 8 то 25 тоннаро дар бар мегирад. Мувофиқи иттилои мутахассисони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, чунин анборҳои зеризаминӣ имкон медиҳанд, ки картошка дар ҳолати хуб нигаҳдорӣ шуда, тару тоза ва босифат ба бозорҳои ҷумҳурӣ бароварда шавад.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти кишоварзон ва нашъунамои картошка, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони ноҳиявию ҷумҳуриявиро вазифадор сохтанд, ки аз ҳар ваҷаб замин самаранок истифода бурда, сол ба сол масоҳати заминҳои корамро васеъ гардонанд. Зеро фаровонии бозорҳои ҷумҳурӣ, хони пурнозу неъмати сокинон ва ниҳоят татбиқи яке аз ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати мамлакат - таъмини амнияти озуқаворӣ маҳз аз фаъолияти пурсамари кишоварзон вобаста аст.

Дар идомаи сафар ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Роғи деҳоти Лангар шуъбаи табобатии беморхонаи марказии ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки бинои шуъбаи табобатӣ дар масоҳати 288 метри мураббаъ қомат афрохта, 10 ҳуҷраро дар бар мегирад. Барои қабул ва муолиҷаи беморон бино бо катҳои хоб, дастгоҳи ултрасадоӣ, сабти барқии дил ва дигар таҷҳизоти соҳавӣ таъмин шудааст.  
Бунёди иншооти мазкур моҳи октябри соли 2018 оғоз гардида, дар рафти сохтмон зиёда аз 30 сокини маҳаллӣ ҷалб гардид. Бино хуштарҳу замонавӣ сохта шудааст.
Шуъбаи табобатӣ аз ҳуҷраҳои бемориҳои дарунӣ, кӯдакона, доругузаронӣ, ултрасадо, таҳлилгоҳ, ҳуҷраи хатна ва ғайра иборат мебошад. Дар ин ҷо, дар баробари табибони таҷрибадор, мутахассисони ҷавоне, ки тибқи Квотаи президентӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таҳсил кардаанд, ба кор ҷалб шуда, ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамовардашуда дар шуъбаи табобатӣ шинос гардида, аз сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Сарвари давлат кормандони соҳаи тандурустиро бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нав табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар иҷрои вазифаҳои касбиашон комёбиҳо таманно намуданд.

Ҳамчунин, дар деҳаи Роғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маркази хизматрасонии "Ҳусни Роғ" - ро мавриди истифода қарор доданд.
Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки маркази хизматрасонӣ дар ин деҳаи дурдасттарини мамлакат дар доираи эълон шудани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта шудааст. Бино аз ду ошёна иборат буда, дорухона, сартарошхона, кошонаи ҳусн ва дигар нуқтаҳои хизматрасониро дар бар мегирад.
Дар ошёнаи якум дорухона ҷойгир буда, дар он маводи доруворӣ ба фурӯш бароварда шудааст. Ҳамчунин, дар назди дорухона гӯшаи гиёҳдармонӣ фаъолият мекунад. Дар ин гӯша гиёҳҳои шифобахш, аз ҷумла хуч, мухаллас, чойкаҳак, талхак, талхаки зардак, зуда, себаргаи сурх, ки ба бемориҳои рӯдаву меъда, фишорбаландӣ, бемории дил ва ғайра фоидабахшанд, пешниҳоди сокинон гардонда шудаанд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани маркази хизматрасонӣ чанд тан аз сокинони деҳаи Роғ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Баъд аз шиносоӣ бо шароит ва имкониятҳои маркази хизматрасонӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони маҳаллиро шоёни дастгирӣ хонданд ва аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки дар рушду пешрафти кишвари маҳбубамон саҳми бештар гузоранд.


ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ
21 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншоот ва мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ташриф оварданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони ноҳия гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ роҳи мошингарди аз шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ то маркази ноҳияи Деваштичро пас аз мумфаршкунӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Роҳи мазкур 17 километрро ташкил дода, пас аз навсозӣ аз категорияи 3 - юм ба категорияи чоруми роҳсозӣ мутобиқ гардонда шуд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки паҳноии роҳ 8 метрро ташкил дода, дар маҳаллаҳои аҳолинишин роҳ  то  11 метр васеъ гардидааст.
Роҳи мошингарди Хуштоҳир - Яхтани шаҳраки Ғончӣ дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷдиду навсозӣ гардида,  дар рӯзҳои истиқбол аз 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои сокинони ноҳия мебошад.
Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчии он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Роҳи байналмилалии Тоҷикистон” аст.
Қитъаи роҳ, ки  маркази ноҳияи Деваштичро ба шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ мепайвандад, дар доираи корҳои навсозӣ, ҳамзамон, дар маҳаллаҳои аҳолинишини он бо насби сутунпояҳо чароғон карда шуда, роҳҳои пиёдагард ба масофаи 2,5 ҳазор метри мураббаъ сафолакпӯш гардидаанд. Роҳи мазкур солҳои зиёд таъмир нашуда буд ва ҳангоми рафтуомад дар ҳама фаслҳои сол сокинон ба мушкилии ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешуданд. Бо анҷоми ин тадбир, яъне пурра мумфарш шудани роҳ дар ҳама фаслҳои сол рафтуомади мунтазами сокинон, воситаҳои нақлиёт ва интиқоли мусофиру мол комилан осон шуд. Ронандагону мусофирон аз ин иқдоми созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Дар доираи иқдомҳои созанда ба истиқболи Ҷашни умумимиллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ соли ҷорӣ бо  пуштибонӣ аз сиёсати созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша ва кормандони муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингард дар ҳудуди  ноҳия зиёда аз 170 километр роҳ таъмиру тармим гардида, корҳои навсозӣ дар ин  самт идома доранд.

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Яхтан муассисаи таҳсилоти томактабии “Дӯстӣ”- ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ин кӯдакистони навбунёд дар ноҳия калонтарин ба ҳисоб рафта, дар як вақт имкон дорад, ки то 300 нафар кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирад.
Иншооти мазкур аз ду ошёна, 10 синфхона, нуқтаи тиббӣ, ошхона, толори мусиқӣ, ҳуҷраҳои методӣ, роҳбарон ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ иборат мебошад.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакони ин даргоҳи тарбияву маърифат суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.
Дар муассисаи наву замонавӣ, ки дорои тамоми шароити муосир мебошад, қариб 60 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, фарзандони мардум дар 10 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Дар рафти корҳои сохтмонии он беш аз 100 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуда буд.
Дар баробари фароҳам овардани беҳтарин шароит дар кӯдакистони “Дӯстӣ”, ҳамзамон, дар саҳни ҳавлии он 10 айвонча, нуқтаҳои бозии кӯдакон муҷаҳҳаз бо ашёи зарурии обутоби бадан, ҳайкалчаҳои қаҳрамонҳои афсонавӣ ва ҳавзи шиноварӣ бо дарозии 26 ва паҳнои 13 метр сохта шудааст, ки кӯдакон аз он ба таври васеъ истифода менамоянд.
Ҳудуди муассиса бо гулу дарахтони ороишӣ сабзкорӣ шуда, пурра чароғон мебошад. Бо мақсади дар фасли зимистон бо гармӣ таъмин кардани кӯдакистон дастгоҳи гармидиҳӣ пайваст буда, бо ангишт ва ҳам бо неруи барқ кор мекунад.
Маҳз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат аст, ки соҳаи маориф давоми солҳои соҳибистиқлолӣ рушд намуда, дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чунин иншооти замонавӣ барои насли оянда сохта ба истифода дода мешаванд.
Ифтитоҳи кӯдакистони замонавиро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои истиқбол аз 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ маънидод намуда, аз мураббиён даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз ин шароити мусоид кӯдакону наврасонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд, то онҳо оянда баҳри пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзишманди худро гузоранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Яхтани ноҳияи Деваштич бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17 - ро баъди азнавсозии куллӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои мактаб соли 1983 барои таҳсили 624 нафар дар як баст сохта шуда буд. Бо мақсади ба шароити имрӯза ҷавобгӯ намудан биною дигар иншооти муассиса пурра навсозӣ гардиданд. Бинои таълимии 2 ошёна аз чор қисм иборат буда, 29 синфхона бо 9 кабинети фаннӣ, 2 озмоишгоҳи фаннӣ, китобхона, ошхона, маҷлисгоҳ ва толори варзишӣ дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарҳу сифати корҳои сохтмону навсозӣ, шароитҳои фароҳамоварда барои кори муаллимону таҳсили хонандагон баҳои баланд доданд. Таъкид гардид, ки дар чунин шароити арзанда бояд сатҳи илму донишандӯзӣ ва маърифати фарзандон баланд бардошта шавад.
Дар мактаб се кабинети фаннии нав - кабинетҳои химияву физика ва технологияи иттилоотӣ ташкил ва бо дастгоҳу лавозимоти замонавии хониш таъмин карда шудаанд. Синфхонаҳо ва кабинетҳои фаннӣ бо мизу курсӣ, ҷевонҳо ва маҷмӯи компютерҳои нави замонавӣ муҷаҳҳаз гардидаанд.
Дар ҳудуди мактаб майдони варзишгоҳ ва таълимгоҳи дарси омодагии дифои ҳарбӣ азнавсозию муҷаҳҳаз гардида, барои баргузории дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ, омодагии дифоӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ шароитҳои меъёрӣ фароҳам оварда шудаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо муассисаи таълимӣ ва суҳбат бо муаллимону хонандагон ва падару модарон таъкид доштанд, ки бунёду навсозӣ, муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ аз ҳадафҳои муҳими давлат дар даврони соҳибистиқлолист, зеро дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ ва пешрафту шукуфоӣ омода намудани мутахассисони донишманд ниҳоят муҳим буда, Ҳукумати мамлакат аз ҳамин нуқтаи назар ба рушди соҳаи маориф афзалият ва диққати махсус медиҳад.
Ба аҳли деҳаи Яхтан - падару модарон, муаллимону хонандагон, бинои замонавии мактаб, туҳфаи арзанда ба ифтихори 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва соли нави таҳсил гардид, ки бо супориши Пешвои миллат пурра навсозӣ, муҷаҳҳаз ва ба талаботи имрӯзаи таҳсил мутобиқ карда шудааст.
Намояндагони аҳли ҷомеаи деҳаи Яхтани ноҳияи Деваштич ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сиёсати маорифпарварона ва ғамхорӣ ба фарзандон арзи сипоси бепоён намуданд.
Кормандони соҳаи маориф дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо ба таҳсил, таълиму тарбияи фарзандон бо истифода аз чунин шароитҳо ва тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат  ҳамаи неру, дониш ва маҳорати худро равона месозанд, то насли наврасу ҷавон бо донишу маърифат ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ ба воя расад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи омодагиҳои ҳамаҷониба ба Ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2019 - 2021 - Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Деваштич дар фазои тантанавӣ бо иштироки сокинони деҳаҳои Яхтан, Бахт, Хӯҷатоҳир ва кормандони соҳаи тандурустӣ маркази саломатии деҳоти Яхтанро мавриди истифода қарор доданд.
Маркази саломатии навбунёд аз ҳуҷраҳои хизмати тибби оилавӣ бо фарогирии ташхису табобати бемории калонсолон, занон, кӯдакон, хизмати момодоягӣ, солимии модару кӯдак, табобати дандон, эмкунӣ ва ёрии фаврии тиббӣ иборат аст. Дар маркази саломатӣ ҳуҷраи хатна бо фароҳам овардани шароит ва таъмини таҷҳизоти теғи барқӣ ташкил карда шудааст.
Мардум хуб дарк кардаанд, ки дар синни навзодӣ хатна барои солимии кӯдак аз ҷиҳати равонию ҷисмонӣ ва пешгирӣ аз бемориҳо зарур аст. Ҷорӣ намудани хатна ба таври ройгон танҳо дар муассисаҳои тиббӣ аз имкониятҳои васеъ барои аҳолист. Дар баробари бинои нави замонавӣ ва шароитҳои корӣ таъмини дастгоҳу таҷҳизоти муосир барои баланд бардоштани хизмати тиббӣ дар деҳот мусоидат менамояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити кор дар маркази саломатӣ табибонро ҳидоят намуданд, ки баҳри таъмини солимии аҳолии деҳот сатҳи хизматрасониро баланд бардоранд.
Дар маркази саломатии тозабунёд маҷмӯи мизи ҷарроҳӣ бо лавозимоти ҷарроҳӣ, дастгоҳи сабти барқии дил, маҷмӯи дастгоҳи стомотологӣ, автоклав барои тамизкунии лавозимоти тиббӣ, барои озмоишгоҳ таҷҳизоти гемостометр, ҷевони хушки безараргардонӣ ва дигари лавозимоти тиббии муосир таъмин карда шудаанд.
Дар маркази саломатӣ дегхона бо шабакаи гармидиҳии мустақил, ҳавзи об ва зарфи захираи об, иншооти хоҷагидорӣ, анбор, мошинсарой ва нуқтаи санитарӣ-гигиенӣ сохта шудаанд, ки аз инфрасохтори зарурию табобатии муассисаҳои тиббӣ дар шароити деҳот буда, сатҳи меъёрии имкониятҳоро фароҳам овардааст.
Ин муассисаи тиббии замонавӣ баҳри ба меъёрҳо мутобиқ намудани хизматрасонии тиббӣ дар деҳот, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ ва солимии аҳолии деҳкадаҳо бунёд шудааст. Яке аз ҳадафҳои эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба вуҷуд овардани инфрасохтор ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла саломатии аҳолӣ дар деҳот мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки қаблан дар деҳа бунгоҳи саломатӣ амал мекард, бо афзоиши аҳолӣ ва бо мақсади ба дараҷаи сифатан нав бардоштани хизмати тиббӣ маркази саломатии деҳоти Яхтан бунёд гардид, ки акнун барои аҳолии деҳаҳои Яхтан, Хӯҷатоҳир ва Бахти деҳоти Яхтан хизмати тиббӣ мерасонад.

Дар маркази ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави нозироти андозро, ки бо тарҳу лоиҳаи замонавӣ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.
Бинои нави замонавии нозироти андоз дар ноҳияи Деваштич дар доираи омодагиҳо ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, барои кормандони соҳа ва андозсупорандагон шароити меъёрии кору хизматрасонӣ фароҳам овардааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои нозироти андози ноҳия аз як ошёна бо таҳхона иборат мебошад. Бино дорои 8 ҳуҷраи корӣ, хизматрасонӣ ба шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, маркази қабули шаҳрвандон ва маҷлисгоҳ мебошад.
Дар бино терминали электронии хизматрасонӣ бо маҷмӯи компютерҳо насб карда шудааст. Ин тарзи пешрафтаи пешниҳоди эъломияи андоз ба тариқи электронӣ аз ҷониби андозсупорандагон - шахсони ҳуқуқию соҳибкорони инфиродӣ буда, ба ҳисоби шаффоф, бидуни омили инсонӣ ва бо сарфаи вақт пешниҳоду гирифтани маълумот оид ба фаъолияти молиявию уҳдадориҳои андозсупорӣ мусоидат менамояд.
Бо таъсиси ҳуҷраҳои кори умумӣ, ки дар он қабули андозсупорандагон дар як вақт сурат мегирад, шаффофияти фаъолияти нозироти андозро дар муносибат бо андозсупорандагон таъмин мекунад. Дар ҳудуди нозироти андоз меҳмонхона, биноҳои ёрирасони санитарӣ-гегиенӣ бунёд ёфта, саҳни иншоот бо ниҳолҳои ороишию гулу буттаҳо обод гардидааст.
Сарвари давлат ифтитоҳи бинои навро дар арафаи таҷлили Ҷашни 28 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони соҳа табрик намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баъди шиносоӣ бо шароити корӣ дар иншооти нав, ба кормандони нозироти андоз дастуру ҳидоятҳо доданд, ки корро бо андозсупорандагон дар асоси қонунҳои амалкунандаи кишвар ба роҳ монанд ва барои ғанӣ намудани Буҷети давлатӣ бо масъулиятшиносӣ фаъолият намоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Деваштич маҷмааи муосиру тозабунёди модару кӯдакро дар фазои шукӯҳу фараҳмандӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Маҷмаа бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо харҷи 18 миллион сомонӣ дар заминаи бинои сохтмонаш солҳои дароз нотамоммонда бунёд ёфта, барои ба хизматрасониҳои тиббию солимгардонӣ фаро гирифтани модару кӯдак шароиту имконияти беҳтарин фароҳам овард.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни ифтитоҳи расмии маркази тиббӣ, таъкид намуданд, ки солимии аҳолӣ, хусусан модару кӯдак, дар маркази таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумати Тоҷикистон мебошад, зеро аз модари солим кӯдаки солим таваллуд меёбад, ки ояндаи генофонди миллат мебошад.
Дар саҳни муассиса муҷассамаи рамзии модару кӯдак бунёд гардидааст ва Сарвари давлат парда аз рӯи он бардошта, табибону кормандони тибро ба хизматрасониҳои сатҳи баланд ба модару кӯдак ҳидоят намуданд.
Маҷмааи модару кӯдак ташхису табобат, солимию солимгардониро дар самтҳои хеле васеъ фарогир аст. Марказ аз ду ошёна ва чор шуъбаи асосӣ - таваллуд бо 75 кат, амрози занона бо 25 ҷой, амрози кӯдакона бо 45 кат, эҳёгарӣ ва ҷарроҳии кӯдакона бо 15 кат иборат мебошад.
Дар ҳуҷраҳои корӣ ва табобатии марказ шароитҳои муосири кори табибону кормандони тиб ва табобату ташхиси модару кӯдак бо таъмини лавозимоти замонавии тиббӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти муосир фароҳам оварда шудаанд. Дар марказ ташхису табобат ва ҷарроҳӣ бо истифодаи дастгоҳҳои муосир, аз ҷумла рентгени флюорографӣ, дастгоҳҳои колпаскопӣ, ултрасадо, мизи ҷарроҳӣ ва дигар таҷҳизоти нави муосири тиббӣ, анҷом дода мешаванд.
Дар маҷмаа таҳлилгоҳҳои клиникавӣ ва биохимиявии муҷаҳҳаз бо дастгоҳу лавозимоти замонавӣ таъсис дода шудаанд ва ин имконият медиҳад, ки ҳамаи таҳлилҳо дар як ҷо гузаронда шаванд.
Дар марказ барои табобату солимгардонӣ аз гиёҳҳои шифобахши табиӣ васеъ истифода мегардад. Бо ин мақсад, дар муассиса гӯшаи гиёҳдармонӣ бо пешниҳоди номгӯи зиёди гулу гиёҳҳои шифобахши кӯҳсорони кишвар ташкил ёфтааст.
Барои кор дар марказ коргарони соҳибтаҷрибаи соҳаи ташхису табобати модару кӯдак ва табибони ҷавону кормандони миёнаи тиб, ки аз такмили ихтисос гузаштанд, ҷалб шудаанд.
Саҳни муассиса васеъ буда, бо тарҳи хоса ободу зебо ва сабзу хуррам гардонда шудааст, ки барои истироҳату фароғати модару кӯдак мусоид мебошад. Суҳбаткадаҳо низ бунёд гардидаанд.
Дар марказ инфрасохтори зарурии соҳаи тандурустӣ ба вуҷуд оварда шуда, маркази мустақили гармидиҳӣ барои таъмини ҳуҷраҳо бо гармӣ, хати оби нӯшокӣ ва трансформатори мустақилу хати озоди барқ барои фаъолияти мунтазами муассисаи тиббӣ мусоидат менамояд.
Намояндагони аҳли ҷомеа, кормандони соҳаи тиб ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди чунин муассисаи муосири тиббӣ изҳори сипосу хушнудӣ намуданд, зеро марказ барои таъмини саломатии модару кӯдак аҳамияти калон дорад ва туҳфаи арзанда ба ифтихори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Деваштич, шаҳраки Ғончӣ, бинои нави маркази адлияро бо идораи нотариати давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои мазкур дар масоҳати 650 метри мураббаъ сохта шуда, аз ду ошёна бо таҳхона иборат мебошад ва дорои 6 ҳуҷраи корӣ барои фаъолияти кормандони идораи нотариати давлатӣ, кормандони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, толори зебою муҷаҳҳази ақди никоҳи навхонадорон, толори машварати ройгони ҳуқуқӣ мебошад ва масоҳати таҳхона барои нигоҳдории санаду ҳуҷҷатҳои бойгонӣ истифода мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ аз иншооти навбунёд ва шароитҳои фароҳамомада ба масъулону кормандон баҳри хизматрасонии хубу босифат ба аҳолӣ дар иҷрои ҳуҷҷатгузории нотариалӣ, қайди асноди ҳолати шаҳрвандӣ, баргузории ақди никоҳи навхонадорон, додани машваратҳои ҳуқуқӣ ва таҳкими оиладорӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамаи ҳуҷраҳои корӣ, толорҳои ақди никоҳ ва машварат бо мебелу лавозимоти замонавии корӣ муҷаҳҳаз гардонда шудаанд. Ин имконият медиҳад, ки кору хизматрасониҳо ба аҳолӣ дар маркази нави адлия дар ноҳияи Деваштич дар сатҳи баланд анҷом дода шаванд.
Намои берунии бинои маркази адлия ба таври замонавӣ ороиш дода шуда, саҳну атрофи иншооти нав сарсабзу ободон, гулу гулкорӣ ва чароғон карда шудааст. Фаввораҳо барои баргузории маросимҳои ақди никоҳи навхонадорон, сайру истироҳати сокинони шаҳрак ва деҳоти ноҳия шароити беҳтар фароҳам овардаанд.

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хати нави оби нӯшокии Ҳазорчашма - Ғончиро мавриди истифода қарор доданд.
Оби нӯшокӣ аз масофаи 8 километр - аз мавзеи Ҳазорчашма то ба маркази ноҳия-шаҳраки Ғончӣ оварда шуд. Шаҳрак ва 7 деҳаи ноҳия бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардиданд.
Оби нӯшокии худҷорӣ аз саргаҳи мавзеи Ҳазорчашма тариқи лӯлаҳои полиэтилении қутрашон 500 миллиметра то шаҳраки Ғончӣ оварда шуд, дарозии хати об 7,2 километрро ташкил медиҳад. Татбиқи лоиҳаи «Шабакаи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар ноҳияи Деваштич» аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо маблағи зиёда аз 8 миллион сомонӣ амалӣ гашт.
Хати нави оби нӯшокии Ҳазорчашма - Ғончӣ дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини доимии сокинони деҳоти ноҳия бо оби нӯшокии аз ҷиҳати экологӣ тоза амалӣ карда шуда, татбиқи лоиҳа дар марҳилаҳои гуногун давоми чанд соли охир сурат гирифтааст.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки барои таъмини боэътимод бо оби нӯшокӣ дар баробари бунёди хати об дар саргаҳи мавзеи Ҳазорчашма ду ҳавзи захиравии об яке бо ғунҷоиши 700 мукааб ва дуюмӣ бо ғунҷоиши 150 мукааб об сохта, ҳамзамон, дар ин мавзеъ хонаи безараргардонӣ, хонаи истироҳатии кормандон ва дигар иншооти ёрирасон бунёд гардидаанд. Дар баробари ин, барои таъмини сокинони деҳот бо оби тозаи ошомиданӣ дар доираи лоиҳа ду чоҳи амудӣ дар чуқурии то 120 метр кофта, бо пайваст намудани насосҳои обкашӣ ҳаҷми об зиёд карда шуд.
Маврид ба ёдоварист, ки қаблан ба 19 ҳазор нафар сокини шаҳраки Ғончӣ ва 6 деҳоти атрофи он оби нӯшокӣ тариқи реҷаи муайян дастрас  мегардид, ки сокинон аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ доштанд.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани хати нави оби нӯшокии Ҳазорчашма-Ғончӣ, бунёди ҳавзҳои захиравӣ беш аз 26 ҳазор нафар аҳолии шаҳраки Ғончӣ, деҳаҳои Ғазантарак, Қалъачаи Раис, Қалъачаи Азим, деҳаи Гул ва деҳаи Гулобод  бо оби аз ҷиҳати экологӣ тоза ва безарар таъмин гардид.
Дар радифи сохтмону навсозии иншооти соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, бунёди инфрасохтори оби нӯшокӣ ва таъминоти аҳолӣ бо оби тоза аз омилҳои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ ва солимии аҳолӣ мебошад.
Иқдомҳои судманд дар таъмини оби тозаи ошомиданӣ ба сокинон ва ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта идомаи татбиқи ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Роҳбарияти Олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва дигар тадбирҳои шоистаи сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи обу иқлим мебошад, ки имрӯз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пуштибонӣ ёфтааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Деваштич муҷассамаи Деваштичро ифтитоҳ намуданд.
Муҷассамаи Деваштич дар яке аз мавзеъҳои зебои ноҳия, дар боғи навбунёд паҳлуи Парчами давлатӣ бунёд шудааст. Баландии он бо пояаш 12 метр буда, аз тарафи ҳайкалтарош Рустам Маҷидов сохта шудааст.
Баъди рӯнамоии муҷассама Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром дар пояи муҷассамаи Деваштич гулчанбар гузоштанд.
Дар доираи омодагӣ ба таҷлили Ҷашни бузурги миллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони ноҳияи Деваштич бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаву ободгаронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди иншооти таъйиноти гуногунро ба роҳ монданд. Сохтмони муҷассамаи Деваштич низ аз иқдомҳои нек дар ин самт мебошад.
Деваштич яке аз шоҳони охирини Суғди Самарқанд, ҳокими Панҷакент ва қаҳрамони муборизаи озодихоҳии суғдиён зидди истилогарони араб мебошад. Деваштич соли 720 ҳамроҳи шоҳи Суғд Ғурак дар шӯриши озодихоҳии суғдиён зидди истилогарон иштирок кардааст.
Ба номи шахсиятҳои маъруф ва таърихӣ номгузорӣ кардани шаҳру ноҳияҳои кишвар ва гузоштани муҷассамаи онҳо қадршиносию арҷгузории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хизматҳояшон баҳри пойдории давлатдории тоҷикон ва бақои мардуми тоҷик дар масири таърих аст.

Дар ноҳияи Деваштич Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Парчами давлатиро барафрохта, боғи навбунёдро мавриди истифода қарор доданд.
Баландии пояи Парчами давлатӣ 50 метр, дарозӣ ва бари матоъ 7 ба 14 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии майдони боғи назди Парчами давлатӣ 1,5 гектар мебошад.
Барои ба як макони дилфиреби сайру тамошои сокинону меҳмонон табдил додани боғ, аз тарафи сохтмончиён зиёда аз 1000 дарахти ороишии арча ва гулҳои ранга шинонда шуда, дар масоҳати 80 метри мураббаъ 4 фаввора бунёд ёфтааст. Инчунин, дар роҳравҳои боғи истироҳатию фароғатӣ 20 нишастгоҳ, 6 суҳбаткада ва даҳҳо адад чароғҳои ранга насб гардидааст. Дар масоҳати 4120 метри мураббаи роҳравҳо сафолакҳои ранга чида шуда, майдони 4413 метри мураббаъ сабзкорӣ шудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат гузоштани Нишони давлатӣ ва барафрохтани Парчами давлатӣ ба ҳукми анъана даромадааст, зеро Нишон ва ҳам Парчам аз муқаддасоти миллат ба шумор мераванд.

21 август дар ноҳияи Деваштич Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти муҳими таъйиноти гуногун, бо сокинону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ доир карданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни мулоқот ва кулли сокинони ноҳияро бо Ҷашни бузурги миллӣ 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо барои истиқболи самимӣ ва ҷонибдории сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар изҳори сипос карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тадбирҳои созанда давоми солҳои соҳибистиқлолӣ андеша ронда, таъкид доштанд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Деваштич беш аз 420 миллион сомонӣ равона шудааст, ки 245 миллион сомонии он танҳо ба се соли охир рост меояд.
Дар ноҳияи Деваштич, бо мақсади истиқболи шоистаи Ҷашни бузурги 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, бунёду азнавсозии 309 иншоот ба маблағи беш аз 316 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз сохтмони 95 иншоот ба анҷом расидааст.
Сарвари давлат барои таъмини босифати тадбирҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Деваштичро вазифадор карданд, ки суръати корҳои ободониву бунёдкориро таҳти назорат қарор дода, дар ин раванд, ба сифати масолеҳи сохтмон, риояи ҳатмии меъёрҳои қабулшудаи бинокорӣ ва санъати меъмории иншооту биноҳои бунёдшаванда диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Таъкид гардид, ки дар доираи татбиқи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Деваштич барои солҳои 2016 - 2020, ки дар рафти он бунёди беш аз 200 иншооту биноҳои нав пешбинӣ гардидааст, то имрӯз 48 дарсад иҷро шудааст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Деваштич аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 32 бинои нави таълимӣ барои 12 ҳазор ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Таъмини солимии ҷомеа аз масъалаи муҳим маҳсуб мегардад. Дар ин замина, соли 2018 дар ноҳия 5 маркази саломатӣ бунёд ва ба истифода супурда шуда, се маркази дигар дар арафаи баистифодадиҳӣ қарор дорад.
Зимни суханронӣ, Сарвари давлат бо таҳлилҳои амиқ оид ба рушду пешрафти дигар соҳаҳои муҳими ноҳия андеша ронда, роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро ба татбиқи саривақтию босифати ҳадафҳои созанда, мардуми ноҳияро бошад, ба риояи қонунҳои амалкунанда, вусъати корҳои ободонӣ ва истиқболи сазовори Ҷашни умумимиллӣ – 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳидоят карданд.
Пас аз анҷоми суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сокинони ноҳия, намояндагони касбу кори гуногун баромад карда, барои ҳамаи талошҳову тадбирҳои созанда ба Сарвари давлат изҳори сипосу миннатдории амиқ намуданд.

21 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии “Ҷӯрабеки Яхтан” ва «Ҳоҷӣ Абдуворис” шинос шуда, бо мардони рӯзгордида, деҳқонони асил суҳбат намуданд.
Дар ҳар ду хоҷагӣ деҳқонон ба кишти полизӣ, парвариши ангур ва каду машғул мебошанд. Аз рӯи иттилои деҳқони ботаҷрибаи хоҷагии деҳқонии “Ҷӯрабеки Яхтан” Ҷӯрабек Аҳмадов, хоҷагӣ дар ихтиёри худ 11 гектар, аз ҷумла 3,4 гектар замини корам ва 1,5 га майдони токзори нав дошта, дар он парвариши маҳсулоти полизӣ ва ангури навъи “ҳусейнӣ” – ро ба роҳ мондаанд.
Зимни суҳбат бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, марди рӯзгордида Абдуворис Орифов гуфт, ки аз рӯи нақли аҷдодон ва мушоҳидаҳо замини ин мавзеъ садсолаҳо боз бекор хобида буду дар он гулу гиёҳе намерӯид. Бо ташаббус, дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Сарвари давлат ҳазорҳо гектар замин обёрӣ гардид. Акнун, заминҳо ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуда, мардум аз он барои рӯзгузаронӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ васеъ истифода мебаранд.
Хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Абдуворис” дар ихтиёри худ наздики 17 гектар замин, аз ҷумла 8,19 га замини корам, 6,25 га замини обӣ, 1 га боғ ва 1,4 га майдони токи навъи “тоифӣ” дорад.
Тавре мушоҳида гардид, деҳқонон аз заминҳои худ ба таври самаранок истифода мебаранд ва натиҷаи кор ҳамин аст, ки, аллакай, дар соли аввали кишти зироат ҳосили фаровон парвариш карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорон барои истеҳсоли маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ва бо ин роҳ саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Дар маркази ноҳияи Деваштич Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиёи вилояти Суғд суҳбати самимӣ доир карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши зиёиён, аз ҷумла адибонро дар васфи зебоиҳои сарзамини аҷдодӣ, тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат, тарбияи насли оянда дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ махсус зикр карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки тавассути барномаҳои фарҳангӣ осори тозаэҷоди худро ба ҳаводорони шеъру сухан пешкаш кунанд. Сари ҳар вақт маҳфилҳои эҷодӣ доир карда, бо мардум мулоқотҳои самимӣ доир намоянд.
Шоирон - Фарзона, Озарахш, Адибаи Хуҷандӣ, Гулноз ва дигарон дар навбати худ барои таваҷҷуҳу ғамхории Сарвари давлат нисбат ба зиёиён изҳори сипос карданд.
Мавриди зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар фаъолияти эҷодии аҳли зиёро қадр менамоянд, ҳамасола мулоқотҳои анъанавии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён доир гашта, дар онҳо ҳаёту фаъолият ва эҷодиёти шоирону нависандагон, рассомон, ҳунармандон, рӯзноманигорон ва дигарон таҳлилу баррасӣ карда мешавад.
Дар охири суҳбат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли зиё фарорасии Ҷашни бузурги миллӣ - 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро муборакбод гуфта, барояшон саломатию сарбаландӣ ва парвози баланди эҷодӣ орзу карданд.

САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ШАҲРИ ГУЛИСТОН
Нимаи дуюми рӯзи 21 август дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо рафти корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ дар осоишгоҳи “Баҳористон” шинос шуданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони бинои наву муосири “Маҷмааи иншооти қабули меҳмонони олиқадр” дар ҳудуди осоишгоҳи “Баҳористон”, воқеъ дар соҳили баҳри “Тоҷик”, ошно шуда, бо коргарону сохтмончиён оид ба татбиқи саривақтии лоиҳаи бунёди бино суҳбат карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргаронро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи масолеҳи ватанӣ, нақшу нигори миллӣ, риояи қоидаҳои меъмории миллӣ ва дигар қоидаҳои сохтмон ҳидоят карданд.
Барои хеле дилкашу дилрабо гаштани саҳни ҳавлӣ ва атрофи иншоот Сарвари  давлат дастур доданд, ки бо истифода аз таҷрибаи ғанӣ дар ҳудуди маҷмаа дарахтони ороишӣ, чароғҳои ранга ва дар роҳравҳо сангҳои ороишӣ шинонда, фавораҳо, шаршараҳои сунъӣ бунёд карда, ин ҷоро ба  макони хуби сайру тамошои меҳмонон табдил диҳанд.
Дар соҳили баҳри “Тоҷик” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳавзи моҳипарварии осоишгоҳи “Баҳористон” бо вазъи соҳаи моҳипарварӣ шинос шуданд.
Мавриди зикр аст, ки зимни сафарҳои қаблӣ Пешвои миллат ба хотири рушди соҳаи моҳипарварӣ дар ин ҳавз ҳазорҳо адад моҳиҳои навъҳои “амури сафед”, “пешонағафси сафед”, “карп” ва ғайраро сар дода буданд.
Дар ҳудуди осоишгоҳи “Баҳористон” барои таъмини истироҳаткунандагон бо хӯрокҳои парҳезӣ, гӯшт, шир ва тухм парвариши паранда, чорвои калон ва заргӯш ба роҳ монда шудааст. 

21 август дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози мусобиқаи футбол байни дастаҳои наврасони вилояти Суғд барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.
Мусобиқаро тимҳои наврасони “Спартак”- и шаҳри Хуҷанд ва “Ёвар”- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ карда, байни ҳам қувва озмуданд.
Аз дақиқаҳои аввали бозӣ мушоҳида гардид, ки наврасон дар вақти тамрин бо истифода аз шароитҳои мусоиди фароҳамовардаи Федератсияи футболи Тоҷикистон нозукиҳои ин намуди варзиши оламшумулро аз худ кардаанд. Чусту чолокӣ, риояи техникаи бозӣ ва дигар ҳаракатҳои футболбозон шаҳодати ин гуфтаҳост.
Ҳисобро дар дақиқаҳои аввали бозӣ варзишгари бомаҳорат Анӯшервони Рустам кушод. Анӯшервон бо як маҳорати хос бо зарбаи нишонрас аз майдончаи ҷаримавӣ тӯбро вориди дарвозаи ҳарифон кард.
Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди қабули “Барномаи рушди футбол барои солҳои 2012 - 2016” ва шурӯъ аз соли 2014 баъди эълони “Соли оммавигардонии футбол” дар кишвар футбол рушд карда, кӯдакон, наврасон ва ҷавонон бештар ба ин намуди варзиш рӯ оварданд.
Бозии дастаҳои “Спартак” ва “Ёвар” бисёр шавқовар сурат гирифта, бо ҳисоби 6 бар 1 бо ғалабаи дастаи “Спартак” анҷом ёфт.
5 тӯб дар ин бозӣ бо зарбаҳои қавию нишонрас аз тарафи бозигари бомаҳорат Анӯшервони Рустам ба дарвозаи ҳарифон ворид гардид.
Баъди анҷоми бозии футбол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳавасманд кардани футболбозони наврас, ба ҳамаи онҳо дучархаҳои замонавӣ ва тӯбҳои чармӣ тақдим карданд.
Дар мусобиқаи навбатии футбол байни дастаҳои наврасони вилояти Суғд, ки аз 24 то 26 августи соли ҷорӣ дар варзишгоҳи осоишгоҳи “Баҳористон” баргузор мегардад, дастаҳои “Спартак”- и шаҳри Хуҷанд, “Ёвар” ва “Амирӣ”- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, “Суғдиён” ва “Дӯстӣ”- и шаҳри Хуҷанд бо ҳам зӯр меозмоянд.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД
22 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншоот, ба ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ташриф оварданд.
Меҳмони олиқадрро дар варзишгоҳи марказии ноҳия сокинони касбу кори гуногун, ҷавонон дар маҷмӯъ зиёда аз 2500 нафар гарму самимӣ истиқбол намуданд.

Дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Зафаробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нашъунамои пахта дар хоҷагии деҳқонии "Камола" ва намоиши маҳсулоти кишоварзии хоҷагидорони ноҳия дидан намуданд.
Мавриди зикр аст, ки хоҷагии деҳқонии "Камола" дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат соли 2014 таъсис ёфта, то ба имрӯз ба парвариш ва кишти зироати гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, машғул мебошад. Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки заҳматкашони хоҷагӣ дар кишту парвариши зироати техникӣ таҷрибаи бой дошта, майдони пахтазори он 10 гектарро дар бар мегирад ва, феълан, нашъунамои он бо истифода аз таҷрибаи ғании агротехникӣ хуб ба роҳ монда шудааст.
Бояд ёдовар шуд, ки дар хоҷагии деҳқонии "Камола" пахтаи навъи "Хуҷанд-67" парвариш мешавад ва саҳмдорон ҳамасола ҳосилнокии хуб ба даст меоранд. Аҳли заҳмати хоҷагӣ дар самти истифодаи пурсамари замин кишту парвариши пахтаро бо истифода аз тухмиҳои баландсифат ва тавсияи мутахассисони соҳа ба роҳ мемонанд. Ҳамин буд, ки соли 2018 аз ҳар гектар замин ба ҳисоби миёна 50 - сентнерӣ ҳосили пахта рӯёнданд ва имсол низ тавассути меҳнати зарбдор ва истифодаи техникаю гузарондани тадбирҳои муҳими агротехникӣ, интизор меравад, ки аз ҳар гектар бештар аз 55 - сентнерӣ ҳосил ба даст оранд.
Дар маҳали боздид аҳли заҳмати ноҳия ба истиқболи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастранҷи меҳнати худро ба намоиш гузоштанд. Иттилоъ дода шуд, ки кишоварзони ноҳия дар нимсолаи аввали соли равон ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротӣ, чораҳои зарурӣ андешида, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 30 ҳазору 639 гектар кишт гузаронданд, ки аз он 5 ҳазору 767 гектар ғаллагиҳо, 14 ҳазору 354 гектар пахта, 1046 гектар дигар зироати равғандеҳ, 235 гектар картошка, 567 гектар сабзавот, 1223 гектар полезӣ ва 7 ҳазору 443 гектараш хӯроки чорво мебошанд.
Ҳамчунин, дар ин давра майдони 163 гектар заминҳои боир ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуда, дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ идома дорад. Иттилоъ дода шуд, ки танҳо дар нимсолаи аввали соли 2019 ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 121 миллиону 882 ҳазор сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 9 миллиону 417 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиш 108,4 дарсадро ташкил медиҳад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз заҳмату муваффақиятҳои кишоварзони ноҳияи Зафаробод, дар самти зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза, изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам зиёд намудани майдони кишти зироат аз ҳисоби заминҳои бекорхобида ва афзоиш додани номгӯи маҳсулоти содиротӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Зафаробод бинои қасри фарҳангро баъд аз таҷдид мавриди истифода қарор доданд.
Қасри фарҳанг дар масоҳати 3 ҳазору 200 метри мураббаъ доман густурда, дар муҳлати қариб 3 моҳ бо ҷалби мутахассисону коргарони маҳаллӣ пурра навсозӣ ва ба талаботи замон мутобиқ гардонда шуд.
Бино дуошёна буда, аз 9 толори омӯзишӣ ва маҳфилҳо, аз ҷумла маҳфили драма, сурудхонӣ, рубобнавозӣ, иттиҳоди дӯстдорони “Килки сабз”, карнайнавозӣ, доиранавозӣ, шашмақом, рақс, шоҳмот, толори васеъ барои гузарондани чорабиниҳои фарҳангӣ бо 478 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ, китобхонаи бачагона, осорхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аснои шиносоӣ аз шароити мавҷуда ва суҳбат бо кормандону мутахассисони соҳа, таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи фарҳанг, бахусус ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба ҳунару ҳунармандӣ, тадбирҳои мушаххасро марҳила ба марҳила анҷом медиҳад, то фаъолият пурмасъул ва натиҷаовар сурат гирад.
Мавриди зикр аст, ки дар идомаи корҳои таъмиру навсозӣ дар назди қасри фарҳанг ғайр аз 8 маҳфили амалкунанда, боз се маҳфили нав – рассомӣ, шоҳмот ва китобхонаи электронӣ таъсис дода шудааст, ки барои омӯзиши ҳунари рассомӣ ва сайқал додани дониши наврасону ҷавонон макони мувофиқ аст.
Баъд аз навсозӣ ва таъсиси маҳфилҳо, шумораи коргарон аз 12 ба 20 нафар ва иштирокдорони маҳфилҳо аз 80 ба 100 нафар расид.
Дар осорхонаи бино, барои огоҳӣ пайдо кардани насли наврасу ҷавон аз таърихи куҳанбунёди миллати тоҷик, 2 ҳазор нигораи таърихӣ, ҳуҷҷатҳо ва расмҳо аз давраҳои гуногун маҳфузанд.
Деворҳо ва сутунпояҳои дохили бино бо нақшу нигори миллӣ хело зебо гачкорӣ шуда, барои фароғат ва сайругашти сокинон дар саҳни бино фавораҳо ва чароғакҳои равшандиҳанда насб гардидааст.
Китобхонаҳои электронӣ ва бачагона дар ошёнаи дуюми бино ҷойгир буда, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст ва барои ҷавонону сокинон макони мусоиди илмомӯзӣ ба ҳисоб меравад.
Хотиррасон менамоем, ки қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Зафаробод ҳанӯз  соли 1971 бунёд гардида, фарсуда ва ба таъмири асосӣ ниёз пайдо карда буд. Бино дар партави дастгирӣ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани Ҷашни 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистсон аз нав таҷдид гардид.
Дар толори бошукӯҳи қасри фарҳанг Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи консертии аҳли фарҳанги ноҳияро, ки таҷассумгари ваҳдату ягонагӣ ва истиқлолият буд, тамошо намуданд.
Сарвари давлат, зимни суханронӣ, ба ҳунари волои санъаткорон, ки бештарашро ҷавонон ташкил медиҳад, баҳои баланд дода, барои рушди соҳа, ҷалб ва омодасозии кадрҳои болаёқат, дастуру ҳидоятҳо доданд.
Дар ҳамин ҷо аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли фарҳанги ноҳия асбобҳои мусиқӣ тақдим шуд.

22 август дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Зафаробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави кӯдакистони хусусии “Афсона”- ро барои 200  кӯдак дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ намуданд.
Бинои кӯдакистон дар масоҳати 2 ҳазору 280 метри мураббаъ қомат афрохта, аз ду ошёна, таҳхона ва 10 синфхонаи таълимию ҳуҷраҳои корӣ иборат мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароити мавҷудаи муассисаи навбунёди таҳсилоти томактабӣ шинос шуда, ҷиҳати ба тарбия фаро гирифтани кӯдакон дар шароити хуб, беҳтар сохтани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, инкишофи зеҳнии кӯдакон, ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои русию англисӣ ва, муҳимтар аз ҳама, дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо ба масъулон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
Сохтмони иншоот моҳи марти соли ҷорӣ бо ҷалби беш аз 50 нафар мутахассису коргарони маҳаллӣ оғоз гардида, аз рӯи тарҳ дар ошёнаи якум хобгоҳ барои 200 кӯдак, ошхона, толорҳои барҳавои таълимӣ ва машғулияти кӯдакон ба варзиши сабук, ҳуҷраҳои корӣ ва тиббӣ, дар ошёнаи дуюм толорҳои таълимӣ ва мусиқӣ сохта шуда, ҳамаи онҳо бо таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ, ҷевони либос ва дигар ашёву лавозимот, таъмин мебошанд.
Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии “Афсона” дар доираи иқдомҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат барои бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Шаҳло Кенҷаева бунёд гардида, дар арафаи соли нави хониш туҳфаи арзандаи ҷашнӣ барои таълимгирандагони ин даргоҳ мебошад. Барои таълиму тарбияи хонандагон мураббиёни ботаҷриба ҷалб  шуда, таҳсил бо 3 забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар доираи “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014 - 2019” дар марказ ва деҳоти ноҳияи Зафаробод 6 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 1000 кӯдак мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар доираи корҳои ободонӣ баҳри сазовор истиқбол намудани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёду навсозии боз 2 кӯдакистони дигар ба нақша гирифта шудааст.


Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, 20 августи соли 2019
Ҳамдиёрони азиз!
Тамоми сокинони заҳматпешаву шарафманди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, аз ҷумла шумо, ҳозирини арҷмандро бо рӯйдоди бузурги таърихи навини халқи тоҷик - Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, ки имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон дар айёми омодагӣ ба таҷлили он қарор доранд, табрик гуфта, ба ҳар яки шумо сиҳатмандӣ, хонаи обод ва ба хотири ободии ин диёри кӯҳистони тоҷикон барори кору муваффақият орзу менамоям.
Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон мебошад ва маҳз ба туфайли Истиқлолияти давлатӣ имконият фароҳам омад, ки ин гӯшаи биҳиштосои сарзамини аҷдодиамон эҳё гардида, ба яке аз мавзеъҳои муҳими кишоварзии мамлакат табдил ёбад.
Ноҳия ҳамеша таҳти назорат ва ғамхории давлат қарор дошта, Ҳукумати мамлакат набзи ин гӯшаи дурдаст ва зебои диёрамонро хуб эҳсос менамояд ва аз зиндагии мардуми он огоҳ мебошад.
Ва ҳар вақте ки ман бо сафари корӣ ба Кӯҳистони Мастчоҳ меоям, ободиҳои баамаломадаро дида, аз натиҷаҳои заҳмати дастони мардуми сарбаланду заҳматқарини ин диёри кӯҳистони тоҷикон қаноатманд мегардам.
Дар як муддати хеле кӯтоҳ, яъне тайи се - чор соли охир, дар деҳоти ноҳия, ба шарофати таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати мамлакат, иншооти иҷтимоӣ, аз қабили муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, нуқтаҳои хизматрасонӣ, намояндагии бонкҳо, неругоҳҳои барқи обии хурд ва дигар инфрасохтори зарурӣ, бунёд карда шудаанд, ки ҳоло фаъолияти муназзам доранд ва боиси хеле беҳтар шудани шароити зиндагии аҳолӣ гардидаанд.
Дар ин муддат, инчунин, аз баракати заҳмати сокинони ватандӯсти ноҳия дар шароити кӯҳистони камзамин боғҳои нав бунёд шуда, майдони заминҳои корам васеъ ва роҳҳои байни деҳот тахту ҳамвор гардида, маркази ноҳия бо қомат афрохтани иншооти муосири маъмуриву хизматрасонӣ ва бунёди хиёбону гулгаштҳо ҳусни тоза гирифтааст.
Яъне, хуб мушоҳида мегардад, ки Истиқлолияти давлатӣ ба ин гӯшаи диёрамон, дар ҳақиқат, умри дубора бахшида, роҳи онро равшану мунаввар кардааст.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ барои рушди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории Буҷети давлатӣ қариб 170 миллион сомонӣ, аз ҷумла 81 миллион сомонӣ мусоидати молиявӣ ва аз ҳисоби маблағҳои марказонидашудаи вазорату идораҳо 35 миллион сомонӣ равона гардидааст.
Дар раванди омодагӣ ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ нақшаи корҳои ободониву бунёдкории ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ беш аз 100 иншооти таъйиноти гуногунро фаро мегирад, ки аз он то ба имрӯз 35 иншоот бунёд ва таъмиру азнавсозӣ карда шудааст.
Дар доираи чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашн, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ барои саривақту босифат ба охир расондани корҳои сохтмону ободкорӣ азму талош варзанд.
Бояд зикр намуд, ки Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои солҳои 2016-2020 аз 171 лоиҳа иборат буда, дар сею ним соли охир 52 лоиҳа дар ҳаҷми беш аз 102 миллион сомонӣ амалӣ шудааст, ки қариб 60 фоизи маблағи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Зарур аст, ки лоиҳаҳои боқимондаи барномаи мазкур сари вақт ва бо сифати баланд иҷро карда шаванд, ки ин масъала аз ҷидду ҷаҳд ва қобилияти ташкилотчигии роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вобаста мебошад.
Ҳангоми сафари қаблӣ, масъулонро вазифадор карда будам, ки бо дарназардошти эҳтиёҷоти кишоварзони ноҳия ба заминҳои обӣ ва дар ин асос афзоиш додани майдони кишти картошка ва боғҳо барои обёрӣ ва азхудкунии заминҳои бекорхобидаи Дашти Фалахмон тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҷиҳати иҷрои ин супориш, соли ҷорӣ ба маблағи қариб як миллион сомонӣ марҳалаи дуюми хати оби полизии Дашти Фалахмон ба анҷом расида, он ба истифода дода шудааст, ки дар натиҷа 240 гектар замини бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешавад.
Дар марҳалаи аввал садҳо нафар сокинони ноҳия соҳиби ҷойи кор мешаванд. Баробари сероб шудани ин дашти ташналаб, садҳо нафари дигар барои худ шуғли муносиб пайдо мекунанд ва он рӯз дур нест, ки дар ин мавзеъ киштзору боғҳои сарсабз бунёд хоҳанд шуд.
Ҳамчунин, дар доираи нақшаи корҳои ободонӣ соли ҷорӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии деҳаҳои Ҳадишаҳр, Пастиғав ва Ғузн сохтмони биноҳои ёрирасон анҷом ёфта, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ба фаъолият оғоз кардааст.
Ҳоло сохтмони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар деҳаҳои Дашт ва Эсизи Поён барои 570 нафар хонанда, бинои муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ дар деҳаи Деҳавз бо 110 ҷойи нишаст, мактаб дар деҳаи Хайробод, муассисаи томактабӣ барои 72 нафар кӯдак дар деҳаи Дашт ба тариқи ҳашар, беморхонаи минтақавӣ дар деҳаи Роғ, бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Табушн, варзишгоҳ барои 3000 ҷойи нишаст дар маркази ноҳия, майдончаи варзиш дар деҳаи Оббурдон ва дигар иншооти таъйиноти иҷтимоию иқтисодӣ ва инфрасохтори зарурӣ босуръат идома дорад.
Танҳо номгӯи иншооти навбунёд ва вусъати бесобиқаи корҳои бунёдкорӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо ҷонибдорӣ аз даъвату ҳидоятҳои Роҳбари давлат барои истиқболи шоистаи ҷашни истиқлолу озодии Ватан бо эҳсоси баланди ватандорӣ заҳмат кашида истодаанд.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро зарур аст, ки ҷиҳати сари вақт ва босифат бунёд гардидани ҳамаи иншооти банақшагирифташуда тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар доираи сафари имрӯзаи мо як қатор иншооти муҳим, аз ҷумла дар маркази ноҳия - шаҳраки Меҳрон беморхона ва маркази саломатӣ ба истифода супурда шуд, ки онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва ташхисгоҳҳо таъмин буда, сокинон метавонанд минбаъд ба маркази вилоят ва пойтахти мамлакат нарафта, дар муддати кӯтоҳ аз ташхис гузаранд ва саломатии худро барқарор намоянд.
Ҳамчунин, мо имрӯз дар маркази ноҳия биноҳои нави шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, ҳолатҳои фавқулода ва судро ифтитоҳ кардем.
Дар иншооти мазкур барои фаъолияти самарабахши хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ ва мақомоти дигар тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Дар маркази ноҳия қомат афрохтани Парчам ва Нишони давлатӣ боиси ифтихору сарбаландӣ ва фараҳу шодмонии кулли сокинон гардид. Бовар дорам, ки қомат афрохтан ва парафшон гардидани рамзҳои муқаддаси миллиамон дар тарбияи ватандӯстӣ, тақвияти ҳувияти миллӣ ва худшиносии насли муосир нақши муассир бозида, майдони Парчам ва Нишони давлатӣ макони сайругашти мардуми ноҳия ва баргузории чорабиниҳои оммавӣ мегардад.
Ҳозирини муҳтарам!
Дар ноҳия соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 2330 гектар кишти картошка гузаронда шуда, тибқи нақша, истеҳсоли ин намуди маҳсулот то 75 ҳазор тонна расонда мешавад.
Мувофиқи таҳлилҳо, кишоварзони ноҳия майдони кишти картошкаро аз 1280 гектари соли 2008 ба 2300 гектар дар соли 2018 расонда, истеҳсоли онро дар ин давра аз 46 ҳазору 200 тонна ба 73 ҳазору 600 тонна афзоиш дода, ҳаҷми истеҳсолро дар даҳ сол 27 ҳазору 400 тонна зиёд кардаанд. Аммо ҳосилнокӣ дар ин давра аз ҳар гектар 41 сентнер кам гардидааст.
 Кишоварзони ноҳия соли ҷорӣ дар майдони 2330 гектар картошка кишт намуда, мувофиқи ҳисоби пешакӣ мақсад доранд, ки ҳосилнокиро аз ҳар гектар ба 322 сентнер ва ҳаҷми истеҳсолро ба 75 ҳазор тонна расонанд.
Вобаста ба ин масъала ва бо дарназардошти имкониятҳои зиёди ноҳия, роҳбарону мутахассисони вилояти Суғд ва ноҳияи Мастчоҳ вазифадор карда мешаванд, ки истеҳсоли картошкаро то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне соли 2021, ба 100 ҳазор тонна расонанд.
Масалан, кишоварзони шаҳри Панҷакент имсол дар майдони 7 000 гектар кишти картошка гузарондаанд (5000 гектар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 2000 гектар аҳолӣ) ва ният доранд, ки 120 ҳазор тонна ҳосил гиранд.
Ҳамзамон бо ин, дар солҳои 2008 - 2019 саршумори чорвои калон 4 ҳазору 800 сар, моли майда 46 ҳазор сар ва саршумори қутос 670 сар афзоиш ёфта, истеҳсоли гӯшт дар соли 2018 нисбат ба соли 2008-ум 700 тонна зиёд шудааст.
Аз ҳисоби заминҳои ғайрикишоварзӣ ва чарогоҳ дар ин давра 24 гектар боғ бунёд гардидааст, ки 2,4 гектари он боғҳои интенсивӣ мебошад.
Муҳим аст, ки ҷиҳати содироти меваи тару тоза ва хушк тадбирҳо андешида, бо мақсади ба роҳ мондани коркарди онҳо коргоҳҳо ва корхонаҳо бунёд карда шаванд, то ки садҳо нафар бо ҷои корӣ таъмин гардад.
Бо дарназардошти аҳамияти соҳаи чорводорӣ дар ҳифзи амнияти озуқаворӣ, мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳия, Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзиро зарур аст, ки ҷиҳати беҳтар кардани зоти чорво, рушди соҳаи қутоспарварӣ ва зиёд намудани саршумори он корро тақвият бахшанд.
Ҳангоми сафари гузашта мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро вазифадор карда будам, ки ба рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ аҳамияти махсус зоҳир намоянд.
Мувофиқи маълумот, шумораи оилаҳои занбӯри асал имсол ба зиёда аз 2000 оила расидааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 800 оила зиёд мебошад. Ҳарчанд истеҳсоли асал дар соли 2018 40 тонна ва дар шашмоҳаи аввали соли 2019 ба 9,6 тонна расонда шуда, афзоиш ба назар мерасад, вале ин нишондиҳанда бо дарназардошти имкониятҳои зиёди ноҳия дар ин самт ҳоло ҳам нокифоя мебошад. Бинобар ин, бояд дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд, то ки асали истеҳсолшуда на танҳо ба бозори дохилӣ, балки ба хориҷи кишвар низ ба фурӯш бароварда шавад. Зеро талабот ба ин намуди маҳсулоти шифобахш, махсусан аз Тоҷикистон, сол то сол афзоиш ёфта истодааст.
Бо вуҷуди он ки Кӯҳистони Мастчоҳ ноҳияи кишоварзӣ аст, ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат зарур аст, ки бо истифода аз иқтидорҳои ноҳия дар самти ривоҷ додани соҳаи саноат, махсусан саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва истихроҷи ангишт, тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Барои ин, доир ба афзоиш додани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои истеҳсолӣ бояд чораҳои иловагӣ андешида шаванд. Тибқи маълумот, дар нимсолаи якуми соли 2019 аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба ноҳия 1 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 6 фоиз камтар аст.
Бонки миллӣ ва Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк”-ро зарур аст, ки барои дастгирӣ намудани соҳаҳои иқтисодии ноҳияҳои дурдасти кӯҳӣ, алалхусус Кӯҳистони Мастчоҳ, ҳаҷми қарздиҳиро зиёд намуда, дастрасии соҳибкорону аҳолиро ба воситаҳои молиявӣ таъмин намоянд.
Дӯстони азиз!
Боиси қаноатмандист, ки ҳоло кишварамон аз файзу баракати Истиқлолияти давлатӣ, суботу оромӣ ва ваҳдати комили миллӣ дар шоҳроҳи рушди устувор қарор дошта, сатҳу сифати зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси худшиносиву ифтихори миллии ҳамватанонамон торафт таҳкиму густариш меёбад.
Ёдовар мешавам, ки дар қаламрави ноҳия ёдгориҳои зиёди таърихӣ мавҷуданд, ки бозгӯи гузаштаи пурифтихори ин сарзамини аҷдодӣ мебошанд. Инчунин, иқлими барои истироҳату фароғат мусоиди ноҳия ва обҳои ҷонбахши чашмасорони он барои сайёҳон хеле ҷолиб буда, дар оянда метавонанд ба яке аз мавзеъҳои тамошобоб табдил ёбанд.
Пирони барнодил, ҷавонони ояндасози ин марзи аҷдодӣ бо рӯҳияи баланди миллӣ ва заҳмати софдилонаву аҳлонаи хеш бори дигар собит намуданд, ки онҳо қодиранд барои фарзандони худ ин гӯшаи таърихии диёрро ҳамчун мулки ободи абармардони Мастчоҳи куҳан, ки таърихан ободкору созанда ва табиатан шоиру тарбиятгар ҳастанд, ба мерос гузоранд.
Итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат бо иқдомҳои тозаи бунёдкорӣ барои пешрафту ободии ноҳия, таъмини зиндагии шоистаи сокинон ва бо дастовардҳои сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд.
Дар охир ба ҳамаи шумо - ҳозирини муҳтарам ва тамоми сокинони ноҳия дар роҳи ноил шудан ба орзуву ниятҳои некатон саломативу сарбаландӣ, хонаи обод ва барору комёбӣ орзу менамоям.
Саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2019    №: 160-161    Мутолиа карданд: 206

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед