logo

иқтисод

ПАХТА. ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ОҒОЗ ШУД

Дар 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон хоҷагиҳои пахтакор ба ҷамъоварии оммавии ҳосил оғоз карданд. Маъракаи ҳосилғундорӣ дар шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ низ рӯз ба рӯз вусъати тоза пайдо мекунад.

Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, имсол дар ҷумҳурӣ дар майдони 185 ҳазору 670 гектар чигит кишт шудааст. Ба гуфтаи мутахассисони вазорат, ҳосили имсолаи пахта хуб аст ва кишоварзон баҳри беталаф ҷамъоварӣ намудани он бояд аз тамоми воситаю имкониятҳо самаранок истифода намоянд.
Деҳқонони калонтарин вилояти пахтакори мамлакат - Хатлон зарурат ва судмандии кишти пахтаро хуб дарк намуда, соли равон дар майдони 122 ҳазор гектар тухмии аълосифати навъҳои «Хатлон - 2011», «Хатлон - 2012», «Хатлон - 2014», «Флеш», «Чинӣ», «Тоҷикистон», «Ориёӣ», «Хуҷанд - 67», «Ирам - 1 МН», «Тобон» ва ғайра кишт кардаанд, ки 70 дарсади дурнамои кишти имсолаи пахта дар ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Хоҷагии тухмипарварии ба номи Сафар Ҷумъаев дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз зумраи хоҷагиҳои калонтарини пахтакор ба шумор меравад. Холмурод Асадуллозода, роҳбари хоҷагӣ, гуфт, ки саҳмдорони хоҷагӣ, ки дар кишту парвариш ва рӯёндани ҳосили баланди пахта таҷрибаи бой доранд, имсол парвариши ниҳолҳоро бо усули обдиҳии қатрагӣ ба роҳ монданд ва таҷриба самараи хуб бор овард.
Чанд сол аст, ки масъулони иттиҳодияи истеҳсоливу аграрии «Водии заррин» аз ҳисоби заминҳои бекорхобида ва ташналаб 4000 гектар заминро ба гардиши кишоварзӣ дароварда, ҳосили баланди зироатҳои гуногун, аз ҷумла пахта, ба даст меоранд. Фирдавс Валиев, директори иттиҳодия гуфт, ки дар ноҳияи Ҷайҳун дар 3 ҳазору 600 гектар замин парвариши ниҳолҳо тариқи обдиҳии қатрагӣ ба роҳ монда шуд. Дар майдонҳои васеи пахтазори «Водии заррин» нашъунамо ва ҳосили пахта хеле хуб буда, тибқи арзёбии пешакӣ, ҳосили пахта аз ҳар гектар қариб 40 - сентнериро ташкил хоҳад дод.
Кишоварзони вилоят нақша доранд, ки соли равон 275,2 ҳазор тонна пахта рӯёнанд. Ин нишондиҳанда метавонад барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръат заминаи хуб гузорад.

Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.08.2019    №: 162    Мутолиа карданд: 1861

22.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

Душанбе пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2021 интихоб шуд

ММД Тоҷикистон 7,4 дарсад боло рафт

Путин бо шоҳзодаи саудӣ ҳамла ба иншооти нафтиро баррасӣ намуд

Сӯхтор дар Малайзия боиси бастани яку ним ҳазор мактаб гашт

Дар Ӯзбекистон сабти телефонҳои мобилӣ пулакӣ мешавад

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед