logo

сафарҳо

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

ИДОМАИ САФАРИ КОРӢ

Оғози таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум»
23 август сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон идома ёфт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон нахуст ба татбиқи лоиҳаи "Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” оғози расмӣ бахшида, бо рафти навсозии 6 агрегати ин иншооти гидроэнергетикӣ аз наздик шинос шуданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки таҷдиди асосии Неругоҳи барқи обии “Қайроққум”, иншооти ёрирасон ва гидротехникии он марҳила ба марҳила сурат мегирад.
Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” иншооти гидроэнергетикии сарбанддори агрегатҳояш дар танаи дарғоти обпарто ҷойгирифта мебошад ва дар соҳили чапи маҷрои Сирдарё воқеъ аст.  Сохтмони неругоҳ соли 1952 оғоз ёфта, агрегати якуми он, бо иқтидори 21 мегаватт, 15-уми декабри соли 1956 ба кор даромад. Дар маҷмӯъ, неругоҳ аз 6 агрегат иборат буда, аз 20-уми ноябри соли 1957 бо иқтидори пурра (126 мегаватт) фаъолият менамояд.
Ба кор оғоз кардани неругоҳ ба обёрии заминҳои бекорхобида ва азхудкунии самараноки захираҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ ибтидо гузоштааст. Феълан, дар ин иншооти муҳими гидроэнергетикӣ 110 нафар, аз ҷумла 20 нафар зан, фаъолият дошта, шумораи ҳайати муҳандисӣ- техникии он 41 нафарро дар бар мегирад.
Сарвари давлат дастур доданд, ки барои татбиқи лоиҳа ва иҷрои корҳо, 80 дарсад коргари неругоҳ ва сокинони шаҳри Гулистон ҷалб шаванд.
Обанбори неругоҳи “Қайроққум” ба ҳисоби иншооти мавсимӣ - танзимшаванда дохил мегардад ва ҳаҷми умумии он 3,5 миллиард мукааб обро ташкил дода, ҳаҷми фоиданокии он ба 2,6 миллиард мукааб баробар аст. Масоҳати обанбор ҳангоми пур шудани об то сатҳи болоии уфуқӣ 512 километри мураббаъро дар бар мегирад. Дарозии умумии сарбанди хокӣ ва бетонии неругоҳ 1300 метр буда, фишори об ба иншооти гидротехникӣ ба 24 метр баробар мебошад.
Истеҳсоли солонаи неруи барқ дар Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” ба ҳисоби миёна 600 – 650 миллион киловатт-соатро ташкил дода, иншоот ба системаи энергетикӣ тавассути 5 хати интиқоли барқи 220-киловолта ва 5 хати интиқоли барқи 110-киловолта пайваст аст.
Зимни муаррифии лоиҳаи “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Қайроққум”, иттилоъ дода шуд, ки неругоҳ дар давоми 63 соли фаъолият зиёда аз 40 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол кард. Бо сабаби фаъолияти беш аз нимасра, таҷҳизоти неругоҳ куҳнаю фарсуда гардида, зарурати таҷдиду навсозии онҳо ба миён омад.
Бо татбиқи лоиҳаи “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум», ки муҳлати он 57 моҳ буда, то соли 2023 идома хоҳад ёфт, таҷдиди таҷҳизоти асосию ёрирасони неругоҳ, дастгоҳи тақсимкунандаи 110 - киловолта ва таъмиру барқарорсозии иншооти гидротехникии он амалӣ гардида, иқтидори лоиҳавии ҳар як агрегат аз 21 мегаватт то наздики 30 ва, дар маҷмӯъ, тавоноии неругоҳ аз 126 ба 176 мегаватт расонда мешавад. Дар маҷмӯъ, бо татбиқи лоиҳа, иқтидори Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” 50 мегаватт зиёд гардида, истеҳсоли миёнаи неруи барқ то 38 дарсад афзуда, таъминоти аҳолӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисодии вилояти Суғд бо неруи барқ ба таври назаррас баланд ва беҳтар хоҳад шуд.
Бо таваҷҷуҳ ва талошҳои рӯзафзуни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – истиқлолияти энергетикӣ, дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд, маблағи умумии корҳои таҷдиду навсозии ин иншооти гидроэнергетикӣ 200 миллион доллари ИМА (1 миллиарду 900 миллион сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.
Асосноккунии техникӣ-иқтисодии таҷдиди неругоҳ соли 2014 дар доираи лоиҳа бо ҷалби сармоягузории грантии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз ҷониби ширкати машваратчӣ “IC Consulenten” (Австрия) сурат гирифтааст.
Аснои шиносоӣ бо лоиҳаи “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Қайроққум”, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони марбутаи мамлакат барои назорати иҷрои босифати корҳо супоришҳои мушаххас дода, ба ширкати пудратии лоиҳа консорсиуми ширкатҳои “General electric Hydro” (Франсия), “General electric renewable Switzerland” (Швейтсария) ва “Cobro Instalaciones Servicios S.A” (Испания) ҷиҳати дар сатҳи баланд ва дар муҳлати муқарраргардида амалӣ намудани ҳадафҳои дар пешгузошташуда маслиҳатҳои судманд доданд.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки ҳангоми татбиқи лоиҳа барои бо сифати баланд ба анҷом расондани корҳо аҳамияти махсус диҳанд ва навсозии неругоҳро дар муҳлатҳои муайянгардида ба охир расонанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки баъди анҷоми корҳои муҳим дар самти рушди соҳаи энергетика то соли 2023 Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энергетикӣ хоҳад расид. Бо таҷдиди неругоҳ тамоми системаи он бо технологияи навтарин ва пешрафтаи соҳа иваз мешавад ва сифати хизматрасонӣ бамаротиб беҳтар мегардад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз шиносоӣ бо ҷараёни таҷдиду навсозии неругоҳ, татбиқи ин лоиҳаро дар рушди иқтисодии кишвар ва вазъи таъмини неруи барқ, махсусан дар вилояти Суғд, дорои манфиати зиёд арзёбӣ карданд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки вобаста ба нақшаи пешбинигардида, ширкати пудратӣ дар доираи лоиҳа раванди таҳвил ва васлу насби 6 агрегат, таҷҳизоти барқии ёрирасони онҳо, 6 турбина ва системаи идоракунии он, ивази 6 ғалақаи обӣ, таъмири ду крани борбардор, ивази дастгоҳи тақсимкунандаи элегазии 110-киловолта, ивази 6 трансформатори қуввагии 10, 5/110-киловолта, ивази 2 трансформатор бо иқтидори 125 мегаватт дар тарафи шиддати 110/220-киловолта, таъмири нуқтаҳои харобгардидаи садди бетонӣ, навсозии асосии дарвозаи дарғот, таъмири дарғоти обпарто, ивази таҷҳизоти назоратии иншооти гидротехникии обанбор ва дигар корҳои муҳиму аввалиндараҷаи иншоотро ба уҳда дорад.
Дар доираи лоиҳа, ширкати ватании Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж”, ҳамчун зерпаймонкор, корҳои таҷзия, васлу насби таҷҳизоти асосӣ ва корҳои сохтмониро ба иҷро мерасонад.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади татбиқи нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва амалӣ кардани мақсадҳои неку дурбинонаи Роҳбари давлат дар самти таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат, бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ, сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд шудаанд.
Оғози корҳои барқарорсозӣ ва бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун», ба истифода додани хати баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 - киловолтаи Душанбе – Роғун, ба кор андохтани дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500-кВ ва 220-киловолтаи Неругоҳи барқи обии“Роғун”, мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда - 1”, “Сангтӯда - 2”, “Помир - 1”, Неругоҳи барқи обии “Тоҷикистон” дар баландии 3500 метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи дурдасти Мурғоб, Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2”, зеристгоҳҳои барқии 500 - киловолтаи Душанбе ва Суғд, хати интиқоли барқи 500 - киловолтаи “Ҷануб – Шимол”, дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 ва 500 - киловолта дар Неругоҳи барқи обии “Норак”, зеристгоҳҳои барқии 220 - киловолтаи “Лолазор”, “Хатлон”, “Айнӣ”, “Шаҳристон”, “Шаҳринав”, “Геран – 2”, хатҳои интиқоли барқи 220 - киловолтаи “Лолазор - Хатлон”, “Тоҷикистон – Афғонистон”, “Хуҷанд – Айнӣ”, “Қайроққум – Суғд”, “Айнӣ – Рӯдакӣ” ва оғози татбиқи лоиҳаи САSA–1000 аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошанд, ки таҳти роҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидаанд.
Бо татбиқи лоиҳаҳои мазкур, дар даҳ соли охир иқтидори истеҳсолии системаи энергетикии кишвар 1320 мегаватт зиёд ва беш аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 500, 220 ва 110-киловолта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Ҳамаи ин тадбирҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушду пешрафти соҳаҳои иқтисодии мамлакат, ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини зиндагии шоистаи халқи тоҷик равона гардидааст, ки пайомадҳояш дар рушду пешрафти кишвари азиз неку бобарор дониста мешаванд.
Давоми 10 соли охир, бо ифтитоҳи шумораи зиёди корхонаҳои саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ҳамчунин, шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ 50 дарсад коҳиш ёфт. Агар, қаблан, дар Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои хориҷӣ беш аз 1 миллион муҳоҷир ба қайд гирифта шуда бошад, имрӯз он ба 520 ҳазор нафар расидааст.
Мавриди зикр аст, ки танҳо дар доираи сафари кории имрӯзаи Пешвои миллат дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон ва ноҳияи Ҷаббор Расулов 7 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид, ки дар самти татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатисозии босуръати кишвар, таъсиси садҳо ҷойи корӣ қадами устувор ба шумор меравад.

Ифтитоҳи майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
23 август, ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Гулистон майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур дар масоҳати 0,5 гектар бунёд ёфта, сохтмони он дар давоми камтар аз се моҳ, бо ҷалби мутахассисони ватанӣ, ба анҷом расид. Баландии сутунпояи Нишони давлатӣ аз сатҳи сақф 17 метрро дар бар гирифта, бо истифода аз масолеҳи аълосифат бунёд гардидааст. Давраи Нишони давлатӣ  2, 5 метрро ташкил дода, дар маҷмӯъ, баландии он бо сутунпояаш ба 19, 5 метр мерасад.
Майдони Нишони давлатӣ, дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хеле ободу зебо гардонда шуда, роҳравҳои атрофи он дар масоҳати зиёда аз 2000 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидаанд. Ҳамчунин, иншоот бо зиёда аз 100 ҳазор бех гулу буттаҳои мавсимӣ оро дода шуда, бо фароҳамсозии шароити зарурӣ, майдон ба макони диданӣ табдил ёфтааст ва барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони ин шаҳри саноатию сайёҳӣ басо мувофиқ мебошад.
Майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Гулистон шабонгоҳ наздики 70 чароғаки поядор ва сутунпояи онро 10 чароғак хеле назаррабо мегардонанд. Зинапояҳои назди Нишони давлатӣ дар масоҳати 600 метри мураббаъ бо истифода аз сангҳои ороишии ватанӣ зинат ёфтаанд. Дар ин ҷо, бо тарҳи муосир фаввораҳои зебо бунёд гардидаанд, ки басе диққатҷалбкунандаанд. Дар майдони Нишони давлатӣ наздики 100 бех ниҳоли ҳамешасабз шинонда шуда, барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон 3 суҳбаткада низ мавҷуд аст.
Иншоот дар назди бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, дар шафати роҳи автомобилгард, бунёд ёфта, 320 метр девор ва 200 метр панҷараҳои иҳотавии бино навсозӣ гардидаанд.
Зимни шиносоӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта дар майдони Нишони давлатӣ баҳои баланд дода, ба масъулон ҷиҳати нигоҳубини хуби иншоот ва сабзу хуррамии атрофи он дастуру ҳидоятҳо доданд.
Майдони навбунёди Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир буда, ба макони асосии тамошо ва саёҳату фароғати сокинону меҳмонон табдил ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки солҳои соҳибистиқлолии кишвар бунёди рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маркази шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар доираи дастуру ҳидоятҳои созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади гиромидошти муқаддасоти миллӣ амалӣ мегардад.

Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии “Файзбахш” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии “Файзбахш” - ро ифтитоҳ карданд.
Бинои 2-ошёнаи кӯдакистон аз маҷмӯи иншооти асосӣ ва ёрирасон иборат буда, дар ошёнаҳои якум ва дуюм 8 ҳуҷраи бозии кӯдакон, 8 ҳуҷраи хоб ва ошхона мавҷуданд. Толорҳои варзиш ва мусиқӣ бошанд, дар таҳхонаи бино ҷойгиранд.
Кӯдакистон метавонад ҳамарӯза 300 нафарро ба таълиму тарбия фаро гирад, ки ин раванд дар амалӣ шудани ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати ҳарчи бештар фаро гирифтани кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, мусоидат намояд.
Муассисаи томактабии хусусии “Файзбахш” дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз тарафи бонуи соҳибкор Отиной Бутаева бо беҳтарин шароити  таълиму тарбия сохта шудааст. Таълиму тарбия дар кӯдакистон ба се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад. Масоҳати кӯдакистон 25 садякро ташкил дода, худи бино дар майдони зиёда аз 1600 метри мураббаъ  қомат афрохтааст. 4 суҳбаткадаи зебову назаррабо, ки дар саҳни боғча доман густурдааст, барои гузарондани машғулиятҳо ва бозии кӯдакони ин боргоҳи таълиму тарбия бисёр мувофиқ аст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин муассисаи томактабӣ, шумораи боғчаҳои кӯдакона дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба 25 - то расид.
Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар кӯдакистони хусусии “Файзбахш”, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо ва шароити муассиса баҳои баланд дода, онро туҳфаи арзанда дар рӯзҳои таҷлил аз 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов маънидод намуданд.

Тақдими туҳфаҳои идона ба ятимон
23 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба 100 ятим, ки таълимгирандаи муассисаҳои миёнаи як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мебошанд, туҳфаҳои идона тақдим карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ятимонро, ки бо амри тақдир аз меҳру муҳаббати оила маҳрум гардидаанд, бо фарорасии 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ шодбош гуфта, ба онҳо дар идомаи таҳсил ва ҳаёти мустақилона барору комёбӣ орзу намуда, таъкид доштанд, ки бо хониши хубу аъло ва ахлоқи ҳамида ҳамчун фарзандони содиқи Ватан ба воя расанд.
Дар ин рӯз шодиву хурсандии ятимон ҳадду канор надошт, зеро онҳо маҳз аз дасти Сарвари ғамхору пуштибони худ туҳфаҳои арзанда гирифтанд. Ятимон изҳори сипосу миннатдории хешро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо самимияти беандоза ва меҳри зиёд баён намуданд.
Туҳфаҳои идонаи Пешвои миллат аз ёрдампулии яквақтаина ва сарулибоси зебо иборат буданд. Ҳамзамон, дар ин рӯз баҳри афзун гардидани шодию нишоти ятимон дастархони идона ороста шуд.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 723 кӯдаки бе падар ё бе модар ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 16 нафарро ятим ташкил медиҳад. Ҳамаи ин нафарони бесаробонмонда таҳти таваҷҷуҳ ва дастгирии Роҳбарияти Олии мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва барои онҳо шароити мусоиди таълиму тарбия муҳайё карда шудааст.
Дасти мадад дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд аз хислатҳои неки инсонӣ маҳсуб меёбанд, ки, хушбахтона, имрӯз ҳамчун анъана дар арафаи ҳамаи иду ҷашнҳои миллӣ аз тарафи шахсони саховатпеша анҷом дода мешавад.
Ҳунармандони ҷавону наврасе, ки дар назди Сарвари давлат бо барномаи рангини пурмуҳтаво баромад намуданд, аз ҳисоби ятимон буданд.
Тайи соҳибистиқлолии кишвар, дар партави хислатҳои неки инсондӯстонаи роҳбарияти давлату Ҳукумат, бо иқдомҳои пайвастаи соҳибкорону дигар ашхоси саховатпеша сатҳу сифати зиндагии мардуми эҳтиёҷманд беҳтару хубтар гардида, ин раванд идома меёбад.

Баистифодадиҳии майдони Нишони давлатӣ
23 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов ифтитоҳ карданд.
Майдони иншооти навбунёд 0,15 гектарро ташкил дода, бо маблағгузории соҳибкорони ватандӯст аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Истиқлол”, бо истифода аз масолеҳи хушсифат, дар муҳлати муайян бо сифати баланд сохта шуд.
Сутунпояи Нишони давлатӣ 24 метр баландӣ дошта, андозаи нишон 2, 4 метрро ташкил медиҳад. Иншоот аз рӯи лоиҳаи ширкати сохтмонии “Шаҳрофар” - и вилояти Суғд дар муддати қариб 4 моҳ бунёд гашт.
Масоҳати майдони Нишони давлатӣ 3000 метри мураббаъ мебошад ва бо гулу буттаҳои мавсимӣ оро дода шуда, ба мавзеи дилфиреби шаҳр ва сайругашти сокинону меҳмонон табдил ёфтааст.
Атрофи майдони иншоотро шабонгоҳ 30 чароғаки ба тозагӣ насбгардида равшан менамояд. Ҳамзамон, 3 фаввора ва 8 нишастгоҳ, ки бо тарҳи нав сохта шудаанд, ба майдон ҳусни дигар зам менамоянд.
Майдони сайру саёҳати назди нишон ба талаботи замон мутобиқ буда, имкон фароҳам меорад, ки сокинону меҳмонони ноҳия вақти худро хушу хотирмон гузаронанд.

Ифтитоҳи корхонаи ресандагии ҶДММ “Органик Ян”
23 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов корхонаи истеҳсолии коркарди нахи пахта ва ресандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Органик Ян” - ро расман ифтитоҳ бахшиданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи онро саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар арзёбӣ карда, таъкид доштанд, ки дар мамлакат барои рушди соҳаи саноат иқтидору имкониятҳо зиёданд. Аз ҷумла, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз самтҳои афзалиятноки рушди соҳа маҳсуб меёбад.
Дар вилояти Суғд, дар доираи омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони беш аз 300 корхонаю коргоҳи саноатӣ, бо зиёда аз 9 ҳазор ҷои корӣ, ба нақша гирифта шуда, баҳри амалӣ намудани ин иқдомҳои созанда корҳои бунёдкорӣ вусъати тоза гирифтаанд.
Корхонаи ресандагии “Органик Ян” дар доираи ин чорабиниҳо сохта шудааст, ки дар он нахи пахта коркард ва аз он риштаи пахтагӣ истеҳсол мегардад. Коркарди нахи пахта дар дохили кишвар яке аз самтҳои муҳими саноатикунонӣ буда, аз он истеҳсол гардидани маҳсулоти нимтайёру ниҳоӣ иқтидори содиротиро афзун карда, ба иқтисоди миллӣ даромад меоварад.
Таъсиси корхона самараи ҳамкории соҳибкорони Тоҷикистону Туркия буда, бо арзиши лоиҳавии 70 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. 35 миллион сомонӣ саҳми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “25-солагии Истиқлолият” - и Тоҷикистон ва 35 миллион сомонӣ саҳми ширкати “Мехмет Доган”- и Туркия мебошад.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки масоҳати корхона ду гектар ва майдони иншооти истеҳсолӣ беш аз як гектарро ташкил медиҳад. Дар корхона коркарди нахи пахта ва истеҳсоли ришта бо технологияи пешрафта ба роҳ монда мешавад. Таҷҳизоти технологӣ истеҳсоли ширкати “Марзолли” - и Италия буда, технологияи иноватсионӣ аст. Хати технологӣ аз 5 қисм иборат мебошад ва ришта аз нахи пахта дар марҳилаҳои шонакунӣ, пилтапечӣ, лентасуфтакунӣ, ресмонресӣ ва ғалтакпечӣ истеҳсол мешавад. Дар ин технология энергияи барқ сарфа мегардад. Иқтидори солонаи корхона коркарди 5 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли ришта аз он мебошад.
Соҳибкорон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷорӣ намудани имтиёзҳои давлатӣ ва сабукиҳо ба вориди технологияҳои муосир изҳори сипос намуданд.
Корхона барои афзун намудани ҷойҳои корӣ дар деҳот нақши муҳим дорад. Дар ин корхона дар марҳилаи аввал 100 нафар, дар марҳилаи дуюм боз 100 нафар ва, дар маҷмӯъ, 200 нафар бо кори доимӣ таъмин мегардад, ки қисми асосиро занону духтарони маҳаллӣ ташкил хоҳанд дод.
Таъсису ба фаъолият пардохтани корхонаи ресандагӣ дар деҳаи Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов тадбири муҳим дар самти татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалисозии барномаҳои рушди иқтисодӣ баҳри коркарди ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ, таҳкими иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ арзёбӣ гардид.

Дар муассисаи таҳсилоти томактабии “Ғунчаи Истиқлол”
23 август, дар рӯзи чоруми сафари корӣ дар вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд боғчаи бачагонаи рақами 3 - ро, ки бо тарҳи хеле зебо дар масоҳати 1 гектар бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ, ифтитоҳ намуданд.
Боғчаи бачагонаи “Ғунчаи Истиқлол”  аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, метавонад 200 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирад. Бо ифтитоҳи ин муассисаи томактабӣ, 40 нафар имкон пайдо намуд, ки дар шароити хубу муосири корӣ, ба тарбияи кӯдакони синни томактабӣ машғул шавад.
Боғчаи бачагон дорои хонаи қабули кӯдакон, ҳуҷраҳои барҳавову васеи таълимӣ ва хоб, нуқтаи санитарӣ, толори мусиқӣ, толори калон барои гузарондани чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳуҷраҳои тиббӣ, ошхона, анборҳои хӯрокворӣ (барои сабзавоту ғалладона) мебошад. Инчунин, дар саҳни бино шаш айвончаи бозӣ, майдончаи варзиши тобистона, ҳавзи шиноварӣ бунёд ёфтаанд.
Дар муассиса омӯзиш ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда мешавад.
Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбияи кӯдакон, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои навбунёд ба корҳои сохтмонӣ ва шароити муассиса баҳои баланд доданд.
Сокинони шаҳри Хуҷанд муассисаи навбунёдро туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат барои насли ояндасози миллат арзёбӣ карда, ба Президенти кишвар барои ҳамаи ғамхориҳо изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Пешвои миллат тарбиятдиҳандагонро барои тарбияи кӯдакон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстию ватанпарастӣ ҳидоят карданд.

Бинои нави шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ
23 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ ва шиносномадиҳии раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро, ки бо тарҳи хосса дар масоҳати 10 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ, ифтитоҳ намуданд.
Дар ошёнаи якуми бино ҳафт ҳуҷраи корӣ, ошёнаи дуюм панҷ, ошёнаи сеюм се ҳуҷраи корӣ, толори маҷлис, хобгоҳ ва  дар таҳхонаи он хазина, ду ҳуҷраи корӣ ва толори варзиш барои кормандон ҷойгиранд.
Сохтмони бино моҳи марти соли 2019 оғоз гардида, моҳи августи соли ҷорӣ, бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ ва бо истифода аз масолеҳи ватанӣ, бо сифати баланд анҷом ёфт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои навро дар доираи истиқболи сазовор аз Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони соҳа табрику муборакбод намуданд.
Мавриди зикр аст, ки ба шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати кишвар дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот шароити арзандаи корӣ фароҳам оварда шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баъд аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои нав, кормандони соҳаро ба хизмати софдилонаву содиқона ба нафъи халқу Ватан ва саҳмгузории бештар дар таъмини оромӣ ва суботи ҷомеа ҳидоят карданд.
Ба кормандони раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 мошини хизматӣ тақдим шуд.

Ифтитоҳи бинои шиносномадиҳии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ
23 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паҳлуи бинои шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ, ҳамчунин, бинои шиносномадиҳии раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд.
Бино аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар қабати якуми он ҳафт ҳуҷраи корӣ ва дар ошёнаи дуюм панҷ ҳуҷраи корӣ мавҷуданд. Ҳамчунин, бинои шиносномадиҳӣ дорои толори маҷлис бо 35 ҷойи нишаст ва таваққуфгоҳ мебошад. Гирду атрофи иншоотро зиёда аз 100 дарахти сояафкан ва 15 ҳазор гули гуногуни мавсимии ороишӣ ободу зебо гардондаанд. Сохтмони он моҳи март оғоз гардида, моҳи августи соли 2019 бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ба анҷом расид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, барои мақсаднок истифода намудани иншооти навбунёд ба масъулон дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.
Ифтитоҳи чунин биноҳои хуштарҳу замонавӣ баҳри мустаҳкам кардани заминаи моддиву техникии сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат мусоидат менамояд.

Корхонаи коркарди санги хоро ва мармари ҶДММ "Хорои Хуҷанд"
23 август дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди санги хоро ва мармари ҶДММ "Хорои Хуҷанд" - ро ифтитоҳ намуданд.
Ин корхонаи азими саноатӣ дар маҳаллаи "Ваҳдат", дар масоҳати 9288 метри мураббаъ замини ғайрикишоварзӣ ва бекорхобида бунёд ёфта, фаъолияти он ба истихроҷ ва коркарди сангҳои табиӣ нигаронда шудааст.
Барои истеҳсоли масолеҳ дар ин корхона дар қитъаи "Хорокон"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва қитъаи "Ровакон" - и ноҳияи Ашт сангҳои табиӣ истихроҷ шуда, дастрас карда мешаванд. Захираи ашёи хоми ин конҳо барои беш аз 50 сол кофӣ мебошад.
Ҳаҷми истихроҷи хоросанг дар корхона дар як моҳ аз 60 то 120 метри мукаабро ташкил медиҳад. Бо истифода аз ин, дар корхона тахтасанг, панҷара, фаввора, мизу курсӣ, таҷҳизоти ошхона, гулдон, монеаҳо барои роҳрав, сафолакҳо, пардаовез, сутунпояҳо ва дигар номгӯи маҳсулот бо шакл, ҳаҷм, миқдор ва ороиши гуногун истеҳсол мешаванд.
Барои истихроҷ ва коркарди санги хоро дастгоҳу таҷҳизоти муосир насб гардидаанд ва раванди истеҳсолот тавассути компютер идора ва назорат карда мешавад. Бештари дастгоҳу таҷҳизоти корхона, аз ҷумла дастгоҳи суфтакунӣ, бори нахуст ба ҷумҳурӣ ворид шудаанд.
Санги мармар бошад, дар ҶДММ "Хорои Хуҷанд" мутобиқ ба фармоиши мизоҷон аз ширкатҳои истихроҷкунандаи ватанӣ дастрас шуда, коркард мегардад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи коркарди санги хоро ва мармари ҶДММ "Хорои Хуҷанд" 58 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши аз 1500 то 2000 сомонӣ таъмин гардидааст. Масъулон нақша доранд, то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доираи фаъолияти корхонаро васеъ намуда, дар ҳамин замина боз 30 ҷойи нави кор таъсис диҳанд.
Ифтитоҳи ин корхона дар амалӣ гардидани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти воридотивазкунанда ва коҳиш ёфтани ҳаҷми маҳсулоти воридотӣ заминаи устувор мегузорад.
Баъди шинос шудан бо истеҳсолот, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи маҳсулоти корхонаи истеҳсолии ҶДММ "Хорои Хуҷанд"-ро тамошо намуданд. Дар ин намоишгоҳ номгӯи гуногуни маҳсулот ва масолеҳи дар ин корхона истеҳсолшаванда ба намоиш гузошта шудаанд.
Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93 дарсади онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, имконияти фарохи истихроҷ ва коркарди захираҳои табиӣ, аз ҷумла санг, мавҷуд аст ва истифодаи самараноку оқилонаи он муҳим мебошад. Бо назардошти ин ва, ҳамзамон, зиёд будани талабот ба чунин навъи маҳсулот дар мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони ҶДММ "Хорои Хуҷанд", ҷиҳати боз ҳам бештар намудани ҳаҷми истеҳсолот, таъмини талаботи аҳолӣ бо ин намуди маҳсулот ва ба роҳ мондани содироти маҳсулоти аз санг омодашуда, дастуру ҳидоятҳо доданд.

Ба кор андохтани корхонаи коркарди равғани рустании ҶДММ "ЗирвЭко"
23 август дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди равғани ҶДММ "ЗирвЭко" ба истифода дода шуд.
Корхона аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Абдумубин Абдушукуров таъсис дода шуда, дар як шабонарӯз то 30 тонна равғани рустанӣ коркард мешавад.
Равғани хоми офтобпараст, пахта, рапс ва соя аз корхонаҳои равғанкашии ватанӣ ва хориҷи мамлакат дастрас гардида, бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамон дар 7 марҳила ва дар шароити пӯшида поксозӣ карда мешавад. Дар натиҷаи полоиши чандкарата, равғани безарар, баландсифат ва ҷавобгӯ ба стандарти байналмилалӣ омода карда мешавад. Дар корхона 40 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, ба ҳисоби миёна 1500 сомонӣ моҳона мегирад.
Таҷҳизоти корхона замонавӣ буда, ҷараёни коркарди равғани рустанӣ тавассути технологияи муосир назорат мегардад. Маҳсулоти ба корхона воридшуда ва ҳам баъди коркард, яъне маҳсулоти тайёр, аз ташхис гузаронда мешавад. Дар заминаи коркарди дуруст ва ташхиси ҳамаҷониба, мутахассисон ба сифат ва бехатарии маҳсулот кафолат медиҳанд. Ташхисгоҳи ҷамъият бо дастгоҳҳои замонавӣ муҷаҳҳаз буда, дар он мутахассисони ботаҷриба ба кор ҷалб гаштаанд. Дастгоҳу таҷҳизоти корхона дар масоҳати 1000 метри мураббаъ ва дар 7 қабат васлу насб гардидаанд. Чунин намуди технологияи коркарди равғани рустанӣ бори нахуст ба мамлакат ворид  шуда, барои муҳити зист зарар намерасонад.
Барои нигоҳдории равған дар саҳни корхона ва дохили бинои асосӣ зарфҳои махсуси ба ҳама ҳолат тобовар гузошта шудаанд, ки ҳаҷми умумии ғунҷоиши онҳо ба 400 тонна баробар мебошад. Баъди коркарди равғани рустанӣ бо тамғаи "Олия" ва "Софӣ" дар ҳаҷми аз 0, 5 то 5 литр бандубаст мешавад.
Маҳсулоти корхона, асосан, дар бозори дохилӣ ба фурӯш гузошта шуда, дар баробари ин, ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содирот мешавад.
Дар оянда масъулон нақша доранд, ки истеҳсоли чарбуи рустаниро низ ба роҳ монанд. Барои амалӣ намудани ин ҳадаф, таҷҳизоти асосӣ харид ва ворид карда шудааст. Технологияи истеҳсоли чарбу аз равғани рустанӣ дар ҷаҳон ҳамагӣ 10 сол пеш ба роҳ монда шуда буд ва дар миқёси Осиёи Миёна ҳанӯз вуҷуд надошт. Баъди ба кор андохтани ин хати истеҳсолӣ корхонаи ҶДММ "ЗирвЭко" дар ҷаҳон 26 -умин корхонаи истеҳсолкунандаи ин намуд маҳсулот ба ҳисоб хоҳад рафт.
Чарбуи рустанӣ, асосан, барои истеҳсоли хӯрокворӣ, хосса маҳсулоти ширӣ, гӯштӣ, шириниҳо, истифода бурда мешавад ва имрӯз ба ҷумҳурӣ аз хориҷи кишвар ворид мегардад.
Корхонаи коркарди равғани рустании ҶДММ "ЗирвЭко" дар маҳаллаи "Ваҳдат" дар майдони қариб 1 гектар бунёд шудааст.
Иқдоми соҳибкор аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳмгузорӣ дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватании воридотивазкунанда ва содироти маҳсулот ба хориҷи мамлакат шоёни таҳсин арзёбӣ гардид.

Тақдими туҳфа ба 100 ятими вилояти Суғд
23 август, дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд, дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 100 нафар ятим ёрии моддӣ расонда, бо онҳо суҳбати гарму самимӣ доир карданд.
Ин навбат хонандагони синфҳои аз 6 то 11 - и мактаб - интернатҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Ашт ва Мастчоҳ аз туҳфаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз мададпулӣ, сарулибос ва дастархони идона иборат буд, баҳравар шуданд.
Ин тадбир дар доираи сиёсати иҷтимоии Сарвари давлат амалӣ шуда, зимни суханронӣ дар назди ятимон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти давлату Ҳукумат нисбат ба табақаи ниёзманд андешаронӣ карданд.
Хонандагон ба Сарвари раъиятпарвар ва падари ғамхори хеш барои ҳамаи дастгириҳо ва шароити созгори зисту таълим изҳори сипос намуданд.
Дар вилояти Суғд 15 муассисаи иҷтимоии интернатҳо, хонаи кӯдакон ва маъюбон амал мекунад, ки дар онҳо 470 нафар кӯдаки ятим ба ғамхории давлату Ҳукумат фаро гирифта шудааст. Аз шумораи умумии 470 ятим 245 нафари онро духтарон ташкил медиҳанд.
Муассисаҳои иҷтимоӣ аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ маблағгузорӣ шуда, бо ҳидояти Президенти мамлакат сарпарастон аз ҳисоби вазорату идораҳои давлатӣ ва шахсони эҳсонкор дар арафаи иду айём аз ҳоли бошандагон хабар гирифта, ба онҳо сарулибос, хӯрокворӣ, ашёи хониш ва дигар мавод тақдим мекунанд.
Инчунин, бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ятимон имтиёзҳои махсус муайян гардида, онҳо бо квотаҳои ҷудонамудаи Сарвари давлат бе супурдани имтиҳон ба муассисаҳои олии кишвар қабул мешаванд.
Дар ин рӯз барои 100  ятим аз ҷониби Пешвои миллат дастархони пурнозу неъмат ороста шуда, барномаи махсуси фарҳангӣ мураттаб гардид, ки боиси болидарӯҳии онҳо гашт.

Коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии ҶДММ “Тоҷфилиз” дар шаҳри Бӯстон
24 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон коргоҳи маҳсулоти сохтмонии ҶДММ “Тоҷфилиз”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлат бо  хати истеҳсолӣ ва имкониятҳои коргоҳи навтаъсис аз наздик шинос шуда, бо кормандони он суҳбат намуданд.
Коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии ҶДММ “Тоҷфилиз” дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат  аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд ёфта, ба коркарди металл,  истеҳсоли мех ва мехи печон машғул мебошад.
Ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки корхона метавонад дар як моҳ то 600 тонна металлро коркард намуда, бештар аз 200 навъи мех ва мехҳои печон истеҳсол намояд. Ин навъи маҳсулот, аслан, ба кишвари мо аз хориҷ ворид мегардид ва ифтитоҳи коргоҳи нав метавонад, ки бо сифати баланди маҳсулоти худ дар бозорҳои мамлакат ҳамчун маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигарондашуда рақобат намояд. Корхона бо муосиртарин хати истеҳсолӣ аз ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ таъмин буда, маҳсулотро бо назардошти талабот ва стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол менамояд.
Ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулот аз корхонаҳои ватанӣ, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас гардида, маҳсулоти ниҳоӣ ба бозорҳои мамлакат бароварда мешавад. Дар ҳоли авҷ гирифтани корҳои ободониву бунёдкорӣ ва сохтмони иншооти гуногун, дар кишвар талабот ба ин навъи маҳсулот хеле зиёд буда, корхона имконият дорад, ки барои содирот низ навъҳои гуногуни мех ва мехҳои печонро истеҳсол намояд.  Корхона бо харҷи 18 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.
Ҳайати корӣ аз курсҳои бозомӯзӣ гузашта,  малакаи хуби кор бо дастгоҳҳои муосирро соҳибанд. Дар корхона 50 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гашта, ба иттилои масъулон, онҳо аз 2500 то 3000 сомонӣ музди меҳнат мегиранд.
Иншооти мазкур дар масоҳати бештар аз 3 ҳазор метри мураббаъ бунёд ёфта, лоиҳаи он аз ҷониби КВД “Лоиҳакаш” дар шаҳри Бӯстон таҳия гардидааст. Паймонкори он ҶДММ “Истиқлол ва КО” буда, корҳо бо назардошти талаботи муосири сохтмонӣ ва бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ анҷом дода шудаанд.
 Зимни шиносоӣ, Сарвари давлат ба сифати маҳсулоти коргоҳи нав баҳои баланд дода, барои фаъолияти мунтазаму пурсамар ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ба масъулони он дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти коғазӣ
24 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон  корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дурахшон – Бӯстон” - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имкониятҳои он аз наздик шинос шуданд.
Тавре маълум гашт, корхона ба коркард ва истеҳсоли маҳсулоти коғазӣ машғул буда, коғаз барои ташноб, дастпоккунакҳои коғазӣ ва дигар навъи маҳсулоте, ки аз коғаз омода мегарданд, истеҳсол мекунад. Дар як моҳ корхонаи навтаъсис имконият дорад, ки  то 50 тонна ашёи хомро коркард намуда, аз он маҳсулоти ниҳоӣ барорад. Ба иттилои масъулон, корхонаи “Дурахшон – Бӯстон” дар асоси ашёи хоми ватанӣ фаъолият намуда, он аз минтақаҳои гуногуни кишвар ворид карда мешавад.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дурахшон – Бӯстон” аз ҷониби як гурӯҳ соҳибкорони маҳаллӣ дар доираи дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфта, бешубҳа, заминаест барои расидан ба ҳадафи саноатикунонии мамлакат. Дар баробари ин, ифтитоҳи чунин корхонаву коргоҳҳо барои тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда мусоидат карда, иқтидори содиротии мамлакатро боз ҳам тақвият мебахшад. Зеро талабот ба чунин маҳсулоти хушсифат на танҳо дар дохил, балки дар хориҷ ҳам хеле зиёд аст ва, феълан, ҶДММ “Дурахшон – Бӯстон” аз корхонаҳои азими коркарди коғаз дар минтақа ба ҳисоб меравад.
Корхонаи нав бо хати муосири истеҳсолӣ муҷаҳҳаз буда, пас аз бозомӯзӣ дар ин ҷо 50 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гашт ва моҳонаи онҳо беш аз 1000 сомониро ташкил медиҳад. Лоиҳаи онро ҶДММ “Суғд Лоиҳакаш”, бо назардошти талаботи муосир, таҳия намуда, дар зарфи як сол аз ҷониби ҶДММ “Бинокор Бунёдгар” сохта шуд. Корхона дар масоҳати наздик ба як гектар доман густурда, дорои дигар иншооти ёрирасон барои интиқолу кашондани маҳсулот мебошад.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона, Роҳбари давлат ба технологияи насбгардида ва хатҳои истеҳсолии он баҳои баланд дода, масъулонро вазифадор намуданд, ки ба сифати маҳсулот диққати аввалиндараҷа дода, мутобиқ ба стандартҳои ҷорӣ истеҳсолотро ба роҳ монанд.

Маркази хизматрасонӣ ва тақдими туҳфа ба 100 ятим
24 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон маркази хизматрасонии “Бӯстон”-ро ифтитоҳ намуданд.
Бунёди иншооти хизматрасонӣ бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат сурат гирифта, дар доираи амалишавии ҳадафҳо ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ, 25 нафар бо ҷойи кор таъмин шуд.
Масоҳати марказ 0, 4 гектарро ташкил дода, сохтмони он моҳи феврали соли 2018 оғоз гардида буд. Бино чорошёна буда, дорои тарабхонаи муосир барои қабули 150 нафар, меҳмонхона бо 20  ҳуҷра бо 40 ҷой мебошад.
Баъди ифтитоҳи бино дар ҳамин ҷо дастархони идона ороста шуда, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 100 нафар ятим туҳфаҳои идона тақдим шуд. Ин тадбири муҳим, ки дар арафаи таҷлили Ҷашни 28 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, хушҳолии наврасони бо амри тақдир ятиммондаро афзуд.
Мавриди зикр аст, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии ятимону оилаҳои ниёзмандро дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид намудаанд.
Дар ин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдакони ятим ва фарзандони аз оилаҳои ниёзмандро бо тақдими туҳфаҳо хушҳол гардонда, таъкид доштанд, ки онҳо ҳамеша зери ҳимояву ғамхории давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд.
Аз аввали солҳои соҳибистиқлолии Ватан дастгирии маъюбон, ятимон, бепарасторон ва ниёзмандон дар мадди назари Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва дар ҳамаи иду айём ва ҷашнҳои миллӣ ин амали саховатмандонаву инсондӯстона, ба хотири шодию нишоти кӯдакону барҷомондагон ва ниёзмандон, амалӣ мегардад.

Ба истифода додани зеристгоҳи барқии “Темурмалик”
24 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Раҷабови шаҳри Хуҷанд зеристгоҳи барқии “Темурмалик”-ро, ки дар масоҳати 2600 метри мураббаъ бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ, мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки зеристгоҳи барқии 110/10 - киловолтаи “Темурмалик” дорои ду трансформатори иқтидорашон 25000 киловолт - ампер мебошад.
Таҷҳизоти барқии муосири 110/10 киловолта ба талабот ва меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, аз ширкатҳои бонуфузи Россия, Озарбойҷон, Туркия, Қазоқистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин харид шудааст.
Бунёду ба истифода додани чунин иншооти зарурӣ аз тадбирҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат дар самти рушди соҳаи энергетикаи мамлакат буда, он ба коҳиш ёфтани талафоти неруи барқ ва беҳтар шудани таъминоти  аҳолӣ ва шабакаҳои барқӣ бо қувваи барқ мусоидат менамояд.
Мавриди зикр аст, ки сохтмони иншооти мазкур моҳи майи соли 2018 оғоз гардида, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи августи соли 2019 ба анҷом расид.
Дар иншооти мазкур 10 коргари муҳандисиву техникӣ ва 60 мутахассиси соҳаҳои мухталиф ба кор ҷалб гардиданд.

Иштирок дар чорабиниҳои "Иди харбуза"
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои "Иди харбуза", "Иди кадуи хонапуркун", "Иди ангур", "Иди асал", фестивали "Оши палав" ва даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии "Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам", ки 24 август дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардиданд, иштирок намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар макони тантанаҳои идона кишоварзони зарофар ва ҳунармандони асил, дар маҷмӯъ, шумораи зиёди сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо хушнудии беандоза ва самимияти хосса истиқбол гирифтанд.
Дар ин чорабиниҳои бошукӯҳ ва доманадор намояндагони 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилоту идораҳои дахлдор иштирок карда, дар фазои орому осудаи Ватан маҳфилу озмунҳои гуногун доир намуданд. Ҳар як ид дар алоҳидагӣ ва бо пешниҳоди анвои гуногуни маҳсулоти озуқаворӣ таҷлил гардид. Ба таври густурда ба маъраз гузошта шудани навъҳои гуногуни ҳосили зироати полизӣ, сабзавот, асали табиӣ ва маҳсулоти аз онҳо тайёршуда бозгӯкунандаи заҳмати пайвастаи кишоварзони меҳнатдӯсти вилояти Суғд мебошад.
Дар "Иди асал" занбӯриасалпарварони 15 шаҳру ноҳия, намояндагони хоҷагиҳои ҷангал ва ассотсиатсияи занбӯриасалпарварони вилоят иштирок намуданд. Дар баробари ба маъраз гузошта шудани номгӯи гуногуни асал, ҳамчунин, дигар намуди маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ, аз ҷумла шири модарзанбӯр, гарди гул, мум, ба тамошо гузошта шуданд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар вилояти Суғд 68 ҳазору 950 оилаи занбӯри асал мавҷуд буда, соли гузашта аз ҷониби занбӯриасалпарварон 211 тонна асал истеҳсол гардид. Дар нимсолаи аввали соли равон истеҳсоли асал дар вилоят 289 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 78 тонна зиёд мебошад.
Дар гӯшаи чорабиниҳои "Иди харбуза", "Иди кадуи хонапуркун" ва "Иди ангур" хоҷагидорони 13 шаҳру ноҳияҳои вилоят дар растаҳои алоҳида маҳсули меҳнати хешро ба намоиш гузоштанд. Пирамидаҳо ва хаймаҳо дар ин намошгоҳи доманадор, ки бо истифода аз харбузаю тарбуз, каду, ангур, ҳосили дигар навъи зироати кишоварзӣ ва маҳсулоти аз онҳо тайёршуда, аз қабили мавиз, мураббо, афшӯраҳои гуногун, басо ҷолиб оро дода шуда буданд, аз завқи баланди зебоипарастии дастандаркорон дарак медиҳад.
Тибқи иттилои масъулон, соли равон кишоварзони вилоят дар майдони 5570,5 гектар зироати полизӣ, аз ҷумла 1613 гектар харбуза, 3899 гектар тарбуз ва 57,5 гектар каду кишт карданд. Соли 2018 дар вилоят 108 ҳазору 68 тонна маҳсулоти полизӣ истеҳсол шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаи фаъолияти пурсамари аҳли заҳмати вилоятро шоистаи таҳсин гуфта, ба дастовардҳои онҳо баҳои баланд доданд. Сарвари давлат баргузории чунин чорабиниҳои бошукӯҳро бо фарогирии чанд иди миллӣ дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муҳим шумурда, таъкид доштанд, ки маҳз ин омил дар муаррифии маҳсулоти озуқавории аз лиҳози экологӣ тозаю баландсифати мамлакат боис мегардад.
Дар заминаи чунин чорабиниҳои муаррификунанда ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар сол ба сол зиёд мегардад. Бино ба  маълумоти масъулон, дар шашмоҳаи аввали соли равон аз қаламрави вилоят 194 ҳазору 857 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷа содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24 ҳазору 850 тонна зиёд мебошад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 2019, шанбеи сеюми моҳи август "Иди ангур" ва шанбеи сеюми моҳи сентябр "Иди себ" эълон гардид. Дар ин рӯзи хушу хотирмон бори нахуст дар қаламрави ҷумҳурӣ "Иди ангур" бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ токпарварони шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, дастовардҳои меҳнатии хешро ба маъраз гузоштанд. Ток ва ҳосили он дар маъракаи сирф миллӣ – "Иди ангур" бо тарҳи ҷолиби диққат гузошта шуд, ки ҳавасмандӣ ва маҳорати баланди токпарварони вилоятро таҷассум мекунад.
Дар вилоят масоҳати ангурбоғ 9723 гектарро ташкил медиҳад ва соли гузашта токпарварон 44 ҳазору 741 тонна навъҳои гуногуни ангур ғундоштанд.
Дар намоишгоҳ, ҳамчунин, дигар навъи ҳосили зироати кишоварзӣ ва меваҳои шаҳдбори тару тоза ва коркардшуда ба маъраз гузошта шуданд. Тибқи иттилои масъулон, майдони умумии кишоварзии вилоят дар мавсими имсола ба 223 ҳазору 197 гектар баробар гардидааст, ки нисбат ба соли пешӣ 1036 гектар зиёд мебошад.
Фестивали "Оши палав", ки дар макони тантанаҳои идона ба таври хос баргузор гардид, шумораи зиёди ошпазҳои моҳирро аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ҳам овард. Дар фестивал оши палавро дар 18 дег, аз ҷумла дар ду деги ғунҷоишашон беш аз яктоннаӣ, омода намуданд. Ин навъи хӯроки миллӣ бо истифода аз номгӯи гуногуни биринҷ ва хоси минтақаҳои мамлакат пухта шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти нонӣ, ки дар доираи даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии "Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам" ташкил гардид, дидан намуданд. Дар ин намоишгоҳ нонпазҳои моҳир намунаи нонҳои хоси минтақаҳои вилоятро омода карда, ба маъраз гузоштанд. Ҳамчунин, нонпазҳои моҳири шаҳру ноҳияҳои вилоят дар 8 танӯр номгӯи гуногуни нонҳои миллӣ омода намуда, пешниҳоди иштирокдорон карданд. Дар ҳамин ҷо занони ҳунарманди вилоят ба таври рамзӣ ҳавлии тоҷикона ташкил карданд, ки басо диққатҷалбкунанда мебошад.
Сипас, аз рӯи чор номинатсия – "Зуволатоби беҳтарин", "Ороиши беҳтарини нон", "Нони бомазатарин" ва "Калонҳаҷмтарин нон" даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии "Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам" ҷамъбаст гардид.
Дар доираи баргузории идҳои миллӣ, маҳфилу озмунҳои "Ороиши хаймаи беҳтарин", "Оши палави беҳтарин", "Дастони моҳир", "Ошхӯри беҳтарин" ва "Харбузахӯри беҳтарин" доир шуд. Иштирокчиёни озмуну мусобиқаҳои зикргардида аз ҷониби ҳакамон баҳогузорӣ шуда, ғолибонро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо диплом ва мукофотпулӣ қадр намуданд.

Ифтитоҳи меҳмонхонаи «Суғдиён»
24 август, ҳамчунин, дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти меҳмонхонаи замонавии «Суғдиён» оғози расмӣ бахшида, бо шароити хидматрасонӣ дар он шинос шуданд.
Меҳмонхона аз 10 ошёна ва таҳхона иборат буда, он дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи собиқ меҳмонхонаи «Ленинобод» навсозӣ гардид ва дорои муосиртарин шароиту имконоти хидматрасонӣ барои сайёҳону меҳмонон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки меҳмонхонаи «Ленинобод» соли 1976 мавриди истифода қарор гирифта буд ва бо гузашти вақт зарурати таҷдиди он ба миён омад.
Дар ошёнаи якуми меҳмонхонаи «Суғдиён» нахуст ба Сарвари давлат лоиҳаи иншооти асосии таърихию сайёҳии сохташаванда ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд муаррифӣ шуд.
Таъкид гардид, ки ба пешвози ин ҷашни бузурги умумимиллӣ дар вилояти Суғд бунёди наздики 7000 иншооти дорои таъйиноти гуногун, аз ҷумла зиёда аз 40 меҳмонхона, дар назар аст.
Феълан, дар шаҳри Хуҷанд барои қабули сайёҳон 13 меҳмонхона бо имконияти қабули 680 нафар дар як вақт фаъолият дорад ва барои сайёҳон 14 нуқтаи фурӯши маҳсулоти ороишӣ аз сангҳою металлҳои қиматбаҳо, туҳфаҳои хотиравӣ, намунаҳои ҳунарҳои дастии ҳунармандон таъсис  ёфт.
Меҳмонхонаи «Суғдиён»  дорои 172 ҳуҷра, аз ҷумла 20 ҳуҷраи люкс, буда, метавонад  дар як вақт ба зиёда аз 300 нафар хидмат расонад.
Дар ошёнаи якуми меҳмонхона нуқтаи қабули меҳмонон, тарабхона ва нуқтаҳои фурӯши туҳфаҳо ҷойгир буда, маъмурият ва ҳуҷраҳои техникӣ дар қабати дуюми бино фаъолият мебаранд ва дар 8 ошёнаи дигар барои меҳмонону сайёҳон шароити истироҳату фароғат муҳайё гаштааст. Ҳуҷраҳои он ба усули замонавӣ оро ва таҷҳизонда шуда, қисме аз онҳо бо истифода аз нақшу нигори миллӣ, бо мақсади муаррифии ҳарчи бештари санъату ҳунари волои тоҷикон барои меҳмонону сайёҳони хориҷӣ, омода гардидаанд.
Меҳмонхона, ҳамчунин, дорои маҷлисгоҳ барои 60 нафар, толори варзиш, маҷмааи фароғатӣ, аз ҷумла ҳавзи шиноварӣ, ҳаммоми туркӣ, буғхонаҳои хушк ва нам, нуқтаи гиёҳдармонӣ, тарабхона, кошонаи ҳусн ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Дар меҳмонхона шароити васеи хизматрасонӣ, аз ҷумла сайёҳӣ ва тамошо барои мизоҷон мавҷуд буда, дар он 80 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гашт.
Меҳмонхона тибқи меъёрҳои байналмилалӣ сохта шуда, дорои мағозаи ҷавоҳирот ва туҳфаҳои гуногун низ мебошад, ки дар он армуғонҳо бо нақшу нигоришҳои инъикоскунандаи фарҳангу арзишҳои миллӣ пешниҳоди меҳмонону сайёҳон карда мешавад.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки сохта ба истифода додани ин гуна иншоот дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои ҷалби ҳарчи бештари таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистони дорои табиати зебою имконоти зиёди туристӣ такони тоза бахшида, ҷиҳати муаррифии ҳарчи бештари санъату тамаддуни пурғановати миллати мо ба хориҷиён имконоти васеъро фароҳам меорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо шароити хидматрасонӣ ва имконоти васеи истироҳату фароғати меҳмонону сайёҳон дар ин иншооти замонавӣ, ба масъулон ҷиҳати муаррифии меҳмоннавозии хоси тоҷикона ба сайёҳону мизоҷони хориҷӣ дастуру ҳидоятҳои судманд дода, ифтитоҳи иншоотро туҳфаи арзишманд дар доираи таҷлили Ҷашни 28 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи давлатдории тоҷикон рӯйдоди муҳиму сарнавиштсоз маҳсуб меёбад, маҳз дар ҳамин меҳмонхона ба таври шабонарӯзӣ иқомат намудаанд. Дар ин иҷлосияи тақдирсоз Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдории кулли вакилон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, ҳамчун Роҳбари нави давлати соҳибистиқлол аз шаҳри Хуҷанд ба пойтахти кишвар рафтанд.

Машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд
24 август дар шаҳри Гулистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир гашт.
Дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Суғд дар 7 моҳи соли 2019 ҷамъбаст гардида, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои ободонӣ, рушди соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Зафаробод, Деваштич ва Ҷаббор Расуловро натиҷагирӣ карда, аз ҷараёни корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ва иҷрои нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои афзалиятнок дар ҳафт моҳи соли 2019, асосан, таъмин шудаанд.
Нақшаи даромади Буҷети давлатӣ 102, 8 дарсад таъмин шуда бошад ҳам, аммо дар як қатор шаҳру ноҳияҳо дар 7 моҳи соли ҷорӣ нақшаи андоз иҷро нагардидааст.
Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки ҷиҳати таъмини иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои давлатӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ дар вилоят дар ҳафт моҳи соли 2019 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар сатҳи қариб 111 дарсад таъмин шуда бошад ҳам, вале ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати истихроҷ 0, 5 дарсад коҳиш ёфтааст.
Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вазифадор шуданд, ки барои бо иқтидори пурра фаъолият намудани корхонаҳои истихроҷ, истифодаи самараноки конҳои маъдан дар самти татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ –  саноатикунонии босуръати кишвар нақшаҳои тасдиқшударо иҷро намоянд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи соҳаи кишоварзии вилоятро таҳлил карда, таъкид намуданд, ки дар вилоят ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар моҳҳои январ - июли соли 2019 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,4 дарсад зиёд гашта, қариб ба 3 миллиард сомонӣ баробар гардид, аммо майдони кишти сабзавот кам шудааст.
Сарвари давлат ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супориш доданд, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ аз тамоми имкониятҳо васеъ истифода баранд.
Дар машварати корӣ вазъи соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва боғдорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулони соҳаи кишоварзиро ба рушди ин бахшҳо ва афзоиши саршумори чорво, зиёдкунии ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат ҷалб карданд.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат бо бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ масъалаи бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва коҳиш додани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳалли худро пайдо кард. Дар нимсолаи якуми соли 2019 дар вилоят, дар маҷмӯъ, қариб 20 ҳазор ҷойи нав ва иловагии корӣ таъсис ва барқарор шудааст, ки аз он 5250 ҷойи кори доимӣ мебошад.
Соли гузашта дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он шумораи иншооти тибқи нақшаи ободониву бунёдкории ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда афзоиш ёфта, қариб 7000 иншоотро дар бар мегирад, ки то аввали моҳи август қариб 3000 иншооту бино ба истифода дода шуд.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки иншооти банақшагирифтаро бо риояи меъёрҳои қабулшудаи сохтмонӣ, санъати баланди меъморӣ, сари вақт ва босифат бунёд намоянд.
Зимни таҳлилу баррасии масъалаҳои таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ таъкид гашт, ки тайи солҳои 2016 – нимсолаи аввали 2019 аз ҷониби мақомоти прокуратура аз 552 миллион сомонии зарари ба буҷет расондашуда, 268 миллиони он барқарор гардид.
Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам хубтару беҳтар гардондани вазъи зиндагии мардум, вусъати корҳои ободонӣ, таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоят, таъсиси ҷойҳои корӣ, ислоҳи камбудиҳои мавҷуда ва инкишофи босуботи соҳаҳои иқтисодӣ, алалхусус, бахшҳои истеҳсолӣ, ба роҳбарону масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супоришҳои мушаххас доданд.
Зимни машварат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят дар 7 моҳи соли 2019 раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раисони яқ қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳисобот доданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз номи мардуми меҳнатдӯсти вилоят ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тамоми талошҳову ташаббусҳо ва ғамхориҳояшон изҳори сипосу миннатдорӣ кард.

Анҷоми сафари корӣ дар вилояти Суғд
25 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари бобарори корӣ аз шаҳри Хуҷанд ба пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе баргаштанд.
Сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20 то 25 август дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Зафаробод, Деваштич ва Ҷаббор Расулов идома ёфта, дар доираи он Сарвари давлат бо ҷараёни корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шинос шуда, бо роҳбарону фаъолон, аҳли зиё ва сокинони вилоят суҳбатҳои самимию созанда доир карданд.
Дар доираи ин сафар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла марказҳои саломатӣ, мактабу кӯдакистон, корхонаҳои саноатии истеҳсолӣ, майдонҳои Парчаму Нишони давлатӣ, биноҳои маъмурии Бонки давлатии Тоҷикистон “Амонатбонк”, шуъбаи корҳои дохилӣ, амният, адлия, суд, нозироти андоз, роҳи мошингард, хати оби нӯшокӣ, боғи фарҳангӣ, қасри фарҳанг, зеристгоҳи барқии “Темурмалик” - ро ифтитоҳ карда, ба корҳои таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” ҳусни оғоз бахшиданд.
Ҳамчунин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагиҳои вилоят бо нашъунамои пахта, кишти картошка ва рушди боғу токпарварӣ шинос шуданд.
Дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва идҳои харбуза, ангур ва оши палав дастовардҳои меҳнаткашонро тамошо намуданд.
Дар ин сафар низ Пешвои миллат бо хислатҳои ҳамидаи инсондӯстӣ ва дар доираи сиёсати иҷтимоӣ ба 300 нафар ятими кулли вилояти Суғд туҳфаҳои арзанда тақдим карданд.
Бояд гуфт, ки ҳамаи ин тадбирҳо ба хотири рушду пешрафти соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва беҳбудии зиндагии мардум равона гардидааст. Мавриди зикр аст, ки баъди ифтитоҳи корхонаҳои саноатӣ, ки маҳсулоташон ивазкунандаи воридот мебошад, садҳо ҷойи корӣ таъсис ёфт. Ин ҳам яке аз ҳадафҳои асосии бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ, коҳиш додани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.
Сокинони меҳнатдӯсти вилояти Суғд барои ҳамаи талошҳову тадбирҳои созанда ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ карда, дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои муаззами миллатро гарму самимӣ ва бо шукӯҳи хосса гусел карданд.

 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.08.2019    №: 163    Мутолиа карданд: 502

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад

Таъкиди Путин аз зарурати арҷгузории арзишҳои оилаи серфарзанд

Сарвазири Афғонистон: "Натиҷа бояд ба раъйдиҳии воқеии халқи мо асос ёфта бошад"

Чин ба шарти бастани созишномаи тиҷоратӣ бо ИМА ба мувофиқа расид

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медалҳои биринҷии гӯштигирони тоҷик

08.11.2019


Давлаталӣ Саид бо Мансур бинни Зойид оли Наҳён вохӯрд

Баргузории конференсия оид ба саҳми диаспораҳо дар рушди кишвар

Масоили ҳамкории фарҳангӣ матраҳ шуданд

МАОРИФ. Медали тиллои хонандагони точик аз Туркия

07.11.2019


Гурӯҳи мусаллаҳ безарар гардонда шуд

БОКС. Медали тиллои муштзани тоҷик дар Россия

ФОРУМИ ПАНҶУМИ МИЛЛӢ. Пойгоҳе ки ҳуқуқшиносонро ба ҳам меорад

Ба Ингушистон суриёие омад, ки аспсавор ба дидори Путин раҳсипор аст

Эрдуғон аз боздошти ҳамсари сарвари "ДИ" Ал-Бағдодӣ хабар дод

Интиқоди ҳазорҳо олим аз беэътиноии сиёсатмадорон ба тағйири иқлим

Пойтахти Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои ИДМ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.11.2019


Роҳҳои баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ баррасӣ шуданд

Ҳамоиш доир ба нақши ҷавонон дар тарғиби арзишҳои миллӣ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2019. «Истиқлол» ва «Регар - ТадАЗ» бори ҳафтум дар финал

Вохӯрии раҳбарони кумитаҳои амнияти Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара

СММ: "Дар 100 сол аз сунами беш аз 250 ҳазор нафар ҳалок гашт"

Дар Сурия хоҳари Бағдодӣ бо хонаводааш боздошт шуд

Трамп бо Россия ва Чин оид ба назорати силоҳ созишнома бастанист


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед