logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

БЕИНСОФӢ
Тасарруфи беш аз 1 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ
Боқиева Заррина Ҷамахоновна, дар вазифаи муовини сардори раёсат – сардори шуъбаи таъйиноти нафақаи раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ кору фаъолият намуда, давоми фаъолияти кориаш солҳои 2016 – 2018 ва 4 моҳи аввали соли 2019 бо роҳи сохтакорона тартиб додани ҳуҷҷатҳои нафақавӣ бо истифода аз 49 ному насаб ва 21 рақами асноди нафақавӣ ба воситаи 11 корти бонкии нафақавӣ дар маҷмӯъ, 1 000 423 (як миллиону чорсаду бисту се) сомонӣ маблағҳои буҷетиро тасарруф намудааст.
Тибқи иттилои сомонаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, доир ба ҳолати мазкур нисбат ба Боқиева Заррина ва дигарон бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б», 323 ва 340 қисми 2 бандҳои «а» ва «в»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, маблағи 1 000 423 сомонии тасарруфгардида, пурра ба буҷет барқарор карда шуда, тафтишоти пешакӣ дар ин самт идома дорад.

МАРДУМФИРЕБӢ
Ҷинояткор беҷазо нахоҳад монд
Ба мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ марди 35 - солаи сокини кӯчаи Бохтари шаҳри Душанбе бо ариза муроҷиат намудааст, ки 7 марти соли 2019 дар кӯчаи Теҳрон марди 35 - солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 4 000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардондааст.
Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ дар рафти тафтишот муайян шуд, ки дастгиршуда моҳи феврали соли 2019 низ бо роҳи фиреб ба боварии зани 29 - солаи сокини кӯчаи Қазоқон даромада, аз ӯ 47 000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардондааст.
Ҳамин тариқ, номбурда моҳи июни соли 2019 ба боварии зани 45 - солаи сокини кӯчаи Б. Ғафурови пойтахт даромада, аз ӯ 26 000 доллари амрикоӣ гирифта, 21 000 долларашро баргардонда, боқимонда 5 000 долларро ба манфиати шахсӣ сарф намудааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

ЗАМИНФУРӮШӢ
52 ҳазор пора 50 ҳазор сомонӣ ҷарима
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии  Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Ю. Тағоев моҳи сентябри соли 2018 ба шаҳрванд Гулбой Турдиев аз ҳисоби заминҳои аҳолинишини деҳаи Навбаҳори деҳоти Т. Тӯйчиеви шаҳри Турсунзода барои сохтмони манзили истиқоматӣ масоҳати 0,07 гектар қитъаи заминро ғайриқонунӣ ба маблағи 52 500 сомонӣ фурӯхта, ба номи фарзандаш ҳуҷҷатгузорӣ намудани онро ваъда дода, барои сохтмон розӣ шудааст.
Г. Турдиев бошад, дар масоҳати 41 метри мураббаи ин қитъаи замин таҳкурсии манзили истиқоматӣ бунёд намудааст.
Прокурори шаҳри Турсунзода нисбат ба Ю. Тағоев бо аломатҳои моддаи 338 иловаи 1 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ғайриқонунӣ додани қитъаи замин) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, бо анҷоми тафтишоти пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд фиристод. Бо ҳукми суди шаҳри Турсунзода Ю. Тағоев гунаҳгор дониста шуда, ба андозаи 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 50 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима карда шуда, аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ба муҳлати 2 сол маҳрум гардид.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.08.2019    №: 164    Мутолиа карданд: 982

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед