logo

ҳуқуқ

ИФРОТГАРОӢ. ВАСИЛАИ ПЕШГИРӢ АЗ ОН

Даврони фоҷиабори муқовимат бо ифротгароӣ ва терроризмро мо ҳанӯз аввали солҳои 90-уми асри гузашта аз сар гузарондем. Он барои ҳама умр бояд дарс бошад. Аз хотир ҳеҷ гоҳ намебарорем, ки даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ додем. Биноҳои бас обод хароб гашт ва низ нафарони зиёд овораву сарсон.  Ҳолиё бо таҳлили амиқи ҳодисаҳои чанд даҳсола пеш рухдода ҳақиқатро дарёфтем, дӯсту душманро шинохтем ва дар ҳифзу пойдории Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу суботи ҷомеа ҳама саъю кӯшишро ба харҷ медиҳем. Инчунин, барои рушд, пешрафт, тараққиёт ва гулгулшукуфии кишвари маҳбубамон ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешему амалӣ менамоем. Аммо ба як масъала, ки он ҳам таълиму тарбияи дурусти фарзанд мебошад, камтар таваҷҷуҳ зоҳир мекунем.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба тасвиб бирасад. Аз қабули ин қонун ҳашт сол сипарӣ гашт, вале иҷрои он ҳанӯз ҳам ҷавобгӯи талаботи давр нест. Се сол пештар Сарвари давлат зимни ироаи Паём ба Вазорати маориф ва илм супориш доданд, ки барои омӯзиши ҳатмӣ онро дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ  ба роҳ монад. Дар замоне, ки ифротгароӣ ва терроризм ба хатари глобалӣ табдил ёфтаву ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, иҷрои бечунучарои қонуни мазкур метавонад монеи ривоҷ ва густариши ин вабои аср дар кишвар гардад.
Имрӯз ташвишу нигаронии мо аз он аст, ки даҳҳо шаҳрвандони ҷумҳурии мо бо силоҳ дар хориҷ ҳамроҳи намояндагони ташкилоту гурӯҳҳои даҳшатзову даҳшатафкан меҷанганд.
Имрӯз ташвишу нигаронии мо аз он аст, ки ин ифротгароён на садоқату муҳаббат ба падару модар доранд, на ба Ватан, на ба сарзамини аҷдодӣ ва на ба дину мазҳаб.
Имрӯз ташвишу нигаронии мо аз он аст, ки ҷавонони моро бо «мағзшӯӣ» тобеи худ мегардонанду ба иҷрои амалҳои тахрибкорона раҳнамоӣ мекунанд.
Имрӯз ташвишу нигаронии мо аз он аст, ки ин гурӯҳ ба бераҳмӣ, одамкушӣ ном мебароранду дар муқобили он ҷаҳон тадбири дуруст ва судманду саривақтӣ андешида наметавонад.
Имрӯз ташвишу нигаронии мо аз он аст, ки ин даҳшатзоёну қотилон ба василаи шабакаҳои иҷтимоӣ, техникаву технологияҳои пешрафта ба ҳар хонадони аҳли сайёра роҳ меёбанд ва бо ташвиқу тарғиб ҷавононро ба сӯи худ ҷалб менамоянд.
Аммо чаро намеандешем, ки бо аз ёд баровардани масъулият чунин имконҳоро барои фарзандонамон худ муҳайё мекунем? Агар ҳам ин гуна як пурсишро аз волидон бигирем, ҳатман барои «сафед» намудани худ посухе меёбанд. Агар дар ин маврид ҳақ бар ҷониби онҳост, чаро фарзандони баъзе аз волидон дар кишварҳои дигар меҷанганд ва дилдодаи ташвиқу тарғибашон мешаванд?
Аз зиндагиву амали ин фарзандон, ки аз қаламрави кишвар берун рафтанд ва бо ифротгароёну террористон пайвастанд, магар волидон ҳеҷ огоҳ набуданд? Дар гумон аст, ки бехабар мондаанд ва ё аз нақшаи зисту ояндаашон маълумоте надоштаанд. Пас, онҳо чӣ гуна ба воя расиданд ва таълиму тарбия гирифтаанд?
Ин ҳақиқат аст, ки ба пиндору гуфтору кирдорашон ба пуррагӣ таваҷҷуҳ зоҳир намекунем. Назорат намебарем, ки бо киҳо – чи мардуме гуфтушунид мекунанд, ба кадом шабакаҳои иҷтимоӣ шабҳо ворид мешаванд ва бо гурӯҳе дар иртиботанд.
Аз ҳуқуқҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд аст, ки «дар раванди таълиму тарбия, аз ҷумла назорати сатҳу сифати таълим ва донишандӯзии фарзанд дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок ва мусоидат намоянд».
Аз уҳдадориҳои онҳост, ки «кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, муомилаи дағалона бо атрофиён, халалдор намудани оромӣ, истифодаи суханҳои қабеҳ, рафтори дағалона дар кӯчаҳо, хиёбонҳо, майдонҳо, муассисаҳои фароғатӣ, хобгоҳҳо, манзили зист, дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муносибати тахрибкоронаи фарзандро ба муҳити зист пешгирӣ намоянд».
Мутаассифона, ин ҳуқуқу уҳдадориҳоро камтар мешиносем ва дар иҷрои онҳо саҳлангорӣ мекунем. Дар ин маврид, агар фарзандонамон шомили ташкилоту гурӯҳҳои ифротиву террористӣ мешаванд, худро ҳеҷ гунаҳгор намеҳисобем.
Ҳамаи мо медонем, ки таълиму тарбияи фарзанд нахуст аз оила шурӯъ мегардад. Дуруст фармудаанд, ки «ҳон, эй писар, бикӯш, ки рӯзе падар шавӣ»! Таърих, миллату давлат моро ҳеҷ намебахшад, агар фарзандони ба ақлу дил носолимро ба бемасъулиятӣ ва бе шинохти рисолати инсонӣ ба ҷомеа тақдим бинамоем. Аз ин гуна фарзандон ҳатман хиёнат сар мезанаду онҳо муқаддасотро пушти по мекунанд.
Бо раҳнамоии Пешвои миллат «устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ободу зебо гардондани сарзамини аҷдодӣ, пеш аз ҳама, ба густариши эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ вобастагии мустақим дорад». Пас, ин ҳақиқатро бишносему фарзандонро дуруст таълиму тарбия бидиҳем. Ин беҳтарин василаи пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ташкилоту гурӯҳҳои ифротиву террористӣ мебошад.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2019    №: 165    Мутолиа карданд: 878

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед