logo

сиёсат

ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАМЕДИҲЕМ. ИН МАФҲУМ ДАР ШАРОИТИ КУНУНӢ БОЯД ШИОРИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД БОШАД

Бо итминон метавон гуфт, ки маҳз дар давраи навини давлатдорӣ шаҳрвандони кишвар бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашта,  боз аз сари нав  баҳри пирӯзии Истиқлолияти давлатӣ Парчами Ватани азизамонро дар олам партавфишон намуданд, низоми давлатдориро дар кишвар устувор сохтанд, шохаҳои ҳокимиятро таҳким бахшиданд ва дар барпо намудани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба дастовардҳои беназир ноил гардида истодаанд.
Табиист, ки дар ҷомаи амал пӯшидани аҳдофи созандаи Сарвари давлат, ки аз азми қавӣ ва нияти нек маншаъ гирифтаанд, кулли тоҷику тоҷикистониён, хоса масъулин саҳми муассир доранд. Масъулини вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли фаъолият, муваззафанд, ки ба василаи  хислатҳои неки инсонӣ  ба дили мардум роҳ ёфта, масъулиятшиносӣ, поквиҷдонӣ, инсондӯстӣ, қонунсолорӣ, ҳақшиносӣ, ҳақгӯӣ, ҳалолхӯриву ҳалолкорӣ,  боҷасоративу пешсафиро  меҳвари кору зиндагӣ қарор диҳанд
Тибқи муқаррароти қонунгузорӣ,  дастгоҳи давлатӣ  низоми мақомоти давлатӣ, ки фаъолияти он барои амалӣ намудани вазифа, функсия ва сиёсати давлат равона шудааст, маҳсуб шуда, мақоми давлатӣ  ҷузъи таркибии дастгоҳи давлатӣ, ки ваколати давлатию ҳокимиятиро дар шакли ташкилию ҳуқуқии ба худ хос амалӣ менамояд, мебошад. 
Дар ин раванд  одоби хизматчии давлатӣ масъалаи меҳварӣ маҳсуб шуда, он   хислатҳои ахлоқии фаъолияти касбӣ ва рафтори ӯро дар кор ва ҷомеа таҷассум намуда, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ, талаботи маънавии ҷомеаро нисбат ба хизматчии давлатӣ дар бар мегирад.
Дар ҷаҳони муосир, ки бархӯрди манфиатҳо рӯз ба рӯз шадидтар мешавад, таъмини амнияти иттилоотӣ хеле  муҳим мебошад. Равшан аст, ки дар  ҷаҳони мутамаддин идеология ба силоҳи асосии мубориза дар ҳама ҷанба табдил ёфта, дар сурати оқилона ва фаврӣ истифода шудан аз ҷониби масъулин  ғолибияти ин ё он кишвар ва натиҷаҳои хуб додани дилхоҳ иқдомро таъмин менамояд. Далелҳо ҳокианд, ки замоне буд одамон тавассути камону тир ва танку тӯп бо ҳам мубориза мебурданд. Айни замон ҷойгоҳи онҳоро идеология ба таври чашмрас танг намудааст. Аксар маврид дар муқобили давлатҳову ташкилот ва шахсиятҳои алоҳида аз ҷониби рақибон маҳз силоҳи идеологӣ истифода мешавад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар кишвар масъалаи саҳмгузории масъулин ва кормандони воситаҳои ахбори омма вобаста ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ беҳбудиро мехоҳад. Он сабабҳои худро дорад ва ҳавасманд набудани мақомоти марбута дар самти пешниҳоди далелу арқом ва ироаи нуқтаи назар аз мушкили калидӣ ба ҳисоб меравад.  Борҳо шунидаам, ки  журналистон ҷиҳати тақвияти матолиб вобаста ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳои марбута муроҷиат намуда, аз масъулин  хомӯшӣ, гурез аз пешниҳоди далелу арқом ва ироаи нуктаи назарашонро  «подош» гирифтаанду  халос. Ҳол он ки мусоидат ба журналист дар нашри матолиб вазифаи ҷонии онҳост.
Масъулин дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини ҷомеа бо иттилооти   боэътимод,  ҳифзи ҳуқуқҳои шахс ва ҷомеа ҳангоми қабул, паҳнкунӣ ва истифодаи иттилоот бояд саҳмгузор бошанд. Ин масъала яке аз рукнҳои асосии амнияти иттилоотӣ маҳсуб мешавад. Моҳиятан амнияти иттилотӣ  маҷмӯи чорабиниҳои мушаххаси ҳифзи муҳити иттилоотонии ҷомеа ва шахсони алоҳида буда, раванди дурусту қонунии бо он таъмин кардани аҳолӣ ба бехатарии фаъолияти технологияи навини иттилоотӣ вобастагӣ дорад.
Мутобиқи моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбори омма кафолат дода шудааст. Дар баробари ин, ҳуқуқу уҳдадориҳои журналистон ва ноширон дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ  ва дигар воситаҳои  ахбори омма», «Дар бораи табъу нашр» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ифода ёфтаанд.
Бояд зикр намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот  ва дигар воситаҳои ахбори омма» 14 марти соли  1992 қабул шуд. Худи ҳамон сол ва дар солҳои 1996, 1999, 2002 ба он тағйиру иловаҳо ворид карда, такмил доданд. Дар баробари рушду такомули матбуот, бахусус матбуоти мустақил, зарурати аз нав таҳия ва қабули қонуни нави матбуот ба миён омад. Бо дарки ин зарурат ва бо дарназардошти афкори ҷомеаи журналистӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳрири нав таҳия гардида, моҳи марти соли 2013 қабул шуд ва он аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мусбат арзёбӣ гардид. Биноан, метавон гуфт, озодии сухане, ки дар Тоҷикистон айни ҳол вуҷуд дорад,  дар бисёр кишварҳои минтақа дида намешавад ва он ба бандҳои дахлдори тавсияҳои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон мувофиқат мекунад.
Ҳоло вазифаи муҳиму аввалиндараҷаи  хизматчиёни давлатӣ саҳмгузорӣ дар тақвияти сулҳу ваҳдати миллӣ, ба аҳли ҷомеа талқин намудани моҳияти давлатдорӣ, дар заминаи далелу арқоми асоснок  бозгӯӣ намудани хизматҳои Пешвои миллат, вокуниш ба аъмоли нотавонбинони миллату давлати тоҷик, пешоҳанг, ташаббускор ва намунаи ибрат будан дар ҳама ҷанбаҳост.
Аз лиҳози рисолат дар ҷомеаи демократӣ ҳадафи асосӣ аз пешбурди хизмати давлатӣ таъмини рушди кишвар, беҳбуд бахшидани зиндагии мардум, таҳкими сулҳу субот, пойдорию устувории амният ва ваҳдати миллӣ мебошад. Умед дорем, ки масъулини ин бахш неруи зеҳнии хешро минбаъд низ барои созандагӣ, ободии Ватан, осудагии сокинони он ва таҳкими неъмати бебаҳо барои миллати соҳибтамаддуни мо - сулҳу ваҳдат равона менамоянд.
Ҷасур МИРЗОЗОДА, коршиноси Маркази иттилоотӣ – таҳлилии  “Аҷам”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2019    №: 165    Мутолиа карданд: 711

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед