logo

Хабарҳо

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

Дар  Ӯзбекистон бо дастгирии ЮНЕСКО нахустин маротиба дар Осиёи Марказӣ ҳафтаи мероси фарҳангӣ оғоз гардид. Дар доираи ин чорабинӣ, дар қасри анҷуманҳои шаҳри Самарқанд дар мавзӯи “Ҳифзи мероси моддӣ ва ғайримоддӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо”, конфронси байналмилалӣ баргузор шуд.
 Бино ба иттилои Вазорати фарҳанг дар конфронс наздики 300 коршиносу олим аз 60 мамлакати дунё ва намояндагони ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок доштанд.
Дар оғози ҳамоиш зикр шуд, ки конфронс бо мақсади амалӣ намудани принсипҳои ЮНЕСКО дар ҳифзи мероси фарҳанги моддӣ ва нигоҳдошти мероси фарҳанги ғайримоддӣ, баррасии мушкилоти соҳа, омӯзиш ва татбиқи таҷрибаи байналмилалӣ дар ин самт баргузор мегардад.
- Ҳифзи осори фарҳангӣ яке аз масъалаҳое мебошад, ки аҳли башарро ба ташвиш овардааст. Ҳар як кишвар дар ин масъала таҷрибаи худро дорад. Аҳамияти конфронси мазкур ҳамин аст, ки дар он намояндагони кишварҳо табодули таҷриба намуда, ба ин васила метавонанд системаи нави ҳифзи осори таърихиву фарҳангиро  дар замони муосир кор карда бароянд, - иброз  дошт Наргис Хоҷаева, доктори илмҳои таърих, корманди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи  Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамчунин, дар доираи Ҳафтаи мероси фарҳангӣ дар шаҳрҳои Тошканд, Тирмиз ва Самарқанд гузарондани чорабиниҳои хотирмон ба нақша гирифта шудааст. Дар шаҳри Тошканд Конгресси 3 - юми байналмилалии Ҷамъияти ҷаҳонии ҳифз, омӯзиш ва тарғиби мероси фарҳангӣ баргузор мегардад. Галереяи санъати тасвирии Ӯзбекистон намоиши нодири «Ганҷи Кӯшон:  Тиллои Дилварзин» - ро ташкил менамояд. 
Сокинони шаҳри Самарқанд бо барномаи фарҳангии «Бозори Шарқ» ва озмуни либоси миллӣ хотири меҳмононро шод хоҳанд намуд. Ҳоло дар майдони Регистони шаҳр Фестивали байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» баргузор гардида истодааст.
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1482

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед