logo

Хабарҳо

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Бахшида ба 28 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Зинда бод, Тоҷикистони озоди ман» мизи мудаввар баргузор шуд.
Лангарӣ Ҷамила Салмон, роҳбари муассиса зикр  кард, ки Истиқлолияти давлатӣ неъмати бебаҳо буда, ҳифзу нигаҳдории дастовардҳои он вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди кишвар аст.
Мавсуф афзуд, ки маҳз ба шарофати саъю кӯшиш ва ибтикороти Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ Ватани маҳбубамон беш аз пеш рушду нумӯ ёфта, обруву нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ болотар меравад.
Мудири шуъбаи ташвиқоту тарғиботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Зуҳро Сафарзода баён дошт, ки ба  истифода додани нақбҳои мошингузар, роҳҳои аҳамияти байналмилалидошта, неругоҳҳо, садҳо корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои фарҳангиву иҷтимоӣ ва амсоли инҳо маҳз дастовардҳои замони истиқлолият мебошанд. Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем ва баҳри ҳифзи он пайваста талош намоем.
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсӣ Муҳаммадтолиб Шокирзода аз   дастовардҳои ҷавонон дар  давраи соҳибихтиёрӣ ёдовар шуда, иброз намуд, ки онҳо ба шарофати дастгириву ғамхориҳои ҳамешагии  Сарвари муҳтарами давлат Эмомалӣ Раҳмон  ба даст омадаанд. Махсусан,  комёбиҳои варзишгарони ҷавон дар мусобиқаҳои гуногуни байналмилалӣ зикр гардид. Аз ин лиҳоз,  таъкид шуд, ки ҷавононро мебояд дар партави  сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумати кишвар  баҳри ободӣ ва гулгулшукуфии Ватан кӯшиш ба харҷ диҳанд.
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2481
27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед