logo

Хабарҳо

Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Пешниҳоди Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сафири созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» (Women Political Leaders) дар Тоҷикистон таъйин намудани  Раҳмон Озода Эмомалӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, аз ҷониби ин созмон тасдиқ гардид.
Тавре аз Маҷлиси миллӣ иттилоъ доданд, ин вазифа нахустин бор дар Тоҷикистон ба зиммаи Раҳмон Озода Эмомалӣ бо дар назар гирифтани хизматҳои назаррас ба ҳайси аъзои парламент ва талоши доимӣ ҷиҳати ба даст овардани ҳадафу иҷрои босамари вазифаҳои он гузошта шудааст.
Таъкид мегардад, ки таҷрибаи ғании корӣ дар вазифаҳои пурмасъули давлатӣ  ва уҳдадориҳои Раҳмон Озода Эмомалӣ дар роҳи рушди ҳадафҳои созмон арзишманд хоҳанд буд.
Ба чунин мақом сазовор донистани зани сиёсатмадори тоҷик аз ҷониби Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол падидаи нав буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ки яке  аз  ҳадафҳои калидии Роҳбарияти Олии Тоҷикистон мебошад, дар арсаи байналмилалӣ низ натиҷаҳои назаррас ба бор меоварад.
Боиси тазаккур аст, ки Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» (қароргоҳашон дар Исландия ва Белгия) бунёди мустақил, байналмилалӣ ва ғайриҳизбӣ буда, занони сиёсатмадори роҳбарро бо мақсади ҳалли мушкилоти байналмилалӣ ва беҳтар намудани манфиатҳои умум бо истифода аз неруи дастаҷамъӣ ва қобилияти онҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ муттаҳид менамояд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2019

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед