logo

сиёсат

ИФТИТОҲИ ЛИТСЕЙ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ БОЛАЁҚАТ

30  август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои наву замонавии Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи № 3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» - ро дар кӯчаи Маҳмадулло Холови ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мавриди истифода қарор доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити нави таҳсил дар ин даргоҳи илму маърифат шинос шуда, бо муҳассилину омӯзгорон суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи № 3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи роҳбарияти шаҳри Душанбе дар доираи омодагиҳо ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе маблағгузорӣ ва бунёд гардида, барои 1200 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.
Иншооти нав дар заминаи гимназияи № 53 ба номи Муҳаббат Маҳмудова бунёд шуда, дорои 65 синфхона ва ҳуҷраҳои дигари ёрирасон мебошад.
Бинои муассисаи нави таълимӣ аз 6 бинои 4 - ошёна иборат буда, дар он муосиртарин шароити донишомӯзӣ барои насли наврасу ояндасози миллат фароҳам шудааст.
Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонии ин муассисаи таълимӣ 30 - юми майи соли 2018 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оғоз гардида буд. Инак, иншоот дар рӯзҳои таҷлил аз 28 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози Соли нави хониши 2019 - 2020 бо сатҳу сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Муассисаи нави таълимӣ дорои 4 синфхонаи лингофонӣ, 2 синфи компютерӣ, синфхонаҳои озмоишгоҳи физика, кимиё, ҷуғрофия, биология, суруд ва мусиқӣ, синфхонаи омодагии дифои ҳарбӣ бо долони тайёрии машқҳои ҳарбӣ, нақшакашии техникӣ, таълими меҳнат, устохонаи коркарди матоъҳо ва технологӣ, устохонаи умумии коркарди филизу чӯб мебошад.
Дар муассиса ҳуҷраҳои духтури дандон ва равоншинос низ мавҷуданд.
Дар литсей бо мақсади ташаккули нутқи хонандагон ва инкишофи зеҳнию мантиқии онҳо ҳуҷраҳои логопедӣ ва арифметикаи зеҳнӣ таъсис дода шудаанд, ки ба таъкиди масъулон ин таҷрибаи нахустин дар муассисаҳои таълимии мамлакат мебошад.
Китобхонаи электронии муассиса бо 25 адад компютер ва хати баландсуръати интернет таъмин гардидааст. Синфхонаи технологияи иттилоотии муассисаи замонавии таълимӣ бо муосиртарин дастгоҳҳои корӣ таъмин буда, дар он барои хонандагон тамоми шароити омӯзишӣ фароҳам карда шудааст. Ҳамзамон, иншооти нав дорои ошхона бо 600 ҷойи нишаст, толори варзиш дар масоҳати 542,8 метри мураббаъ бо 200 ҷойи нишаст ва маҷлисгоҳ бо 450 ҷойи нишаст мебошад.
Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки дар муассисаи мазкур ба касбу ҳунаромӯзии муҳассилон таваҷҷуҳи хосса дода шуда, дар таҳхонаи бино синфхонаҳои технологияи меҳнат барои духтарону писарон, омодагии дифои ҳарбӣ ва студияи хореографӣ бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ кушода шудаанд.
Бо мақсади оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҳавлии муассисаи таълимӣ майдончаи варзишии муосир бо паҳноии 20 ва дарозии 40 метр сохта шуда, дар маҷмӯъ, масоҳати он 800 метри мураббаъро дар бар мегирад. Майдонча барои бозиҳои футбол, волейбол ва дигар намудҳои варзиш пешбинӣ гардида, ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир сохта шудааст. Дар шафати майдончаи варзишӣ, майдони тайёрии ҳарбӣ низ бунёд гардидааст. Дар ҳудуди таълимгоҳ 1 адад трансформатори баландшиддати барқӣ насб гардида, ҳамчунин, иншоот бо системаи гармидиҳии мутамарказонидашуда пайваст мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи бинои литсей баҳои баланд доданд.
Пас аз ифтитоҳи муассиса Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори барҳавои он бо хонандагону омӯзгорон ва аҳли маорифи пойтахт мулоқот намуда, онҳоро ба 28 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли нави хониши 2019 - 2020 табрику таҳният гуфтанд.
Сарвари давлат зимни суханронӣ хонандагону омӯзгоронро ба истифодаи пурсамари шароити муосири донишомӯзӣ ҳидоят карда, аз тадбирҳои муассири давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёду навсозии муассисаҳои типи нав дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо мақсади боло бардоштани сатҳу сифати илмомӯзии насли наврасу ояндасози миллат ёдовар шуданд.
Таъкид гардид, ки барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таълим ва муҳайё намудани имконоти муосири донишомӯзии насли навраси кишвар имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бунёди садҳо муассисаҳои таълимӣ бо назардошти талаботи замон идома дорад ва то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештари онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.
Атрофи литсей дар доираи тадбирҳои ободонӣ дар масоҳати 7 ҳазору 552,9 метри мураббаъ сабзазор ва чароғон карда шуда, намои иншооти таълимӣ шабонгоҳ хеле зебою назаррабо ба назар мерасад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.08.2019    №: 166    Мутолиа карданд: 387
16.07.2020


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО АБДУЛАЗИЗ МУҲАММАД АЛ-БОДИ

ЁВОН. КОНФЕРЕНСИЯ НАҲЗАТИЁНРО МАҲКУМ КАРД

АБДУЛМАҶИД МУМИНЗОД: «БОЛО БУРДАНИ НАРХИ СӮЗИШВОРӢ АСОС НАДОРАД»

ТАҚОЗОИ ЗАМОН. БОЯД БА ТИҶОРАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ГУЗАРЕМ

ТАҶҲИЗОТИ ПАРМАКУНӢ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ

ДМТ. ТАҚСИМОТ МОҲИ СЕНТЯБР СУРАТ МЕГИРАД

ДДОТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

ЁВОН. ПУЛИ МОШИНГАРД БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАД

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020

ҚАЗОҚИСТОН БА ТОҶИКИСТОН ДАСТГОҲҲОИ НАФАСДИҲӢ МЕФИРИСТАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.07.2020


ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 5332 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ХОРУҒ. ВУСЪАТИ БУНЁДКОРИҲО ДАР ПЕШОРӮИ ТАШРИФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ХАДАМОТ. ШАХСОНИ МАСЪУЛ БЕШ АЗ 300 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶАРИМА ШУДАНД

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. 11 112 ИНШООТ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

МУҲИТИ ЗИСТ. 607 ҲОЛАТИ ВАЙРОН КАРДАНИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНГУЗОРӢ

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. ТЕЪДОДИ ҶИНОЯТҲОИ ВАЗНИН ВА МАХСУСАН ВАЗНИН КОҲИШ ЁФТ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ НИМСОЛА

ЛИГАИ БОНУВОН. «ЗЕБО» ВА «ХАТЛОН» ДАР САДРИ ҶАДВАЛ

14.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 80 ДАРСАД РАСИД

ХУҶАНД. КОРХОНАИ «СОМОН ГУРӮҲ» БА ФАЪОЛИЯТ МЕПАРДОЗАД

200 000 СОМОНӢ КУМАКИ БОБОИ МУҲИБ БА ТАБИБОНИ РАШТ

ЭНЕРГЕТИКА. НИЗОМИ МУОСИРИ НАЗОРАТ ВА ҲИСОБИ НЕРУИ БАРҚ

НИГАРОНӢ! 25 ҲОЛАТИ МАЙДААВБОШӢ ДАР ЯК РӮЗ

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ БА 3916 ШАҲРВАНД ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН РАСОНД

ЗАМИНА БА ТУХМИПАРВАРИИ ИБТИДОӢ

ТАДБИРҲОИ ЗАРУРӢ БАРОИ РАФЪ СОХТАНИ МУШКИЛИҲО

“ДАСТ БА ДАСТ”. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ БЕҲТАР ХОҲАД БУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО «МАНЧЕСТЕР СИТИ» ДАР ОН МЕМОНАД

РОССИЯ КАРАНТИНИ ҲАТМӢ БАРОИ ВОРИДШУДАҲОРО БЕКОР КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТОҶИКИСТОН. 5228 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЁРӢ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТИИ ВМКБ

ТОҶИКОБОД. ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКАИ БАРВАҚТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед