logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ФОРМУЛАИ  НАҶОТ
Баҳори соли 2019 дар Конгресси аврупоии паразитологҳо вақте аҳли толор ба ифтихори кашшофи ҷавони тоҷик Давлат Ёқубов давоми 10 дақиқа рост истода, қарсакзанӣ намуданд, ин як воқеаи ғайричашмдошт буд. Ин ҷавони тоҷик бо вуҷуди он ки ҳанӯз донишҷӯ аст, формулаеро ихтироъ кард, ки барои раҳоӣ аз вируси папиллом ва паразитҳо, ҳамчунин, пешгирӣ аз онҳо метавонад мусоидат намояд.
Вақте Давлат сабаби ба ин кор даст заданашро фавти модараш маҳз аз ҳамин беморӣ гуфт, аҳли толор якбора  ба ваҷд омада, ба по хестанд ва бо ҳаяҷон каф мекӯфтанд.
- Пас аз нашри ихтироам, дарҳол харидорони зиёде ба ман таваҷҷуҳ карданд. Нафари аввал, ки хориҷӣ буд, формуларо 120 ҳазор евро арзиш дод. Баъдтар як холдинги фарматсевт хоҳиш намуд, ки онро ба маблағи 35 миллион доллари ИМА фурӯшам, вале ман дар қатори дархостҳои дигар талаби онҳоро низ рад кардам. Агар  формулаи ихтироъкардаамро фурӯшам, соҳиби нав патент гирифта, истеҳсоли онро ба дигарон манъ мекунад ва ба ин васила арзиши табобат ниҳоят баланд мешавад. Ҳадафи аслии ман бошад,  пеш аз ҳама хизмат ба халқу Ватани худ аст, - мегӯяд Давлат Ёқубов.
Воқеан, ин донишҷӯи тоҷик барои ихтирои нодираш мукофоти олии соҳаи тибби кишварро сазовор гаштааст, ки ҳалолаш бод!
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


ЗОҲИД ВА ОСИЁББОН
Зоҳиде халтаи гандумашро бо мақсади орд кардан ба осиёб бурд. Осиёбон онро дар навбат гузошт.
Зоҳид гуфт: «Агар гандуми маро зудтар, бе навбат орд накунӣ, дуо мекунам, ки харат санг бишавад».
Осиёббон дар посух изҳор дошт: «Ту, агар чунин мустаҷобуддуо бошӣ, дуо бикун, то гандумат орд бишавад!»
Таҳияи Зебунисо ҲАМИДЗОДА


ПИКАССО ВА «СЕҲР»-И ҚАЛАМ
Рассоми шаҳир Пабло Пикассо баъди хӯроки шом, ки, одатан, дар тарабхона мехӯрд, ба хона баргашта, дуздеро дид, ки ӯро ғорат дорад. Рассом бе он ки амале нишон диҳад, мӯқалам гирифта, портрети дуздро кашид ва пагоҳӣ дилпур бурда ба полис дод. Дере нагузашта, дар асоси ин «портрет», 20 гумонбар, 3 автобус, ду асп, ду банкаи консерва ва як дона пармача (штопор) дастгир ва ба шуъбаи полис оварда шуданд.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзоди ҚУРБОНАЛӢ


ХУШБИНҲО БЕШТАР ЗИНДАГӢ МЕКУНАНД
Олимони Донишгоҳи Бостон дар натиҷаи тадқиқоти навбатиашон ба чунин хулоса омадаанд, ки хушбинҳо (оптимистҳо) нисбат ба одамони ба зиндагӣ назари пессимистӣ дошта зиёдтар умр мебинанд. Дар натиҷаи тадқиқот онҳо муайян кардаанд, ки дарозии умри оптимистҳо нисбат ба пессимистҳо 15 дарсадро ташкил медиҳад.
Олимон сабаби инро дар он мебинанд, ки хушбинҳо тарзи ҳаёти солимро интихоб намуда, аз хислатҳои бадашон ба зудӣ халос мешаванд. Азбаски ба худ боварии комил доранд, корҳояшон бештар барор мегирад.
Аз ҳама муҳимаш хушбинҳо зуд асабӣ намешаванд ва аз ҳолати стресс ба осонӣ мебароянд. «Газета.ру»  ин хабари хешро бо хулосаи олимон ба охир расондааст, ки дар хотир гирифтанаш хеле муҳим мебошад: «Хушбинӣ модарзодӣ нест, онро аз бар кардан мумкин аст. Танҳо барои ин як каме хоҳиш лозим мешаваду бас!»
Таҳияи Манзура ШАМСОВА


ЧЕМПИОНҲОИ ҶАҲОН ОИД БА ШОҲМОТ
Бояд гуфт, ки давраи солҳои 1993 – 2006 дар таърихи шоҳмот «замони пурошӯб» номида мешавад. Дар ин давра мубориза барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ дар ду шоха – ФИДЕ (Федератсияи байналмилалии шоҳмот, санаи ташкилёбиаш 20 июли соли 1924) ва ПША (Ассотсиатсияи шоҳмоти касбӣ (АШК), соли ташкилёбиаш 1993, соли барҳамхӯриаш 1996, соли 2006 ФИДЕ бо ПША (АШК) якҷоя шуд) сурат мегирифт. Ба ғайр аз ин, унвони чемпионӣ дар ин давра дар шакли турнир – зӯрозмоӣ мегузашт, на дар мусобиқаҳо. Ғолиби зӯрозмоӣ бар довталаб унвони чемпиони ҷаҳонро ба даст меовард. Аҳамияти ғалабаро дар мубориза барои чемпионӣ касе кам карданӣ нест. Аммо қимати унвони чемпионӣ дар ин давра каме поинтар аст, нисбат ба он ки дар мусобиқаҳо ба даст омада бошад. Ин нуқтаи назари як муаллиф ё шореҳ нест, балки баҳои ҷаҳони шоҳмот аст.
Чунин ба ҳисоб гирифтаанд, ки дар шоҳмоти классикӣ ҳамагӣ 16 нафар чемпиони ҷаҳон ҳаст. Инҳо ҳамонҳоеанд, ки унвони чемпиониро дар мусобиқаҳои расмӣ ба даст овардаанд. Дар бораи онҳо муфассал сухан меронем.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ
(Идома дорад)


ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.

Табдили ададҳои хурд ба ададҳои калон ва баръакс
1. Як километр нисбат ба як миллиметр чанд маротиба дарозтар аст?
2. Як миллион дақиқа чанд шабонарӯз хоҳад шуд?
3. Як миллион миллиметр чанд километрро ташкил мекунад?
4. Агар дарозии қадами одам ба 0,75 метр баробар бошад, ӯ миллион қадам гузошта, кадом масофаро тай менамояд?
5. Дар як метри мураббаъ чанд миллиметри мураббаъ мавҷуд аст? Дар як гектар чӣ?
6. Чанд тапишро дили одам дар 75 сол иҷро мекунад, агар он дар як дақиқа ба ҳисоби миёна 75 маротиба битапад?
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Писари  Эйнштейн
 Физики чех Людек Закели 63 - сола бо як ҷасорат  таъкид мекард, ки вай писари Алберт Эйнштейн аст. Вай гӯё ки ӯро ҳангоми дар Прага будани Эйнштейн ба дунё омадаасту дар тифлиаш душманон бадқасдона иваз намуда, дар Прага нигоҳ доштаанд ва ӯ тамоми умр дар ин ҷо зистааст.  Вақте ки мақомоти дахлдор суханони қатъии Закелро санҷиданд, ҳавоӣ будани гуфтори олим равшан шуд. Онҳо муқаррар карданд, ки писари хаёлии Эйнштейн, эҳтимол физики барҷаста бошад, вале дар илми риёзӣ тамоман бесавод будааст. Гап дар сари он ки Эйнштейн дар Прага танҳо як сол дар соли 1911 зистааст, пеш аз он ки ӯро дар соли 1912 ба Сюрих ва баъд дар соли 1913 ба Берлин даъват бикунанд. Аз ин мебарояд, ки айни замон бояд Закел 80 – сола мешуд, на 63 - сола. Муфаттишон гуфтанд, ки Людеки муғамбир шояд мехост бо ин дурӯғаш ба ИМА раводид бигирад, зеро Эйнштейн дар соли 1933 иҷборан ба Амрико муҳоҷир шуд ва шаҳрвандии ин кишварро соҳиб гашт.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


ДЮМА ВА САРМОЯИ АСОСӢ
Дюмаи аллакай мӯйсафед ва бечораву ноилоҷ, дари ҳавлии писарашро кӯфт, то ба ӯ сарпаноҳ диҳад. Пул ҳам надошт, аз тамоми дороияш ҳамагӣ 40 франк боқӣ монда буду халос. Бо вуҷуди ин, вақте писараш бо киноя гуфт, ки аз ноуҳдабароӣ ҳамаи сарваташро бар бод додааст, Дюма бо эътироз ҷавоб дод:
- Дар ҷавонӣ, замоне ки ман аз деҳа ба Париж омада будам, дар кисаам ҳамагӣ 40 франк доштам. Яъне, то имрӯз ман сармояи асосиямро аз даст надодаам.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалимаи ҚУРБОНАЛӢ


НАМУНАИ ОЛИИ САНЪАТИ МЕЪМОРИИ РОССИЯ
Рушди меъморӣ, бахусус бунёди хонаҳои зебову назаррабо, дар Россия аз давраи густариш пайдо кардани ҳамкории ин кишвар бо давлатҳои Аврупо маншаъ мегирад. Иншооти хуштарҳу ҷаззоби Санкт - Петербург  дар асоси санъати меъмории Аврупо, бо омехтагӣ бо унсурҳои санъати меъмории миллӣ, бунёд гардидаанд. 
Зеботарин бинои Санкт - Петербург маҳсули дасти меъмор Петр Бойтсов мебошад, ки диққати сайёҳону ҷаҳонгардонро бештар ба худ ҷалб кардааст. Он дорои манора, боми шерозадор, аркҳои якҷояшуда ва сутунҳои мунаққаш буда, намояш хеле ҷолиб мебошад.
Таҳияи Лола РИЗОӢ


2 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ҲОСИЛИ ЯК ДӮСТӢ
Сюзан Хук ва Марта МакКаллум беш аз 50 сол аст, ки бо ҳам дӯстӣ доранд. Пас аз он ки ҳар ду танҳо монданд, тасмим гирифтанд, ки якҷоя зиндагӣ намоянд.
Вақте ки ин ду сокини Канада билети лотереяро бо ҳам пур мекарданд, гумон надоштанд, ки соҳиби бурди калон мешаванд.  Вале лотереяи «ИС/49» ба онҳо 2 миллион доллар овард.
«Аввал бовар накардем. Чун аз ширкат занг зада, моро табрик намуданд, боварӣ ҳосил кардем», - мегӯяд Сюзан. Ба қавли Марта ин бурд дӯстии онҳоро халалдор накарда, баръакс қавитар намудааст.
Таҳияи Гулистони ҚАДАМСАИД


АСБОБҲОИ НОДИРИ МУСИҚӢ
2. БАЗАНТАР
Як оҳанги мусиқӣ дар 29 тор
Соли 1993 аз ҷониби оҳангсоз ва тарроҳи машҳури амрикоӣ    Марк Дейч серпаҳлутарин асбоби мусиқӣ бо номи базантар офарида шуд. Базантар дорои 29 тор буда, тарзи навохтанаш мисли асбобҳои ғижакмонанд мебошад. Вазифаи 5 асбоби мусиқиро иҷро мекунад ва дар қатори асбобҳои нотакрори олам ҷой гирифтааст.
Таҳияи  Гулнисои САЪДОНШО


АЗ ОЛАМИ АҶИБИ ҲАЙВОНОТ
4. Горилла
Ба туфайли бозувони инкишоф- ёфтааш горилла вазни то ду тоннаро бардошта метавонад. Дар ҳоле, ки вазни худаш 250 килограммро ташкил медиҳад. Яъне, горилла вазни аз худаш 8 маротиба вазнинро бардошта метавонад.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


МАЛИКАИ ҲУСН ДАР АРОБАЧАИ МАЪЮБӢ
Касе аз мушкилоти ночиз нолон аст, дигаре ба кори дунё бо табассум менигарад. Ба монанди Ирина Петровская. Ирина ҳунарҳои зиёд дорад: ӯ се маротиба дар марафон ҷоиза ва соли 2012 дар озмуни маликаи ҳусн шоҳҷоизаро ҳам ба даст овардааст.
Вай бо пойҳояш ба замин нарасида мерақсад, чунки Ирина ба курсии маъюбӣ нишастааст. Дар байни машғулиятҳои гуногуни Петровская парвариши аспҳо ҷои махсусро ишғол мекунад.
Мутаассифона, маҳз ҳамин ҳайвонҳои зебо ҳаёташро тағйир доданд. 9 сол пеш ӯро асп кашида бурду миёнаш захмдор гардид. Бо вуҷуди он ки пойҳояш аз кор монданд, вай рӯҳафтода нашуд.
Ирина ҳар рӯз собит менамояд, ки одамони маъюб низ метавонанд аз зиндагӣ ҳаловат баранд.
Таҳияи Наргис АТОЕВА


МИЛЛИОНЕРҲОИ АЗ ГӮШТ «ҚИМОБ»
Собиқ Президенти ИМА Билл Клинтон баъди гирифтор шудан ба бемории дил 15 сол аст, ки гӯшт намехӯрад.
Асосгузори «Twitter» Биз Стоун низ 10 сол боз аз гӯшт парҳез кардааст. Муассиси «Detlam Records» Расал Симонс бошад, барои ҳифзи ҷони ҳайвонот гӯшти онҳоро истеъмол намекунад.
Собиқ мири шаҳри Ню - Йорк Кори Букер 20 сол ва собиқ роҳбари «Уолт Дисней» Майкл Эйнер аз соли 1994 инҷониб гӯшт нахӯрдаанд.
Ҳунарпешаи маъруфи Голливуд Вин Дизел низ чанд сол қабл аз хӯрдани гӯшт даст кашид.
Таҳияи Умар АЛӢ


КАЛОНТАРИН МУОМИЛОТИ  МОЛӢ ДАР ТАЪРИХ
Президент Доналд Трамп омодагии ИМА-ро ба хариди калонтарин ҷазираи Замин - Греландия, иброз дошт. Васоити ахбори омма ҳатто маблағи 600 миллион долларро, ки Амрико омодааст ба Копенгаген ҳамасола пардохт намояд, ном бурдаанд.
Аввалин муомилоти бузурги молии Ҳукумати ИМА соли 1803 хариди Луизианаи Фаронса маҳсуб мешавад, ки ҳудудаш 2, 1 миллион километри мураббаъ мебошад. Дар оғоз Амрико мехост аз Фаронса танҳо Орлеани Навро бо минтақаҳои атрофаш бихарад. Вале Наполеон, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои низомӣ ба сармояи зиёд ниёз дошт, ба Амрико пешниҳод намуд, ки кулли Луизианаро ба арзиши 15 миллион доллар (80 миллион франк) бигирад.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


ИНШОИ ОРЗУ
Боре гурӯҳи хонандагони шаҳри Сан - Исидрои Испания барои саёҳат ба манзили фермери муваффақ Монте Роберт омада, дар тааҷҷуб афтоданд. Баробари дидани ин макон роҳбари гурӯҳ - омӯзгори солор ба назди Роберт рафта, гунаҳгорона гуфт: «Хеле мутаассифам, ки орзуҳои кӯдакони зиёдеро барбод додаам. Вале хурсанд аз онам, ки  ту ҷасорат карда,  орзуҳои хешро амалӣ намудӣ».
Ин ҳамон муаллиме буд, ки дар вақташ ба иншои Монте баҳои ду гузошта буд.
Иншо таҷассумгари орзуву ормони як писарбачаи 16 - сола буд. Монте орзуҳои худро дар иншояш муфассал баён менамуд. Вале, ғайри  чашмдошт, муаллим ба ӯ баҳои «ду» гузошта, фармуд, ки аз нав иншо нависад. Ӯ таъкид намуд, ки аз баҳри орзуҳои осмонӣ баромада, чизеро иншо намояд, ки ба ҳақиқат наздик бошад. Монте пас аз дарс иншоашро ба хона оварда, ба падараш нишон дод ва аз ӯ маслиҳат хост. Падар ба писар гуфт: «Писарам, дар ин масъала маслиҳат дода наметавонам.  Ин интихоби туст». Монте иншои худро бо чунин илова ба омӯзгораш баргардонд: «Баҳоятонро ба шумо бармегардонам, аммо аз орзуҳоям даст намекашам».
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


АСРОРИ МАДФАНГОҲИ НЕФЕРТИТИ
Нимпайкараи  шоҳбонуи  беназир Нефертити (завҷаи Эхнатон), ки тахтнишини  шоҳигарии фиръавнҳо буд, дар осорхонаи  шаҳри  Берлин  маҳфуз аст.  Онро  бори аввал Людвиг Борхардт ҳангоми гузарондани  корҳои  ҳафриётӣ  дар қасри куҳани шаҳри  Ахетатони  Миср пайдо намуд. Ин бозёфти нодири таърихӣ пажӯҳишгарони ҷаҳонро дар ҳайрат гузошт. Зеро то ҳанӯз ҷасади мумиёшудаи Нефертитиро касе  пайдо накарда буд. Воқеан, ҳайратовар аст, ки нимпайкараи тайи 3000 сол зери шикастапораҳо хуфта бегазанд  мондааст.
Эхнатон ба хотири муҳаббати бепоёнаш ба шоҳбону, дар шаҳри Фива мадрасаи бузург  ва замони ҳаёт ба сар бурдани завҷааш  оромгоҳеро бунёд кард, ки  бо амри тақдир дар он худи фиръавнро ба хок супурданд.
Нефертити ҳамагӣ 30 сол умр дидааст.
Таҳияи  Иронбӣ МӮСОЗОДА


КӢ БЕҲТАР: МЕССИ Ё РОНАЛДУ?
ДОНИШМАНДОН БАРОИ ҲАЛЛИ ОН ФОРМУЛА КАШФ КАРДАНД
Олимони Донишгоҳи Лёвени Белгия барои муайян кардани яке аз суолҳои асосӣ, ки давоми даҳсолаи охир боис ба баҳсу мунозираи зиёд миёни мухлисони футбол гаштааст, формулаи махсус тартиб доданд.

Номи формула «VAEP» буда, дар он баробари ҳисоб кардани гол ва партофтҳои головари ин ду нобиғаи футболи муосир нишондодҳои нав -  зарбаҳо, дриблинг, поғеҷ ва амалу ҳаракоти дигар, низ ба инобат гирифта мешавад. Муҳаққиқон нишондодҳои омории ин ду футболбозро аз соли 2013/14 то 2018/19 бо ҳам муқоиса намуда, ба чунин натиҷа расиданд: «Дар мавсимҳои аввал нишондодҳои Роналду ва Месси тақрибан яксон буданд. Аммо аз мавсими футболи 2015/16 Месси аз рақиби хеш пеш гузашт”.
Тибқи формулаи “VAEP”, ба ҳисоби миёна нишондоди Месси дар як бозӣ ба 1, 21 ва аз Роналду ба 0, 61 баробар будааст.
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ


ТИМСОҲИ «БАДАХЛОҚ»
Тӯли як сол сокинони ҷазираи Батерсти Австралияро тимсоҳи бадҳайбате ба ташвиш оварда буд. Аз болои ин хазандаи «бадахлоқ», ки 600 килограмм вазн дорад, на танҳо сокинон, балки ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқ низ шикоят бурданд ва ниҳоят Хадамоти наҷоти ҳайвоноти ин кишвар  хазандаро, ки ба мардум зарари зиёд расонда буд, дастгир намуд.
Мутахассисони соҳа зикр мекунанд, ки тимсоҳ ниҳоят бадхашм буда, ҳар вохӯрӣ бо вай ба ҳодисаи нохуш оварда мерасонад. Кормандони хадамот барои дар фермаи махсус ҷой додани он ба мувофиқа расиданд. Баъди ташхис байторҳо ба ин хулоса омаданд, ки тимсоҳ шояд боз 50 соли дигар умр бинад.
Таҳияи Анвар ҲАФИЗ

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.08.2019    №: 166    Мутолиа карданд: 599

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед