logo

иқтисод

ҲАДАФИ ЧОРУМ. ЗИНДАГӢ РАНГИ ТОЗА МЕГИРАД!

Бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръат дар мамлакат пайи ҳам гомҳои устувор гузошта мешаванд. Гурӯҳи журналистони ватанию хориҷӣ бо ибтикори ҶСП «ТАЛКО Голд» ба мавзеи сохтмон сафар карда, бо рафти бунёди корхонаи бузурги истихроҷу коркарди маъдан дар гурӯҳи конҳои Кончочи ноҳияи Айнӣ шинос шуданд.
Санги асоси ин корхонаи бузурги саноати кӯҳиро, ки дар заминаи се минтақаи (Чулбой, Кончоч, Шахкон) кони маъдани Кончоч бунёд меёбад, 24 июни соли 2018 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта буданд. Ба анҷом расондани корҳои сохтмонӣ ва истеҳсоли тиллою сурма ва металлҳои дигар моҳи марти соли 2020 тарҳрезӣ шудааст.
Ба кор пардохтани маҷмааи корхонаҳои мавзеи Кончоч имконият фароҳам меорад, ки Тоҷикистон аз рӯи истеҳсоли сурма дар ҷаҳон ба ҷои сеюм (баъди Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Россия) барояд. Ҳамчунин, татбиқи ин лоиҳа барои Тоҷикистон манфиатҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дорад. Дар ин корхонаҳои саноатӣ дар марҳилаи аввали истеҳсолӣ 600 ва марҳила ба марҳила – бо ба кор даромадани иқтидорҳои дигар то 1500 шаҳрванди кишвар соҳиби ҷои кори доимӣ ва маоши хуб мешавад.
Дар Кончоч истеҳсоли панҷ намуди филизот - тиллою сурма (асосӣ), нуқра, симоб, флюролит ва унсурҳои ҳамроҳ дар назар аст.
Кайҳо боз маълум аст, ки Тоҷикистон аз рӯи захираҳои сурмаю нуқра на танҳо дар Осиё, балки дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад. Тибқи маълумоти оморӣ, Тоҷикистон кишвари сарватҳои зеризаминӣ буда, то ин дам беш аз 600 кон ва 800 зуҳуроти конмонанди канданиҳои фоиданок кашф шудаанд, яъне барои саноатикунонии мамлакат захираи кофию боэътимод мавҷуд аст. Дар конҳои Кончоч, тибқи хулосаи мутахассисон, захираи сурма қариб 265 ҳазор, тилло 50, фторит 76650, нуқра қариб 60 ва симоб қариб 1200 тоннаро ташкил медиҳад.
15 декабри соли 2017 КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» ва «Ширкати саноати кӯҳии Тибет» - и Ҷумҳурии Мардумии Чин (TIBET HYA YU – ТИБЕТ ҲУА УЙ) шартнома дар бораи таъсис додани корхонаи муштараки ҶСП «ТАЛКО Голд» - ро ба имзо расонданд. Саҳмдорони асосии ин ҷамъияти саҳомии пӯшида низ КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» ва «Ширкати саноати кӯҳии Тибет» мебошанд. Айни ҳол барои ҷалби сармоя ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои саноатии ҷамъияти саҳомӣ сармоягузорони маъруфи ҷаҳонӣ, аз ҷумла муассисаҳои бузурги молиявию истеҳсолӣ, ҷалб карда мешаванд. ҶСП «ТАЛКО Голд» дар қатори корхонаҳои азими «ТАЛКО», аз ҷумла «ТАЛКО Кабел» - яке аз калонтарин корхонаҳои истеҳсоли кабел дар Осиёи Марказӣ, «ТАЛКО Ресурс» - бузургтарин таъминкунандаи корхонаҳои энергетикии Тоҷикистон бо ангишт, «ТАЛКО Кемикал» - истеҳсоли фториди алюминий ва криолит, «ТАЛКО флюорит» - истихроҷ ва коркарди маъдан, «ТАЛКО Узавто ТРАК» - корхонаи муштараки истеҳсоли мошинҳои боркаш ва сабукрав), рушди соҳаи нисбатан нав – энергометаллургия, яъне истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатпазири барои содирот ва хоҷагии халқи мамлакат муҳимро самти асосии фаъолият қарор додааст.
Моҳи декабри соли 2015 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи тадбирҳо оид ба дастгирии КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» ба «ТАЛКО Голд» ҳуқуқи истифодаи конҳои гурӯҳи Кончочро дод, ки аз се иншоот (объект) иборат аст:
1. Кони Чулбой (тиллою нуқра).
2. Кони Кончоч (флюорит, тилло, нуқра, симоб).
3. Шахкон (тилло, сурма, флюорит, нуқра, симоб).
Ҳадаф дар заминаи конҳои кашфшуда таъсис додани иқтидорҳои саноатии дар муҷтамаи ягонаи истеҳсолӣ муттаҳид, иктишофи минбаъдаи конҳои маъдан, сохтмони фабрикаи ғанисозии тиллою сурма ва бунёди корхонаи бузурги металлургӣ барои аффинажи (ҷудо карда гирифтани) тилло, сурма, нуқра, симоб ва филизоти дигар, яъне то ҳадди маҳсулоти тайёр коркард намудани маъданҳои истихроҷшуда  мебошад.
«ТАЛКО Голд» ба нақша гирифтааст, ки давоми солҳои 2019 – 2020 татбиқи лоиҳаҳои инвеститсиониро идома дода, муҷтамаи саноатии ҶСП «ТАЛКО Голд» - корхонаи истихроҷи маъдан, фабрикаи ғанисозӣ, корхонаи металлургӣ ва иншооти зиёди инфрасохторӣ бунёд намояд. Оғози истеҳсоли тилло ва сурма дар моҳи марти соли оянда ба нақша гирифта шудааст. Воқеан, ҷои таъкид аст, ки ҳаҷми истеҳсоли сурма дар ҶСП "ТАЛКО Голд», тибқи нақша, беш аз 10 % ва бо назардошти муттаҳидонии фаъолияти он бо саҳмдорон 27 % - и истеҳсоли ҷаҳонии сурмаро ташкил хоҳад дод.
Айни ҳол дар Кончоч корҳои коркарди шабакаи кон, лоиҳакашӣ, пармасозӣ, чоҳу нақбканӣ, бунёди фабрикаи ғанисозӣ бо иқтидори истеҳсолии шабонарӯзии 5 ҳазор тонна, шабакаи таъминот бо об, шаҳраки бинокорон, коргоҳи таъмири техникаю таҷҳизот, истгоҳи таъминот бо сӯзишворию равғанҳои молиданӣ, анборҳои нигоҳдории маҳсулот ва моддаҳои барои сохтмон зарурӣ, иншооти иҷтимоию маишӣ, ёрирасон, роҳу пулҳо, обпартовҳо, кашидани хатҳои барқи дохилию берунӣ ва амалҳои дигар идома доранд.
Бо амалӣ гардидани лоиҳаи бунёди корхонаҳо истеҳсоли тиллои холис (АU 99,99 %) 2,2 тонна, сабикаи сурма (Sв 99,85 %) 15 ҳазор тонна ва сафедоби сурма ((Sв 2 03 99,5 %) 6 ҳазор тоннаро ташкил хоҳад дод. Фурӯхтани маҳсулот ба Ҷопон, Чин, Ҳиндустон ва кишварҳои Амрикои Шимолию Аврупо дар назар аст. Бунёди корхонаи нави металлургӣ ҷалби тақрибан 50 миллион доллар маблағи иловагиро тақозо менамояд. Дар ин ҷода саҳомон – ҶСП «ТАЛКО Голд», КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» ва «Ширкати саноатиии маъдани тибетии Ҳуаюй» корҳои тарғиботии ҷалби сармояро ба роҳ мондаанд.
Тавре ба гурӯҳи хабарнигорони ватанию хориҷӣ, ки дар мавзеи Кончоч бо рафти корҳои сохтмонӣ шинос шуданд, сардори департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» Игор Сатторов иттилоъ дод, як паҳлуи дигари судмандии сохтмон он аст, ки бо такмил ёфтани инфрасохтор, хусусан, таъмиру бунёди роҳҳо ва иншооти дигари барои сайёҳон зарурӣ (воқеан, мавзеи сохтмон чанд километр болотар аз Искандаркӯли машҳур воқеъ аст), шумораи ҳавасмандони Искандаркӯл низ меафзояд ва даромади сокинони маҳал низ ба куллӣ меафзояд.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.09.2019    №: 167-168    Мутолиа карданд: 347

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед