Хабарҳо
РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ
Бо мақсади рушду муаррифии имкониятҳои сайёҳии мавзеъҳои шаҳри Роғун, бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 5 хатсайри нави сайёҳӣ – «Хоҷа Ҷунайд», «Ёнахш», «Гули Сурх», «Луғур» ва «Марғзор» таъсис ёфт.
Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ доданд, хатсайри «Хоҷа Ҷунайд» мавсимӣ буда, барои саёҳати пиёдагардӣ, экологӣ, кӯҳнавардӣ, таърихию фарҳангӣ пешбинӣ мешавад.
Хатсайри «Ёнахш» бошад, аз маркази шаҳр дар масофаи 30 километр воқеъ аст. Зимни гардишгарӣ сайёҳон метавонанд аз манзараҳои зебои деҳаҳои Чормағз, Пору, Фаррух, Ғофилобод ва Ғашён дидан намоянд. Хатсайрҳои «Гули Сурх», «Луғур» ва «Марғзор» бошанд, барои сайёҳии пиёдагардӣ нигаронда шудаанд.
Мафтуна НУРИДДИН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1427