logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОХТМОНИ МЕҲМОНХОНАҲОИ ЗАМОНАВӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ РАСМАН ОҒОЗ БАХШИДАНД

4 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат ба сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадори «Дипломат» оғози расмӣ бахшида, бо лоиҳаи он шинос гардиданд.
Меҳмонхонаи панҷситорадори «Дипломат» аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рушди Осиё» дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе дар кӯчаи Бохтари ноҳияи Исмоили Сомонӣ бунёд мегардад. Иншооти нави хизматрасонӣ - сайёҳӣ дар доираи нақша – чорабиниҳо ба хотири татбиқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ сохта мешавад.
Соҳибкор Баҳром Ашӯрматов ба хотири истиқболи сазовор аз 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо мақсади мусоидат ба рушду пешрафти шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки меҳмонхонаи замонавии панҷситорадори 16 - ошёнаро бо назардошти талаботи байналмилалӣ бо сифати баланд ва тарҳи муосири хизматрасонӣ бо имкони қабули зиёда аз 150 нафар меҳмон дар як вақт сохта ба истифода диҳад.
Тибқи лоиҳа иншоот аз 80 ҳуҷра, аз ҷумла 2 ҳуҷра барои шахсони воломақом, 8 ҳуҷраи люкс, 20 ҳуҷраи нимлюкс ва 50 ҳуҷраи муқаррарӣ бо шароити муосир иборат мебошад.
Дар меҳмонхона як қатор инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла 4 толори маҷлис, таваққуфгоҳи зеризаминӣ, 1 тарабхона, 2 қаҳвахона, ҳавзи шиноварӣ, 2 кошонаи ҳусн, ҳуҷраҳои корӣ ва 2 толори варзишию солимгардонӣ барои мизоҷон фароҳам карда мешавад.
Дар рафти корҳои сохтмонӣ дар меҳмонхонаи баландошёнаи «Дипломат» 300 нафар ва баъди пурра ба истифода додани он 160 нафар шаҳрванд бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегардад. Дар доираи тадбирҳои ободонӣ атрофи бинои меҳмонхона дар масоҳати наздики 500 метри мураббаъ кабудизор карда мешавад.
Аснои шиносоӣ бо лоиҳаи меҳмонхона ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки аксар масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди ин иншооти муосири хизматрасонӣ – сайёҳӣ дар пойтахти мамлакат аз истеҳсолоти худи ҷамъияти «Рушди Осиё» дастрас ва истифода хоҳад шуд, ки дорои сифати баланд мебошанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо тарҳи меҳмонхонаи муосир ба иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати иҷрои босифати корҳо, риояи талаботи муосири сохтмонӣ ва истифодаи санъати баланди меъмории миллӣ дар вақти ороишоти дохил ва беруни иншоот, инчунин, истифодаи масолеҳи баландсифат дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

4 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт барои сохтмони маҷмааи баландошёнаи бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиркунии меҳмонхонаи замонавии панҷситорадори 24 - ошёна ва ду адад апартаментҳои қароргоҳии 18 - ошёнаи "GRAND RUDAKI TOWER" санги асос гузоштанд.
Иншоот бо назардошти талаботи муосири хизматрасонӣ бунёд ёфта, сохтмони он дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе бо сатҳу сифати баланд ва талаботи муосири меъмориву шаҳрдорӣ анҷом дода мешавад. Бинои меҳмонхонаи панҷситорадор аз 24 ошёна иборат буда, ҳамчунин, ду бинои 18 - ошёнаи апартаментҳо низ дар шафати он бунёд мегардад.
Маҷмаа аз ҷониби ҶДММ "Себистон - 2018" бунёд шуда, дорои 141 ҳуҷра мебошад ва имконияти қабули меҳмонони сатҳи олиро хоҳад дошт. Аз ҷумла, меҳмонхонаи панҷситорадор дорои 2 ҳуҷраи президентӣ, 30 ҳуҷраи люкс ва нимлюкс, 20 хонаи дуҳуҷрагӣ ва 100 ҳуҷраи маъмулӣ мешавад.
Зимни муаррифӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки маҷмааи мазкур дорои имкониятҳои васеи хизматрасонии фароғатӣ буда, тибқи тарҳи омодагардида дар ҳудуди иншоот 2 тарабхона, 1 тӯйхона, 2 қаҳвахона, маркази дилхушии кӯдакон ва 4 адад толори маҷлисӣ низ ҷой мегиранд. Пас аз бунёди он барои мизоҷон SPA - хизматрасониҳо низ пешниҳод мегарданд, зеро дар ин ҷо бунёди 2 ҳавзи шиноварӣ, 2 кошонаи ҳусн ва 2 толори варзишиву солимгардонӣ дар назар аст. Дар ошёнаҳои болоӣ дафтарҳои корӣ бо назардошти тамоми шароити муосир, ки мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ хоҳад буд, бунёд гардида, осорхона, гӯшаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ дар маҷмаа ҷой дода мешаванд. Дар иншоот, ҳамчунин, чор ошёнаи дигар барои таваққуфгоҳи нақлиёт пешбинӣ гардидааст.
Оғози сохтмони маҷмаа идомаи корҳои ободониву созандагӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе буда, туҳфаи арзандаест дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ. Зеро бунёди ин ва дигар иншооти хизматрасонӣ заминаи мусоидро барои рушди соҳаи сайёҳии кишвар фароҳам оварда, метавонанд ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ хизматрасониҳои сатҳи байналмилалиро пешниҳод намоянд. Бунёди иншооти мазкур дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе бо намои зебову муосир ба ҳусни пойтахт зебоии дигар зам хоҳад кард.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ масъулонро вазифадор намуданд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, иншоотро мувофиқи нақшаи тасдиқгардида дар муҳлати муқарраршуда сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

4 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар яке аз мавзеъҳои зебоманзари пойтахт - кӯчаи Низомии Ганҷавии ноҳияи Сино бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои бисёрфунксионалии баландошёна оғози расмӣ бахшиданд.
Ҳангоми муаррифии лоиҳаи иншоот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бино аз меҳмонхонаи 5 -  ситорадор ва маркази тиҷоратии бузург иборат аст.
Тибқи лоиҳа ин маркази бузурги бисёрфунксионалӣ аз ду бино иборат буда, дорои меҳмонхонаи 20 - ошёна ва маркази тиҷоратии 17 - ошёна мебошад. Шумораи умумии ҳуҷраҳои меҳмонхона 160 адад буда, аз 2 ҳуҷра барои меҳмонони воломақом, ҳар яке бо масоҳати 250 метри мураббаъ дар ошёнаҳои 12-ум ва 15-ум, 13 ҳуҷраи люкс, ки масоҳати ҳар яки онҳо 80 метри мураббаъ, 35 ҳуҷраи стандартӣ мебошад. Дар маҷмӯъ, меҳмонхона барои 300 нафар имкони будубош ва бунёди иншооти мазкур дар таъсиси 150 ҷойи нави корӣ аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ замина фароҳам меорад.
Мувофиқи лоиҳа масоҳати умумии бинои бисёрфунксионалӣ қариб 1 гектарро ташкил дода, фармоишгар ва лоиҳакаши он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элит – Строй - Сервис» мебошад.
Меҳмонхона бо ба инобат гирифтани унсурҳои миллӣ ва муосири шаҳрсозӣ сохта мешавад. Дар дохили бинои бисёрфунксионалӣ марказҳои хизматрасонӣ, фароғатӣ, ҳуҷраҳои корӣ, тарабхона, қаҳвахона, SPA-ҳавзи шиноварӣ, толори варзиш, мағозаҳо, толори синамо ва ғайра пешбинӣ гардидаанд.
Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати бо сифат ва ҷавобгӯ ба талаботи меъморию шаҳрсозӣ, муҳайё сохтани шароити хизматрасонии сатҳи байналмилалӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.
Иншооти муосир дар муҳлати 2 сол дар доираи вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва ба истифода дода мешавад.
Ҷиҳати ба танзим даровардани воситаҳои нақлиёт таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои 200 автомобил сохта хоҳад шуд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 200 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори мавсимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳад гашт.
Иншооти мазкур дар доираи нақшаи генералии шаҳри Душанбе бунёд карда шуда, дар рафти корҳои лоиҳакашӣ тамоми инфрасохтори шаҳрсозии муосир ба инобат гирифта шудааст. Бо сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин иншооти баландошёна дар баробари муҳайё гардидани шароити арзандаи хизматрасонӣ, ҳамзамон, ба ободии пойтахти мамлакат зебоии нав зам хоҳад кард.

4 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Ҳабиб Аҳрории ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои оғози корҳои сохтмонӣ дар меҳмонхонаи бисёрошёнаи замонавии “WYNDHAM  Dushanbe hotel & Resorts” санги асос гузоштанд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи тарҳи бунёди меҳмонхона шинос шуданд.
Бунёди иншоот дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе аз 16 августи соли 2019, таҳти рақами 504 ба роҳ монда мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки меҳмонхона дар яке аз мавзеъҳои хеле мувофиқи пойтахт сохта мешавад. Он аз 9 ошёна иборат мебошад ва дараҷаи 5 ситораро дошта, “WYNDHAM  Dushanbe hotel & Resorts” номгузорӣ шудааст. Барои қабули меҳмонон 103 ҳуҷра бо 300 кат, аз ҷумла ҳуҷраи президентӣ, 2 супер-люкс, 20 ҳуҷраи люкс, 20 нимлюкс ва 60 ҳуҷраи стандартӣ сохта мешавад.
Дар вақти бунёди бинои меҳмонхона ва ҳуҷраҳои қабули меҳмонон сохтмончиён қоидаҳои меъмории миллӣ, истифодаи нақшу нигор ва тарҳи шарқиёнаи лоиҳаро риоя менамоянд.
Меҳмонхонаи бисёрошёнаи замонавии “WYNDHAM Dushanbe hotel & Resorts” дорои марказҳои хизматрасонӣ - фароғатии СПА, 2 толори маҷлис, 2 тарабхона, қаҳвахона, лаунч-бар, ҳавзи шиноварӣ, толори зебоӣ, марказҳои солимгардонӣ - фитнес, нуқтаи фурӯши чиптаҳо, толори зиёфат, мағозаҳои савдои брендӣ ва таваққуфгоҳи нақлиётӣ барои 81 автомобил, мебошад.
Иншооти наву замонавӣ дар 2 сол аз тарафи соҳибкори ватанӣ Наврӯз Усмонов сохта мешавад ва баъди мавриди истифода қарор додани он беш аз 240 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мегардад.
Бренди “WYNDHAM hotel & Resorts” яке аз ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ буда, зиёда аз 9200 меҳмонхонаро дар бар мегирад. Дар зиёда аз 80 давлати шаш қитъаи олам хизматрасонӣ мекунад ва 36 меҳмонхонаи “WyndhamGrupp” дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолият менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин маротиба меҳмонхонаи “WYNDHAM” сохта мешавад.
Баъди шиносоӣ бо тарҳи лоиҳаи меҳмонхонаи нав Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми шоиста ва сазовори сокинон, соҳибкорони ватандӯст баҳри ободонии пойтахти кишвар баҳои баланд дода, онҳоро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, риояи талаботи меъёрҳои миллӣ, истифодаи санъати баланди меъморӣ, нақшу нигори миллӣ дар вақти ороишоти дохил ва беруни иншоот, масолеҳи хушсифати сохтмонӣ, аз қабили сангҳои ороишӣ, тайёр кардани кадрҳои болаёқати хизматрасон, таъсиси гӯшаҳои фурӯши молу маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ ва дигар корҳои ободонӣ, ҳидоят карданд.
Оғози бунёди меҳмонхонаи муосир ба рӯзҳои таҷлили Ҷашни умумимиллии 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рост омада, дар рафти сохтмон даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор мешаванд.
Бунёду ба истифода додани меҳмонхонаи наву муосир тадбири муҳими таъмини инфрасохтори сайёҳӣ дар доираи солҳои 2019 - 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чунин иншоот, ҳамчунин, барои баргузории чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ шароити мусоид фароҳам меорад, зеро дар онҳо барои қабули меҳмонони воломақом ва ҳайатҳои бонуфуз тамоми имкониятҳо фароҳам оварда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 11 июли соли 2019 дар Қасри миллат бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ муаррифии лоиҳаи бунёди 9 меҳмонхонаи нав дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд. Ҳамон вақт зимни муаррифии иншоот Президенти мамлакат барои такмили лоиҳаҳои бунёди меҳмонхонаҳо маслиҳатҳои муфид доданд. Инак, баъди такмили лоиҳаҳо барои оғози корҳои сохтмонӣ иқдом пеш гирифта шуд.
Зимни муаррифии тарҳи иншооти бунёдшаванда ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар давоми ду сол сохтмони 9 меҳмонхонаи замонавӣ бо 630 ҳуҷра барои қабули беш аз ҳазор нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст.
Як гурӯҳ соҳибкорони бонангу номуси кишвар иқдом гирифтанд, ки ба хотири истиқболи сазовори Ҷашни бузурги миллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи солҳои 2019 - 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба хотири мусоидат кардан ба рушду пешрафти шаҳри Душанбе меҳмонхонаҳои муосири ҳозиразамонро бо сифати баланд ва тарҳи миллӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ бунёд намоянд.
Ҳамаи меҳмонхонаҳое, ки лоиҳаи онҳо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ гардид, бо дарназардошти талаботи байналмилалии соҳа бо дараҷаи 3, 4 ва 5 ситорадор сохта мешаванд.
Меҳмонхонаҳои бунёдшаванда баландошёна буда, аз ҳуҷраҳои стандарт, люкс, нимлюкс ва апартамент иборат мебошанд ва бо инфрасохтори зарурӣ, аз қабили марказҳои савдову хизматрасонӣ, тарабхона, ҳавзи шиноварӣ, маҷлисгоҳ, марказҳои варзишиву дилхушӣ, тиббӣ, ҳаммом, толори синамо ва таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тайи солҳои охир симои пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе ба куллӣ дигаргун шуда, дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи сокинон ва соҳибкорони бонангу номуси он ба ифтихори ҷашну идҳои миллию давлатӣ, аз қабили 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадбирҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудаанд.
Мувофиқи иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе то таҷлили ин ҷашни таърихӣ дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3500 иншооти таъйиноти гуногун сохта ба истифода дода мешавад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.09.2019    №: 170    Мутолиа карданд: 811

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад

Таъкиди Путин аз зарурати арҷгузории арзишҳои оилаи серфарзанд

Сарвазири Афғонистон: "Натиҷа бояд ба раъйдиҳии воқеии халқи мо асос ёфта бошад"

Чин ба шарти бастани созишномаи тиҷоратӣ бо ИМА ба мувофиқа расид

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медалҳои биринҷии гӯштигирони тоҷик

08.11.2019


Давлаталӣ Саид бо Мансур бинни Зойид оли Наҳён вохӯрд

Баргузории конференсия оид ба саҳми диаспораҳо дар рушди кишвар

Масоили ҳамкории фарҳангӣ матраҳ шуданд

МАОРИФ. Медали тиллои хонандагони точик аз Туркия

07.11.2019


Гурӯҳи мусаллаҳ безарар гардонда шуд

БОКС. Медали тиллои муштзани тоҷик дар Россия

ФОРУМИ ПАНҶУМИ МИЛЛӢ. Пойгоҳе ки ҳуқуқшиносонро ба ҳам меорад

Ба Ингушистон суриёие омад, ки аспсавор ба дидори Путин раҳсипор аст

Эрдуғон аз боздошти ҳамсари сарвари "ДИ" Ал-Бағдодӣ хабар дод

Интиқоди ҳазорҳо олим аз беэътиноии сиёсатмадорон ба тағйири иқлим

Пойтахти Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои ИДМ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.11.2019


Роҳҳои баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ баррасӣ шуданд

Ҳамоиш доир ба нақши ҷавонон дар тарғиби арзишҳои миллӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед