logo

иҷтимоиёт

ҲИДОЯТ. ДИДОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ РАШТ ИЛҲОМИ ТОЗА БАХШИД

Баҳри татбиқи дастуру супоришҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон (26 июни соли равон) ҷиҳати боз ҳам рушд додани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Рашт тадбирҳои судманд роҳандозӣ ва амалӣ мешаванд.
Тавре Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия, зимни суҳбат бо хабарнигори "Ҷумҳурият" гуфт, ҳидоятҳои навини Пешвои муаззами миллат моро муваззаф  сохтанд, ки ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ тадбирҳои саривақтӣ андешем.
Бо ин мақсад, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ин самт нақшаи тадбирҳо таҳия карда, дар якҷоягӣ бо аҳли зиё бобати баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва зеҳниву ақлонии насли ҷавон дар байни аҳолӣ ҳатто дар дурдасттарин маҳалҳои аҳолинишини ноҳия  корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондааст.
Пешвои миллат ноҳияи Раштро барои рушди соҳаҳои сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, саноат ва кишоварзӣ  мувофиқ арзёбӣ карда, барои ташкили инфрасохтори соҳаҳои мазкур  ба масъулон дастуру  супоришҳои мушаххас доданд.
Дар ноҳия мавзеъҳои нодири сайёҳӣ зиёданд. Дараҳои хушманзари Камароб, Тагоба, Файзосор, Қалъанак, Ҳиҷборак, Ясман, Ҳоит бо табиати дилфиреб, афзунии гулу гиёҳҳои шифобахш, рӯду кӯлҳои мусаффо ва мардуми меҳмоннавозаш   шуҳратёр гардидаанд. Дараи Камаробро ҳар сол садҳо сайёҳ тамошо мекунад. Шаршараҳои хурду бузург, оби шифобахши Хушлар, шикоргоҳҳо,   дарахтони зиёди худрӯй, ҳайвонҳои ваҳшӣ ва парандагони гуногун диққати сайёҳонро ба худ ҷалб менамоянд. Дар ин мавзеъ гулмоҳӣ, хирси малла, бузи кӯҳӣ, 23 намуди паранда ва 350 намуди гиёҳи шифобахш мавҷуданд.
Дар ҳудуди деҳоти Тагоба дараи хушманзари Хуҷашамсиддин воқеъ буда, макони беҳтарин барои шикор аст. Дар деҳаи Оби Меҳнат оромгоҳи яке аз шахсиятҳои маъруфи ҷаҳони ислом Хоҷа Абдуллоҳи Валӣ қарор дорад, ки дар китоби “Тазкират - ул - авлиё” - и Фаридаддини Аттор ёд шудааст. Дар ҳудуди ноҳия оромгоҳҳои шахсони маъруф кам нестанд. Дар деҳаи Белгӣ  мақбараи  олим  ва шоири маъруф Мавлавӣ Одинамуҳаммади Қаротегинӣ - муаллифи китоби машҳури “Возеҳ - ул - баён” ҷойгир аст. Дар деҳаи Сафедтундак ҳавлии Мавлавӣ Ҷомии Сонӣ, дар деҳаи Аскалон оромгоҳи олим ва табиби машҳур Эшони Малеҳ, дар деҳаи Нимич сӯфа ва тарҳи осиёи бобоии шоири машҳур Мирзо Азизбеки Ҳаҷрӣ, дар деҳаи Бароти Шариф оромгоҳ ва ҳавлии фарзанди диловари тоҷик Усмони Маҳмадамин, ки ба муқобили манғитҳо мубориза бурдааст, дар ҳудуди Ҳоит оромгоҳҳои шоир Мавлавӣ Нозимӣ, яке аз аввалин омӯзгорони маъруфи тоҷик Каримҷон Ҳусейнзода ва се нафар муаллимаҳои аввалини водӣ мавҷуданд.
Дар даромадгоҳи ноҳия низ чашмаи Навдонак ҷойгир аст ва дар паҳлуи он чойхонаи барҳаво бо нақшу нигори миллӣ қомат афрохтааст.
Воқеан ҳам, ин манзараҳои дилрабо барои рушди сайёҳӣ мусоид буда, метавонанд диққати ҳазорон сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб кунанду ба ноҳия даромади бузург оранд. Ёдгориҳои зиёди таърихиву фарҳангии ноҳия метавонанд макони боздиди сайёҳону меҳмонон бошанд ва ба густариши ҳунарҳои миллӣ мусоидат намоянд.
 - Рушди соҳаи саноат тақозои замон аст. Ноҳияи мо барои рушди соҳаи саноат шароиту имконоти хуб дорад. Аз ин лиҳоз, ташкили корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ, аз қабили корхонаҳои коркарди маҳсулоти ширӣ, пӯсту пашм ва меваю сабзавот  айни муддаост, - гуфт иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия.
Ногуфта намонад, ки Рашт ноҳияи аграрист. Вусъати соҳаи кишоварзӣ вазифаи аввалиндараҷаи масъулон ва  кишоварзон мебошад. Обёрӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида, зиёд намудани майдони  кишти картошка, боғот ва бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо баланд бардоштани  ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дорад.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо  ҷиҳати истиқболи сазовори  Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бунёд ва навсозии 206 иншооти таъйиноти гуногун дар назар аст. Ҳоло дар як қисми иншоот корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, дар иншооти дигар он кор идома дорад.
Пешвои муаззами миллат зимни вохӯрӣ бо сокинони ноҳия барои вусъати корҳои созандагию ободонӣ ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бароварда намудани ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба роҳбарияти ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
- Боварӣ дорам, ки мардуми заҳматпешаи ноҳия ҳидоятҳои навини Президенти маҳбубамонро сармашқи кори худ қарор дода, бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо барои муҳайё кардани шароити мусоид ҷиҳати зиндагии шоиста ва боз ҳам ободу зебо намудани ин гӯшаи биҳиштосои кишвар бештар аз пештар дастҷамъона саъю талош меварзанд, -  гуфт Муқимӣ  Раҳимҷон Набизода.
Худодод  ЗАЙНИДДИН,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.09.2019    №: 170    Мутолиа карданд: 722

22.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

Душанбе пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2021 интихоб шуд

ММД Тоҷикистон 7,4 дарсад боло рафт

Путин бо шоҳзодаи саудӣ ҳамла ба иншооти нафтиро баррасӣ намуд

Сӯхтор дар Малайзия боиси бастани яку ним ҳазор мактаб гашт

Дар Ӯзбекистон сабти телефонҳои мобилӣ пулакӣ мешавад

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед