logo

иқтисод

АЗ ШАҲРДОРӢ ТО ШАҲРСОЗӢ. БАРДОШТ АЗ БОХТАРИ БОСТОНӢ

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар оид ба истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои Амри Президенти мамлакат дар ин бора то соли 2021 бунёду навсозии беш аз 300 иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ва инфрасохторӣ дар назар аст. То имрӯз 68 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

- Боиси хурсандист, ки соли ҷорӣ дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави чорошёнаи факултети сиёсат ва идораи давлатӣ ва маҷмааи варзиши Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро мавриди истифодабарӣ қарор доданд. Бинои факултет дорои 24 синфхона, 16 кабинети маъмурӣ ва ёрирасон буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 700 донишҷӯ бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти таълимӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Барои сохтмони он беш аз 6 миллион сомонӣ харҷ гардид. Маҷмааи варзиш дорои 4000 ҷойи нишаст буда, дар он барои тамрину обутоб додани бадан тамоми шароити зарурӣ муҳайё мебошад,  - гуфт Абдуалим Исмоилзода, раиси шаҳри Бохтар.
Сарвари давлат дар шаҳр, ҳамчунин, ба бунёди терминали автомобилии мусофиркаш дар масоҳати 3 гектар санги асос гузоштанд ва бо лоиҳаи рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон шинос гардиданд. Маблағи умумии лоиҳа беш аз 10 миллион доллари ИМА - ро дар бар мегирад ва он дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Тоҷикистон бо Бонки аврупои таҷдид ва рушд татбиқ хоҳад гардид. Ҳадафи лоиҳа беҳтар намудани хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии дохилишаҳрӣ ва наздишаҳрӣ бо истифода аз автобусҳои наву замонавӣ барои аҳолӣ ва меҳмонони шаҳрҳои Бохтар, Левакант ва ноҳияҳои Кӯшониёну Вахш мебошад. Ба гуфтаи раиси шаҳр, терминал дар қисмати ҷанубу ғарбии шаҳр дар шоҳроҳи Бохтар - Кӯлоб сохта мешавад ва ба танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва осону сода гардидани рафтуомади сокинону меҳмонон ба шаҳру ноҳияҳои атроф мусоидат хоҳад кард.
Аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Аловуддин Боронов ва Ҳисомиддин Маҳмадалиев дар кӯчаи Юрий Логинов бо арзиши беш аз 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ марказҳои савдо ва хизматрасонӣ бо номҳои «Осиё» ва «Делфин» дарҳои худро барои сокинон боз намуданд ва дар онҳо наздики 50 кас бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид. Дар кӯчаи Борбад дуконҳои тиҷоратӣ, кошонаи ҳусн, майдони истироҳатию фароғатӣ, маркази ҳунарҳои мардумӣ бо гулгашт бунёд ёфтанд. Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонон ба варзиш дар кӯчаи Дӯстии халқҳо майдони варзиш бо 2000 ҷойи нишаст ба истифода супурда шуд.
Ҳамчунин, боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Раҳмон Мӯрчаев бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ куллан навсозӣ гардид.
Дар маҳаллаҳои Кайҳоннавардон ва Хатлон майдонҳои хурд барои бозии кӯдакон, дар кӯчаи А. Қаҳҳоров ҳавзи шиноварӣ, дар минтақаи саноатии маҳаллаи Маданият корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмону саноат ва корхонаҳои коркарди меваю сабзавот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Соҳибкори маҳаллӣ Хуршед Ватанзода дар кӯчаи Борбад қаҳвахонаи «Ватан» - ро  ба истифода дод. Баъди навсозӣ ба маблағи 1,9 миллион сомонӣ кохи фарҳанги шаҳр ба фаъолият шурӯъ кард. Инчунин, маҷмааҳои «10 - солагии Ваҳдати миллӣ», «Ваҳдат», майдонҳои ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳидон, гулгаштҳои кӯчаи Борбад ва боғчаи истироҳатии кӯдаконаи «Фирдавс» бо тарҳи зебову замонавӣ навсозӣ  гардиданд. 
Дар доираи ободонию бунёдкориҳо ба муносибати ин ҷашни муборак аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қисмати берунии 27 бинои баландошёнаи истиқоматӣ рангубор шуд. Соҳибкорон низ аз ин кори хайр худро канор нагирифта, 10 биноро ба гунаи назаррабо ороиш доданд.
Дар арафаи Ҷашни 28 - солагии Истиқлолияти давлатӣ 18 иншооти муҳими иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ, аз ҷумла бинои иловагии чорошёнаи таълимии муассисаи ғайридавлатии коллеҷи тиббӣ - иҷтимоӣ, корхонаи фаръии «Хоҷагию коммуналӣ», корхонаҳои истеҳсоли шарбату дӯзандагӣ, кушторхонаи байтории чорвои калону хурд, коргоҳи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии пластикӣ, чойхона, биноҳои истиқоматии баландошёна, ошхонаи «Шоми Бохтар», майдони бозии футболи хурд, майдончаи бозии кӯдакон, ба истифода дода мешаванд.
- Бо итминон гуфта метавонем, ки сокинони заҳматкашу бунёдкори шаҳр ин ҷашни барои тамоми мардуми кишвар муқаддасро бо дастовардҳои арзанда пешвоз мегиранд, - иброз дошт Абдуалим Исмоилзода.

Кароматулло АТО,
  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.09.2019    №: 170    Мутолиа карданд: 1442

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед