logo

сиёсат

САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Ифтитоҳи осоишгоҳи ҷумҳуриявии махсусгардондашуда

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ба фаъолияти Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии бемориҳои дил” расман оғоз бахшиданд.
Тавре ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2014 шурӯъ шуда, бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосири сохтмонӣ анҷом ёфтанд.
Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии бемориҳои дил аз 4 ошёна иборат буда, дар он ошхона, шуъбаи барқарорсозии кӯдакона, бахши машваратию ташхисӣ, маъмурият, шуъбаи бақайдгирӣ, маҷлисгоҳ бо 130 ҷойи нишаст, бахши табобатӣ-барқарорсозӣ, табобати интенсивӣ, толори табобати варзишӣ ва шуъбаи барқарорсозии калонсолон, инчунин, бахшҳои дигари табобатию барқарорсозӣ ҷойгир мебошанд.
Иншооти табобативу солимгардонӣ дорои беш аз 100 кат, аз ҷумла 26 кати кӯдакона буда, дар он ҳама шароиту имкониятҳои  табобату солимгардонии беморони гирифтори дил фароҳам оварда шудаанд.
Пас аз боздид ва шиносоӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, табибонро ба хизматрасонии хубу шоиста ба мизоҷон ҳидоят намуданд. Сарвари давлат мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкурро туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷашни 28 - умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ба табибони ноҳияи Муъминобод арзёбӣ карданд.
Дар ҳамин ҷо дар вазъияти тантанавӣ ба 17 нафар шахси имконияташ маҳдуд аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аробачаҳои маъюбӣ тақдим гардид. Бояд гуфт, ки ин қишри осебпазири ҷомеа ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, барои фаъолияти онҳо шароити арзанда фароҳам оварда мешавад. Ин ҳама аз татбиқи муваффақонаи сиёсати иҷтимоии роҳбарияти мамлакат дарак медиҳад.
Маврид ба зикри хос аст, ки дар  Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии бемориҳои дил, ҳамзамон, як майдончаи варзиш бунёд ва гирду атрофи иншоот ба гӯшаи зебои фароғатӣ табдил дода шудаанд.

Майдончаи варзиш дар деҳаи Шаҳринав
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шаҳринави ноҳияи Муъминобод майдончаи варзиширо, ки мутобиқ ба талаботи муосир бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур ба ифтихори Ҷашни бузурги миллӣ – 28 - умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар масоҳати 1025 метри мураббаъ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти ноҳия бунёд гашт. Дар шафати майдончаи варзиш барои машқу тамрин ва обутоби бадан беҳтарин шароит фароҳам гардидааст.
Майдончаи варзиш бо тарҳи зебову замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосири сохтмонӣ бунёд ва чароғҳои хурду бузурги равшанидиҳӣ насб карда шудаанд. Илова бар ин, барои зебоии гирду атрофи иншоот, 30 ниҳоли дарахти ороишиву сояафкан ва 2500 бех гулҳои зебои мавсимӣ шинонда шудаанд.
Зимни шиносоӣ бо шароитҳои иншооти мазкур, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, мавриди истифода қарор гирифтани онро барои наврасону ҷавонони ноҳияи Муъминобод дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни бузурги миллӣ - Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин туҳфа арзёбӣ карданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз насли ояндасози кишвар ва варзишгарони ноҳияи Муъминобод даъват ба амал оварданд, ки аз чунин имкониятҳои мусоид васеъ истифода намоянд, то ҳама намуди варзиш, аз ҷумла футбол, рушди ҳамаҷониба пайдо намояд.
Қобили тазаккур аст, ки дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Муъминобод корҳои созандагиву ободонӣ босуръат идома дошта, то соли 2021 дар ҳудуди шаҳрак ва деҳоти ноҳия бо пуштибонӣ аз сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз даҳҳо чунин иншооти муосири варзиш сохта ба истифода дода хоҳанд шуд.

Гузоштани санги асоси боғи фарҳангӣ - фароғатӣ дар ноҳияи Муъминобод
10 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминобод  ба бунёди боғи фарҳангӣ - фароғатӣ бо ҷойгиркунии майдони Нишон ва Парчами давлатӣ санги асос гузоштанд.
Зимни муаррифии лоиҳаи иншоот ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки боғ дар деҳаи Шаҳринави деҳоти Деҳибаланд ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати умумии 6 гектар сохта мешавад.
Иншоот дар давоми ду сол бо тарҳи зебову замонавӣ бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ бунёд карда хоҳад шуд. Дар ҳудуди боғ бо назардошти арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ Парчами давлатӣ бо баландии 55 метр ва Нишони давлатӣ бо баландии 33 метр сохта мешаванд.
Тибқи иттилои масъулон, дар дохили иншооти бунёдшаванда ба хотири истироҳату фароғати сокинон ва баргузории чорабиниҳои идона,  бунёди амфитеатр бо 500 ҷойи нишаст, 5 адад фаввора, 4 майдонча барои бозии кӯдакон, нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ, ду таваққуфгоҳ ва бунёди чандин иншооти дигари хизматрасонӣ дар назар аст.
Ҳамчунин, дар дохил ва гирду атрофи боғи фарҳангӣ - фароғатӣ тибқи нақша 500 ниҳоли дарахти ороишиву сояафкан шинонда мешавад ва 100 адад таҷҳизоти равшанидиҳанда насб мегардад. Масоҳати 4 гектар замини назди боғ низ сабзкорӣ мешавад.
Аснои шиносоӣ бо лоиҳа, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки  боғи фарҳангӣ - фароғатӣ ва Нишону Парчами давлатиро дар муҳлати муайяншуда, яъне то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосири сохтмонӣ бунёд намоянд.

Баҳрабардорӣ аз меҳмонхонаи "Муъминобод"
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Муъминобод, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шаҳринави деҳоти Деҳибаланд меҳмонхонаи "Муъминобод" - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои меҳмонхона дар доираи эълон шудани солҳои 2019 - 2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Идихон Сафаров бунёд шуда, ба зебоии ноҳия ҳусни дигар зам мекунад.
Дар ин бинои хуштарҳу замонавӣ 12 ҳуҷра бо катҳои хоб, маҷлисгоҳ, тарабхона ва тӯйхона ҷойгир карда шудааст. Дар маҷмӯъ, меҳмонхонаи "Муъминобод" метавонад дар як вақт то 20 нафарро қабул намояд. Ҳуҷраҳо бо ҷиҳоз, телевизор ва дигар ашёи зарурӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
Иншоот дар муддати кӯтоҳ ва бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ бунёд шудааст. Ба иттилои масъулон, дар иншоот наздики 100 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буд ва акнун бо мавриди истифода қарор гирифтани меҳмонхона, 30 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гардид.
Бунёди меҳмонхонаи замонавӣ дар Муъминобод саривақтӣ аст, зеро ноҳия бо табиати зебову рангин ва мавзеъҳои таърихиаш метавонад шумораи сайёҳони хориҷиро дар мамлакат афзоиш диҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити меҳмонхонаи "Муъминобод" шинос шуда, аз ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ изҳори хушнудӣ намуданд ва чунин иқдомҳои сокинони ватандӯсти мамлакатро шоистаи дастгирӣ хонданд.
Дар ҳамин ҷо бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ барои 60 нафар кӯдаки ятиму бепарастор хони идона ороста шуд. Ба кӯдакон аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳо супурда шуданд.
Мавриди зикр аст, ки ин қишри осебпазири ҷомеа зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Пешвои миллат қарор дошта, пайваста дастгирӣ меёбад.

Боздид аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ
Дар деҳаи Шаҳринави деҳоти Деҳибаланди ноҳияи Муъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи ҳунармандон дидан карданд.
Дар намоишгоҳ сокинон намунаи беҳтарини маҳсули дасти худро ба маъраз гузоштанд. Хосса бонувони чирадаст намудҳои гуногуни либосҳои миллӣ, аз ҷумла чаканро, ки соли 2018 ба рӯйхати Мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО шомил шуд, намоиш доданд.
Тавре маълум гардид, дар ноҳияи Муъминобод ҳунарҳои чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, попурдӯзӣ, адрасбофӣ, шерозбофӣ, кӯрпадӯзӣ, муҳрабофию кокулсозӣ, тоқидӯзӣ, кешбофӣ ва рафидадӯзӣ дар ҳоли рушд қарор доранд. Махсусан, баъд аз эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, таваҷҷуҳи сокинон ба ҳунару ҳунармандӣ бештар гардид.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки то эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар ноҳияи Муъминобод 7 маркази ҳунаромӯзӣ фаъолият мекард. Бо эълони сесолаи ҳунармандӣ шумораи марказҳо ба 10 адад расид. Бояд гуфт, ки дар доираи татбиқи иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ даҳҳо мактабу коргоҳҳои ҳунармандӣ ташкил шудаанд.
Дар марказҳои ҳунаромӯзии ноҳия, дар маҷмӯъ, 85 намуди ҳунари мардумӣ омӯзонда мешавад. Бонувони ҳунарманд талош бар он доранд, ки ҳарчи бештар духтаронро ба ин курсҳо фаро гиранд ва дар эҳё ва рушди ҳунарҳои аҷдодӣ саҳми худро гузоранд.
 Зимни суҳбати самимӣ бо модарони ҳунарманд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки сарулибоси миллӣ инъикоскунандаи таъриху фарҳанг ва анъанаву ҳунарҳои миллӣ буда, қавму миллатҳоро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар сокини кишвар, бахусус занони тоҷик аст, ки дар самти эҳёи ҳунарҳои мардумӣ нақшгузор бошанд ва барои пешгирӣ аз бегонапарастиву тақлидкорӣ миёни ҷавонон, ҳамчунин, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишвар саҳмгузор бошанд. Тибқи маълумот дар давоми 6 моҳи соли 2019 зиёда аз 11 ҳазор сайёҳ ба ноҳияи Муъминобод ташриф овард.
Баъд аз тамошои намоишгоҳ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари занону духтарони ноҳияи Муъминобод баҳои баланд дода, онҳоро ба саҳмгузорӣ дар эҳё ва инкишофи ҳунарҳои миллӣ ва тарбияи ҷавонон ҳидоят намуданд.

Намоиши маҳсулоти саноативу кишоварзӣ
Дар деҳаи Шаҳринави ноҳияи Муъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти саноативу кишоварзии сокинон боздид карданд.
Дар ин намоишгоҳ маҳсулоти саноативу кишоварзии хоҷагии ҷангали ноҳия, деҳоти Балхобӣ, Нуралишо Назаров, Деҳибаланд, ба номи Шамсиддин Шоҳин, хоҷагии таҷрибавии Институти боғдорӣ ва сабзавоткории Академияи кишоварзӣ дар ноҳия ва ғайра ба маъраз гузошта шуданд.
Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Муъминобод сол ба сол ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро афзоиш медиҳанд.
Дар ноҳия корхонаҳои саноатӣ мавҷуд буда, аз ин ҳисоб 6 коргоҳ фаъолияти мавсимӣ дорад. Натиҷаҳои фаъолияти корхонаҳои саноатӣ қонеъкунанда буда, бо эълони ҳадафи 4 - уми стратегии мамлакат - саноатикунонии босуръати кишвар корҳо дар самти афзоиш додани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои истеҳсолӣ тақвият бахшида мешаванд.
Дар намоиш каду, тарбуз, харбуза, пиёзи сурху сафед, картошка, боимҷон, қаламфур, ҷуворимакка, ангур, себ, меваи хушк, гиёҳҳои шифобахш, навъҳои гуногуни асал, маҳсулоти консерв ва ғайра гузошта шуданд.
Дар ноҳияи Муъминобод 4 ҳазору 765 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад. Давоми 8 моҳи охир дар майдони 14 ҳазору 978 гектар кишти ғалладона ва лӯбиёгиҳо, картошка, сабзавот, зироатҳои техникӣ вахӯроки чорво гузаронда шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоиши маҳсулоти саноативу кишоварзӣ бо кишоварзон ва масъулони соҳа суҳбат ороста, барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикани “Муъминобод” мавриди истифода қарор дода шуд
Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Муъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шаҳринав корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикани “Муъминобод”- ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхона аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шуда, аз коргоҳи истеҳсолу коркарди меваю сабзавот ва анбору сардхона иборат мебошад, ки дар майдони 1,2 гектар бунёд шудааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар коргоҳи нӯшокиҳои ташнашикан нӯшоба, афшура ва мураббои меваҳои гуногун тайёр карда мешаванд. Дар як басти корӣ 5 ҳазор қуттии шартии нӯшокии ташнашикан омода мегардад.
Дар коргоҳи коркарди меваю сабзавот дар як бахши корӣ консервкунонии то 2 ҳазор зарфи 2 - литраи сабзавоти гуногун анҷом дода мешавад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхона 80 нафар, аз ҷумла 30 нафар аз вилояти Суғд ва 50 кас аз ноҳияи Муъминобод, бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Роҳбарияти корхона нақша дорад, ки дар оянда бо ба кор андохтани хатҳои нави истеҳсолӣ шумораи кормандонро то ба 200 нафар расонад.
Барои коркарди меваю сабзавот дар ин корхонаи тозабунёд маҳсулоти кишоварзӣ аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дарёфт мешавад. Ҳамчунин, дар назди корхона дар майдони 6 гектар боғ бунёд намудаанд. Маҳсулоти боғ барои коркард дар корхонаи “Муъминобод” пешбинӣ шудааст.
Баъд аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикани “Муъминобод” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ изҳори хушнудӣ карда, барои афзудани ҳаҷми истеҳсолот дар корхона ва, ҳамзамон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Мулоқот бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Муъминобод
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншоот бо фаъолон ва сокинони ноҳия мулоқоти самимӣ доир карданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиронро бо 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.
Таҳлили вазъи рушди ноҳия нишон медиҳад, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми меҳнатдӯсти ноҳия дар самти пешрафти соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва иҷтимоиёт ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумат барои рушди ноҳия беш аз 600 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Тайи 15 соли охир дар ноҳияи Муъминобод татбиқи 23 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 320 миллион сомонӣ анҷом ёфта, ҳоло 7 лоиҳаи дигар амалӣ шуда истодааст, ки маблағи то имрӯз дар доираи онҳо азхудшуда беш аз 30 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар доираи таҷлили Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дар доираи барномаи рушд дар солҳои 2016 - 2019 бунёди 182 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 32 иншоот пурра анҷом ёфта, корҳои сохтмонӣ дар 41 иншоот идома доранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро вазифадор карданд, ки барои татбиқи тадбирҳо ҳамкориро бо бахши хусусӣ ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ тақвият бахшида,  захираҳои дохилиро низ самаранок истифода баранд.
Дар маркази ноҳия ва деҳоти он сохтмону азнавсозии маркази хизматрасонӣ бо коргоҳҳои дӯзандагӣ, коркарди шир, якчанд маркази хизматрасониву бозор ва мумфарш кардани як километр роҳи шаҳраки Муъминобод, маркази саломатӣ дар деҳаи Тутқавул, толори варзиш ва озмоишгоҳ дар назди гимназияи давлатии “Боғи Ҳабиб”, маркази омӯзиши касбу ҳунар ва синфхонаҳои иловагӣ, корхонаи парандапарварӣ дар деҳаи Ҳанатарош, майдончаи варзиш, ҳавзи шиноварӣ ва меҳмонхона ба анҷом расидаанд.
Мувофиқи нишондиҳандаҳои оморӣ дар ноҳия шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ҳоло зиёда аз 5 ҳазор буда, 85 фоизи онҳоро хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил медиҳанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми ноҳияро барои истифодаи самараноки захираҳои бойи табиӣ, дар ин замина ҷоннок кардани фаъолияти соҳаҳои саноати коркард, сабук, алалхусус корхонаҳои соҳаи хӯрокворӣ, коркарди мева, аз ҷумла меваҳои табиӣ, гиёҳҳои шифоба0хш ва истеҳсоли сангҳои ороишӣ ва таъсиси ҳазорҳо ҷойи кории нав, ҳидоят карданд.
Қариб 70 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ноҳия ба соҳаи чорводорӣ рост меояд ва тараққӣ додани соҳа аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.
Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани маҳсулнокии чорво, инчунин, бо истифода аз имтиёзҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаҳои чорводорӣ ва парандапарварӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Табиати нотакрори ноҳия барои ҷалби сайёҳон хеле созгор аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки бо дарназардошти мавҷуд будани неъматҳои фаровони моддӣ, имкониятҳо барои рушду пешрафти ноҳия ва беҳбудии сатҳи зиндагӣ самаранок истифода баранд.
Баъди таҳлили вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ Президенти мамлакат ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дастур доданд, ки бо мақсади ба мушкилот дучор нагардидани сокинон ва соҳаҳои муҳими мамлакат, махсусан муассисаҳои маорифу тандурустӣ аз имрӯз сар карда, ба масъалаи зимистонгузаронӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Дар охир, бори дигар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиронро бо Ҷашни умумимиллӣ табрик гуфта, онҳоро барои амалӣ кардани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқболи сазовори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дар ҳаёт татбиқ сохтани қонунҳои миллии ҷумҳурӣ - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳидоят карданд.
Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони касбу кори гуногун, ҷавонону собиқадорон баромад карданд.

Боздид аз боғи хоҷагии деҳқонии "Аминҷон" ва ҶДММ "Махсуми Карим"
Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Муъминобод, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи хоҷагии деҳқонии "Аминҷон"-и деҳоти Деҳибаланд боздид намуда, бо фаъолияти деҳқонон ва кормандони ҶДММ "Махсуми Карим" шинос шуданд.
Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки хоҷагии мазкур соли 1998 таъсис ёфта, масоҳати заминҳояш ба 4,5 гектар баробар аст. Аз ин ҳисоб дар 3,25 гектар зироаткорӣ ва дар 1,25 гектари боқимонда боғ бунёд шудааст. Боғи хоҷагии деҳқонии "Аминҷон" соли 2010 таъсис ёфта, онро деҳқони асилу таҷрибадор Бегаҳмад Одинаев роҳбарӣ мекунад.
Дар боғ навъҳои гуногуни себ, нок ва гелосу зардолу парвариш карда, ҳам меваи тару тоза ва ҳам меваи хушк ба бозорҳои ҷумҳурӣ бароварда мешавад. Боғдорон ба хотири самаровар гардондани дарахтон аз роҳу усулҳои муосир истифода бурда, сари вақт байни қаторҳоро нарм мекунанд ва дар як сол 2-3 маротиба ба дарахтон доруҳои минералӣ медиҳанд.
ҶДММ "Махсуми Карим" дар ҳамин боғ фаъолияташро ба роҳ монда, ба тайёр кардани меваҳои хушк машғул мебошад. Кормандони ҷамъият на танҳо меваҳоро аз ин боғ, балки аз 4 ноҳияи минтақаи Кӯлоб барои хушк кардан қабул мекунанд. Дар маҷмӯъ, дар боғи "Аминҷон" ва ҶДММ "Махсуми Карим" зиёда аз 120 нафар ба корҳои мавсимӣ ҷалб шуда, бо маоши хуб таъминанд.
Меваи хушк, асосан, ба вилояти Суғд содир мегардад. Ба иттилои масъулон, ҳамасола дар ноҳияи Муъминобод зиёда аз 100 тонна меваи хушк барои содирот омода мешавад.
Бояд гуфт, ки рушди боғу токпарварӣ ва афзун намудани истеҳсоли мева аз самтҳои муҳими пешрафти соҳаи кишоварзӣ буда, дар ин ҷода таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат заминаи воқеӣ гузоштааст. Бо мақсади таъмини пешрафти минбаъдаи соҳа, Ҳукумати ҷумҳурӣ Барномаи рушди соҳаи боғу токпарвариро барои солҳои 2016 - 2020 қабул намуд, ки тибқи он дар мамлакат бунёди 20 ҳазор гектар боғу токзор пешбинӣ шудааст.
Баъд аз шиносоӣ бо фаъолияти боғи "Аминҷон” ва ҶДММ "Махсуми Карим", Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боғпарварону хоҷагидорон маслиҳат доданд, ки бо истифода аз таҷрибаи пешқадам, ҳамаи талаботи агротехникиро сари вақт ва мутобиқ ба меъёрҳо ва бо машварату тавсияи олимон анҷом дода, барои афзун намудани меваи хушки содиротӣ талоши бештар кунанд, зеро риояи ин талабот асоси муваффақияти кишоварзон мебошад.

Боздид аз обанбори Муъминобод
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ меҳмонхонаи навро дар як ҷойи хеле хушбоду ҳаво ифтитоҳ карда, аз обанбори Муъминобод боздид ба амал оварданд.
Обанбор барои обёрии заминҳои кишоварзии шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Муъминобод ва Восеъ нигаронда шудааст, ҷойи мусоиду мувофиқ барои рушди шиноварӣ ва заврақронӣ мебошад.
Дар фасли гармо обанбор барои оббозӣ ва атрофи он барои сайру тамошои мардум хеле созгор аст. Дар ин ҷо дастаи заврақронҳои ноҳия ва шаҳри Душанбе бо истифода аз шароити мусоид ба машқу тамрин машғул мебошанд.
Қобили зикр аст, ки ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар дар ҷумҳурӣ ба рушди соҳаи варзиш ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ин имкон медиҳад, ки ҷавонону наврасон бо истифода аз ҳамаи шароитҳои муосир ба варзиш машғул шаванд.
Баъди тамошои обанбор Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди обанбор, дар як мавзеи хушбоду ҳаво меҳмонхонаи навро ба истифода доданд.
Меҳмонхона, ки аз тарафи соҳибкорони ватандӯсти ноҳия ба истиқболи таҷлили Ҷашни бузурги миллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи солҳои 2019 - 2021 - Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд шуд, туҳфаи арзишманди ҷашнӣ мебошад. 
Меҳмонхона аз ду ошёна, толори маҷлис, ҳуҷраи гуфтушунид, ҳуҷраҳои хоб бо тамоми шароит, ошхона, толори зиёфати расмӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат аст. Барои ба талабот ҷавобгӯ намудани иншоот даруну беруни бино ва ҳуҷраву долони меҳмонхона аз усули маъмули миллии меъмории ороиш бо гачу оинабандӣ истифода гардидааст.

Истиқболи меҳмони олиқадр дар ноҳияи Восеъ
Нимаи дуюми рӯзи 10 - уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Дар деҳаи Меҳрободи деҳоти Гулистон сокинони саодатманди ноҳия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо хушнудӣ ва самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки ноҳияи Восеъ дар солҳои соҳибистиқлолӣ  ба тадриҷ рушд намуда, дар заминаи таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат ба корҳои ободонию созандагӣ барои мардуми шарафманди он шароити арзандаи кору зиндагӣ фароҳам омад.

Оғози корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди Восеъ - Ҳулбук - Темурмалик - Кангурт
Дар ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо гузоштани санги   асос   ба  сохтмони роҳи автомобилгарди қитъаи Восеъ - Ҳулбук - Темурмалик - Кангурт расман оғоз бахшиданд.
Масофаи умумии ин қитъаи роҳ 60 километр ва паҳноии он аз 7 то 12 метрро ташкил медиҳад. Мутобиқ ба лоиҳа дар ин масир корҳои тахту ҳамворкунӣ, гузоштани 25 лӯлаи обгузар, сохтмони ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ, бунёди пойдеворҳои муҳофизатӣ, 8 пули мошингузар, кашидани хатҳои уфуқӣ, аломати роҳ ва сохтмони дигар иншооти зарурӣ пешбинӣ гардидаанд.
Роҳи мазкур бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди Осиё таҷдид мегардад.
Мавриди зикр аст, ки ҳоло ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи ин қитъаи роҳ бо мушкилӣ сурат мегирад ва баъди таҷдиду навсозӣ он аз байн хоҳад рафт. Лоиҳаи таҷдиду навсозии роҳи аҳамияти ҷумҳуриявидошта бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмин намудани ҳаракати бемамонияти воситаҳои нақлиёт ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба аҳолӣ амалӣ мегардад.
Зимни  шиносоӣ  бо  лоиҳаи  сохтмони  роҳи  автомобилгарди  қитъаи  Восеъ - Ҳулбук - Темурмалик - Кангурт Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми босифати корҳо ба масъулон дастуру маслиҳатҳои мушаххас доданд.

Мулоқот бо фаъолону сокинони ноҳияҳои Восеъ ва Темурмалик
Дар ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди оғози лоиҳаи “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Восеъ – Ҳулбук – Темурмалик - Кангурт” бо фаъолону сокинони ноҳияҳои Восеъ ва Темурмалики вилояти Хатлон мулоқоти самимӣ доир карданд.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки имрӯзҳо дар саросари мамлакат даҳҳо иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ифтитоҳ гардида истодаанд, ки натиҷаи талошҳои Ҳукумати кишвар, сохтору мақомоти марказӣ ва маҳаллии давлатӣ, заҳмати соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони кишвар ба хотири ободониву бунёдкории Ватани маҳбубамон ва дастовези арзанда ба Ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон мебошанд.
Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, то имрӯз дар мамлакат беш аз 2800 километр роҳи мошингард, 5 нақби нақлиётӣ ва 405 пули мошингузар бунёд ва таҷдиду азнавсозӣ гардидаанд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон айни ҳол 6 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 3 миллиард сомонӣ барои таҷдиду азнавсозии 316 километр роҳ ва 25 пул мавриди татбиқ қарор дорад. Барои таҷдиди роҳи мошингарди Восеъ - Ҳулбук - Темурмалик - деҳоти Кангурт, ки имрӯз оғоз гардид, зиёда аз 200 миллион сомонӣ равона мегардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки татбиқи лоиҳа имкон медиҳад, ки барои аҳолии ноҳияҳои Восеъ ва Темурмалик ҷиҳати рафтуомад ба дигар манотиқи кишвар, баромадан ба роҳҳои байналмилалӣ, интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои дигар шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Бохтар бо хароҷоти камтарини ҳамлу нақл имконияти мусоид фароҳам оварда шавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияҳоеро, ки роҳи мазкур аз ҳудуди онҳо мегузарад, вазифадор карданд, ки дар ҳамкорӣ бо сармоягузорон ва соҳибкорони ватаниву хориҷӣ ҷиҳати бунёди иншооти инфрасохтории зарурӣ барои ҷалби сайёҳон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди сайёҳӣ чораҷӯӣ намоянд.
Бо мақсади омодагӣ ба истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Восеъ сохтмону азнавсозии зиёда аз 230 иншоот ва дар ноҳияи Темурмалик 270 лоиҳа ба нақша гирифта шудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки сари вақт амалӣ гардидани чорабиниҳои зикршуда ба татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати беҳдошти сатҳи зиндагии мардум мусоидат хоҳад кард.
Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки  бо  татбиқи лоиҳаҳои зикршуда, аз ҷумла бунёди роҳи Восеъ - Ҳулбук - Темурмалик - деҳоти Кангурт, инчунин, бо иҷрои нақшаи корҳои ободонӣ дар ду - се соли наздик ноҳияҳои Восеъ ва Темурмалик хеле ободу зебо шуда, шароити зиндагии сокинони он бамаротиб беҳтар мегардад.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи сокинони ноҳияи Восеъ собиқадори меҳнат Одинамаҳмад Исоев ва донишҷӯ Мафтуна Сиярзода барои ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат бо изҳори сипосу миннатдорӣ  баромад карданд.

Истиқбол дар фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб
10 - уми  сентябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои созандагию  ободонӣ, ифтитоҳи як қатор иншоот ва иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 28 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ  ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони шаҳр бо самимияти беандоза ва рӯҳияи баланди идона истиқбол гирифтанд.
Дар солҳои соҳибистиқлолии  кишвар  шаҳри Кӯлоб бо бунёди даҳҳо иншооти хизматрасонию маъмурӣ ва иҷтимоӣ ободу зебо гардида, бо амалӣ кардани тадбирҳои муҳим ва татбиқи ҳадафҳои созанда сатҳи зиндагии  мардум баланд гардидааст.

Боздид аз фаъолияти маҷмааи кишоварзӣ - саноатии «Кӯлоб»
Дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо фаъолияти маҷмааи кишоварзӣ - саноатии «Кӯлоб» шинос шуданд.
Дар назди кооперативи тиҷоратии «Сайид Алии Ҳамадонӣ» дар майдони 70 гектар бунёди гармхонаҳо барои парвариши сабзавоти барвақтӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз дар як гектари он 10 гармхона бунёд гардидааст. Ин қитъаи замин қаблан санглох буд, ки обёрии он бо мушкилӣ сурат мегирифт ва баъд аз истифодаи оқилонаю босамар бо кандани чоҳҳои амудӣ обёрии гармхонаҳо бо усули қатрагӣ ба роҳ монда шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароит ва технологияи парвариши помидору бодиринг, қаламфур ва навъҳои гуногуни гулу буттаҳо аз наздик шинос шуда, ба хоҷагидорон ҷиҳати рушди ин бахши сердаромади соҳаи кишоварзӣ дастуру ҳидоят ва маслиҳати муфид доданд.
Ҳамзамон, дар гармхонаҳо бодиринг ҳосили фаровон дошта, маҳсули меҳнати хоҷагидорон ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ба фурӯш бароварда шудааст.
Ба андешаи мутахассисони соҳа парвариши сабзавоти барвақтӣ дар шароити гармхона нисбат ба замини кушод манфиатовар буда, гирифтани ҳосил то 1200 сентнер имконпазир аст.
Ташкили гармхонаҳо бо технологияи нави парвариш имкон фароҳам меорад, ки бозорҳои шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Муъминобод, Ховалинг, Шамсиддин Шоҳину Восеъ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонию Фархор дар чаҳор фасли сол бо сабзавоти тару тоза таъмин карда шаванд.
Ҳамзамон, дар ин гармхонаҳо 30 нафар сокини маҳаллӣ бо шуғли доимӣ фаро гирифта шуда, оянда бо бунёди гармхонаҳои иловагӣ шумораи коргарон то ба 500 нафар хоҳад расид.
 Дар ин маҷмааи кишоварзӣ - саноатӣ хоҷагидорон азм доранд, ки дар майдони 10 гектар гармхонаи лимӯпарварӣ, 15 гектар токзор, 10 гектар боғи интенсивӣ, дар масоҳати 2 гектар ҳавзи моҳипарварӣ, корхонаи коркарди меваю сабзавот барои дар як сол истеҳсоли то 2,5 миллион банкаи шартӣ, ташкили гӯшаи деҳқон дар 0,50 гектар замини ғайрикишоварзӣ, ду сардхона ҷиҳати нигоҳдории то 10 ҳазор тонна меваю сабзавот ва коллеҷи хусусии агросаноатӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкилу ба роҳ монда мешаванд.
Баъд аз шиносоӣ бо фаъолияти маҷмааи кишоварзӣ - саноатии «Кӯлоб» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши дастовардҳои меҳнатии кишоварзон боздид намуданд.
Дар намоишгоҳ хоҷагидорон маҳсулоти кишоварзиро ба маъраз гузоштанд, ки аз ҳосили фаровони боғу токзор, зироатҳо ва полизӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб башорат медиҳад. Намоишгоҳро пирамидаҳои бо тарбузу харбуза омодакардаи хоҷагидорон шукӯҳи дигар бахшиданд.
Маврид ба таъкид аст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб соли ҷорӣ 145 миллион сомониро ташкил дода нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бамаротиб зиёд мебошад. Имсол дар майдони 10 ҳазору 409 гектар кишти зироати кишоварзӣ гузаронда шуда, 37, 5 гектар боғи нав бунёд гардидааст.
Истеҳсоли сабзавот 24,6 ҳазор тонна, полизӣ 475 тонна ва мева 797 тоннаро ташкил дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот нисбат ба соли гузашта бештар мебошад. Кишоварзон дар намоишгоҳ бо пешниҳоди навъҳои беҳтарини меваҳо, картошка, каду, тарбуз, харбуза, пиёз, шалғаму сабзӣ, бодирингу помидор, зироати ғалладонагӣ, намунаи гиёҳҳои шифобахш ва асал собит намуданд, ки дар истифодаи босамари замин таҷрибаи зиёд андӯхта, барои татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми фаъолу назаррас мегузоранд.
Дар як гӯшаи намоишгоҳ кадбонуҳо анвои гуногуни маводи ғизоӣ, аз ҷумла маҳсулоти нонӣ ва таомҳои миллиро омода ва пешниҳод намуданд. Техникаву мошинолоти муосири кишоварзӣ, ки пешрафти кори аҳли заҳмат аз он вобастагӣ дорад, ба маъраз гузошта шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзон бо хоҷагидорон суҳбати озоду самимӣ намуда, ба онҳо ҷиҳати истифодаи мақсадноки замин дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи иншооти гуногуни иҷтимоӣ дар шаҳри Кӯлоб оромгоҳи шоир ва мутафаккир Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қироати оятҳо аз Қуръони Маҷид барои суботу оромии Ватани азиз ва саодатмандию сарбаландии мардуми шарифи Ватан дуою фотиҳаи нек карданд.
Оромгоҳи ин шахсияти таърихии миллати тоҷик дар маркази шаҳри Кӯлоб мавқеъ гирифта, ҳамарӯза аз он бисёр сайёҳони дохилию хориҷӣ дидан ва зиёрат мекунанд. Тибқи маълумоти масъулон танҳо соли гузашта аз ин оромгоҳ зиёда аз 20 ҳазор нафар дидан намудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ва шиносоӣ бо шароити мавҷуда дар ин макони таърихӣ ба масъулон ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардондани атрофи оромгоҳ ва риояи суннату анъанаҳои хоси миллӣ ҳангоми ташрифу боздиди сайёҳону меҳмонон аз ин ҷо дастуру ҳидоятҳо доданд.

Ба истифода додани гулгашти ба номи Сафар Амиршоев дар шаҳри Кӯлоб
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дар маркази шаҳр гулгашти ба номи Сафар Амиршоевро, ки бо тарҳи муосир ва дизайни баланди меъморӣ бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.
Макони истироҳатӣ дар доираи таҷлили сазовори Ҷашни 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар масоҳати 3 гектар доман густурдааст.
Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Ҷамъияти масъулияти маҳдуди "Мега техник иншоот" бо сифати баланд ба анҷом расонда шудаанд. Дарозии гулгашт 750 ва паҳноиаш 45 метр мебошад.
Дар рафти сохтмон зиёда аз 250 нафар сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардида буд.
Дар гулгашт барои сокинону меҳмонон қаҳвахона сохта шудааст, ки дар як вақт имкон дорад то 80 нафарро қабул намояд. Барои обёрии гулгашт ва шодоб намудани дарахтону гулу буттаҳо як чоҳи амудӣ бо иқтидори 250 мукааб сохта шуд.
Тамоми роҳрав ва гузаргоҳҳои макони истироҳатӣ сафолакпӯш гардида, дар дохил ва атрофи он 172 чароғаки муосири 6 метра ва барои гирду атрофи гулгашт 60 адад чароғак насб гардид.
Дар гулгашт 10 адад суҳбатгоҳ ва 84 нишастгоҳи замонавӣ насб гардидааст. Ҳамзамон дар ин ҷо ба хотири зебою дилкаш гардидани гулгашт, беш аз 600 бех ниҳоли ороишию сояафкан ва беш аз 650 ҳазор бех гулҳои мавсимию доимӣ шинонда шуда, қитъаҳои алоҳидаи он сабзазор карда шудаанд.
Ду фавворае, ки дар гулгашт бунёд шудааст, ба истироҳатгоҳ зебоии дигар бахшидааст.

Боздид аз Боғи ба номи Сайдалӣ Вализода дар шаҳри Кӯлоб
Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Кӯлоб, Боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Сайдалӣ Вализодаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмону барқарорсозии боғ дар давоми чор моҳ бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ, бо сифати баланд ба анҷом расонда шуданд.
Боғи ба номи Сайдалӣ Вализода дар масоҳати беш аз 3 гектар замин бунёд гардида, дар ҳудуди он майдончаи мошинронии кӯдакон, 4 адад атраксиони замонавӣ, 2 майдончаи бозӣ барои кӯдакон, 2 фаввора, амфитеатри хурд бо 136 ҷойи нишаст, қаҳвахонаи «Ҷавонон» барои қабули 20 нафар мизоҷ дар як вақт, майдончаи варзиш бо дарозии 40 ва паҳноии 20 метр сохта шуда, атрофи муҷассамаи модару кӯдак ва гаҳвора бо гулҳои мавсимӣ орову зебо гардонда шудаанд.
Ҳамчунин, масоҳати 1,2 гектари боғ пурра сабзкорӣ гардонда шуда, дар атроф ва дохили сабзазор беш аз 150 ҳазор гулҳои мавсимию ороишӣ ва 300 бех арчаи гуногун шинонда шудаанд, ки ба ҳусни боғ шукӯҳи дигар зам намудаанд. Роҳраву атрофи сабзазор ва иншооти дохилии боғро 170 адад чароғпоя ва чароғҳои ранга, инчунин, атрофи муҷассамаи модар ва танаи дарахтони азимро симтӯрҳои чароғон, равшан гардондаанд. Инчунин, тамоми роҳрав ва мавзеъҳои истироҳатию фароғатии дохили боғ сафолакпӯш гардида, дар канори роҳравҳо ҷойҳои нишаст ва қуттиҳои партов насб шудаанд. Атрофи боғ дар масоҳати 30 420 метри мураббаъ бо панҷараҳои оҳанин маҳкам карда шуда, роҳравҳои ду канори боғ аз қисмати берун низ сафолакпӯш гардидаанд.
Дар атрофи боғ 4 дарвоза ҳаст ва саҳни дарвозаи асосии боғ, ки баландиаш 8,5 метр мебошад, мумфарш гардида, ду канори дарвоза барои таваққуфгоҳи нақлиёти шаҳрвандон муқаррар ва дар қисмати поёнии боғ бошад, ташноби зеризаминӣ бо 8 нуқтаи хизматрасонӣ, тавассути чоҳи амудии аз чуқурии 120 метр, ҳавзи захираи об бо ғунҷоиши 75 метри мукааб ва трансформатори алоҳида бо таъмини неруи барқи 400 кв бо обу барқ таъмин, бунёд гардидаанд.
Инчунин, зимни боздид зикр гардид, ки дар ҷараёни корҳои азнавсозӣ, барқароркунӣ ва сохтмони боғ, ниҳолҳои арча, ки дар масофаи хеле зич шинонда шуда буданд, ба қитъаи таҷрибавӣ -  истеҳсолии Парки технологии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ кӯчонда шуда, 65 бех дарахти калони сояафкани боғ нигоҳ дошта шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёду азнавсозии чунин боғҳои фарҳангию фароғатиро дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин, истиқболи сазовор аз Ҷашни бузурги миллӣ - 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзанда ва намунаи ибрат номида, сокинони Кӯлобшаҳри бостониро табрику муборакбод намуданд.
Ҳамчунин, баҳри ҷалби таваҷҷуҳи шаҳрвандон, меҳмонони дохиливу хориҷӣ ва дилхушии кӯдакон болои марғзорону сабзаҳои боғ композитсияҳои бадеӣ – китоби кушода, ҳайкалҳои палангу шутур, гавазну оҳу, санҷобакҳо, кабкҳову товуси хиромон насб карда шудаанд. Аз дохили кӯзаву хумҳои сафолин ва рӯйи пару қаноти товус гулҳои мавсимии гуногунрангу хушбӯ мавҷ зада, бинандаро мафтуни манзараҳои зебову дилкаш мегардонанд.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудани боғи мазкур аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, бо мақсади нигоҳубини гулу буттаҳо ва хизматрасониҳои гуногун 16 воҳиди корӣ ҷудо гардид.
Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, адибон ва дигар намояндагони аҳли зиёи шаҳри Кӯлоб суҳбати самимию созанда анҷом доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо Ҷашни бузурги миллӣ - 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳри Кӯлоб муборакбод гуфтанд.
Сарвари давлат омӯзгоронро ба беҳтар кардани сифати таълим, тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва аҳли зиёро ба васфи зебоиҳои сарзамин, тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳидоят карданд.
Таъкид намуданд, ки дар замони зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳар фарди худогоҳ зиракии сиёсӣ ва ақлу ҳуши бедор талаб карда мешавад. Мардум бояд ба арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти сарзамин арҷгузорӣ намуда, барои насли оянда як кишвари пешрафтаро ба мерос гузоранд.
Зимни суҳбат Президенти мамлакат таваҷҷуҳи аҳли зиёро ба татбиқи қонунҳои амалкунанда, дар амал ҷорӣ кардани нақшаву ниятҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар тадбирҳои нек ҳидоят карданд.
Дар навбати худ аҳли зиё ба Пешвои миллат барои ҳамаи дастгириҳо ва таъмини зиндагии шоиста изҳори сипоси беандоза намуданд.

Ба истифода додани Боғи фарҳангию фароғатии «Хуталон»
Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Кӯлоб Боғи фарҳангию фароғатии «Хуталон» - ро бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар ин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки оғози корҳои азнавсозию барқароркунӣ дар боғи мазкур моҳи феврали соли 2019 оғоз гардида, бо сифати баланд ва тарҳи зебою муосир аз ҷониби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба анҷом расид.
Боғи «Хуталон» дар масоҳати беш аз 5 гектар бунёд гардида, дар ҳудуди он 200 бех дарахти кипариз лейланди, 240 маживелник, 240 шамшод, 90 бех сирен шинонда шуда, 24 фаввораи гуногунранги ороишӣ насб гардидааст, ки ба атроф зебоии хосса зам намудаанд.
Баландии дарвозаи асосии боғ 6 метр ва паҳноияш 60 метрро ташкил дода, дар назди он ду таваққуфгоҳи нақлиёт ҷойгир мебошад. Инчунин, 13 ҳазор метри мураббаи ҳудуди боғ асфалтпӯш гардида,13 метри дигари он сафолакпӯш шудааст.
Дар ин росто 100 ҳазор гули ороишии гуногуни мавсимӣ ва бисёрсола шинонда шуда, 400 адад чароғаки равшанидиҳанда насб гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки барои солимӣ ва дилхушии кӯдакон ду майдончаи варзиш ва як қаҳвахонаи муосир бунёд гардидаанд.
Болои марғзорону сабзаҳои боғ ҳайкалҳои палангу шутур, оҳу, кабкҳо баҳри рушди зеҳнии кӯдакон ва дӯст доштани муҳити зист ҷамъ оварда шудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба корҳои азнавсозӣ баҳои баланд дода, масъулонро барои бунёди чунин як боғи муосир табрику муборакбод намуда, баҳри корҳои минбаъда дастуру супоришҳо доданд.

Боздид аз Боғи марказии фарҳангӣ - фароғатии шаҳри Кӯлоб
Шоми 10 - уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи марказии фарҳангӣ - фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ боздид ба амал оварданд. Дар даромадгоҳи боғи марказии фарҳангӣ - фароғатӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷавонони саодатманди тоҷик бо самимияти хосса ва садоқати бепоён аз Сарвари давлат истиқбол гирифтанд.
Маврид ба ёдоварист, ки Боғи марказии фарҳангӣ - фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баъд аз навсозӣ симои комилан дигар гирифта, ба маркази бузурги истироҳату фароғати кулли сокинон ва меҳмонони шаҳри Кӯлоб табдил ёфтааст. Масоҳати умумии боғ 9 га заминро ташкил медиҳад.
Дар ҳудуди боғ ду майдончаи варзишии замонавӣ, ки барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол ва теннис пешбинӣ гардидааст, сохта шуда, майдончаи бозӣ барои кӯдакон ва наврасон, майдончаи тенниси рӯйи миз, маркази ҷавонон, қаҳвахона, амфитеатр, бинои шоҳмотбозӣ ва 8 адад нуқтаи хурди фурӯши армуғон қомат афрохтаанд. Лоиҳаи боғро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Вертикал” бар уҳда дошт ва он аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии “Алюминийи Тоҷик” пурра навсозӣ карда шудааст.
Дар корҳои сохтмонӣ мутахассисони ватанӣ ба кор ҷалб гардида, масолеҳи хушсифати сохтмонӣ истифода гардидааст. Беш аз 4 гектар замини ҳудуди боғ сабзазор буда, барои хуррамгардонӣ 240 бех дарахти нодири ороишии ҳамешасабз, ки ҳамаи онҳо аз хориҷи мамлакат оварда шуданд ва садҳо намуд гулу буттаҳои зебои мавсимӣ шинонда шудаанд.
Шабона барои равшаннамоии боғ 100 адад чароғ бо сутунпояи 6 метра, 82 адад 10 метра ва 2 адад 15 метра насб гардидааст. Боғ ду даромадгоҳ аз қисми ғарбӣ ва шарқӣ дошта, онҳо бо санъати меъмории миллӣ оро ёфтаанд. Баландии даромадгоҳи қисми ғарбии боғ 12,5 ва паҳноии он 40 метрро ташкил медиҳад. Баландии даромадгоҳи қисми шарқии он бошад, 4,5 ва паҳноияш 15 метр аст. Роҳравҳои ҳудуди боғ дар масоҳати 12 ҳазор метри мураббаъ сафолакпӯш карда шудаанд.
Барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасон 15 намуди атраксион насб гардида, ҳудуди боғро 18 адад фаввораи хурду бузург зебу зиннат зам мекунад. Бо бунёди Боғи марказии фарҳангӣ - фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Cайид Алии Ҳамадонӣ барои сокинону меҳмонони шаҳр имкони мусоиди истироҳату фароғат муҳайё гардида, аз фароҳам шудани чунин имконият сокинони шарафманди ин гӯшаи диёр рӯҳбаланд мебошанд.

Роҳандозии Фабрикаи парандапарварӣ дар шаҳри Кӯлоб
11 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фабрикаи парандапарварии ҶДММ “Саман”- ро, ки дар деҳоти Кӯлоб бо саҳми соҳибкор Масидиқ Одинаев сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Фабрикаи парандапарварӣ барои парвариши 200 ҳазор сар паранда пешбинӣ шуда, дар марҳилаи аввал, аллакай, парвариши 50 ҳазор сар паранда дар он ба роҳ монда шудааст ва бо технологияи муосир муҷаҳҳаз мебошад.
Масоҳати умумии фабрикаи парандапарварӣ 5,05 гектарро ташкил дода, дорои се мурғхона ва анбори нигоҳдории тухм аст. Дар сурати пурра фаъолият намудани фабрика иқтидори истеҳсолӣ зиёда аз 150 ҳазор дона тухм дар як рӯзро ташкил хоҳад дод.
Сарвари давлат ҳангоми шиносоӣ ба ҷорӣ намудани чунин технологияи муосири парвариши мурғ дар фабрикаи мазкур баҳои баланд доданд.
Дастгоҳу таҷҳизоти фабрика аз Туркия бо маблағи 5 миллион сомонӣ харидорӣ гардида, ба таври автоматӣ идора карда мешавад. Фабрикаи парандапарварӣ дорои як қатор иншооти ёрирасон мебошад, ки аз рӯи лоиҳа бунёди инфрасохтори он 12,9 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар сохтмони он зиёда аз 30 нафар мутахассис ва коргари маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуд.
Фабрикаи парандапарварӣ аз ҷониби корхонаи фаръии КВД «Лоиҳакаш»-и шаҳри Кӯлоб сурат гирифта аст. Сохтмони он моҳи апрели соли 2018 оғоз ва 11 сентябри соли 2019 пурра ба анҷом расида, мавриди истифода қарор гирифт.

Ифтитоҳи бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб
11 сентябр дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлобро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб ҷойгир буда, он аз ду ошёна, 6 ҳуҷраи корӣ, қабулгоҳ, толори маҷлисгоҳ, толори хурд, меҳмонхона ва дигар инфрасохтори зарурӣ иборат мебошад. Он дар шаҳри Кӯлоб дар доираи ҳидоятҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба кормандон амалӣ гардидааст. Корҳои сохтмонии бинои мазкур соли 2017 оғоз шуда, бо сифати баланд ба анҷом расидааст. Ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти муосири техникӣ муҷаҳҳаз буда, барои кормандон шароити муосири корӣ фароҳам оварда шудааст. Айни замон дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб 10 нафар фаъолият дорад, ки аксари онҳоро ҷавонони фаъол ташкил медиҳанд. Сокинон ва аъзои ҳизб бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат дар рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа саҳми муносиби худро мегузоранд.
Зимни шиносоӣ аз шароити муҳайёшуда дар бинои мазкур Сардори давлат ба корҳои анҷомдодашуда, баҳои баланд доданд ва ба масъулон ҷиҳати ҷонибдорӣ аз ҳадафҳои созандаи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карданд.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи корӣ ва фаъолияти пурсамар аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се автомашинаи хизматӣ туҳфа карда шуд, ки онҳо ба кормандони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлобу Леваканд ва ноҳияи Фархор пешбинӣ гардидааст.

Ба истифода супурдани биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар кӯчаи Сангак Сафарови шаҳри Кӯлоб
11 сентябр дар кӯчаи Сангак Сафарови шаҳри Кӯлоб Президенти мамлакат як бинои 13 ошёнаи истиқоматиро, ки бо маблағгузории ҶДММ “Комил - 2010” бунёд гардидааст, ба истифода супурданд.
Бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ дорои таҳхона, таваққуфгоҳ, маркази тиҷоратию фароғатӣ ва тарабхонаву хонаҳои истиқоматӣ мебошад.
Дар як қисмати бино бо назардошти эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои сайёҳон хонаҳои алоҳида бо тамоми шароитҳо ҷудо карда мешавад.
Дар сохтмони бино зиёда аз 250 нафар мутахассис ва коргари маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуд ва корҳои сохтмониро ҶДММ «Комил - 2010» ба зимма дошт.
Сохтмон соли 2018 оғоз гардида, моҳи сентябри соли 2019 ба истифода дода шуд.
Баъди ифтитоҳи бинои истиқоматӣ дар ҳамин ҷо дастархони идона ороста шуда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 190 нафар кӯдаки ятими кулл туҳфаҳои идона тақдим карданд.
Ҳамчунин, бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Сангак Сафаров бо саҳми фаъолонаи соҳибкор Алишер Акрамов боз як бинои баландошёнаи истиқоматӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ ҳаштошёна буда, дорои таҳхона ва таваққуфгоҳ мебошад. Дар ошёнаи якуми бинои мазкур маркази савдою хизматрасонӣ, тарабхона ва ошёнаҳои боқимондаро хонаҳои истиқоматӣ дар бар гирифта, бо харҷи 20 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.
Дар рафти сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ 80 нафар коргару мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуд. Корҳои сохтмониро ҶДММ «АР- СОХТМОН» ба зимма дошт ва иншооти мазкурро бо сифати баланд бунёд намуд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2018 оғоз гардида, дар муҳлати кӯтоҳ мавриди истифода қарор гирифт. Дар ошёнаи якуми бинои навбунёд хатнасури 60 нафар кӯдаки нимятим ва аз оилаҳои камбизоат гузаронда шуда, ба онҳо аз ҷониби Пешвои миллат туҳфаҳо тақдим гардиданд.

Ба истифода додани маркази хизматрасонии «Модар ва кӯдак» дар шаҳри Кӯлоб
Дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Шамсиддин Шоҳин, маркази хизматрасонии «Модар ва кӯдак»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Маркази хизматрасонии «Модар ва кӯдак» аз се ошёна иборат буда, он аз ошхона барои 100 нафар ҷойи нишаст, маркази дилхушии бозиҳои кӯдакона, толори либосҳои миллии арӯсӣ, кошонаи ҳусн, ҳаммом, маҳси бадан ва толори варзишии занона иборат мебошад.
Ҳамчунин, дар саҳни бинои маркази мазкур ҳуҷраи махсуси ултрасадо барои модарон бо тамоми шароити лозима, таҷҳизонида шудааст. Инчунин, дар саҳни он барои кӯдакону наврасон коргоҳи хурди истеҳсоли яхмос ба фаъолият шурӯъ намуд.
Қобили зикр аст, ки маркази мазкур бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи замон бунёд гардида, макони истироҳатии хуб барои модару кӯдак мебошад.
Таҷҳизоти дар марказ истифодашаванда ба талаботи замон ҷавобгӯ буда, аз ширкатҳои бонуфузи дохил ва хориҷи кишвар дастрас гардидааст.
Дохил ва беруни бинои марказ бо тарҳи миллӣ ва аврупоӣ ороиш дода шудааст.
Бунёд гардидани чунин марказҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, барои таъмини солимии модару кӯдак заминаи мусоидро фароҳам меорад.
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва рушди соҳибкорӣ дар кишвар бо бунёд гардидани чунин марказҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, ҳамзамон, 40 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
Ба шарофати сиёсати бобарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ вазъи иншооти соҳаи иҷтимоӣ беҳтар гардида, барои солимии ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.

Ба истифода додани Муассисаи давлатии «Маркази вилоятии клиникии бемориҳои дил» дар шаҳри Кӯлоб
11 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Кӯлоб Муассисаи давлатии «Маркази вилоятии клиникии бемориҳои дил» - ро бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ, ифтитоҳ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки маркази мазкур бо тамоми таҷҳизоти муосири тиббии ултрасадои дил, велергометрия, сабти барқи дил, дефибрилятор, таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ, таҷҳизоти набзченкунӣ, кардиомонитор ва таҷҳизоти фишорсанҷӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Маркази мазкур дорои шуъбаи машваратию ташхисӣ, ташхиси ултрасадо ва гӯшаи гулу гиёҳҳои шифобахши ватанӣ, шуъбаи эҳё ва наҷот, шуъбаи бемориҳои ишемиявии дил, фишорбаландии шараёнӣ ва дармонгоҳ мебошад.
Иншооти мазкур бо таҷҳизоти пешгирӣ аз сӯхтор муҷаҳҳаз буда, бо системаи гармидиҳӣ таъмин мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо масъулони соҳаи тиб, суҳбати озоду самимӣ намуда, ба онҳо барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Аз тарафи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муассисаи давлатии «Маркази вилоятии клиникии бемориҳои дил» як адад мошини ёрии таъҷилӣ тақдим гардид.

Ифтитоҳи коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи Кароматулло Қурбонов дар шаҳри Кӯлоб
11 сентябр дар кӯчаи Сайфиддин Сангови шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз навсозӣ коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи Кароматулло Қурбоновро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, бинои коллеҷи санъат аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, аз толори рақс, навозиш, синфхонаи компютерӣ, ҳуҷраҳои кории устодон ва синфхонаҳо барои донишҷӯён иборат аст.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои коллеҷи мазкур моҳи июли соли ҷорӣ оғоз гарида, дар рафти сохтмони иншоот 30 нафар сокини маҳаллӣ бо шуғли доимӣ ва маоши хуб таъмин шуд.
Бино дорои 15 синфхона буда, ҳар як синфхона бо аёнияти дарсӣ ва асбобҳои мусиқӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Аснои шиносоӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, донишҷӯёнро барои аз худ кардани нозукиҳои навозандагиву сарояндагӣ ҳидоят намуданд.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45 - ро, ки дар маҳаллаи Борбад ҷойгир аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар ҳамин ҷо аз ҷониби устодони ҷавони муассисаи таълимӣ суруди умумӣ дар васфи Ватан бо санъати воло иҷро карда шуд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки муассисаи таълимии мазкур дар доираи иқдомҳои созанда ва пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Ҷашни умумимиллӣ – 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ ба талаботи замони муосир бунёд шудааст.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 45 аз 3 ошёна иборат буда, дорои 1280 ҷойи нишаст дар ду баст бо дарназардошти синфхонаҳои фаннӣ, аз ҷумла кабинетҳои физика, химия, биология, нуҷум, компютерӣ, таълими меҳнат, синфхонаҳои шоҳмот, ҳуҷраҳои инкишофи кӯдак, ҳуҷраи тиббӣ, толори варзиш бо 60, маҷлисгоҳ бо 220, ошхона бо 48 ҷойи нишаст ва китобхона мебошад.
Аснои шиносоӣ Сарвари давлат аз шароити муассисаи мазкур ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муассисаи таълимии мазкур як миқдор асбобҳои мусиқӣ тақдим карданд. Ҳамчунин, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45 майдончаи ҳарбӣ барои гузарондани омодагии ибтидоии ҳарбии хонандагон ва омӯзиши машқҳои ҳарбӣ бунёд ёфтааст. Дар муассисаи таълимӣ буғхона мавҷуд аст, ки дар фасли зимистон тавассути он тамоми синфхонаҳо бо ангишт гарм карда мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хонандагони ин даргоҳи илму маърифат суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, онҳоро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуданд.
Акнун баъди ба истифода додани бинои иловагии муассисаи таълимии рақами 45 дар шаҳри Кӯлоб мушкилоти ҷойи нишаст бартараф гардид.
Устодон ба ғамхориҳои беназири Сарвари маорифпарвари мамлакат изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки бо фароҳам гардидани чунин шароити муосир дар таълиму тарбияи хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ саҳми бештар хоҳанд гузошт.
Устодону хонандагони муассисаи таълимии мазкур ифтитоҳи ин муассисаи наву замонавиро туҳфаи арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои истиқбол аз Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод карданд.

Ба истифода додани бинои маркази минтақавии перинаталӣ
Дар рӯзи дуюми сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб маркази минтақавии перинаталӣ дар шаҳри Кӯлобро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бунёди ин марказ дар мамлакат нахустин буда, дар минтақа назир надорад. Маркази минтақавии перинаталӣ дар шаҳри Кӯлоб бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барномаи “Ҳифзи солимии модар ва кӯдак ва ёрии таъҷилӣ” бунёд гардидааст.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки маркази минтақавии перинаталӣ дар шаҳри Кӯлоб ҳамчун муассисаи таваллудии зинаи 3-юм ба шумор рафта, ба меъёрҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ба талаботи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ҷавобгӯ мебошад. Иншооти мазкур дар назди беморхонаи вилоятӣ бунёд гардида, аз 3 ошёна иборат аст.
Муассисаи тандурустӣ дорои шуъбаҳои қабул, бахши кумаки фаврӣ, шуъбаи машваратию ташхисӣ, шуъбаи аворизҳои ҳомиладорӣ, шуъбаи бемориҳои занона, шуъбаи таваллуд, шуъбаи модар ва кӯдак, шуъбаи табобати интенсивӣ ва эҳёгарии навзодон, шуъбаи бемориҳои навзодон, шуъбаи ҷарроҳии навзодон, шуъбаи соматикии як ва ду кӯдакона, бахши озмоишӣ ва азхудкунии малакаҳои касбӣ буда, ба аҳолии 11 шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон хизмати баланди тиббӣ мерасонад.
Дар маркази минтақавии перинаталӣ дар шаҳри Кӯлоб таҷҳизоти муосири тиббӣ насб гардидааст, ки барои солимии модар ва кӯдак шурӯъ аз давраи ҳомиладорӣ то таваллуд ва баъд аз таваллуд пешбинӣ шудааст. Таҷҳизоти муосири тиббӣ иборат аз рентгени рақамӣ, дастгоҳҳои ташхиси ултрасадо, таҷҳизот ва асбобҳои ҷарроҳӣ, дастгоҳҳои беҳушкунию нафасдиҳӣ ва дигар таҷҳизоти ҳозиразамон мебошанд.  Маркази мазкур дорои 106 кати хоб ва 225 ҳуҷраҳои кориву беморон аст ва дар он иншооти ёрирасон, аз ҷумла ошхона, системаи берунии барқ, шабакаи обрасонӣ, бунёд гардидаанд.
Барои таъмини бехатарӣ дар дохил ва беруни иншоот 40 адад камераи назоратӣ насб шудааст.  Корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти соҳаи тандурустии мамлакат моҳи апрели соли 2017 бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида, дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба анҷом расида, мавриди истифода қарор гирифт. Ба кормандони ин муассисаи тандурустӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як автомашинаи ёрии таъҷилӣ туҳфа карда шуд.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани маркази минтақавии перинаталӣ дар шаҳри Кӯлоб хизматрасонии сатҳи баланди тиббӣ ба модар ва кӯдак расонда шуда, дар самти ҳифзи солимии модар ва кӯдак шароити зарурӣ фароҳам гардидааст.

Оғози азнавсозии роҳи Кӯлоб - Шамсиддин Шоҳин
11 сентябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб дар қитъаи “А”, ки шаҳри Кӯлобро бо ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мепайвандад, оғози расмӣ бахшиданд.
Қитъаи роҳи мошингарди Кӯлоб - Шамсиддин Шоҳин дар идомаи роҳи мошингарди Кӯлоб - Қалъаи Хумб бунёд гардида, дар асоси марҳилаи навбатии лоиҳавӣ навсозӣ мешавад.
Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, дарозии қитъаи роҳи автомобилгарди Кӯлоб -Шамсиддин Шоҳин 32,7 километр буда, он тибқи талаботи замони муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ сохта мешавад ва барои хизматрасонӣ дар давоми солҳои зиёд пешбинӣ шудааст.
Дар асоси лоиҳаи таҷдиди қитъаи роҳи мошингарди Кӯлоб - Шамсиддин Шоҳин 3 адад пул дар мавзеъҳои кӯҳӣ бунёд мешавад. Мавриди зикр аст, ки солҳои пеш ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт тариқи ин қитъаи роҳ бо мушкилӣ сурат мегирифт.
Бунёду навсозии роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ бо ташаббус ва талошҳои созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ҳамарӯза тариқи он ронандагону мусофирон ва сайёҳони зиёде сафар мекунанд. Ҳамзамон, тамоми молу маҳсулоти содироту воридотшаванда интиқол дода мешавад.
Бунёди роҳ аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ дошта, дар беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисодиёти мамлакат заминаи воқеӣ мегузорад.
Тибқи лоиҳа инфрасохтори зарурӣ дар роҳи автомобилгарди қитъаи Кӯлоб - Шамсиддин Шоҳин бунёди лӯлаҳои обгузар, ҷӯйборҳои бетонӣ, такядеворҳо, воситаҳои иҳотакунанда, хатҳои уфуқӣ, аломатҳои роҳ ва ғайра дар назар аст.
Зимни муаррифии лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди қитъаи Кӯлоб -  Шамсиддин Шоҳин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ ба роҳсозон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дастур дода шуд, ки дар вақти корҳои сохтмонӣ 90 фоизи коргарон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шаванд.

Оғози корҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳои дохилишаҳрии Кӯлоб
11 сентябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳои дохилишаҳрӣ оғоз бахшиданд.
Нахуст дар маҳали сохтмони роҳҳои мошингард Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи азнавсозӣ шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки таъмиру барқарорсозии роҳҳои дохилишаҳрии шаҳри Кӯлоб дар доираи амалисозии марҳилаи сеюми лоиҳаи таъмиру таҷдид, роҳҳои дохилишаҳрии шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон аз ҳисоби маблағҳои грантии Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин аз тарафи ширкати роҳсозии чинии “Чайна Роуд” амалӣ карда мешавад.
Дар навбати аввал дар доираи амалисозии марҳалаи мазкур барқарорсозии 11,5 километр роҳҳои дохилишаҳрии шаҳри Кӯлоб, 1 пули 39 метра дар роҳи фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб ва равшаннамоии 16 километр ба нақша гирифта шуда буд.
Бо дарназардошти саҳми арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи рушду густариши муносибатҳои шарикии стратегӣ, дӯстӣ ва ҳамҷавории Тоҷикистону Чин, Ҳукумати кишвари ҳамсоя бар иловаи 11, 5 км роҳ барқарорсозии боз 10 километр роҳро ҳамчун туҳфа ба сокинони шаҳри Кӯлоб ба уҳда гирифтанд.
Ҳамин тавр, бо маблағҳои ёрии бебозгашти Чин 21 километр роҳҳои дохилишаҳрии шаҳри Кӯлоб пурра ва ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳо таъмиру азнавсозӣ карда мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иқдоми роҳсозон изҳори сипос карда, онҳоро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва ҷалби сокинони маҳаллӣ дар амалисозии лоиҳаи таъмиру барқарорсозии роҳҳои дохилишаҳрии шаҳри Кӯлоб ҳидоят карданд.

Ифтитоҳи қисми аввали бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 43 дар шаҳри Кӯлоб
11 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб қисми аввали бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 43 - ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд.
Муассисаи таълимӣ аз 3 ошёна иборат буда, барои 1250 нафар дар ду баст пешбинӣ шудааст. Он бо дастгирӣ ва маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфрасохтори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.
Имрӯз дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи якуми лоиҳа ба истифода дода шуд. Муассисаи мазкур дорои 28 синфхонаи фаннӣ буда, дар он шароити беҳтарини донишомӯзӣ муҳайё карда шудааст.
Тибқи маълумоти шахсони масъул дар марҳилаи ояндаи лоиҳа ошхона, толорҳои маҷлис ва варзиш сохта мешаванд.
Мавриди зикри хос аст, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ, ваҳдати комили сартосарӣ ва талошҳову ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф рушд карда, ба яке аз самтҳои афзалиятнок ва пешбарандаи ҷомеа табдил ёфтааст.
Баъди шиносоӣ бо шароити таълим дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 43 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорони он суҳбати самимию созанда доир карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгоронро ба беҳтар кардани сифати таълиму тарбия, дар замири хонандагон бедор намудани ҳисси ватандорию ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни халқ ва муқаддасоти миллӣ ва ба роҳ мондани робитаи зич бо падару модарон, ҳидоят карданд.

Ба истифода додани маркази истироҳативу фароғатӣ дар шаҳри Кӯлоб
11 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб маркази истироҳативу фароғатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Маркази мазкур дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни умумимиллӣ - Истиқлолияти давлатӣ ифтитоҳ ёфта, туҳфаи арзандаи соҳибкорони ватанӣ ба сокинону меҳмонони шаҳри Кӯлоб дар солҳои 2019 - 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гардид.
Маркази муосири истироҳативу фароғатӣ дорои меҳмонхона бо 20 кати хоб, тарабхона, чойхонаи миллӣ, фаввора ва ҳавзи шиноварӣ мебошад.
Баъди ифтитоҳи марказ дар ин ҷо 20 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуд, ки дар роҳи бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ иқдоми шоиста мебошад.
Дар марказ имкони қабули меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ фароҳам аст. Барои ба стандартҳои ҷаҳонии хизматрасонӣ мутобиқ кардани маҷмаа саҳни ҳавлӣ, бино ва ҳуҷраҳои он бо нақшу нигори миллӣ ва дигар ороишоти хос, сохта шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон баҳри обод кардани як гӯшаи диёр изҳори сипос карда, онҳоро ба идомаи тадбирҳои созанда ҳидоят намуданд.
Мавриди зикр аст, ки ба истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби соҳибкорони бонангу номуси шаҳр сохтмони даҳҳо иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, як зумра биноҳо дар доираи сафари кории Пешвои миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.09.2019    №: 174-175    Мутолиа карданд: 140

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед