logo

сиёсат

САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара
12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд. Дар ин ноҳияи аграрии мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шукӯҳу шаҳомати хосса истиқбол гирифтанд. Дар ҳамин ҷо аз ҷониби аҳли ҳунар барномаи фарҳангӣ манзур гардид.

Боздид аз намоиши маҳсулоти саноатӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғара нахуст бо маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноатӣ шинос шуданд.
Дар ин ҷо корхонаҳои саноатии дар ҳудуди вилояти Хатлон мавҷудбуда маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро ба маъраз гузоштанд. Танҳо дар 7 моҳи соли 2019 дар вилояти Хатлон 41 корхона ва коргоҳи саноатӣ бо таъсиси наздики 600 ҷойи корӣ ба истифода дода шудааст. Дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 4 миллиарду 921 миллион сомонӣ расонда шуда, афзоиш дар сатҳи 110,5 % таъмин гардидааст.
Таъсиси коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ ва афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулот боиси ба шуғли доимӣ фаро гирифтани мардум ва бештар шудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаву қонеъсозии талаботи бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти саноатӣ гардид. Оянда бунёду ба истифода додани иншооти нави саноатӣ ва зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда марҳила ба марҳила амалӣ гардонда мешавад. 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи яке аз ҳадафҳои стратегӣ -   саноатикунонии босуръати мамлакат масъулонро барои таъмини рушди аз ин ҳам бештари соҳаи саноат вазифадор намуданд.

Оғози фаъолияти корхонаи коркарди шири ҶДММ «Шири Данғара»
Сипас, дар ноҳияи Данғара бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди шир ба фаъолият оғоз намуд.
Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Данғара» 11 намуди маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, сметана, ҷурғоти хонагӣ ва 3 намуд кефири мевагӣ, творог, чакка ва шир истеҳсол карда мешавад. Иншооти саноатӣ аз тарафи соҳибкор Баҳром Олимов бунёд гардидааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон барои мусоидат дар татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда изҳорӣ сипос намуданд.
Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Данғара» 25 нафар сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гашт.
Нақшаҳои оянда барои васеъ намудани самти фаъолияти корхона ба муҳтарам Пешвои миллат муаррифӣ карда шуданд. Иттилоъ доданд, ки аз тарафи соҳибкор фермаи чорвои калон бунёд  мешавад. Бо ин мақсад 100 сар гови зотӣ мехаранд.
Ҳамзамон, бунёду ба истифода додани корхонаҳои хурди истеҳсоли яхмос, истеҳсоли ҳасиб ва коркарди гӯшт ба нақша гирифта шудааст.
Тавре дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дарҷ гардидааст, гузаштан аз кишвари агро-саноатӣ ба кишвари индустриалӣ - аграрӣ яке аз ҳадафҳои аслӣ мебошад.
Ифтитоҳи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Данғара» дар доираи татбиқи нишондодҳои ин ҳадафи стратегӣ сурат гирифта, барои саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат мекунад.

Ба истифода додани бинои кумитаи идораи замин
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази  Данғара бинои кумитаи идораи замини ноҳияро дар вазъияти тантанавӣ ба истифода доданд.
Дар бинои кумита сохторҳои зертобеи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи меъморӣ ва шаҳрсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд.
Иншоот аз панҷ ошёна иборат буда, дорои 30 хонаи корӣ, синфхонаи омӯзишӣ, ҳуҷраи истироҳатӣ, маҷлисгоҳ, меҳмонхона, идораи бойгонӣ, ошхона, ҳуҷраи техникӣ ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ мебошад. Ҷиҳати фароҳамсозии шароити арзандаи корӣ техникаву дастгоҳҳои муосир барои фаъолияти кормандон насб карда шудаанд.
Бино бо риояи унсурҳои хоси миллӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд шудааст. Барои дар ҳама фасли сол таъмин намудани кормандон бо неруи барқ трансформатори иқтидораш 160 кВ насб гардид. Гирду атрофи бино чароғон ва ободу зебо гардонда шуда, гулу бутта ва ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ шинондаанд.
Бинои кумитаи идораи замини ноҳияи Данғара дар доираи омодагиҳо ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи солҳои 2019 - 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сохта шуда, дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони ин ниҳоди мамлакат гардид.
Аснои ба истифода супурдани иншооти мазкур Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони сохторҳои таркибии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи меъморӣ ва шаҳрсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои дар чунин шароити замонавӣ ҷиҳати иҷрои саривақтии масъулияти бардӯшдошта ва дар сатҳи баланд ба мардум хизматрасонӣ намудан вазифадор карданд.

Маркази хизматрасонии «Умед» дар ноҳияи Данғара
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 7-уми шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара маркази хизматрасонии “Умед”- ро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Маркази хизматрасонӣ дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Далер Қунғуротзода дар зарфи як сол бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шуд.
Иншоот аз 3 ошёна иборат буда, дорои ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, тарабхона, ошхона, коргоҳи дӯзандагӣ ва мағоза мебошад.
Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ошёнаи якум мағозаи фурӯши маҳсулоти хӯрока ва ҳаммоми замонавӣ бо буғ ва ҳавз, дар ошёнаи дуюм сартарошхона, кошонаи ҳусн, толори фурӯши либосҳои арӯсӣ, коргоҳи дӯзандагӣ, мағозаи фурӯши либосҳои мактабӣ ва миллӣ ҷойгир карда шудаанд.
Дар коргоҳи дӯзандагӣ имрӯз 16 нафар бону ба кор ҷалб шудаанд, ки қаблан онҳо хонашин буданд.
Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагиро бонувон нишона аз татбиқи амалии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маънидод ва аз ин иқдоми созандаву бунёдкорона изҳори сипос намуданд.
Дар маҷмӯъ, бо мавриди истифода қарор гирифтани маркази хизматрасонии “Умед” 40 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
Ошёнаи сеюм барои баргузории тӯю маъракаҳо пешбинӣ гардида, имкон дорад дар як вақт ба 150 нафар хизмати баланд расонад ва дар дигар маврид ҳамчун ошхона ба аҳолӣ ва меҳмонон хизмат намояд.
 Тарабхонаи маркази хизматрасонии навбунёд бо нақшу нигори мииллӣ оро дода шуда, дар муаррифии санъати баланди меъмории миллӣ ба меҳмонон, хосса сайёҳон, замина мегузорад.
Бунёди иншооти хуштарҳу замонавӣ имкон фароҳам овард, ки сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳтар ва ҳусни шаҳраки Данғара зебоии бештарро касб намояд.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи нек дар рӯзҳои таҷлили 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба беш аз 70 нафар ятими кул аз ноҳияҳои Данғара ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ туҳфаҳои идона тақдим намуданд.
Сарвари давлат таъкид карданд, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас, бахусус ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд, сол ба сол зиёд гардида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, кору зиндагии мустақилонаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар ин рӯз шодию нишоти ятимонро ҳадду канор набуд, зеро онҳо шахсан аз дасти Роҳбари ғамхору раъиятпарвари хеш ёрии яквақтаинаи молиявӣ ва дигар туҳфаҳои арзишманд гирифтанд.
Боиси хурсандӣ аст, ки дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Сарвари давлат ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорону шахсони саховатпеша низ ба ятимону кӯдакони бепарастор ғамхорӣ зоҳир карда, дар арафаи иду ҷашнҳо ба онҳо дасти хайру сахо дароз менамоянд.
Пас аз шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар ин маркази муосири хизматрасонӣ ва тақдими туҳфаҳо ба ятимон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми бунёдкоронаи соҳибкори маҳаллӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати дар оянда низ анҷом додани чунин корҳои ободонию созандагӣ тавсияҳои муфид ироа карданд.

Ифтитоҳи рамзи «Хӯшаи гандум»
Дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Хӯшаи гандум» - ро ифтитоҳ намуданд.
Сутунпояи рамзи «Хӯшаи гандум» 33 метр ва андозаи худи хӯшаи гандум 10 метрро ташкил медиҳад. Дар қисми болоии рамз соли таъсисёбӣ ва номи ноҳияи Данғара бо ҳарфҳои зарҳалӣ навишта шудааст.
Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Роҳбарияти Олии давлату Ҳукумати мамлакат ба истиқболи сазовори Ҷашни умумимиллии 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи нақша - чорабиниҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сохта шудааст.
Ноҳияи Данғара аз ноҳияҳои аграрии мамлакат ба шумор рафта, дар истеҳсоли зироати ғалладонагӣ, аз ҷумла гандум, пешқадам мебошад. Ҳамасола аз заминҳои ҳосилхез ҳазорҳо тонна гандум истеҳсол карда мешавад.
Маҳз ба ин хотир, рамзи «Хӯшаи гандум» сохта ба истифода дода шуд ва қомат афрохтани он дар даромадгоҳи ноҳия нишона аз фаровонии ин номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар мамлакат мебошад.
Рамзи «Хӯшаи гандум» дар даромадгоҳи ноҳияи Данғара бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ ва бо тарҳи ҷолиби диққат аз ҷониби меъморон ва сохтмончиёни маҳаллӣ дар як давраи кӯтоҳ сохта шудааст.
 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми созандаи соҳибкорони ватандӯстро намунаи ибрат хонданд ва ифтитоҳи ин иншоотро дар рӯзҳои таҷлил аз 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзишманд барои сокинони ноҳия маънидод намуданд.
 Масоҳати умумии майдони рамзи «Хӯшаи гандум» ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, ҳудуди он бо ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва гулу буттаҳо оро дода шудааст. Атрофи майдони иншоотро шабона 30 адад чароғаки ранга равшанӣ медиҳад, ки ба атроф зебоии дигар зам мекунад.
 Дар заминаи корҳои созандагию бунёдкорӣ роҳи шафати рамзи «Хӯшаи гандум» аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ мутобиқ ба талаботи замон пурра таҷдиду навсозӣ ва як пул бо дарозии 18 ва паҳноии 13 метр сохта шудааст, ки иқтидори борбардории он 100 тоннаро ташкил медиҳад. Тадбири мазкур дар самти ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт замина фароҳам меорад.

Ба истифода додани роҳи автомобилгард дар деҳоти Оқсу
Дар деҳоти Оқсуи ноҳия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи автомобилгарди аҳамияти маҳаллидоштаро, ки деҳаҳои Боғпарвар ва Баҳорро бо ҳам мепайвандад, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дарозии роҳ 4 километр ва паҳноиаш 5 метрро ташкил дода, он дар доираи нақша - чорабиниҳо ба хотири сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қиёмиддин Чориқулов таъмиру навсозӣ гардидааст. Барои анҷоми корҳои тахту ҳамворкунӣ, мустаҳкамсозии қабати роҳ ва асфалтпӯш кардан техникаву механизми роҳсозии раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Данғара истифода шуда, сохтмончиён ба сифати масолеҳ ва иҷрои корҳои таъмирӣ аҳамияти махсус зоҳир намудаанд.
Сокинони маҳаллӣ, хосса ронандаҳо, иброз медоранд, ки то ин вақт ҳаракат тавассути роҳи мазкур душвор сурат мегирифт ва дар заминаи асфалтпӯш гардидани он мушкили чандинсолаи онҳо осон шуд.
Иқдоми пешанамудаи соҳибкори маҳаллӣ, яъне таъмири пурра гардидани роҳи автомобилгарди деҳаҳои Боғпарвар ва Баҳор, дар амалӣ намудани нақша - чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ замина гузошт. Корҳои таъмирӣ дар ин масир се моҳро фаро гирифт ва дар ин давра наздики 30 нафар сохтмончии маҳаллӣ ба кор ҷалб гардид.
Роҳ дар доираи талаботи меъёрҳои муқарраргардида таъмир шудааст ва бо аломатҳои танзимкунандаи ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин мебошад.
Ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки ба хотири истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара беш аз 110 километр роҳ навсозӣ гардида, дар зиёда аз 20 километр корҳои таъмирӣ бо маром идома доранд.
Дар давоми 2 соли оянда аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қиёмиддин Чориқулов дар деҳаҳои деҳоти Пушинги ноҳия таъмиру навсозии боз 5,5 километр роҳ ба нақша гирифта шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми пешанамудаи соҳибкори маҳаллиро шоистаи таҳсин ҳисобиданд ва ба дастандаркорон барои анҷоми чунин кори хайру савоб, инчунин, саҳм гузоштан дар ободии мамлакат изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара» дари худро боз намуд
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Баҳори деҳоти Оқсу Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара» - ро ифтитоҳ намуданд.
Муассиса бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2019 дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 57 таъсис дода шуда, он барои ба омӯзиш фаро гирифтани ҷавонону наврасон ва сокинони бешуғли мамлакат ба ихтисосҳои шабакаи компютерӣ ва интернет - технология, челонгари муҳаррики автомобил бо иловаи ронандаи дараҷаи «С», челонгари барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ, кафшергари газию барқӣ, дӯзанда, ошпаз - қаннод, калобаресӣ ва рангубордиҳӣ дар саноати сабук ва ғайра пешбинӣ гардидааст.
Бинои муассиса бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ Қиёмиддин Чориқулов ва Абдусаттор Сафаров мутобиқ ба талаботи муосир пурра навсозӣ ва таъмир гардида, бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз шудааст.
Иншоот аз ду ошёна ва се қисм иборат буда, дорои 14 синфхона, ҳуҷраҳои корӣ, толори муосири варзишии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, ошхона, маҷлисгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Дар муассиса имкон аст дар як баст 320 нафар ба таълим фаро гирифта шавад ва дар он хонандагон баъди хатми синфи 9 ва 11 қабул карда мешаванд. Дар назди муассисаи таълимӣ курсҳои кӯтоҳмуддат амал мекунанд ва имкон аст шахсони бешуғл ба касбомӯзӣ фаро гирифта шаванд.
Синфхонаҳои таълимию касбомӯзӣ бо аёниятҳои хониш ва дастгоҳҳои зарурӣ, аз қабили муҳаррик ва ҷузъҳои автомобил, таҷҳизоти барқию газӣ, мошинҳои дарздӯзӣ, компютер ва дигар лавозимот таъмин буда, дар онҳо беҳтарин шароити касбу ҳунаромӯзӣ муҳайё мебошанд.
Дар муассиса озмоишгоҳҳои фаннӣ амал мекунанд, ки ҳар кадоми онҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти ташхисӣ таъмин шудаанд.
Дар муассисаи таълимӣ ҷавонону наврасон ва калонсолони бешуғл аз ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат имкон доранд таҳсил намуда, соҳиби касбу ҳунар гарданд. Барои сокинони шаҳру ноҳияҳои дурдаст дар назди муассиса хобгоҳи наву замонавӣ бунёд шудааст. Хобгоҳ аз 10 ҳуҷраи хоб ва иншооти дигар иборат буда, барои писарон ва духтарон пешбинӣ гардидааст.
Зимни суҳбат бо масъулону омӯзгорони муассиса Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи самараноки имконоти мавҷуда ва аҳамият зоҳир намудан ба сифати таълимро муҳим ва ҳатмӣ шумурданд.

Боздид аз хоҷагии деҳқонии «Баҳористон»
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз майдони кишоварзии хоҷагии деҳқонии "Баҳористон" - и деҳоти Оқсу дидан намуда, ба ҷамъоварии пахта оғоз бахшиданд.
Хоҷагии мазкур дорои 6,67 гектар замини обӣ буда, дар 6 гектари он чигит кишт карда шудааст. Дар заминҳои боқимонда хоҷагидорон сабзавот, картошка ва зироати полизӣ кишт намудаанд.
Ҳосил дар хоҷагии деҳқонии "Баҳористон" хуб буда, аз рӯи нишондоди олимони соҳа ҳосилнокӣ  аз ҳар гектар ба беш аз 40 сентнер хоҳад расид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нашъунамо ва ҳосилнокии пахта баҳои баланд дода, хоҷагидоронро дар оянда низ ба меҳнати ҳалол ва риояи пайвастаи талаботи муқарраргардида ҳидоят намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки пахтаи навъи «Хуҷанд – 67» ба иқлими ноҳияи Данғара, аз ҷумла заминҳои хоҷагии деҳқонии "Баҳористон" мувофиқ буда, ҳамасола ҳосили хуб медиҳад.
Дигар хоҷагидорони деҳоти Оқсу низ таҷрибаи бойи пахтакорӣ доранд. Майдони пахтазори деҳот дар соли равон ба беш аз 950 гектар расонда шудааст.
Кишоварзони хоҷагии деҳқонии «Баҳористон» дар кишту парвариши дигар навъи зироат низ таҷрибаи ғанӣ дошта, дар таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ саҳми назаррас мегузоранд. Аз ҳудуди хоҷагӣ то имрӯз картошка, пиёз ва дигар навъҳои сабзавот ҷамъ оварда, дар заминҳои холигардида кишти такрорӣ гузаронда шудааст.
Маврид ба зикри хос аст, ки хоҷагидорон дар заминҳои кишоварзӣ кишти 3 - юмро низ таҷриба намуда, ҳосили дилхоҳ ба даст овардаанд. Имсол кишоварзони хоҷагӣ аз майдони 0,15 гектар картошкаро ҷамъоварӣ намуда, дар ҷойи он помидор кишт намуданд. Баъди ҷамъоварии ҳосили помидор дар ин масоҳат кишти пиёз гузаронда шудааст ва аз он низ ҳосили хуб ба даст хоҳад омад.
Дар ҳудуди хоҷагӣ 150 оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад ва ҳамасола асали хушсифат ба даст меоранд.
Дар ҳамин ҷо аз ҷониби сокинони меҳнатдӯсти деҳоти Оқсу намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд, ки аз он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидан намуданд.
Дар ҳудуди деҳоти Оқсу 3491 гектар замини корам, аз ҷумла 1970 гектар корами обӣ ва 907 гектар боғ мавҷуд аст. Дар заминҳои кишоварзӣ сокинон қариб ҳама намуди зироатро кишту парвариш намуда, ҳамасола ҳосили фаровон ба даст меоранд. Онҳо бо риояи талаботи қоидаҳои агротехникӣ, истифодаи самараноку оқилонаи замин ва ба даст овардани ҳосили дилхоҳ дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, инчунин, содироти он ба хориҷи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд. Имсол аз деҳоти Оқсу ба миқдори 500 тонна маҳсулот ба хориҷа содир карда шудааст, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 150 тонна зиёд мебошад.
Дар намоишгоҳ кишоварзон, дар маҷмӯъ, сокинони деҳоти Оқсу номгӯи гуногуни ҳосили зироати кишоварзӣ, аз қабили ғалладонагиҳо, сабзавоту полизӣ ва ғайраро ба маъраз гузоштанд. Фаровонӣ ва сифати баланди маҳсулоти намоишгоҳро Сарвари давлат натиҷаи меҳнати ҳалол, истифодаи самараноку оқилонаи ҳар ваҷаб замин ва малакаи баланди касбии кишоварзон маънидод намуданд.

Ифтитоҳи майдончаҳои варзиш ва бозии кӯдакон
12 сентябр дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳрак майдончаҳои муосири варзиш ва бозии кӯдаконаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти варзишӣ аз ҷониби сокинони ватандӯсти ноҳияи Данғара, оилаи Гуловҳо бо ҷонибдорӣ аз сиёсати иҷтимоӣ ва созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд бунёд шуда, дар самти ободии ин гӯшаи диёр саҳми муносиб гузошт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ майдончаҳои варзиш ва бозии кӯдаконаро ифтитоҳ карда, ба иқдоми сокинони саховатпешаи ноҳияи Данғара баҳои баланд доданд.
Мавриди зикр аст, ки ба хотири истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара бунёди наздики 300 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст ва танҳо оилаи Гуловҳо иқдом пеш гирифтааст, ки 4 иншоот, аз қабили майдончаҳои муосири варзиширо сохта, ба сокинони ноҳия тақдим намояд.
Майдончаи варзиш, ки ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои муосир бунёд шудааст, барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол, баргузории бозиҳои кӯдакона, машқҳои пагоҳирӯзӣ ва ташкили машғулиятҳои дастаҳои варзиш, нигаронда шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити машқу тамрин ва бозиҳои варзишӣ дар ин ҷо ба кӯдакону наврасон туҳфаҳои арзишманд, аз қабили велосипед, тӯбҳои чармии футбол ва бозичаҳои кӯдакона тақдим намуданд.
 

Қасри нави фарҳанг дар ноҳияи Данғара
12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои муҳташами қасри фарҳангро ифтитоҳ карданд.
 Қасри фарҳанги ноҳия аз зумраи иншооти ҷашнӣ буда, аз тарафи устоҳои ҳунарманду муъҷизаофари тоҷик дар як мавзеи дилфиреби ноҳия бо тарҳи хеле нодир бунёд шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооти мазкурро дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, нахуст бо шароити китобхона шинос шуданд.
Дар ин ҷо ба хотири рушди соҳаи китобдорӣ ва ҷалби мардум ба китобхонӣ китобхонаи электронӣ барои 20 нафар, қироатхона барои 40 нафар, анбори нигаҳдории китоб барои 19 ҳазор адад ва ҳуҷраҳои кории коргарон, сохта шудаанд.
Иншооти мазкур аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар ошёнаи якум ҳуҷраи маъмурият, ошхонаи хурд барои 20 нафар, толори ақди никоҳ, толори тамошобинон бо 700 ҷойи нишаст ва 2 адад ҳуҷраи машқи раққосон, мавҷуд аст, ҳамчунин, барои фаъолияти пурсамари кормандони шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ шароити мусоид фароҳам гардидааст. Иншооти мазкур дорои муосиртарин имконот барои фаъолияти ҳамарӯзаи аҳли фарҳанги ноҳия мебошад.
Дар вақти бунёди бино сохтмончиён тамоми қоидаҳову талаботи меъёрҳои меъморию сохтмониро ба инобат гирифтаанд. Ҳамин аст, ки аз рӯи ҳашамат, намои берунаи шарқиёна, сутунҳову қандилҳои пурнақшу нигор, роҳравҳои зебо, дару деворҳои бо сангҳои ватанӣ ороёфта, кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандишуда, қасри фарҳанг хеле дилкашу назаррабо гардидааст. Дар он осорхонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст. Дар таҳхонаи бино либосхона, ҳуҷраҳои техникӣ, бойгонии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ошхона бо 90 ҷойи нишаст, толори варзиш, толори фитнес, ҳуҷраи таҷҳизоти варзишӣ ҷой дода шудаанд.
Нигористон, толори рақси миллӣ, анбори асбобҳои мусиқӣ, ҳуҷраи маҳфили рассомон барои 12 нафар, синфхонаи асбобҳои зарбӣ, толори омӯзиши ҳамаи асбобҳои мусиқӣ, ҳуҷраи муаллимон бо 20 ҷойи нишаст, синфхонаи мусиқӣ барои 20 нафар, маҳфили пазандагии духтарона ва писарона, 2 ҳуҷраи ороишии санъаткорон, дар ошёнаи дуюми бино ҷойгир карда шудаанд.
Ба хотири таъмини шароити созгори адибон дар ошёнаи сеюм толори маҳфили адибон барои 176 ҷойи нишаст, толори зиёфат барои 140 нафар, ҳуҷраи хизматрасонӣ, осорхона, айвони нишасти тамошобинон аз се тараф барои 210 ҷойи нишаст, бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Дар бинои қасри фарҳанг ба хотири ҷалби кӯдакону наврасон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ синфхонаи забони русӣ барои 14 нафар, синфхонаи забонҳои хориҷӣ барои 24 нафар, синфхона барои бозиҳои шавқовари шоҳмот ва шашка, синфхонаи компютерӣ барои 20 нафар, синфхонаи конструкторони ҷавон барои 16 нафар, синфхонаи дӯзандагӣ бо 5 мошинаи дарздӯзӣ ҷойгир аст.
Толори қасри фарҳанг бо монитори калони электронӣ, таҷҳизоти тақвияти садо ва равшаннамоии саҳна таъмин мебошад.
Дар баробари ороишоти намои дарунию берунӣ ба масъалаи ободонӣ ва кабудизоркунии муҳити атрофи иншоот аҳамияти махсус дода шудааст. Масоҳати 12 230 метри мураббаъ майдони атрофи қаср кабудизор карда шуда, дар саҳни ҳавлӣ 413 адад дарахти гуногун шинонда шудааст. Дар ҳаҷми 3560 метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш гардиданд.
Бунёди шаршара ва фаввора ба атрофи иншоот ҳусни тозае зам кардааст ва он акнун ба ҷойи хеле дилфиреби сайругашти мардум табдил ёфтааст. Дар гирду атрофи иншоот 20 адад курсии чӯбин гузошта шудааст.
Баъди шиносоии пурра бо шароити бино Сарвари давлат ба сохтмончиёну меъморон барои иҷрои босифати корҳо  баҳои баланд доданд.
Дар толори маҷлиси қасри фарҳанг Пешвои миллат дар назди сокинону фаъолони ноҳия сухан ронда, кулли мардуми меҳнатдӯсти ноҳияи Данғараро бо Ҷашни 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ, ба кор андохтани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногуни ноҳия табрику таҳният гуфтанд.
Барои иштирокчиёни мулоқот аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия ва ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ барномаи рангини консертӣ пешкаш гардид.

Мулоқот бо фаъолону сокинони ноҳияи Данғара
Дар ноҳияи Данғара баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қасри тозабунёди фарҳанг бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқоти самимӣ доир карданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми инсонпарвар ва меҳмоннавози Данғара барои истиқболи гарму самимӣ ва ҷонибдории онҳо аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар изҳори сипос намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиронро ба муносибати Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, ба кор даровардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва ифтитоҳи як қатор иншоот дар ноҳия табрику таҳният гуфтанд.
Президенти мамлакат аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва талошҳову ташаббусҳои Ҳукумат баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум сухан ронда, таъкид доштанд, ки барои истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар доираи эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар қаламрави ноҳияи Данғара даҳҳо корхонаҳои хурду миёна, марказҳои хизматрасонӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд, ки имрӯз дар онҳо садҳо нафар сокинон бо ҷойи корӣ таъмин гардидаанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара якҷо бо соҳибкорони ватандӯст бунёд ва таъмиру азнавсозии беш аз 300 иншооти таъйиноти гуногунро ба нақша гирифта, то имрӯз сохтмони 124 иншоотро ба анҷом расондаанд ва бунёду навсозии боз садҳо иншооти дигарро босуръат идома дода истодаанд.
Сарвари давлат бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки аксари иншооти таъйиноти гуногуни дар ноҳия ва деҳаҳои Данғара бунёдшуда гувоҳи равшани дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ обод гардидани боз як гӯшаи Ватанамон, бо шуғл таъмин намудани сокинон ва дастҷамъона амалӣ кардани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ба истиқболи сисолагии Истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Президенти мамлакат мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва аҳли ҷомеаи ноҳияи Данғараро ба вусъати корҳои ободонӣ ва дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ҳидоят карданд.
Қобили зикри хос аст, ки танҳо имрӯз дар доираи сафари кории Сарвари давлат дар ноҳияи Данғара ба муносибати 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 20 иншоот, аз ҷумла рамзи ноҳия, майдончаи варзиш бо ҷойи бозии кӯдакон, корхонаи коркарди шир ва маркази хизматрасонӣ дар шаҳраки Данғара, литсейи касбҳои техникӣ барои 320 нафар толибилм дар деҳоти Баҳор, ду муассисаи таълимӣ бо 4800 ҷойи нишаст дар деҳаҳои Розиён ва Баҳор, хобгоҳи литсей бо 100 ҷойи хоб, 4 километр роҳи асфалтпӯшгардидаи деҳаи Баҳор, биноҳои маъмурии ҷамоатҳои деҳоти Корез ва Лоҳур, бинои кумитаи давлатии идораи замини ноҳия ва маркази саломатӣ дар деҳаи Рахшонзамин ба истифода супурда шуд.
Таъкид гардид, ки бо бунёди иншооти аз тарафи соҳибкорони саховатпеша оғозгардида бисёр мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ осон гардида, барои зиндагӣ ва фаъолияти сокинони ноҳия шароити боз ҳам беҳтар фароҳам оварда мешавад.
Дар иртибот ба корҳои ободониву созандагӣ Президенти мамлакат ба фарзандони бонангу номус ва соҳибкорони ҳимматбаланди ноҳия барои иқдому ташаббусҳои ватандӯстонаашон дар ҷодаи ободонии ин гӯшаи диёр сипосу миннатдории самимӣ баён карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки наврасону ҷавонони ноҳия бо шукронаи соҳибдавлативу соҳибватанӣ ва фазои орому осудаи Ватан дар ҷодаи ободиву пешрафти Ватани азиз саҳми боз ҳам бештар мегузоранд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.09.2019    №: 176    Мутолиа карданд: 486

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед