logo

сиёсат

БЕҲТАРИН РӮЗИ МИЛЛАТ

Сабт наёфтани ин сана дар ёддоштҳо, хотираи дурахшон - 28 - солагии рӯзи муқаддаси озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли воқеии давлати Тоҷикистони азиз ва боз падидаи нави бузурги таърихӣ ба кор шурӯъ кардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» – "Кохи нуру рӯшноӣ",  шоҳкории асри XXI ба назарам чун ба шодиву нишоти миллионҳо  ҳамватанону ҳазорон  бунёдкорон шарик нашудан гуноҳи кабира намуд. Дар як рӯз рост омадани ду санаи хотирмони таърихӣ. Ин рӯйдоди нодир аст. Бодо, ки то абад озодии давлату миллат пойдор монад ва ривоҷи созандагиҳо дар сарзамин боиси рӯзгори шоиставу хушбахтии мардум бишавад ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкамтар гардад.
Чи хуш, ки дар ин рӯзи муқаддас бомдод бо ҳайати ходимони ҷамъиятиву давлатӣ, аҳли илму эҷод - вассофони користони неругоҳ бо сафи автобусҳо ба самти Роғун равон шудем, то бо чашми сар ин пирӯзӣ ва лаҳзаи сурурбахши таърихиро бубинем. Зимнан, ин рӯзу соати муборакро ҳазорон бинокорони матинирода, тамоми хурду бузурги мамлакат бо дили беқарор интизор буданд. Ва фаро расид рӯзу соати муборак, дидани самари талошу заҳматҳои шабонарӯзии бисёрсолаи мутахассисон ва коргарони ҷоннисору шарафманд. Президенти мамлакат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бинокорони номвар бо зикри номи Худо тугмаи рамзии ба кор оғозидани агрегати дуюмро пахш кард. Иншооти бузург ончунон нарму дилпур чархид, ки тангаи имтиҳон рӯйи он ноҷунбон рост истод. Кори  заргарона! Сад офарин! Боз як пирӯзӣ, боз як дастоварду ҷаҳиши бузург. «Муборак бод ин рӯзу ҳама рӯз!». Оре, созандагони неругоҳ ба ҳама ситоишу қадрдонӣ сазоворанд. Ба шарофати заҳмати содиқонаи онҳо  мамлакат боз ба истиқлоли манбаи барқ қадами устувортаре гузошт. Ҳазорон бинокорону сокинони шаҳри Роғун, ки бо ифтихору сарбаландӣ, хурсандиву сурур парчамафшонӣ мекарданд, меҳмонони зиёди хориҷӣ низ бархеста, сидқан ин рӯзу соати ғалабаи меҳнатиро бо кафкӯбӣ шодбош гуфтанд. Хурсандӣ ва сарфарозии Сарвари давлат, Президент Эмомалӣ Раҳмон, бешак,  интиҳо надошт. Дидани самараи талошу армонҳояш. Вай бо беҳтарин суханҳо заҳмати бунёдкоронро хотиррасон кард. Сазоворанд! Ин лаҳза бо шодии беинтиҳо ба чеҳраи аз нури офтобу таъсири бод гандумгун, дасту панҷаҳои обутобёфтаву рустамонаи коргарон нигариста, ба иродаи қавӣ, далерӣ, фидокорӣ, ватандӯстии бемислашон аҳсант мехонам. Бунёдкорон - шермардони асили  замони Истиқлолияти давлатӣ. Заҳмату ҷоннисориҳои онҳо, ки ба хотири ояндаи дурахшони Тоҷикистон, зиндагии осудаву шоистаи мардум аст, ба насли ҷавони имрӯзу оянда ибратомӯз мебошад. Сано бод ба созандагони "Кохи нури Роғун"!  Ва чашм аз обанбори нилгун, ки байни кӯҳсорон чанд сол пеш аз шевану ғиреви мавҷҳои пурисёни рӯди Вахш  ҳангомае дошт, печ дар печ ҷо гирифта, акнун орому нарму асрорангез менамояд, наканда бо афсӯс аз дил мегузаронам: "Чи қадар ҳамватанону ҳамсолони мо орзуи дидани ин рӯзи фархундаро доштанд. Вале... Шукри Парвардигор, ки банда дар радифи миллионҳо ҳаммеҳанон боз шоҳиди чунин зафару ғалабаи бузурги таърихии зиндагисози бунёдкорони Неругоҳи «Роғун» шудам". Ин пирӯзӣ, бегумон, иқтидори иқтисодии мамлакатро аз ҳар ҷиҳат дучанд меафзояд ва ба рӯзгори мардум баракату рангу таровати бештар мебахшад. Аслан, дидани комёбиҳои беназири ҳамдиёрони бунёдкор барои нависанда беҳтарин армуғон аст. Он ҳисси беинтиҳои ифтихор ва шодиро меангезад. Ӯро ба ояндаи дурахшони Ватан ва зиндагии созгори мардумаш дилпур месозад.
Абдулҳамид САМАД, Нависандаи халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.09.2019    №: 177    Мутолиа карданд: 165

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед