logo

иҷтимоиёт

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИСТИҚЛОЛИ РАДИОИ ТОҶИК

Дар радиои давраи соҳибистиқлолӣ, ҳарчанд анъанаҳои фаъолияти касбӣ идома ёфтанд, аммо он аз чанд ҷиҳат аз марҳилаҳои қаблӣ фарқ мекунад. Ин фарқро, пеш аз ҳама, ба дигаргун шудани низоми пахши барномаҳои радиоӣ ва рангоранг гардидани мақом ва дараҷаи мазмуну муҳтавои гуфторҳо фаҳмидан мумкин аст. Баъдан, ба шарофати сулҳу истиқлол ва демократисозии ҷомеа дар низоми радиоҳои муосири тоҷик: формати расмӣ, омехта, хусусӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ, ноҳиявӣ, тиҷоратӣ - фароғатӣ ва амсоли ин ташкил ёфт. Вале радиои «Тоҷикистон» ба сифати аввалин радиои ватанӣ то имрӯз фаъолияти худро чунин вусъат бахшидааст:
а) шуъбаи хориҷӣ (солҳои 1949), шуъбаи шаҳрӣ (1960) қаблан фаъолият доштанд ва бо рӯҳияи талаби замон тағйири ном карданд. Ба мисоли "Барномаи дуюм", барномаи «Фурӯғи Ориёно» (1993)) ва ғайра;
б) радиоҳое, ки дар замони истиқлол таъсис ёфтанд, чун «Садои Душанбе», «Овози тоҷик», «Фарҳанг».
Ташаккули чунин система, ки марҳилаи ҷудогонаро фаро мегирад, ба шаклгирии радиожурналистикаи нав мусоидат намуд. Агар барномаҳои «Хоки Ватан», “Хонаи меҳр” ва “Во ғарибиро...”-ро барномаи сулҳовар ном барем, пас метавон гуфт, ки барномаҳои дар солҳои аввали истиқлолият бавуҷудомада дар баҳамоии мардум ва таҳкими сулҳ нақши муҳим гузоштааст. Инчунин, дар ин давра силсилабарномаи “Тоҷикон дар масири таърих” дар таблиғи худшиносии таърихӣ ва миллӣ нақши бориз дошт. Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ соли 1996 барои рушди низоми телевизион ва радиошунавонии мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» қабул гардид. Ин қонун барои таъсис ва фаъолияти радиоҳои гуногунмавқеъ ва гуногунформат имкони ҳуқуқӣ фароҳам овард.
Аз 14 августи соли 1998 кори шабонарӯзии радиои «Тоҷикистон» шурӯъ гашт. Соли 1999 ҳаҷми пахши барномаҳо дар як шабонарӯз аз 36 соати соли 1990 ба 62 соат расид.
1 июни соли 2007 тамоми шабакаҳои радиои “Тоҷикистон” бо техникаи рақамӣ муҷаҳҳаз гардиданд ва дар заминаи шабакаҳои «Фурӯғи Ориёно» ва идораи барномаҳои бурунмарзӣ радиои «Овози тоҷик» (2007) таъсис дода шуд. Ҳадафи асосии барномаҳои шабака минбаъд шинос намудани шунавандагони хориҷӣ бо самтҳои асосии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, инъикоси таърих ва фарҳанги пурғановати мардуми ин сарзамин ҳамчун меросбарони таъриху тамаддуни ин миллат маҳсуб меёбад. Ҳамарӯза кормандони шабака аз соати 7:00 то 19:00 мустақиман ба мавҷ баромада, бо забонҳои тоҷикӣ (2 соат), форсӣ (2 соат), дарӣ (2 соат), русӣ (2 соат), ӯзбекӣ (1 соат), ҳиндӣ (1 соат), арабӣ (1 соат) ва англисӣ (1 соат) барномаҳо пахш мекунанд, ки аз соати 19:00 то 7:00 такроран пахш мешаванд.
Бо мақсади тарғиби фарҳанги пурғановати мардуми тоҷик, муаррифии таъриху адабиёт ва истифодаи самаранок аз хазинаи тиллоии радиои “Тоҷикистон” шабакаи «Фарҳанг» таъсис дода шуд, ки он 5 ноябри соли 2008 ба кор сар кард. Шабакаи мазкур минбари аҳли фарҳанги Тоҷикистон аст. Он бо пахши гулчини сурудҳои классикӣ ва халқӣ, муаррифии беҳтарин ҳунармандон, пешниҳоди намоишнома ва филмҳои ҷолиби радиоӣ аз шабакаҳои дигар фарқ мекунад. Ҳамарӯза кормандони шабака аз соати 9:00 то 21:00 мустақиман ба мавҷ баромада, бо забони тоҷикӣ барномаҳо пешкаши шунавандагон мегардонанд, ки аз соати 21:00 то 9:00 такроран пахш мешаванд.
Соли 2009 шабакаҳои «Садои Душанбе» ва «Овози тоҷик» низ ба пахши шабонарӯзӣ гузаштанд. Ҳоло шабакаҳои марказии радиоии Кумитаи телевизон ва радио ба чор адад мерасанд. Онҳо дар як шабонарӯз бо ҳашт забон дар ҳаҷми 96 соат барнома пахш намуда, афкори ҷомеаро ташаккул медиҳанд. Тӯли ин солҳо радиои “Тоҷикистон” ва шабакаҳои он тамоми рӯйдодҳои муҳимеро, ки дар дохил ва хориҷи кишвар ба вуқӯъ пайвастааст, сари вақт инъикос намуданд.
Рӯйхати телевизиону радиоҳои давлатию ғайридавлатӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд дар соли 2019 ба 80 адад расид.
Марҳилаи дигари инкишофи радиои тоҷик, ки аз соли 2000 шурӯъ гардид, то соли 2015 - ро фаро мегирад. Дар ин давра натанҳо радиоҳои давлатӣ, балки мустақил низ ба вуҷуд омаданд. Дар баробари радиои марказӣ (радиои «Тоҷикистон» ва шабакаҳои он) ташкили радиои хусусиву тиҷоратии марказӣ ва минтақавӣ пурқувват гардид, бозори иттилоот ба вуҷуд омад, радиоҳо бо техника ва технологияи инноватсионӣ тадриҷан таъмин гардиданд. Сифати пахши барномаҳо беҳтар шуда, дар фазои иттилоотӣ рақобати касбӣ ба вуҷуд омад.
Радиои «Тоҷикистон», ки пештар бо номи “Радиои Тоҷик” ёд мешуд, формати умумӣ дорад. Барномаҳо ба тамоми қишрҳои ҷомеа – кӯдакону наврасон, ҷавонон, занон, аҳли илму адаб, коргару деҳқон нигаронда шудаанд.
Ҳамин тавр, имрӯз радиои тоҷик новобаста ба шакли моликияташ дар пур кардани фазои иттилоотӣ, сиёсӣ, маънавӣ ва фарҳангии ҷомеа нақши муҳим доранд. Шабакаҳои радиоӣ дар инъикоси раванди ҳаёти иҷтимоии муосир ва муваффақияту камбудиҳои он ошкоро ва холисона муносибат менамоянд.
Обидҷон САИДЗОДА, муовини аввали директори радиои «Тоҷикистон»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.09.2019    №: 177    Мутолиа карданд: 260

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД

ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ 53 НАФАР УНВОНҲОИ СОҲАРО ГИРИФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН БАЪДИ КАРАНТИНИ КОРОНАВИРУСӢ 87 НАФАРРО ҶАВОБ ДОДАНД

ЧИН БА ИСТЕҲСОЛИ НАХУСТИН ДОРУИ ЭҲТИМОЛӢ АЗ КОРОНАВИРУС ОҒОЗ НАМУД

ЛЕ ДРИАН: «БАРРАСИИ МАСОИЛИ АМНИЯТ БО РОССИЯ ЗАРУР АСТ»

ДАР ӮЗБЕКИСТОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ТАВАССУТИ ИНТЕРНЕТ ҚАБУЛ МЕКУНАНД

НАФАҚАХӮРИ СЕРБ БА ПАРАДИ ҒАЛАБА ПИЁДА РАФТАНИСТ

Ҷаҳон дар як сатр

14.02.2020


ҲИСОР. ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

РОҒУН. БЕШТАРИ ҚОНУНШИКАНИҲО ВОБАСТА БА ИСТИФОДАИ ЗАМИН АСТ

АХД. ҶАЛБИ ЗАНОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ҲАНӮЗ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ!

ИМА УМЕДВОРИ «МУЗОКИРОТИ ҶИДДӢ» БО РОССИЯ ВА ЧИН ОИД БА СИЛОҲИ ЯДРОӢ МЕБОШАД

ҲУКУМАТДОРОНИ ЧИН КОРХОНАҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДАРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАНД

ТЕЪДОДИ МУШТАРИЁНИ WHATSAPP БА ДУ МИЛЛИАРД РАСИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

13.02.2020


ДУШАНБЕ. 62 КОРХОНАИ САНОАТӢ ТАЪСИС ЁФТ

ШСХК "БАРҚИ ТОҶИК". СОҲА РӮ БА БЕҲБУДӢ МЕОРАД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

480 НОМ БА ФЕҲРИСТИ НОМҲОИ МИЛЛӢ ВОРИД МЕШАВАД

87 КОРМАНДИ ГУМРУК АЗ АТТЕСТАТСИЯ НАГУЗАШТ

ДОНИШКАДАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ. ТАЪСИСИ ИХТИСОСҲОИ НАВ ТАҚОЗОИ ЗАМОН

БЕШ АЗ 50 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ УХАН БА ДУШАНБЕ ОВАРДА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед