logo

Хабарҳо

“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

Дар ҷамъбасти Намоишгоҳи нуҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе”, ки аз 4 то 6 сентябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон идома дошт, асари Мирзоамин Мирсаидзода “Душанбе – қалби Тоҷикистон” аз рӯи номинатсияи “Асари беҳтарин дар васфи Тоҷикистон” сазовори ҷойи аввал гардид.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, аз рӯи ин номинатсия ҷойи дуюм ба муаллифон Назаршо Назаршоев, Илҳом Бониёзов барои таълифи китоби “Военная история Таджикистана”, ҷойи сеюм ба нашриёти “Ношир” барои китоби “Тоҷикистон – Ӯзбекистон: дӯстии безавол” дода шуд.
Дар номинатсияи “Ношири муваффақ” ҷойи якумро нашриёти “Адиб” барои китоби “Куллиёт” - и Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ, дуюмро ҶММ “Хуросон” барои китоби “Осори Устод Рӯдакӣ” ва  сеюмро нашриёти “Ношир” барои китоби “Гулафшони шеър” - и С. Есенин соҳиб шуданд.
Инчунин, барои силсилаи асарҳо аз рӯи номинатсияи “Муаллифи сермаҳсули сол” ҷойи якум насиби муаллифон Мирзо Муллоаҳмад ва Садриддин Ҳасанзод гардид. Ҷойҳои дуюму сеюм ба Равшан Раҳмонӣ ва Латофат Кенҷаева дода шуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар Намоишгоҳи нуҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе” қариб 50 корхонаи табъу нашр ва ташкилоту муассисаҳои ватаниву хориҷӣ ширкат варзида, зиёда аз сӣ ҳазор китоби тозанашр ба маъраз гузошта шуд.
Бо мусоидат ва дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ аз соли 2010 ҳамасола баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб дар пойтахти мамлакат бахшида ба Рӯзи китоб ба ҳукми анъана даромадааст, ки ҳадаф аз он ба намоиш гузоштани комёбиҳо ва дастовардҳои соҳаи табъу нашри миллӣ дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарғибу ташвиқи мероси адабии мардуми тоҷик, шиносоӣ бо адабиёти ҷаҳон, омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ, истифодаи таҷҳизоти муосири полиграфӣ ва дигар маводи чопӣ мебошад.
Б. КАРИМ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 465

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод

Россия ва Франсия ба музокирот дар чорчӯбаи «2+2» тайёрӣ мебинанд

Баҳои коршиноси Амороти Муттаҳидаи Араб ба конфронси Берлин оид ба қазияи Либия

Салиби сурх: «Ҷанги Яман боиси фирори се миллион нафар гашт»

Шарқи Канада зери барф монд

Соли гузашта дар Италия ҳар ним соат замин ҷунбид

Ҷаҳон дар як сатр

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед