logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

ПОРА
корманди комиссариати ҳарбиро ба толори суд бурд
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти Достонҷон Тухтаев, корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд, бо ҷурми гирифтани пора хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ Достонҷон Тухтаев бо истифода аз мақоми хизматӣ аз шаҳрванд “А” барои ба номи писараш тайёр карда додани билети ҳарбӣ 8000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ 6000 сомониашро гирифта, ба манфиати шаҳрванд “А” ягон амали муайянро иҷро накардааст. Дар натиҷаи ин кирдор Достонҷон Тухтаев ба шаҳрванд “А” зарари ҷиддӣ расондааст.
Оид ба ин ҳолат нисбат ба Достонҷон Тухтаев бо моддаи 247 қисми 2 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардидааст.

МИЛИТСИЯ
амалкарди се намояндаи як ширкатро тафтиш мекунад
Ба ШВКД - 1 дар ноҳияи Рӯдакӣ мактуби директори ҶДММ “Таджеро” ворид гардидааст, ки аз 20 феврали соли 2019 то ин ҷониб марди 34 - солаи сокини шаҳри Душанбе, дар вазифаи намояндаи тиҷоратии ширкати “Таджеро” кору фаъолият намуда, аз нуқтаҳои савдо, воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, маблағи 155 ҳазору 178 сомониро гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, роҳбарияти “Таджеро”, ҳамчунин, ба мақомоти милитсия дар ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудаанд, ки зани 23 - солаи сокини шаҳри Душанбе аз 1 октябри соли 2018 то моҳи январи соли 2019 дар вазифаи намояндаи тиҷоратии ширкати “Таджеро” кору фаъолият намуда, аз нуқтаҳои савдо дар маҷмӯъ ба маблағи 45 ҳазору 596 сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.
Ҳамин тариқ марди 27 - солаи сокини пойтахт аз 20 феврали соли 2018 то 6 майи соли 2019 дар вазифаи намояндаи тиҷоратии ширкати “Таджеро” фаъолият намуда, аз нуқтаҳои савдо 65 ҳазору 332 сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш истифода бурдааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

ДУЗДӢ
Гумонбар дастгир шуд
Ба ШВКД - 1 дар шаҳри Исфара аризаи зани 26 - солаи сокини Ҷамоати деҳоти Чилгазии шаҳри Исфара ворид гардидааст, ки шаби 27 ба 28 июли соли 2019, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ ва нуқрагӣ, ки арзишашон 3500 сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ, дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40 - солаи сокини шаҳраки Шӯроб, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст, бо гумони дуздӣ дастгир гардида, далели шайъӣ қисман ёфта гирифта шуд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.09.2019    №: 178    Мутолиа карданд: 251

26.01.2020


Тасдиқи рамзи "30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Тасдиқи рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019 - 2021

Ноҳияи Дӯстӣ. Қонуншиканиҳо коҳиш меёбанд

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ

Файзобод. Рӯ ба рушд

ОЗМУНИ ЧИНИИ "ОВОЗИ ТИЛЛОӢ". Ғолибон муайян шуданд

"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон дар финал

Дар Чин усули табобати коронавирусро пайдо намуданд

Путин вохӯрии панҷ аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ - ро пешниҳод намуд

Макрон пешниҳоди Путинро дар бораи вохӯрии кишварҳои аъзои доимии Шӯрои амният хуш пазируфт

Эътилоф амалиёти низомиро дар Ироқ боздошт

Меркел дар Давос бо сарони Ироқ ва Афғонистон вохӯрд

Ҷаҳон дар як сатр

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед