logo

иҷтимоиёт

ВОЖАЕ ЧУН ҚАСАМ ДАР ЗАБОНИ ХАЛҚ

Имрӯз вожаи "Роғун"- ро мо чун қасам ба забон меорем, қасами садоқат, қасами муҳаббат, қасами вафодорӣ ба Ватани маҳбуб, ба Тоҷикистони азизамон.
Вожае, ки дар ҷилои дурахшони он армони ҳазоронсолаи як халқи равшанравон инъикос ёфт.
Вожае, ки фурӯғи меҳр, дурахши муҳаббат ва ҷилои самимияти як миллати соҳибтамаддун ва куҳанбунёд гардид.
Вожае, ки неруи  бовар ба мо бахшид ва  ба сӯи ояндаи шукуфон раҳнамоямон шуд.
“Роғун”! Вожае, ки савганди эътимоду эътиқоди мост.
“Роғун”!  Вожае, ки ангезиши  эҷодкориҳо, заминаи бунёдкориҳо дорад.
Ин вожаи  муқаддас халқи моро бори аввал дар таърих чунин бо эътимод ба ҳам овард, зеро бунёди он ҳадафи баланди миллии тоҷикон гардид. Ин вожа, ҳадафи бунёди он водошт, ки тамоми мардуми тоҷик, сарфи назар аз  маҳал ва мансубиятҳои дигар аз як гиребон сар бароваранд,  ба ҳам оянд, ба ваҳдату ягонагӣ бирасанд, ки омили асосии кафолати Истиқлолияти давлатии мо маҳз дар он ба зуҳур омадааст.
“Роғун” майдон аст, корзор аст, мактаб аст: майдони ҷавонмардӣ, корзори ҷоннисорӣ ва мактаби худшиносии миллӣ.
“Роғун”, пеш аз ҳама, таҷассуми муҳаббати Ватан, таҷассуми симои бешикасти халқи мост.
“Роғун” имтиҳон аст, имтиҳони асолати инсонию миллии мо -  тоҷикон. Имтиҳоне, ки миллати тоҷик дар он тамоми сифатҳои баланди инсонию башарию таърихии худро тавонист ҷамъ оварад ва бо сарбаландиву сарфарозӣ, сарфи назар ба ҳама гарониҳо, хатарҳо, таҳдидҳои мудҳиш ва хатарангез, мисли Сиёвуш аз байни алангаи сӯхтор, аз он бигзарад ва сарбаланду пирӯз бошад. Сарбаланд  дар пеши ҷаҳониён, пирӯз дар пеши худ.
“Роғун” лоиҳаи нодири гидроэнергетикиест, ки метавонад на танҳо барои кишвари мо, балки барои тамоми минтақа хидмати босазо кунад. Бунёди ин сохтмони аз ҷиҳати экологӣ бехатар аҳамияти ҷаҳониву башарӣ пайдо кардааст.
Бунёдкориҳои “Роғун” намунаи ибрат буда,  сабақи бемисл ба ҳар бинанда медиҳанд. Бо боздид аз ин сохтмоне, ки дар тасаввур гунҷонидани он душвор аст, эътиқоду эътимод, муҳаббат ва бовар ба Ватани соҳибистиқлол, ба Пешвои муаззами миллат, ки саркору раҳнамову раҳкушои ин ҳама бунёдкории азим мебошанд, даҳчанд афзун мегардад.
Ташаббус, дастгирӣ ва иштироки Пешвои миллат дар ин сохтмони азим ҳамеша ба бинокорон рӯҳбаландӣ ва бовару неру мебахшад. Тамоми мардуми дунё тавассути наворҳо шоҳиди тӯли яку ним соат дар сари фармони булдозер ба ҷасорат, мардона, бо камоли кордонии як ронандаи таҷрибадор ва корозмуда пеши роҳи дарёро бастани Пешвои миллат буданд. Мо - зиёиёни кишвар дар қатори мардуми дигар, дар он ҷо ҳузур доштем ва шоҳиди он лаҳзаҳои нотакрори таърихӣ гардидем. Яку ним соати ҷасорат, яку ним соати мардонагӣ, кордонӣ, ҷоннисорӣ, яку ним соати гузаштан аз имтиҳони тақдир аз ҷониби Пешвои миллат. Тасвири ин манзара ҳаргиз аз пеши назар нахоҳад рафт ва чун сабақи ҷавонмардӣ дар забонҳои мардум ҳамеша такрор ба такрор  хоҳад омад.
Ҳассостарин лаҳза ҳамон лаҳзае буд, ки оқибат Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон танҳо ба танҳо дар набарди дарёи асрҳо таслимнопазир бо булдозер пеши маҷрои якраву таслимнопазири дарёро бубаст ва аз соҳил ба соҳили дигар гузашт. Ва ин гузаштан чӣ қадар рамзҳои бузург дошт. Яъне, гузаштан аз ноободӣ ба ободӣ, гузаштан аз торикӣ ба рӯшноӣ, гузаштан ба пирӯзӣ аз вартаҳои ҳалокат барои Ватан ва халқи азиз.
Сохтмони НБО “Роғун” таърихи бисёр гаронеро пушти сар кардааст. Неруҳои хеле тавоное, садди роҳи бунёди ин иншоот буданд, душманони қавии зиёде дошт. Танҳо як нафар бо садоқат, бо ватандӯстии бемисл, бо бовару эътимод ҷоннисорона бар муқобили мухолифони ин тарҳ истод ва гуфт: "На, мо Роғунро месозем!!!".
Ва бо чи заҳматҳое, бо ҳаллу фасли чи мушкилоте боварнакарданӣ, пайваста бо сабру таҳаммул ва ҷоннисорӣ, бо муборизаҳои фидокоронаи Пешвои миллати мо Эмомалӣ Раҳмон бунёди “Роғун” оғоз гардид. Имрӯз афсона ба ҳақиқат табдил ёфт! 
“Роғун” сохтмони танҳо як истгоҳи барқӣ нест. Ин сохтмон зуҳуротест, ки бузургии миллати мо, ягонагии миллати моро аз имтиҳони воқеӣ ва бегузашти худ гузарондааст.  Бо бунёди “Роғун” мо, мисли ин ки худамонро,  сиришти ватандӯстонаи худамонро аз нав бунёд гузоштем.
Баъдан,  ин сохтмон дар ҷаҳон назир надорад, нахустин ва ягона намуна аст, лоиҳаи гидроэлектрикиест, ки дар он ҳама чиз бори аввал таҷриба мешавад. Бад-ин сабаб бо ҳалли мушкилоту муаммоҳои зиёде, ки таҳқиқоти мукаммали илмӣ ва эҷодкориву навовариҳои истеҳсолии зиёдеро талаб дорад, рӯ ба рӯ омада буд ва аз онҳо бо камоли маҳорату кордонӣ ва ҷавонмардиҳо тавонист убур кунад. Баъдан, “Роғун” сохтмонест, ки ҷоннисорӣ ва худофариву  ҷасорати баланди миллиро дар рӯ ба рӯ бо садҳои табииву сунъӣ ва дигар мушкилоти бавуҷудомада тақозо дошт.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.09.2019    №: 179    Мутолиа карданд: 286
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед