logo

фарҳанг

БОҒИ ДЕВАШТИЧ. ҲАДИСИ ШУКРОНА ДАР ЛАБИ МАРДУМ

Бо тақозои кор борҳо ба сайру саёҳати шаҳру навоҳии кишвари азизамон -  Тоҷикистон рафта, бо кӯлбори хотираҳо ва аксҳои зебо баргаштаем. Дар маркази аксари шаҳру ноҳияҳо ду - се гӯшаи зебову диданӣ ҳаст, ки аз диданаш ғунчаи дили кас мешукуфад ва ҳар боре ёд аз он сафарҳо кунем, дар мавриди он гӯшаҳои нозанин низ сухан хоҳем гуфт.
Аммо дар ноҳияи Деваштич ба ҷуз хиёбони хурди Сомониён, ки бо санавбарҳо, нимпайкараҳои қаҳрамонони меҳнату ҷанг ва муҷассамаи Аскари Ватан «оро» ёфтааст, гӯшае дигар набуд, ки меҳмонону дӯстони ташрифовардаро бо дили пур ба тамошои он барӣ.
Дар бештари мавридҳо меҳмонон, бавижа дӯстону ҳамкоронам, ки ба эҳтироми аҳли хонавода роҳҳои дарозро тай карда омадаанд, мепурсиданд, ки дар куҷо гӯшаҳои фароғатӣ ва диданӣ ҳаст, ки сайр намоем. Ман чи гуфтанамро надониста, саёҳати шаҳрҳои Истаравшан ва ё Хуҷанди бостониро пешниҳод мекардам.
Сабаби шодмониву сурур аст, ки чунин гӯша имсол дар арафаи Ҷашни 28 – солагии Истиқлолияти давлатӣ ва бо ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми зебоӣ ороставу пероста гардид. Дар боғ Парчами давлатӣ барафрохта шуда, муҷассамаи Қаҳрамони халқи тоҷик Деваштич ба ҳусни ноҳия ҳусни тоза зам кард ва дар баробари ин, барои гузарондани бештари чорабиниҳо ва ҷашнҳои миллӣ минбари хубе пайдо шуд.
Баландии муҷассама бо пояаш 12 метр буда, маҳсули дастони ҳайкалтарош Рустам Маҷидов мебошад. Пайкараи Деваштичи диловар бо санъати хуби меъморӣ сохта шуда, савори асп ва дар даст парчам низ дорад.
Баландии пояи парчам бошад, 50 метр буда, дарозӣ ва бари матоъ 7 бар 14 метрро ташкил медиҳад.
Дар рӯзи таърихии ба истифода додани он нависандагону шоирон Аҳмадҷон Раҳматзодаву Муҳиддин Хоҷазод, Фарзонаву Озарахш, Зулфия Атоиву Латофат Кенҷаева, Гулнозу Адиба ва дигар адибону олимон ширкат варзида, ба Пешвои миллат сипосгузории самимии халқро арза доштанд. Сарвари давлат хосатан таъкид намуданд, ки боғи мазкур минбари шеъру сухан ва тарғибу ташвиқи дастовардҳои замони истиқлол бояд бошад. Ҳар замон маҳфилу чорабиниҳои идона гузаронда шавад ва аз ин минбари баланд – аз зери Парчами давлатӣ суруди сулҳ танинандоз гардад.
Ростӣ, дар 28 соли соҳибистиқлолӣ ин аввалин ва муҳташамтарин майдон дар миқёси ноҳия аст, ки дар даромадгоҳи маркази он доман густурд. Меҳмонони дохиливу хориҷӣ, ки тавассути Истаравшан ба ноҳия ва аз ин ҷо ба минтақаҳои дигар сафар мекунанд, ҳатман аз ин гӯшаи обод, ки дар сари роҳ аст, дидан хоҳанд кард. Сабзаҳо, гулҳои гуногун, чароғҳои рӯшан, нишастгоҳҳо, пайраҳаҳои кошипӯшшуда ва фаввораҳои мавзунҳаракат дили ҳар бинандаро шефта мекунанд. Баъди ба истифода додани боғ мардум ба оғӯши он шитофтанд. Худ аз худ иду сурур оғоз ёфт, бавижа шодиву фараҳи тифлон поён надошту надорад.
Сокинон саодатманд аз онанд, ки дар Боғи Деваштич дар баробари истироҳату фароғат, ҳамзамон, рӯҳияи миллӣ ва худшиносии мардум боло мегирад. Зеро Парчами давлатӣ ва пайкараи Деваштич боиси ифтихор ва ёд карданҳо аз таъриху тамаддун аст.
Мо медонем, ки Деваштич - яке аз шоҳони охирини Суғд буд ва алорағми истилогарон ҷангидааст. Дар роҳи ҳифзи ҳамин марзу бум, бавижа дар ҳимояи Панҷакати куҳан кушта шуда буд, имрӯз ба масал умри дубора дид:
Дар арафаи Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва ба шарафи 90 - солагии таъсисёбии ноҳия дар зери Парчами давлатӣ силсилаконсертҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гаштанд ва ҳар шом шумораи бинандаву шунавандагон меафзуд. Масъулон ва санъаткорони шуъбаи фарҳанги ноҳия бо шавқу шӯри зиёд консерт мегузаронданд, аз дирӯзу имрӯз ва фардои мунаввари Ватан месуруданд.
Шоирону навқаламони ноҳия зери парчам шеър тараннум карда, мардум ҳадиси шукрона мехонданд. Дар чеҳраи пиру барно оромишу осоиш ва шодмонӣ дида мешуд.
Ба андешаи мо, оянда дар доираи имкониятҳо ва бо ёрдами соҳибкорони саховатпеша ободтар кардани боғи мазкур, васеъ намудану ба он афзудани майдончаи бозӣ ва атраксионҳо ба манфиати кор хоҳад буд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.09.2019    №: 179    Мутолиа карданд: 272

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод

Россия ва Франсия ба музокирот дар чорчӯбаи «2+2» тайёрӣ мебинанд

Баҳои коршиноси Амороти Муттаҳидаи Араб ба конфронси Берлин оид ба қазияи Либия

Салиби сурх: «Ҷанги Яман боиси фирори се миллион нафар гашт»

Шарқи Канада зери барф монд

Соли гузашта дар Италия ҳар ним соат замин ҷунбид

Ҷаҳон дар як сатр

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТӮЙҲОИ ПУРДАБДАБАРО МАНЪ НАМУДАНД

25.12.2019


"RIAS Ingineering" телевизору яхдонҳои тоҷикӣ месозад

Қазоқистон ҳукми қатлро пурра бекор карданист

Дар Австралия аз сӯхтори ҷангал шаҳр ба коми оташ рафт

Сарвари Индонезия тарҳи пойтахти нави кишварро интихоб намуд

Чин боҷи қариб ҳазор моли хориҷиро кам месозад

Ҷаҳон дар як сатр

24.12.2019


"ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ"

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Қурбон Ҳакимзода ҳайати шаҳри Вэйнанро ба ҳузур пазируфт

Нуробод. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро

Ҷаҳон дар як сатр

Арчаи солинавии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ

Лавров: Трамп ба муколама бо Россия доир ба масоили ҳалталаб омода аст

Москва ва Киев шартномаи таҳвили газро барои панҷ сол имзо мекунанд

Комиссияи Аврупо таҳримоти ИМА зидди «Маҷрои шимолӣ - 2»-ро маҳкум намуд

Дар Тошканд маркази рушди «ҳукумати электронӣ» ифтитоҳ меёбад

23.12.2019


Путин: «Соли гузашта дар Россия 33 амали террористӣ пешгирӣ гардид»

Минск ба ҳамгироӣ бо Россия дар асоси баробарӣ омода аст

Комиссияи интихоботии Афғонистон Ашраф Ғаниро президенти кишвар эълом дошт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед