logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.

БАХШИДА БА 2 - СОЛАГИИ РУБРИКАИ «ИНТЕЛЛЕКТ»
1. Мутахассис оид ба ислоҳи нутқ.
2. Сабзавоте, ки бо он амрикоиҳо маймунро ба дом меафтонанд.
3. Номи дигари атлас.
4. Панир ё асбоби мусиқӣ.
5. Аввалин кайҳоннавард.
6. Он чи донишҷӯро ба таҳлука меоварад.
7. Макони ҷойгиршавии лавозимоти конселярӣ.
8. Дастоварди беҳтарини варзишгар.
9. Қисми зиёди заминро иҳота кардааст.
10. Дар системаи гармидиҳӣ нақши асосиро мебозад.
11. Чиро фаронсавиҳо «қалби тиҷорат» номидаанд?
12. Филми «12 соли …»
13. Ашёе, ки чор тарафро муайян мекунад.
14. Бародари калонии арифметика
15. Рубрикаи мукофотдори саҳифаи «Шоми шанбе»

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05,
bzm_701@mail.ru


ЧАРО РОНАНДАГОНИ ТАКСИҲОИ ЛОНДОН ДОНОТАРИН ДАР ҶАҲОНАНД?
Лондон дар қатори дигар махсусиятҳое, ки дорад, бо имтиҳони сангинаш барои ронандагони таксӣ низ машҳур аст.
Шояд боварнокарданӣ бошад, вале барои гузаштан аз ин имтиҳон, довталаб  бояд тамоми 25 ҳазор кӯча ва ҳама иншооти шаҳрро бо ному мавқеи ҷойгиршавиашон донад. Ҳатто  ба сайёҳон  оид ба иншоот маълумоти пурра дода тавонад. Ронандагони таксӣ дар ин шаҳр ҷадвали кориро худашон муқаррар мекунанд, зеро роҳкирои таксӣ ин ҷо аз баландтарин роҳкироҳо дар ҷаҳон мебошад.
Таҳияи Наргис АТОЕВА


«ОДАМРО, КИ ДУРУСТ КАРДАМ, ДУНЁ ХУДАШ ДУРУСТ ШУД»
Баъди ҳафтаи вазнини корӣ падар ният дошт, ки истироҳат мекунад, вале  духтари панҷсолааш субҳи барвақт аз дар даромада, ӯро бедор кард:
- Падарҷон,  рӯз шуд,  биёед маро ба боғ баред!
Падар ваъдаи ба Парвина додаашро ба ёд овард,  вале хоҳиши аз хона баромаданро надошт. Фикр кард, ки чи кор кунад, то тамошои боғро ба вақти дигар гузорад. Дар ҳамин фикр буд,  ки чашмаш ба харитаи дунё  афтид. Онро ба чанд пораи хурде  тақсим карда, ба духтараш дода гуфт:
- Агар ҳамин харитаро ҷо ба ҷо карда биёрӣ, туро ба боғ мебарам.  Духтар хурсанд шуда, пораҳои  кӯчаки коғазро ба даст гирифт ва аз хона баромад.
Хилофи интизор,  Парвина баъди даҳ дақиқа ба назди падар омад. Падар ҳайрон монд. Вале дид, ки духтараш харитаи порашударо дуруст ҷо ба ҷо кардааст.
- Духтарам, ту чӣ тавр инро дуруст кардӣ?
- Вақте коғазпораҳоро аз пеши шумо мебурдам, дидам, ки дар пушти онҳо акси як одам аст. Одамро, ки дуруст кардам, дунё худаш дуруст шуд!
Таҳияи Нигина РАҲМОН


АНДЕШААТРО ДИГАР НАМО!
Зани солхӯрдае ба ҳоли духтаронаш доимо ашк мерехт, зеро яке чатр мефурӯхту дигаре макарон. Агар ҳаво софу офтобӣ мешуд, аз дил мегузаронд: “Чӣ хел бад. Аз дукони духтарам касе чатр намехарад”. Ва агар борон борад, аз он афсӯс мехӯрд, ки макаронҳои духтари дигараш зери борон тар мешаванду ба фурӯш намераванд.
Ҳамин тавр, дар ҳама гуна боду ҳаво зан гиря мекарду ашки ҳасрат мерехт. Ниҳоят, бо пири хирадманде вохӯрда, аз ҳолаш қисса кард. Пирамард лабханде заду гуфт:
- Беҳтараш аз дигаргунии ҳаво ғам махӯру андешаатро дигар кун. Офтоб барояд бигӯ: Макаронҳои духтарам хушк мешаванду савдояш авҷ мегирад. Дар акси ҳол фикр кун, ки чатрҳои духтарат ба савдо рафтаанд.
Зан чунин кард ва зиндагии худу фарзандонаш ранги дигар гирифт.
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА 


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
БЕЧОРА
Вақте Генрих Гейне аз бемории дӯсти сарватмандаш Ротшилд хабар ёфт, чунин гуфт:
- Бечора, шояд хоб дидааст, ки сад ҳазор франкашро ба бенавоён тақсим дорад.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзоди ҚУРБОНАЛӢ


ЛАЗИЗТАРИН ҚАҲВАҲОИ ҶАҲОН  
Шаҳри Вена (Австрия) бо нӯшокиҳои винер меланж, шале голд, капутсинер ва Мария Терезиа дар ҷаҳон шуҳрати зиёд дорад. Рим (Италия) пойтахти  қаҳванӯшон буда, дар ширкатҳои италиявӣ истеҳсоли қаҳва на бо истифода аз технологияи муосир, балки ба таври классикӣ  сурат мегирад. Сокинони Италия қаҳваро бе омезиши қанд менӯшанд, зеро ба  таъми табиии он мароқи бештар доранд.
Индонезияро бошад, қаҳвахонаҳои шаҳрҳои наздисоҳилии ҷазираҳои Ява, Сулавеси ва Суматра машҳур кард. Қаҳваҳои хушбӯи  шоколадии ин ҷо таъми  хушу нотакроре  доранд.  
Аммо  лаззати ҳеҷ яки онҳо ба таъми қаҳваи Танзания баробар  шуда  наметавонад.  Танзаниҳо   қаҳваро дар  доманакӯҳи  Килиманҷари Шимолӣ  парвариш карда,  ҳангоми омоданамоии нӯшоба ба он занҷабилу  дорчин  ҳамроҳ мекунанд, ки таъмаш  хеле табиӣ мебарояд.   Дар Аддис - Абеба (Эфиопия) сокинон аз анъанаҳои қадимие истифода мебаранд,  ки  давоми ҳазорсолаҳо роиҷ буд. 
Таҳияи  Иронбӣ  МӮСОЗОДА   


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Васияти аскар
Дар синни 47, яъне хеле бармаҳал косаи паймонаи аскари бритонӣ Стэн Ноулс пур шуду ӯ ин дунёро бо садҳо армон падруд гуфт. Дар васиятномааш вай аз наздиконаш чунин хоҳиш намудааст: «Маро бо чор шиша пиво, як қуттӣ сигор ва худнависи шарикдор (шояд дар он дунё бинго бозӣ кунанду худнавис зарур шавад) гӯронед». Аҳли оила хоҳиши охирини ӯро ба ҷой овард.
 Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


НЕРУИ ЯК ЗАНИ 65 – СОЛА
Ин воқеа соли 1964 дар яке аз иёлати Амрико рух дод.  Анжела Коваллои 65 - сола вақте дид, ки писараш зери мошини вайронаи рӯи ҳавлӣ монд, кумаки касеро интизор нашуда,  бо тамоми қувва мошини якунимтоннагиро бо зӯри бозувонаш бардошт. Албатта, ӯ мошинро мисли қаҳрамони хаёлӣ болои сар накард, вале  чанд сантиметре, ки бардошт, барои  раҳоӣ ёфтани писараш кифоя буд. 
Вақте писарро аз зери мошин берун  оварданд, хуни нӯги ангуштони модарро шахшуда ёфтанд. Мусаллам аст, ки модар барои наҷоти фарзанди хеш омода буд, худро қурбон кунад.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


АЗ ОЛАМИ АҶИБИ ҲАЙВОНОТ
Канаи зиреҳпӯш
Гарчанде мо ба ин махлуқ таваҷҷуҳ намекунем, аммо он лидери комилҳуқуқи зӯртарин ҳайвонот ба шумор меравад. Чунки ин намуди кана бори то 1000 маротиба аз худаш вазнинро мебардорад.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


ПУЧЧИНИ  
Оҳангсози ҷавону ҳавобаланде, ки бо Пуччини ошноӣ дошт, ба ранги паридаи ӯ нигариста, бо таассуф мегӯяд:
- Ту, аллакай, пир шудаӣ. Аз пагоҳ барои рӯзи маргат навиштани марсияи ҷонсӯзеро оғоз мекунам, мабодо, ки дер шавад.
- Майлаш, навис дӯстам, вале метарсам, ки ба ҷои гиря ҳама дар ҷанозаам ҳуштак мекашанд (воқеан, дар замони Пуччини санъаткори беҳунарро бо ҳуштак аз саҳна «гусел» мекарданд).
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалимаи ҚУРБОНАЛӢ


АСТРОНОМҲО ОБЪЕКТИ БО ЮПИТЕР БАРХӮРДАРО ОМӮХТАНД  
Аксбардор аз Техас (ИМА) моҳи август вақти назорат аз рӯи Юпитер алангаи ғайриодиро аккосӣ кард.
Таҳқиқгар сабти кардаашро дар аккаунти худ дар Twitter инъикос намуд.Баъдан олимон муқаррар карданд, ки доғи ниҳоят равшан дар атмосфера бар асари бархӯрди астероид ба сайёра мушоҳида шудааст. Бо ёрии барномаи DeTect астрономҳои Институти технологии Флорида андоза ва траекторияи ҳаракати астероидро ҳисоб карданд.
Муайян гардид, ки объекти мазкур 450 тонна вазн ва тақрибан 12 – 16 метр қутр доштааст. Дар таркиби он силикат ва оҳанеро дарёфтанд, ки дар рӯи Замин мавҷуд аст. Тазаккур мегардад, ки дар як сол ба Юпитер то 60 объект бармехӯрад.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


ИХТИРОИ АҶИБ
Як гурӯҳ олимони ҷопонӣ аз Донишгоҳи тадқиқоти тиббии Сига ҷоизаи Шнобелиро барои ихтирои сигнали махсус дар ҳолати сар задани сӯхтор соҳиб шуданд. Бо бӯи васаби ном рустанӣ (аз оилаи карамҳо) сигнал ҳангоми сар задани сӯхтор ба кор медарояд. Ихтирои олимони мазкур ба одамони аз лиҳози шунавоӣ танқисидошта низ ёрӣ мерасонад. Бӯи рустанӣ ҳатто одамони хоббударо бедор мекунад.
- Давоми даҳсолаи охир барои огоҳсозии сустшунавоён чандин намуди сигналро истифода бурдем, вале ба натиҷае муваффақ нашудем. Сипас, аз бӯйҳои гуногун истифода бурда, ба мақсадамон расидем, - мегӯяд Макото Имаи яке аз ҷоизадорон.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


ЧЕМПИОНҲОИ ҶАҲОН ОИД БА ШОҲМОТ
Хосе - Раул КАПАБЛАНКА
Давраи чемпиониаш солҳои 1921 – 1927. Намояндаи Куба.
Чемпиони сеюми ҷаҳон Капабланка вундеркинд буд, яъне аз хурдӣ истеъдоди фавқулодаи шоҳмотбозӣ дошт. Ҳанӯз дар наврасӣ натиҷаҳои устодона нишон медод. Соли 1911 Ласкарро ба «муҳорибаи тан ба тан» даъват намуд, то ки унвони чемпиониро аз вай ситонад. Вале, мусобиқа танҳо соли 1921 барпо гашт. Дар Гавана, чи тавре ки интизор мерафт, Капабланка Ласкарро бе мушкилӣ шикаст дод. 
Капабланка ҳамчун «мошини шоҳмотбоз» шуҳрат ёфт. Услуби донаронии ӯ бо техникаи нозук, ҳисоби дақиқи вариантҳои гаштҳо фарқ мекард. Капабланка ҷонибдори назарияи «марги мусовӣ» дар шоҳмот буд, чунин меҳисобид, ки ба ҳангоми бозии дуруст қувваозмоиҳо бояд мусовӣ анҷом намеёфтанд.
Хатоии вай ҳам дар ҳамин буд. Таърихи минбаъдаи рушди шоҳмот инро ба исбот расонд. Дар соҳаи шоҳмотбозӣ уфуқҳои нав ба нав кашф мешуданд. Воқеан ҳам, дар шатранҷбозӣ тахайюлот, эҷодкорӣ ва таъсири рӯҳӣ ҳадди ниҳоӣ надоранд.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ


РОҲИ КАБУД
ВОСИТАИ ҒАЙРИОДӢ АЛАЙҲИ ГАРМО ДАР ҚАТАР
Дар пойтахти Қатар - шаҳри Давҳа барои аз гармои шадид наҷот додани пиёдагардҳо ва ронандаҳо қитъаи роҳи автомобилиро ранги кабуд карданд.
Мутахассисони араб бар онанд, ки чунин ранг таъсири ҳарорати баланд ба роҳро коҳиш медиҳад. Дар ин иртибот зикр меравад, ки роҳи муқаррарии сиёҳранг танӯри тафсонро монад. Сатҳи роҳи кабуди озмоишӣ бошад, нурҳои ултрабунафшро бештар рад намуда, радиатсияи офтобиро камтар фурӯ мебарад. Дар натиҷа ҳарорати роҳ 6 - 10 дараҷа паст мешавад.
Зимнан, дар Қатар ҳарорати ҳаво ҳатто дар соя аз 50 дараҷа болотар аст.
Тарҷумаи Хуршеди ҶОВИД


ДРОНИ ОТАШНИШОН
Оташнишонҳои чинӣ барои рафъи оқибатҳои харобиовари сӯхтор дар яке аз қабатҳои болоии бинои баландошёна аз дрони махсусгардондашуда истифода бурданд.
Барои анҷоми ин кор ба оташнишонҳо лозим наомад, ки ба қабати болои ошёна баромада, то он ҷо лӯлаҳои обгузарро бикашанд. Ин корро ба ҷои онҳо дрони оташнишон иҷро кард. Дрони баландпарвоз дар худ ба миқдори зарурӣ об ҳам захира намуда буд.
Чуноне ки пасон маълум гашт, ин амал ҳангоми машқҳои омӯзишии оташнишонҳо ба навор гирифта шудааст. Натиҷаҳои омӯзиш нишон доданд, ки бесарнишинҳо метавонанд дар оташнишонӣ низ пурсамар истифода бурда шаванд.
Таҳияи Манзура ШАМСОВА 


ПУЛҲОИ АФСОНАВӢ
Инсоният садсолаҳо барои пайвандсозӣ пул месозад. Аз аҳди қадим то замони муосир дар ҷаҳон ҳазорҳо пул сохта шудаанд, ки бархеашон бо зебоӣ ва меъмории ғайриодиашон шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд. Ҳадафи муаллифони онҳо на танҳо дар пайвастсозии шаҳрҳо мебошад, мақсад дар он аст, ки ҳар касе аз ин ё он пул мегузарад, аз зебоиаш низ ҳаловат барад. 
Инчунин, дар рӯи замин пулҳое мавҷуданд, ки онҳо  офаридаи табиатанд ва онҳоро низ метавон шоҳасарҳои санъат номид.
Саҳифаи фарҳангӣ - фароғатии «Шоми шанбе» барои хонандагони худ  пулҳои машҳури ҷаҳонро ба хонандагон муаррифӣ менамояд.

1. Мавҷпули Ҳендерсон, Сингапур
Ин пул бо дарозии 274 метр ду боғи фароғатиро ба ҳам мепайвандад. Тарҳи махсусаш ба он шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Унсури асосии ороиши  пул металли мавҷшакл мебошад. Дар ҳар 7 хамии мавҷ  7 ҷойи роҳат баҳри истироҳати тамошобинону сайёҳон сохтаанд. Шабона шабакаи равшанидиҳӣ тавре мавҷ мезанад, ки кас гумон мебарад дар баҳри пуртуғёни афсонавӣ рӯ - рӯи мавҷҳо алвонҷ мехӯрад. 
Лола РИЗОӢ, тарҷума аз русӣ


АСБОБҲОИ НОДИРИ МУСИҚӢ
5. ГРАВИКОРД

КОРА Ё ГРАВИКОРД
Армуғони дугонае, ки дар олам ҳамто надорад, соли 1984 аз ҷониби оҳангсоз Роберт Грави кашф гардидааст. Гравикорд аз рӯи намуди асбоби мусиқии 21 - тораи африқоии «кора» сохта шудааст. Асбоби нодир аз лӯлаҳои пӯлодин ва 24 тори нейлонӣ сохта шуда, тарзи навохтанаш ба асбоби машҳури африқоӣ мушобеҳ бошад ҳам, садои ӯ нотакрор эътироф мешавад. Торҳои он мисли асбобҳои муқаррарӣ набуда, аз марказ ба ду тараф кашида шуда, ба тарзи ғайриодӣ сохта шудааст.
Таҳияи  Гулнисои САЪДОНШО
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.09.2019    №: 180    Мутолиа карданд: 184

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед