logo

иҷтимоиёт

ТАТБИҚИ ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. “ОИД БА ТАДБИРҲОИ ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ”

Таъмини фаъолияти самарабахши низоми пардохти кишвар яке аз омилҳои калидии фаъолияти босубот ва босуръати низоми бонкӣ маҳсуб ёфта, рушди низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба шаффофияти иқтисодиёти кишвар мусоидат менамояд.
Бо мақсади рушди низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар иқтисодиёти кишвар, вусъат додани истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 30 ноябри соли 2018, таҳти № 565 тасдиқ гардид. Мутобиқи он вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои давлатии амаликунандаи хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ, вазифадор шудаанд, ки дар баробари ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ, ба таври ҳатмӣ қабули ҳаққи ҳама намуди хизматрасониҳоро аз аҳолӣ ба таври ғайринақдӣ бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ таъмин намоянд.
Бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои қарзии ватанӣ тадбирҳои саривақтиро андешида, баҳри зиёд шудани ҳиссаи он дар иқтисодиёт мусоидат менамояд. Ҳамин аст, ки ташкилотҳои қарзии ватанӣ бо истифода аз технологияҳои муосири пардохтӣ, ба монанди бонкдории мобилӣ, Интернет - бонкинг, пардохтҳо тавассути QR - рамз ва маблағҳои электрониро ҷорӣ намуда, тавассути онҳо ба муштариён имконияти пардохт намудани ҳаққи молу хизматрасониҳоро ба таври ғайринақдӣ фароҳам овард ва ҳамзамон ҷиҳати ҳавасманд намудани муштариён ҳаққи хизматрасониҳоро коҳиш дода, барномаҳои бонусӣ, кэшбэк, пардохти фоиз аз амалиётҳои гузарондашуда ва дигар роҳу имкониятҳои ҳавасмандгардониро пешниҳод намуда истодаанд.
Дар баробари ин, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар ҳамоҳангӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, корхонаю муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзӣ, қабули пардохти як қатор хизматрасониҳои давлатӣ ба таври ғайринақдӣ тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ роҳандозӣ шуда истодаанд, аз ҷумла хизматрасониҳо дар бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва хизматрасонии нотариалӣ, пардохти боҷи давлатӣ (Интернет эквайринг), пардохтҳои патентӣ, хизматрасониҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ (беш аз 60 намуд), пардохти хизматрасониҳои тиббӣ (беш аз 70 муассисаи тандурустӣ), пардохти маблағи раводиди электронӣ, пардохтҳои гумрукӣ, барои истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ, хизматрасонии иёргирӣ, пардохти маблағҳои истифодаи қувваи барқ тавассути низоми биллингӣ, пардохти маблағҳои андозсупорандагон аз объектҳои ғайриманқул, андози замин, воситаҳои нақлиёт, пардохти андозҳои маҳаллӣ ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шудааст.
Рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ҳамчун омили инкишофи низоми молиявӣ дар ғанӣ гардондани буҷети кишвар нақши муҳим дорад. Истифодаи оммавии воситаҳои электронии пардохтӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо (хариди молу хизматрасониҳо) ба шаффоф гаштани ҷараёнҳои молиявӣ, коҳиш ёфтани ҳаҷми иқтисодиёти ғайрирасмӣ, афзоиши воридоти маблағҳои андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба Буҷети давлатӣ, инчунин, ба зиёдшавии ҳаҷми амонатҳо мусоидат менамояд.
Аз ҷониби дигар, гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ ба аҳолии кишвар имконият медиҳад, ки ҳарчи бештар ба хизматрасониҳои пардохтӣ дастрасӣ пайдо намуда, бидуни ташриф овардан ба марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо роҳҳои қулай, осон ва босуръат пардохти молу хизматрасониҳоро ба таври фосилавӣ анҷом диҳанд ва вақти худро сарфа намоянд.
Бо дарназардошти бартариятҳои мазкур, бо мақсади мусоидат ба фаъолияти мунтазаму самараноки низоми бонкӣ, зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар муомилоти пулии кишвар ва ҳавасманд кардани ташкилотҳои қарзии молиявӣ, тибқи қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз  26 августи соли 2019, № 95, иштирокчиёни Низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо аз пардохти ҳаққи хизматрасонии ҳисоббаробаркунии байнибонкӣ дар давоми нимсолаи дуюми соли 2019 озод карда шуданд.
Дар баробари ин, бо мақсади иҷрои банди 3 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳавасмандгардонии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҷиҳати рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва дар амал татбиқ намудани он, инчунин, марҳила ба марҳила маҳдуд намудани ҳисоббаробаркуниҳо бо пули нақд дар муомилоти пулии кишвар, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” - ро таҳия карда, ба баррасии вазорату идораҳои дахлдор 3 июни соли 2019, таҳти № 3-3/389 ирсол кардааст. Дар лоиҳаи мазкур ҷиҳати рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ имтиёзу сабукиҳои андозӣ пешбинӣ шудаанд, аз ҷумла барои пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ба шахсони воқеӣ барои бештар анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва истифодабарии воситаҳои электронии пардохтӣ, пешниҳод шудааст, ки аз маблағи бонусҳо, кэшбек ва дигар механизмҳои ҳавасмандгардонӣ, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба муштариён ҳангоми истифодабарии воситаҳои электронии пардохтӣ пешниҳод мегарданд, андоз аз даромад гирифта нашавад.
Ҳамзамон, лоиҳаи мазкур пешбинӣ менамояд, ки барои воридоти таҷҳизот, воситаҳои техникӣ, қисмҳои эҳтиётӣ ва таъминоти барномавии барои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ истифодашаванда таҷрибаи муваққатан озодкунӣ аз андозҳо татбиқ карда шавад. Инчунин, ба Кодекси андоз ворид кардани имтиёзҳо ба меъёри андози низоми содакардашуда барои фаъолият оид ба истеҳсоли молҳо бо истифодаи пардохти ғайринақдӣ 3 фоиз ва ба намудҳои дигари фаъолият дар ҳаҷми 4 фоиз пешниҳод шудааст, ки нисбат ба ҳамин гуна фаъолият бо пардохти нақдӣ 2 банди фоизӣ камтар аст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар маҷмӯъ чораҳои андешидашуда барои зиёдшавии истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ва афзоиши теъдод ва ҳаҷми пардохтҳои ғайринақдӣ мусоидат намуда, тибқи маълумоти оморӣ тайи 8 моҳи соли ҷорӣ ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ нисбат ба соли қаблӣ хеле рушд кардааст. Аз ҷумла, ба ҳолати 31 августи соли 2019 миқдори умумии кортҳои пардохтии бонкӣ 2 217 773 ададро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,2 фоиз афзоиш ёфтааст. Барои хизматрасонии дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар маҷмӯъ 762  банкомат ва 5 074 терминали электронӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд.  Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2018 шумораи банкоматҳо 86 адад ва шумораи терминалҳои электронӣ 989 адад афзудаанд. Аз миқдори умумии терминалҳои электронӣ 1 714 адад дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд ва 3 360 адад дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ насб карда шудаанд, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 мутаносибан 18,2 фоиз ва 27,5 фоиз афзоиш ёфтаанд.
Дар баробари ин, бояд зикр кард, ки дар давоми 8 моҳи соли 2019 тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ (кортҳои пардохтии бонкӣ, кортҳои нақлиётӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) барои хариди мол ва пардохти хизматрасониҳо зиёда аз 21,2 миллион адад амалиёти ғайринақдӣ ба маблағи 519,2 миллион сомонӣ гузаронда шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2018, аз рӯи шумора 30 маротиба ва аз рӯи ҳаҷми амалиётҳои гузарондашуда 64,3 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра таносуби ҳаҷми амалиётҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ 93,5 фоиз ба 6,5 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ҳаҷми амалиётҳои ғайринақдӣ 1,7 банди фоизӣ зиёд гардидааст.
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои банди 4 - и қарори номбурда ҷиҳати гузарондани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ бо мақсади оммавигардонии истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ва анҷом додани пардохтҳои ғайринақдӣ дар ҳамкорӣ бо шабакаҳои телевизионии давлатӣ барномаву гузоришҳои телевизионӣ ва радиоӣ бо иштироки вазорату идораҳо, мақомоти масъул ва ташкилотҳои қарзӣ доир намуда, бартарияти истифодаи пардохтҳои ғайринақдӣ ва баланд бардоштани маърифати молиявӣ дар самти истифодаи чунин пардохтҳо, ки ба манфиати аҳолӣ аст, фаҳмонда дода шуд. 
Бояд гуфт, ки рушди мунтазами низоми пардохтӣ ва зиёд гардидани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар муомилоти пулии кишвар зарурати ташаккул додани инфрасохтори боэътимоду пуриқтидори низоми пардохтиро тақозо менамояд. Бо ин мақсад дар Бонки миллии Тоҷикистон аз 19 июли соли 2019 ба ивази низоми амалкунандаи пардохтҳои байнибонкӣ Низоми муосири автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо мавриди истифода қарор дода шуд. Татбиқи низоми зикргардида самаранокӣ ва эътимоднокии низоми пардохтии кишварро афзун намуда, барои рушди минбаъдаи инфрасохтори низоми пардохтӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ заминаи устувор мегузорад.
Ҳамин тариқ, бо мақсади чораҷӯӣ намудан, баҳри иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони  мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо ин нуктаро махсусан таъкид намуданд, Бонки миллии Тоҷикистон барои зиёдшавии пардохтҳо бо истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ ва истифодаи оммавии онҳо ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ, ки аз омилҳои рушди иқтисодиёти миллӣ маҳсуб меёбад, ҳамеша талош меварзад.
Шуъбаи матбуоти БМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.09.2019    №: 181    Мутолиа карданд: 79

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед