logo

маориф

ДТТ: Як хобгоҳи дигар ба истифода дода шуд

Анвар Абдурасулов, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, тасмими Президенти ҷумҳуриро бобати Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон шудани соли 2010  аз рӯйдодҳои муҳими сол арзёбӣ намуд. Ба андешаи ӯ иҷрои тадбирҳои ба ин хотир пешбинишуда ба рушду нумӯи иқтисодиёти мамлакат ва мақоми он дар байни кишварҳои олам  метавонад  таконе бахшад. Ба ин хотир  раёсати донишгоҳ ният дорад силсилаи тадбирҳоро роҳандозӣ намояд. Аз ҷумла дурнамои самтҳои фаъолияти донишгоҳ барои панҷ соли минбаъда ва роҳҳои баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисони ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ тарҳрезӣ шудааст. Дар айни замон раёсати донишгоҳ азм дорад, ки вобаста ба эҳтиёҷи мамлакат ба мутахассисони соҳаи техникию  муқаррар намудани ҷойҳои муайяни кор барои онҳо ва ҷалби вазорату идораҳо ба ҳалли  ин масъала Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва ё сарпарастонро таъсис диҳад.
Инчунин Анвар Абдурасулов гуфт, ки беҳсозии сифати таълим  барои  донишҷӯён фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, ба вижа суръати таъсиси озмоишгоҳҳои илмию маҳфилҳои ихтироъкорӣ, корхонаҳои таълимию истеҳсолӣ ва технопаркҳоро метезонад.
Ба ин хотир дар навбати аввал бо анҷоми таъмиру тармими пурраи хобгоҳи рақами 3 имсол дар донишгоҳ барои 1000 нафар донишҷӯ шароити хуби ҷои зист фароҳам омадааст.
Ҳамзамон устодони ин  даргоҳи илм бо тарғиби донишҳои техникӣ миёни аҳолӣ дар  ташаккули фарҳанги техникии ҷомеа  саҳм мегиранд. Онҳо дастовардҳои муҳими илмиву техникӣ ва навгониҳои онро тавассути барномаҳои радиову телевизион ва матбуот мунтазам  дастраси аҳолии кишвар мегардонанд.

Хайринисои Расулӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 459

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед