logo

иҷтимоиёт

БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ПЕШ!

Мо пештар мешунидему мехондем, ки нигаҳ доштани давлат аз ба даст оварданаш мушкилтар аст. Мешунидему мехондем, аммо ҳақиқати ин ҳикматро бо он амиқӣ ва паҳноӣ ҳеҷ дарнамеёфтем. Ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта онро барои мо рӯшану возеҳ бозгӯ кард.
Бисту ҳашт сол пеш давлати мо истиқлолиятро соҳиб гардид. Мардум бо хушнудӣ онро чун муждаи нек барои худ пазируфт. Аммо аз ин неъмат қариб буд, ки маҳрум мешуд. Душманон мехостанд давлатеро бо номи Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳон роҳ надиҳанд.
Талафоти ҷонӣ, хонаҳои бисёри хароб, беғизоӣ, куштору ваҳшонияти гӯшношунид умедҳои некро аз байн мебурданд. Ба ояндаи неку дурахшон  кас  бовар ҳам надошт. Тухми умедро дар дилҳо танҳо суханҳои самимӣ ва боварибахши Сарвари тозаинтихоби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пошид. Ӯ гуфт, ки ман ба шумо сулҳ меорам ва овард. Дар он рӯзгор ваъдаи ин неъмат ва овардани он беҳтарин мужда ва амал буд. Воқеан, ин ҳодисаҳо собит сохтанд, ки бе сулҳ, бе амният ба манзили мақсуд расидан ҳаргиз осон нест. Балки номумкин асту бе онҳо ҳастии кас низ дар хатар мебошад.
Магар метавон аз ёд бурд, ки ба пораи ноне ҳам зор будем?
Магар метавон аз ёд бурд, ки ба зинда мондани худ то ба як рӯзи дигар бовар надоштем?
Имрӯз ифтихор мекунем, ки соҳибистиқлолем ва дар давлате бо номи Тоҷикистон зиндагӣ ба сар мебарем.
Имрӯз аз дастовардҳо мегӯем ва аз он шод мегардем, ки кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ эътибори махсус дорад.
Ҳолиё, ки забони давлатии мо аз минбарҳои баланду бонуфузи ҷаҳон садо медиҳад, бисёр хушнуд мегардем ва ба ояндаи аз ин ҳам дурахшонтари Тоҷикистон умед мебандем.
Дар ҳақиқат, шахсе зимоми давлатдориро ба даст гирифт, ки аз уҳдаи нигоҳ доштани он ва тараққиёти бемислаш баромад. Аз ин рӯ, таърих барои ҳамеша ному кори ӯро бо ҳарфҳои заррин навиштаву баъдҳо низ менависад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пойдории Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот, амну осоиштагӣ, пешрафти кишвар иктифо накард. Зарур шумурд, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистони  азиз истиқлоли рӯҳӣ низ дошта ва ин рӯҳ неруманд бошад. Дуруст фармудаанд: «Рӯҳе, ки истиқлол надорад ва тобеи дигарон ё мутеи тамоюлоту шаҳватҳои худ аст, неруманд нест». Таъсиси донишкадаву донишгоҳҳои нав, бунёди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, баргузории ҷашнҳову озмунҳо аз ҷумлаи тадбирҳоест, ки маърифатро боло мебараду рӯҳро неруманд месозаду истиқлол мебахшад.
Бешак, Сарвари давлат ба хотири ояндаи дурахшони мо, миллату давлат бо тамоми ҳастӣ фаъолияти чашмрасу бесобиқа намуд. Синаро сипар ва давлату истиқлолиятро ҳифз кард.  Мардум ба хотири заҳматҳои бемислаш ӯро Пешвои миллат хонду пазируфт. Албатта, бо чунин Пешвои асилу муаззам роҳи мо танҳо ба як сӯ аст, ба сӯи хушбахтӣ, саодату ноил гардидан ба дастовардҳои аз ин ҳама бештару беҳтар.
Замира НАМОНОВА, омӯзгор, ноҳияи Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.09.2019    №: 182    Мутолиа карданд: 267
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед