logo

ҳуқуқ

РУШДИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ АРЗИШҲОИ ДЕМОКРАТИЯРО ТАВСЕА МЕБАХШАД

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ роҳи инкишофи демократиро интихоб намуд. Маълум аст, ки шарти асосӣ ва зарурии бунёди муваффақонаи демократия мавҷудияти ҷомеаи шаҳрвандии инкишофёфта маҳсуб меёбанд. Ҷомеаи шаҳрвандии комил бошад, танҳо дар натиҷаи рушди ҳамкориҳо, муносибатҳои байниҳамдигарии ниҳодҳои сиёсӣ ва муносибатҳои бозори озод имконпазир мегардад. Аксари масъалаву вазифаҳое, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» инъикос шудаанд, бо ҳамкориву мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ татбиқ мешаванд.

Ин матлабро Диловар Қодирзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҳамоиш дар мавзӯи «Масъалаҳои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо» баён дошт. Дар ин ҳамоиш, ки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ ва коршиносону хабарнигорон ширкат варзиданд, зикр шуд, ки ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангии ақаллиятҳои миллӣ, иттиҳодияву иттифоқҳои гуногун ва созмонҳои ғайридавлатӣ дар амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси шарики боэътимоди давлат иштирок менамоянд.
Масрур Абдуллозода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, вобаста ба  ин масъала  аз таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд: «Сарвари давлат таъкид намуда буданд, ки «ҷомеаи шаҳрвандӣ зодаи давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунёявӣ мебошад ва дар навбати худ ҳар қадаре, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ инкишоф ёбад, давлати демократӣ ҳам ба ҳамон андоза пеш меравад».
Роҳ кушодан ба ҷомеаи шаҳрвандӣ яке аз воситаҳои муҳимтарини раванди демократикунонӣ дар давлат ба шумор рафта, барои ҳамкории ниҳодҳои ғайридавлатӣ бо давлат мусоидат менамояд ва ҷиҳати ҳаллу фасли муҳимтарин масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ имкон фароҳам меорад. Бо вуҷуди ин, бунёди давлати иҷтимоии демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро бе шаҳрвандони он, бидуни донишҳои муосир дар бораи ҷаҳон, ҷомеа, ҳуқуқ, давлат ва бе ташаккули имкониятҳои васеи ба даст овардани чунин донишҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст. Дар ин раванд бояд созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва худи шаҳрвандон ширкати фаъол дошта бошанд.
Дар нишаст таъкид шуд, ки танҳо фаъолияти самараноки қувваҳои сиёсиву шаҳрвандӣ рушди устувори ҷомеаро таъмин намуда, метавонанд ҳуқуқ ва манфиатҳои гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ, ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва озодиҳои шахсро ҳимоя ва муҳофизат карда, ба ин васила муносибатҳои байни шаҳрвандон ва давлатро ҳамоҳанг созанд.
Дар идомаи нишаст Нусратулло Зокиров, коршиноси раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегӣ, дар мавзӯи «Ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ чун омили муҳими демократия дар Тоҷикистон», Шамсиддин Каримов, раиси Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Нақши созмонҳои ғайридавлатӣ дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон», Муллоалӣ Алиев, намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, дар мавзӯи «Таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ» ва Шаҳло Акобирова, раиси Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон, дар мавзӯи «Нақши васоити ахбори омма дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ» сухан ронданд.
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.09.2019    №: 182    Мутолиа карданд: 1364

26.01.2020


Тасдиқи рамзи "30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Тасдиқи рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019 - 2021

Ноҳияи Дӯстӣ. Қонуншиканиҳо коҳиш меёбанд

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ

Файзобод. Рӯ ба рушд

ОЗМУНИ ЧИНИИ "ОВОЗИ ТИЛЛОӢ". Ғолибон муайян шуданд

"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон дар финал

Дар Чин усули табобати коронавирусро пайдо намуданд

Путин вохӯрии панҷ аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ - ро пешниҳод намуд

Макрон пешниҳоди Путинро дар бораи вохӯрии кишварҳои аъзои доимии Шӯрои амният хуш пазируфт

Эътилоф амалиёти низомиро дар Ироқ боздошт

Меркел дар Давос бо сарони Ироқ ва Афғонистон вохӯрд

Ҷаҳон дар як сатр

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед