logo

иҷтимоиёт

АЗ НЕКОН БОҒ МОНАД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тамоми ҳастии худро барои бунёди давлати тавоно, кишвари шукуфон ва ба воя расондани насли арзандаи номи тоҷику ориёӣ бахшидааст, дар асарҳои раҳнамунсоз ва дастуру ҳидоятҳои пурҳикмати хеш гаштаю баргашта таъкид мекунанд, ки танҳо аз роҳи илму дониш мо метавонем ба ҳадафҳои сарнавиштсози хеш бирасем.
Сарвари давлат имсол дар Рӯзи дониш  бори дигар ёдовар шуданд: “Наврасон ва ҷавонон, ки мо онҳоро наслҳои ояндасози кишвар медонем, вазифадоранд, ки ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунарҳои замонавӣ ҷиддӣ машғул шаванд, ду - се забони хориҷиро мисли забони модарии худ донанд ва истифодаи технологияҳои электронии муосирро аз худ намоянд”.
Огаҳон медонанд, ки донишу фарҳанг ду боли як инсони комил мебошанд ва тавоносозии ин ду бол танҳо аз роҳи донишандӯзӣ ва аз худ кардани паҳлуҳои гуногуни фарҳанг ба даст меояд. Расондани ҷавонон ба ин ду водии умед чандин роҳҳо дорад ва яке аз онҳо тарбияи наврасону навҷавонон барои шинохти хештан, донистани кишвари хеш, омӯзиши ҳикматҳои аз гузаштагон ба мерос расида, арҷгузорӣ ба заҳматҳову офаридаҳои онҳо, арзишҳои меҳанпарастиро дар пояи болотарин гузоштан мебошад. Василаҳои ба камоли маънавӣ расондани ҷавонон гуногун аст ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи донишандӯзӣ ба китоб бартарӣ бахшида,  дастур додаанд, ки дар ҷойҳои зисти мардум фазои фарҳангӣ бунёд гардад. Ҳамин аст, ки дар шаҳру деҳоти кишвар бо як суръати баланд иншооти фарҳангиву маърифатӣ, маишиву истироҳатӣ, аз  ҷумла  боғҳову гулгаштҳо, бунёд гардида истодаанд. Бахусус, боғҳои навбунёд на танҳо ҷойгоҳи фароғату истироҳат, балки онҳо дорои мундариҷаҳои тарбиявӣ бошанд.
Ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳидоятҳои Сарвари давлатро дар мавриди бунёди боғҳои фарҳангӣ ва майдончаҳои варзишӣ, бо як самимияти том пазируфта, тасмим гирифтанд, ки дар муддати рухсатии меҳнатӣ яке аз гӯшаҳои шаҳри Кӯлобро ба боғи дилхоҳ табдил диҳанд. Маҳаллаи ба номи Шамсиддини Шоҳин, ки дуртар аз биноҳои донишгоҳи Кӯлоб қарор дорад ва дар миёни ду самти роҳи он дарахтони бетартиб шинонда шуда, гиёҳҳои худрӯй аз беобӣ ба зудӣ хушк мешуданд ва дар фасли тирамоҳу зимистон рафтуомади шаҳриён дилхоҳ набуд, бидуни хурдтарин муҳобот, ба арсаи заҳматҳои шабонарӯзӣ табдил ёфт. Омӯзгорону профессорон, кормандони бахши хоҷагӣ ва донишҷӯёни ташаббускор (волонтёрҳо), чӣ тавре ки мегӯянд, истироҳатро намедонистанд, бо нимишораи роҳбарият корҳои душворро бамаврид иҷро мекарданд. Албатта, дар бунёди боғ дар қатори муассисаҳои сохтмонӣ ва муҳандисони доно, пайкаратарошон ва дигар коршиносон, профессорону омӯзгорон ва кормандони бахшҳои ёрирасони донишгоҳ низ корҳои асосии бетонрезӣ, гулу гиёҳ, дарахту бутташинониро анҷом медоданд.
Натиҷаи ин ҳама талошҳои ташаббускорон ва дастгирии роҳбарон буд, ки дар як фурсати кӯтоҳ боғе ороста шуд, рашки боғу чаманҳои афсонавӣ. Афсонавӣ будани боғи оростаи донишгоҳро ин нукта низ тасдиқ мекунад, ки дарахтҳои сарву санавбар маъмулан пас аз парваришу пардози 10 - 12 - сола қад афрохта, зеби чаман мегарданд. Аммо сарву санавбарҳо ва дигар дарахтони ороишии баландболо ба ин ҷо аз боғистонҳои маркази кишвар ва қисме аз боғи ботаникии Кӯлоб бо решаву хокашон оварда шуданд. Чоҳи амиқи оби нӯшиданӣ, ки аз 130 метри зери замин кашида мешавад, на танҳо дарахтону майсазорону гулбунҳоро обёрӣ мекунад, балки аз ин сарчашмаи об, ҳамчунон, фаввораҳои рангин сар ба боло мекашанд. Пайкаратарошон дар канораҳои сарсабзи боғ пайкараҳои сангини оҳувони кӯҳсор, мурғони хушхироми товусу кабки дарӣ, қаҳрамонони афсонаҳои  мултипликатсиониро офарида, насб намудаанд. Пайкараи модари сари гаҳвора дар яке аз ҷойҳои чашмгири боғ гузошта шудааст, ки баёнгари меҳри бепоёни модарӣ мебошад. Дар байни боғ амфитеатри хурд, барои 45 курсии нишаст ва саҳнаи кушода сохта шудааст, ки дар он метавон маҳфилҳои суҳбатороӣ, таронаву шеърсароӣ ва дигар нишастҳои фарҳангӣ доир намуд. Поёнтар аз он қаҳвахонае ба унвони “Ҷавонӣ”, майдони мотодром, барои автомобилронии кӯдакон ва майдончаи варзиши футболи хурд, баскетболу волейбол ва дигар мусобиқаҳо ҷой доранд. Замини майдони варзиш бо матои махсуси маснуӣ (ковролин) пӯшонда шудааст. Чароғистони боғ шомгоҳон ситоразорро мемонад.
Гуфтан бамаврид аст, ки мо дар унвонгузории ин боғи зебо дар машварат бо донишмандон каме ба дудилагӣ роҳ дода будем. Пешниҳодҳо буданд, ки онро  бо ибораҳои шоиронаи “Кӯйи Мӯлиён”, ишора ба шеъри машҳури устод Рӯдакӣ бо матлаи  “Бӯйи ҷӯйи Мулиён ояд ҳаме....”, “Гулгашти Мусалло”, бо ишора ба ғазали Ҳофизи Шерозӣ “... канори оби Рукнободу гулгашти Мусаллоро” унвонгузорӣ шавад. Аммо нуктабинӣ ва арҷгузории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саромадони адабиётамон буданд, ки бо тавсияашон ба боғ номи устод Саидалӣ Вализода дода шуд. Ва пешниҳоди он кас ниҳоят хирадмандона мебошад, зеро ин шоири тавоно дар паҳлуи устодон Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода  истода, дар мавзӯи Тоҷикистони озод ва пешбинии ояндаи дурахшони миллати тоҷик, достонҳои омӯзанда офаридааст.
Дар даромадгоҳи боғ пайкараи сангини Китоби кушода гузошта шудааст, ки дар саҳифаи аввали он чунин суханони пурҳикмати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва байти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ сабт гардидаанд:
Китоб дар назди мардуми мо чунин қадру манзалате дорад, ки онро зери болини тифли навзод мегузоранд.
* * *
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.        

Бо муҷассамаи китоб ва суханони Сарвари давлат оғоз ёфтани боғи ба номи Саидалӣ Вализода дархӯри ҳикматест, ишора ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони “Фурӯғи субҳи доноӣ..”.
Дар ҳақиқат, боғи тозабунёди ба номи Саидалӣ Вализода метавонад синфхонае ё аудиторияе бошад, ки бо сайругашт дар гулгаштҳои он, дар баробари ҳаловат бурдан аз фазои накҳатбор, кас метавонад дилро бештар ба табиат, ба зебоиҳои офаридаи ӯ бахшида, бо гулу гулбуттаҳо ва дарахтони тавсифнамудаи классиконамон ошноӣ пайдо кунад. Ҷавонону наврасон дарси одоби муошират, фарҳанги гуфтугӯ ва суҳбатороӣ, пок нигоҳ доштани роҳравҳову ҷойҳои нишаст, худдорӣ намудан аз поймол сохтани чаманзорҳо ва дигар паҳлуҳои ахлоқи ҳамидаро омӯзад. Аз ин ҳам бештар каси босипос дар ин гулгашти зебову ороста, неъмати бебаҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва заҳматҳои босуботи Пешвои муаззами миллатро эҳсос мекунад.
Раёсати  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун бунёдгузор ва сарпарасти ин боғ аз ҳама имкониятҳо истифода бурда, ба он ноил хоҳад гашт, ки ин гӯшаи зебои шаҳр ба макони фарҳангпарварӣ табдил гардад.

Абдулло ҲАБИБУЛЛО,  ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ,  узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,
доктори илмҳои физика ва математика, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.09.2019    №: 184    Мутолиа карданд: 1183

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед