logo

иҷтимоиёт

ВАНҶ. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои инкишофи ҳунарҳои анъанавӣ дар деҳот заминаи боэътимод гардид. Дар ноҳияи Ванҷ дар ин ҷода корҳои зиёде ба анҷом расида,  корхонаҳои ҳунарӣ, ки солҳо боз истифода намешуданд, фаъол шуда, занҳои хонашин ба кор ҷалб гардиданд.

Дар деҳот  санъати бофандагӣ, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, ресандагӣ, тоқидӯзӣ, гулзаниву  сабадбофӣ, оҳангарӣ, кандакорӣ, гаҳворасозию табақтарошӣ ривоҷ ёфтанд.
Санъати табақтарошӣ яке аз маъмултарин ҳунарҳост ва дастранҷи устоҳо ҳамеша серхаридор аст. Ин ҳунар бештар дар маҳали Ванҷи Боло, ки дарахтони барои коркарди табақ зиёд дорад, роиҷ аст. Дар деҳоти Рованд  қариб дар ҳама деҳаҳо корхонаҳои табақтарошии обӣ  мавриди амал қарор дошта, барои мизоҷон  дилхоҳ  табақро омодаву дастрас менамоянд.
Соли 2018 зимни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сарвари давлат аз ноҳияи Ванҷ низ боздид ба амал оварда, бо намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, ки ба ин муносибат ба маъраз гузошта шуда буданд, шинос гаштанд. Президенти кишвар  ба ҳунари табақтарошон баҳои баланд дода, барои ривоҷи ин ҳунари аҷдодӣ, ки мояи ифтихори ҳунармандон маҳсуб меёбад, дастури мушаххас доданд. Дар  асоси дастури Пешвои миллат, дар ноҳия корхонаҳои нав  ба фаъолият оғоз карда, маҳсулоти худро пешкаши  мизоҷон намуданд. Имрӯз табақҳои устоҳои чирадаст ородиҳандаи  хони мардуманд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ, дар соли 2019 боз ду корхонаи оҳангарӣ бунёд мегардад. Санъати аз ҳама маъмул ва ривоҷёфта дар ин ҷо оҳангарист, ки аз замонҳои қадим чун мероси гаронмояи авлодӣ идома меёбад. Аз қадим мардуми Ванҷ бо усули хос оҳанро гудохта, аз он ҳама гуна олоти рӯзгор месохтанд. Маҳсули дасти оҳангарони Ванҷро  ба Хоруғ, Рӯшон, Язгулом, Дарвоз ва Бадахшони Афғонистон  мебурданд. Нақбҳои истеҳсоли оҳан дар деҳаҳои Техарв ва Чихоху Потов ҳанӯз ҳам барҷоянд.
Ванҷ дар ҳудуди ВМКБ ягона ноҳияе мебошад, ки  коркарди оҳанро дар устохонаҳо  ба кор мебаранд. Устоҳои номӣ  ба дастпарварони худ тамоми санъати оҳангариро меомӯзонанд, то ин касби пурифтихор аз насл ба насл идома ёфта, мояи сарбаландӣ ва ифтихори аҷдод бошад.
Устои номии Ванҷ - усто Қурбон дар санъати обдиҳии оҳан ва коркарди он  чунон маҳорати баланд дошт, ки аррадосу табар, новаку каланд, наъли аспашро харидорон ба дигар ноҳияҳо мебурданд. Ӯ усули обдиҳии оҳанро ба таври хоса ба иҷро мерасонд, ки дар мустаҳкамӣ ҳамто надошт.
Дар партави ҳидоятҳои Президенти кишвар,  дар  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ анъанаҳои миллӣ аз нав эҳё гардида, рушд намуданд. Ин падидаи нек  дар оянда баҳри ҷалби бештари сайёҳон  шароити мусоид фароҳам хоҳад овард.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Пайшанбе ШОҲЗОДА, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.09.2019    №: 185    Мутолиа карданд: 341

26.01.2020


Тасдиқи рамзи "30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Тасдиқи рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019 - 2021

Ноҳияи Дӯстӣ. Қонуншиканиҳо коҳиш меёбанд

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ

Файзобод. Рӯ ба рушд

ОЗМУНИ ЧИНИИ "ОВОЗИ ТИЛЛОӢ". Ғолибон муайян шуданд

"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон дар финал

Дар Чин усули табобати коронавирусро пайдо намуданд

Путин вохӯрии панҷ аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ - ро пешниҳод намуд

Макрон пешниҳоди Путинро дар бораи вохӯрии кишварҳои аъзои доимии Шӯрои амният хуш пазируфт

Эътилоф амалиёти низомиро дар Ироқ боздошт

Меркел дар Давос бо сарони Ироқ ва Афғонистон вохӯрд

Ҷаҳон дар як сатр

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед