logo

иқтисод

МОШИНСОЗӢ. ИМКОНИЯТҲОИ РУШД ФАРОХАНД

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳар сол якшанбеи охири моҳи сентябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи кормандони соҳаи мошинсозӣ ҷашн гирифта мешавад.

Мувофиқи хулосаи таҳлилгарон, вазъи соҳаи мошинсозӣ дар кишвар ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот аз солҳои 2000 - ум сар карда, рӯ ба афзоиш аст. Дар ин давра истеҳсоли зиёда аз 20 номгӯйи маҳсулоти нав, ба монанди трактор, мошинолот, профилҳои алюминийи рӯйпӯшшуда, арматураи сохтмонӣ, кунҷакҳои металлӣ, сими металлӣ, трансформаторҳои гуногун, ноқилҳои рӯйпӯшшуда, профилҳо ва зарфҳои пластмассӣ, 2 намуд девори пенопролистиролӣ, қуттӣ барои мева ва сабзавот, гранули пластмассӣ, мехҳои сохтмонии андозаашон гуногун, симтӯрҳои металлӣ ва амсоли инҳо ба роҳ монда шудааст.
Фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли қубурҳо ва профилҳои металлии «Норд Азия металл», «Труба ва профилҳои тоҷик», «Тоҷпроф», «Муосир» ва «Колорит технолоҷи» назаррас буда, ҳиссаи маҳсулоти онҳо дар ҳаҷми маҳсулоти соҳа тадриҷан зиёд гардида истодааст.
Танҳо давоми ҳашт моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 142,1 миллион сомонӣ зиёд шудааст ва ҳиссаи соҳа дар таркиби ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 7,2 дарсадро ташкил медиҳад.
Аз моҳи апрели соли равон корхонаи «ТАЛКО Кемикал» ба истеҳсоли маҳсулоти кимиёӣ, ба монанди алюминийи фтордор ва криолит, шурӯъ намуд.
Рушди соҳа сабаби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва ҷойҳои нави корӣ гардидааст. 14 феврали соли гузашта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бо бунёди корхонаи васлу насби автобуси мусофиркаши тамғаи «Акия» шинос шуданд. Марҳилаи дуюми сохтмони корхонаи мазкур 19 марти соли ҷорӣ шурӯъ гардид. Истеҳсоли автобусҳо дар заминаи КВД «Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус)» - и шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст. Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона аз 250 то 300 автобус мебошад.
Аз оғози фаъолият корхона 152 автобусро ҷамъу васл намуда, ба истифода додааст. Шумораи кормандони корхона баъди пурра ба истифода додани он ба 200 нафар мерасад.
Ҳамчунин, 31 марти соли ҷорӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо иштироки Сарвари давлат корхонаи «Маҳмуд ва Компания» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Корхона, асосан, ба истеҳсоли арматура, ки дар сохтмони бинову иншооти гуногун, махсусан биноҳои бисёрошёна, лозим аст, машғул мебошад. Иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур то 50 ҳазор тонна маҳсулот дар як сол буда, тақрибан 30 дарсади ашёи хом аз дохил ва боқимондаи он аз Ҷумҳурии Қазоқистон оварда мешавад. Дар корхона 100 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши баланд таъмин мебошад.
Чанде қабл бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ корхонаи «Оҳангудозии Тоҷикистон» ба истифода дода шуд. Дар ин ҷо дастгоҳу таҷҳизот пурра  замонавӣ буда, барои идора намудани онҳо ва бандубасти маҳсулоти истеҳсолшуда 150 мутахассиси маҳаллӣ ба кори доимӣ ҷалб шудааст.
Ҳамчунин, дар ин муддат аввалин маротиба тракторҳои дар корхонаи «Агротехсервис» - и шаҳри Ҳисор истеҳсолгардидаи тамғаи «Беларус 82.1» ва «Беларус 80Х» ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон фурӯхта шуданд. Ин иқдом дар доираи густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба шарофати талошҳои муштараки сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев муяссар гардид.
Дар маҷмӯъ, саноати мошинсозии мамлакат ҳамвора рушд мекунад ва пешрафти соҳа барои расидан ба ҳадафи чоруми кишвар- саноатикунонии босуръати мамлакат заминаи муҳиму созгор аст.
Шаҳбоз АБРОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.09.2019    №: 185    Мутолиа карданд: 871

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод

Россия ва Франсия ба музокирот дар чорчӯбаи «2+2» тайёрӣ мебинанд

Баҳои коршиноси Амороти Муттаҳидаи Араб ба конфронси Берлин оид ба қазияи Либия

Салиби сурх: «Ҷанги Яман боиси фирори се миллион нафар гашт»

Шарқи Канада зери барф монд

Соли гузашта дар Италия ҳар ним соат замин ҷунбид

Ҷаҳон дар як сатр

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТӮЙҲОИ ПУРДАБДАБАРО МАНЪ НАМУДАНД

25.12.2019


"RIAS Ingineering" телевизору яхдонҳои тоҷикӣ месозад

Қазоқистон ҳукми қатлро пурра бекор карданист

Дар Австралия аз сӯхтори ҷангал шаҳр ба коми оташ рафт

Сарвари Индонезия тарҳи пойтахти нави кишварро интихоб намуд

Чин боҷи қариб ҳазор моли хориҷиро кам месозад

Ҷаҳон дар як сатр

24.12.2019


"ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ"

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Қурбон Ҳакимзода ҳайати шаҳри Вэйнанро ба ҳузур пазируфт

Нуробод. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед