logo

иқтисод

ШИКОРИ КАБК. МОРАТОРИЙ ВА ВОҚЕИЯТ

Соли сеюм аст, ки дар ҷумҳурӣ мораторийи шикори кабк эълон шудааст. Ҳадаф аз ин тадбир, зиёд намудани саршумори ин намуди паранда мебошад. Аммо, бо вуҷуди мораторий, баъзан, ҳолатҳои ғайриқонунӣ шикор кардани кабк ба назар мерасанд. Мувофиқи маълумоти шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилӣ, дар ҷумҳурӣ дар ҳафт моҳи соли равон 62 ҳолати шикори беиҷозати кабк ба қайд гирифта шудааст.
Ба кабк ҳамчун парандаи зебо ва дорои садои фораму гӯшти хушмазза таваҷҷуҳ зиёд аст. Майлу завқи сайёҳон ҳам ба шикори кабк тариқи силоҳ ва шикори миллӣ - кабкдавонӣ бештар аст. Аммо чанд сол инҷониб аз таъсири зиёд гаштани сайди ғайриқонунӣ кабкдавонӣ ҳам мавқуф гузошта шуд.
Абдуразоқ Мансуров, саршикоршиноси Ҷамъияти шикорчиён ва моҳигирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт, ки қабл аз эълон гардидани мораторий саршумори кабк ҳамагӣ 2 – 2,5 ҳазор боқӣ монда буд, ки далели бе иҷозат сайд кардани он мебошад. Ин ҳолат ду намуди шикорро дар кишвар боздошт, ҳол он ки ин намудҳои шикор дар марҳилаи рушди деҳот ва сайёҳӣ аз воситаҳои даромаднок маҳсуб меёбанд.
Тибқи маълумоти расмӣ, ҳоло саршумори кабк ба 38 ҳазор ҷуфт расидааст. Аз ин рӯ, А. Мансуров, пешниҳод менамояд, ки бо ин нишондиҳанда ба шикори кабк иҷозат додан аз моҳи октябр айни муддаост. Вале ин ҷо суолест матраҳ: Модоме ки дар давраи мораторий ҳам ҳолатҳои шикори ғайриқонунӣ ба назар мерасанд, оё кафолате ҳаст, ки баъд аз додани иҷозати шикор  саршумори ин паранда ҳифз мешавад?
Дар бозори деҳоти «Россия» - и ноҳияи Рӯдакӣ дар чанд нуқта фурӯши кабкҳои Дарвозу Варзоб, дараи Қаратоғу дигар минтақаҳои кӯҳистон ба роҳ монда, то 200 сомонӣ арзиш дорад. Агар шикори кабк манъ бошад, пас он аз куҷо вориди бозор мешавад?
Ба гуфтаи фурӯшанда Мирзо Собиров, ба бозор бештар кабкони шикоршударо меоранд.
Мувофиқи маълумоти расмӣ, дар ҷумҳурӣ шумораи хоҷагиҳои парандапарварӣ ба 120 адад расидааст. Аз ҳама фаъол – хоҷагиҳои парандапарварии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Рӯдакӣ мебошанд, ки қисман ба омӯзиш ва парвариши кабк машғуланд. Аммо тавре маълум гардид, масалан, дар хоҷагиҳои «Хуҷандкимиё» ва «Ихлос» - и ноҳияи Рӯдакӣ кабк нигоҳубин ва парвариш карда намешавад. Яъне, дар бозорҳо аз ҳисоби хоҷагиҳо имконияти ба фурӯш баровардани кабк камтар аст ва шикор ягона манбаи дастрас ва ба фурӯш гузоштани он боқӣ мемонад.
Ба андешаи мутахассисон, яке аз сабабҳои кам гардидани саршумори кабк дар табиат ин шикори ғайриқонунии он аз ҷониби як гурӯҳ ашхоси манфиатдор ба воситаи тӯр барои фурӯш мебошад. Сабаби дигар аз меъёр зиёд чарондани чорвои майда аст. Чорво алафро поймол, тухм, чӯҷа ва лонаи кабкро нобуд менамояд.
Тарафи дигари масъала ин аст, ки ғайр аз фурӯши ҳайвоноти шикорӣ дар бозорҳо истифодаи он дар ошхонаю тарабхонаҳо низ ба назар мерасад. Махсусан дар ошхонаю тарабхонаҳои «Роҳат», «Фарел», «Наврӯзгоҳ», «Шаҳрисабз», аз гӯшти кабк таом тайёр мекунанд.
Исмоил Андамов, сардори раёсати байтории Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, дар ин бора, гуфт, ки дар озмоишгоҳҳои байторӣ аз рӯйи маҳсулоти ҳайвоноти ваҳшӣ ва паранда ташхис гузаронда намешавад. Аммо дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ дар 553153 ташхис, аз ҷумла дар 147871 ташхиси гӯшт, 26706,9 килограмм гӯшти бесифат ва хавфнок муайян гардида, аз фурӯш боздошта шуд.
Бо мақсади дар хоҷагиҳои парандапарварӣ истеҳсол кардани гӯшти кабк Давлатҷон Комилзода, академики Академияи илмҳои кишоварзӣ, пешниҳод менамояд, ки хоҷагиҳои махсусгардондашудаи парвариши кабк бунёд карда шаванд. Ба гуфтаи ӯ, дар сурати дар кишвар истеҳсол кардани гӯшти кабк ҳолатҳои бе иҷозат шикор кардани он камтар мешаванд. Ҳоло аз ҷониби олимон ва мутахассисони соҳа вобаста ба муайян кардани зотҳои кабк, ки то 40 - 50 тухм мегузоранд, корҳои илмӣ – амалӣ рафта истодаанд, махсусан дар самти омӯзиши кабк, мурғи марҷон ва мурғи султонӣ.
Талабот ба кабк сол ба сол зиёд шуда истодааст. Дар вақти мораторий шикори кабк ҳам ба серхаридор будани он иртибот дорад. Аз ин лиҳоз, пешгирӣ кардани шикори ғайриқонунӣ ва ба ин васила ҳифзу нигоҳдории захираҳои табиии он аз масъулони соҳа андешидани тадбирҳои заруриро тақозо менамояд. Махсусан аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъулияти бурдани назоратро дар самти ҳифзу нигоҳдории олами ҳайвонот ба дӯш дорад.
Тавре аз шуъбаи назорати давлатии ҳифзи олами набототу ҳайвоноти кумита,  иттилоъ доданд, дар ҷумҳурӣ дар баробари шикори кабк, шикори дигар ҳайвонот, аз ҷумла, моҳӣ, хуки ёбоӣ ва бузи кӯҳӣ, дар маҷмӯъ 138 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст ва дар бештар маврид, вобаста ба ошкор намудани қонуншиканиҳо дар шикори ҳайвоноти ваҳшӣ ва паранда, инчунин, фурӯши паранда ва ҳайвоноти ваҳшӣ дар бозорҳо ва маҳсулоти онҳо дар тарабхонаю ошхонаҳо аз тарафи раёсат, шуъба ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бемасъулиятӣ зоҳир карда мешавад.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.09.2019    №: 185    Мутолиа карданд: 320

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед