logo

фарҳанг

ТОҶИК. МАВҚЕИ ИН ВОЖА ДАР АШЪОРИ МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

Осори шоир, мутафаккири сӯфимашраб ва донишманди бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (1207-1273) аз ҷумлаи он падидаҳои фарҳангист, ки дар баробари ворид будан ба ганҷинаи мероси гаронбаҳои хаттии инсоният ва дар миёни мардуми гуногунандешаю мухталифмазҳаби олам шуҳрат доштани худ дар гузаштаю имрӯз, инчунин, метавонад барои ҳалли масъалаҳои гуногуни адабию фарҳангӣ ва иҷтимоию таърихии миллати куҳанбунёди мо хидмат намояд. Аз ҷумла, таълифоти ин шахсияти маъруф дар қатори асарҳои Саъдии Шерозӣ (1181 ё 1205-1292) аз ҷумлаи он маъхазҳои муътамаде мебошад, ки барои дарки маънии вожа ва мафҳуми “тоҷик“ бо решаҳои таърихии он мусоидат менамоянд.

Дар ибтидо бояд зикр намуд, ки худи вожа ё мафҳуми “тоҷик”, ба эътиқоди баъзе муҳаққиқон, ҳанӯз аз асри якуми мелодӣ бо шаклу талаффузҳои гуногун маълум будааст. Ба ақидаи ҳафриётгар ва ховаршиноси шӯравӣ А.Н. Бернштам (1910-1956) бошад, ин вожа дар маъхазҳои хаттӣ дар даврони то истилои арабҳо, ё худ дар охири acpи VII дар манбаъҳои чинӣ зикр гардидааст. Вале интишори ҳамаҷониба ва истифодаи гусастаи вожаи тоҷик, аз назари муаррихи тоҷик, академик Н. Неъматов (1927-2011), бо ташаккули худи халқ, яъне ибтидо аз асрхои IX - Х оғоз мешавад.
Дар асри XIII низ мафҳуми тоҷик интишори фарох дошта, дар ашъори Саъдӣ ва Мавлоно бо мундариҷаи васеи худ истифода гардидааст. Аз ҷумла, Саъдӣ ин вожаро ба маънии халқи мушаххас дар қатори се қавми дигар, ки дар он даврон дар мамлакатҳои мусулмонӣ ва ҳамсоягии онҳо маскун буданд, ба кор бурда, гуфтааст:
Араб дидаву турку тоҷику Рум,
Зи ҳар ҷинс дар нафси покаш улум.
Чунонки мебинем, дар ин байти Саъдӣ вожаи тоҷик ҳаммаънои мардуми ориёинажоди Шарқи мусулмонӣ аст, ё ба мафҳумҳои муосир дар шакли тоҷик, форс ё эронинажод рост меояд. Мавлоно низ калимаи тоҷикро ба маънии миллати тоҷикзабон (ё форсизабон, ё даризабон), вале васеътар аз диди Шайх Саъдӣ, яъне дар тафовут аз қавмҳои арабзабон, курдзабон, туркзабон, румизабон ва мардуми зангӣ истифода кардааст. Ду байти зерин аз девони Мавлоно собитгари ин маъниянд:
Курду турку зангу тоҷику араб
Фаҳм карда он садо бе гӯшу лаб.
  * * *
Турк кӣ, тоҷик кӣ, зангӣ кӣ, румӣ кӣ?
Моликулмулке ки донад мӯ ба мӯ сирру алан.
Агар аз нигоҳи имрӯз баррасӣ намоем, маълум мегардад, ки Саъдӣ ва Мавлоно вожаи тоҷикро дар нисбати тамоми мардуми ориёии минтақаҳои муосири Осиёи Миёна, Афғонистон ва Эрон ба кор бурдаанд. Зимни ин ҳар ду мутафаккир ҳам худро ба тоҷикон мансуб донистаанд. Аз ҷумла, дар нисбати Мавлоно, агар истифодаи пайвастаи мафҳуми дар шакли ҷуфт истифодашаванда - “тоҷику турк” - ро аз ҷониби мутафаккир бо мисраи машҳури ӯ - “Донам ман он қадар, ки ба туркист «об» - «сув» - қиёс намоем, ин маънӣ ба куллӣ равшан мегардад. Ҳамчунин, дар байти зерин низ муаллифи “Девони кабир” аз тоҷик будани худ ва тоҷикона рафтор карданаш ёд карда, фармудааст:
Турке ҳама туркӣ кунад, тоҷик тоҷикӣ кунад,
Ман соате турке шавам, як лаҳза тоҷике
шавам.
Аз ҷониби дигар, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо сабаби он, ки айёми кӯдакию наврасии худро дар байни тоҷикони Балх, Вахшонзамин ва Самарқанд гузарондааст, ба зумраи он шоироне дохил аст, ки беш аз дигарон вожаи тоҷикро дар меросашон истифода намудаанд. Зимни таҳқиқи фалсафаи ин мутафаккири сӯфимашраб мо дар ҳафт байти девони ӯ ин вожаро пайдо намудем, ки ҳар яке аз онҳо дар қатори иттилои адабию забоншиносӣ доштан, ҳамчунин ҳомили ахбори фарҳангию иҷтимоӣ мебошанд. Масалан, дар байтҳои зерин Мавлоно тоҷику арабу туркро дар ҳамбастагии маънавӣ мебинад, агар ҳамаи онҳо ба таълимоти ирфонии ягона пайравӣ дошта бошанд:
Турку тоҷику араб гар ошиқанд,
Ҳамраҳанд аз рӯи маънӣ дар савоб.
  * * *
Агар турк, арчи тоҷик аст, бад-ӯ ин шоҳ
наздик аст,
Чу ҷон бо тан, валекин тан набинад ҳеч
мар ҷонро.
Дар баробари ин, Мавлоно бо сабаби пайравӣ аз таълимоти тасаввуф ва канораҷӯӣ аз зоҳирпарастӣ, ки ба ақлгароию ботинпарастии маънавӣ мухолифат дорад, тамоми инсониятро новобаста аз ирқу нажод ва дину мазҳаб, баробар бо ҳамдигар эътироф менамояд:
Рӯҳ бо илм асту бо ақл аст ёр,
Рӯҳро бо тоҷику туркӣ чӣ кор?
Мавлавишиноси маъруфи даврони шӯравӣ Р.Г. Фиш (1924 - 2000) дар романи таърихии худ «Ҷалолиддини Румӣ» чунин далелеро аз ҳаёти Мавлоно дар либоси бадеӣ овардааст: ӯ сохтмони биноеро, ки дар он устоҳои даъватшуда ба шаҳри Қӯнияи Туркия аз Хуросону Юнон машғул буданд, дар ҷавонии худ назора карда, дар овони пиронсолияш ёд оварда, гуфтааст: «Сохтан хоҳӣ, юнониёнро даъват бикун…». Ба ҳамин маънӣ ишораҳоро ба халқи тоҷик ҳамчун ба халқи созандаю фарҳангӣ ва мардуми таҳаммулпазир – халқи «нарм» дар ашъораш низ дучор меоем:
Як ҳамлаву як ҳамла, к-омад шаби торикӣ,
Чустӣ куну туркӣ кун, не нармиву тоҷикӣ.
Дар фарҷоми сухан таъкид месозем, ки устод С.Айнӣ (1878 - 1954) ба куллӣ собит намудааст, ки вожа ва мафҳуми «тоҷик» аз замони Саъдии Шерозӣ то адибони асри XIX барои ифодаи тамоми мардуми тоҷикзабон ё форсизабон дар сарзамини Осиёи Миёна, Хуросон ва Эрони ғарбӣ ба кор бурда шудааст. Таҳлили ашъори донишманди бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки дар онҳо вожаи тоҷик истифода гардидааст, бори дигар аз лиҳози таърихӣ дуруст будани ин хулосаи илман асосноки сардафтари адабиёти муосири тоҷикро ба таври муътамад собит месозад.
Зиёӣ Хуршед МАХШУЛЗОДА, доктори илми фалсафа, профессор,
директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф
ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.09.2019    №: 185    Мутолиа карданд: 258

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед