logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Бузургмардони ҳар миллат ва ҳар кишвар дар бораи зан суханони зебо гуфтаанд. Заноне, ки дорои фазилатҳои бузурги илмӣ ва ахлоқӣ ҳастанд, бузургтарин шахсон дар ҷомеа мебошанд. Иммануил Кант гуфтааст, ки масъалаҳои оқилонаро гузошта тавонистан, нишонаи муҳимтарин ва заруртарини ақл аст.
Нақши занони оқилу доно ва донишманду ватандӯст дар ҷомеаи соҳибистиқлоли тоҷик бағоят афзуд. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати ӯ ғамхориҳои зиёд мекунанд. Яке аз занони донишманд ва ҷонибдори фаъоли сиёсати Пешвои миллатамон профессор Мунзифа Ғаффорова буд.
Ҳар боре, ки дар маҷлисҳо ё баҳсҳои илмӣ муаллимаи донишманд ва дақиқназар профессор Мунзифа Ғаффорова изҳори назар менамуд, аз масъалагузорӣ ва баёни саҳеҳи мақсади ин олимаи шинохта, аксарияти иштирокдорон ба ақидаи ӯ розӣ мешуданд. Зеро Мунзифа Ғаффорова на танҳо шахси донишманд, балки олимаи ҳақиқатгӯ ва ҳақиқатҷӯ буд. Соҳиби дониши амиқи фалсафӣ, ахлоқи ҳамида ва дорои хислатҳои наҷиби инсонӣ буд.
Кам касоне ҳастанд, ки дониш, ахлоқи ҳамида, хайрхоҳӣ, масъулиятшиносӣ, устуворӣ дар ақида ва ватандӯстию ҳақиқатнигориро якҷо дар худ таҷассум карда бошанд. Ҳамаи ин фазилатҳо дар вуҷуди ӯ падидор буданд.
Аҳли илму маориф ва фарҳанги Тоҷикистон Мунзифа Ғаффороваро ҳамчун олими намоён, омӯзгори соҳибтаҷриба, маликаи файласуфони Осиёи Марказӣ, нахуст сарвари кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон мешинохтанд ва эҳтиром менамуданд.
Дар бораи ин зани ҷасуру донишманд зиёда аз 60 сол аст, ки рӯзноманигорону муҳаққиқон бо забонҳои хориҷӣ ва тоҷикӣ мақолаю рисолаҳо таълиф намудаанд.
Ӯ анъанаи волои волидайни маърифатдӯсту озодфикри худро аз овони ҷавонӣ пешаи кори худ қарор дода, бо қалби саршори муҳаббат ба илму маърифат, ба халқу Ватани азизи худ хизмати шоиста намудааст. 53 соли умри худро танҳо дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ адои вазифа кардааст.
Муаллима яке аз муҳаққиқони забардасти проблемаи маънавиёти миллати тоҷик, муаллифи чандин монография ва беш аз 200 мақолаи илмӣ, кашфиётгари хусусиятҳои ташаккули ҷаҳони маънавии зани Шарқи озод мебошад. Таваҷҷуҳи тадқиқоти ӯ, инчунин, масъалаи муҳими назарияи фалсафӣ – шуури ҷамъиятӣ, хусусиятҳои таҳаввули он шароити имрӯзро дар бар мегирад. Рисолаҳои профессор М. Ғаффорова “Ба ҳаёт татбиқ шудани идеяи озодии занон”, “Симои маънавии зани Шарқи Советӣ”, “Занони Шарқи Советӣ”, “Шуури ҷамъиятӣ” (бо ҳаммуаллифии В. А. Фомина) ба забони русӣ барои инкишофи илму фарҳанг ва афкори фалсафӣ дар ҷумҳурӣ нақши бузург гузоштаанд. Устод муаллиф ва мураттиби китобҳои дарсӣ, дастурҳою барномаҳои таълимии фалсафа барои мактабҳои олӣ буд.
Бо ширкати худ, иштироку гузоришҳояш дар конгрессҳои ҷаҳонӣ, конфронсу симпозиумҳои бонуфуз рушду нумӯи илму маорифи ҷумҳурӣ, истеъдод ва нубуғи зани тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамуд.
Саҳми профессор М. Ғаффорова дар тарбияи мутахассисони соҳаи фалсафа низ хеле бузург аст. Таҳти сарварии муаллимаи ғамхор шахсони зиёд рисолаҳои докторию номзадӣ ҳимоя кардаанд.
Ӯ солҳои зиёд ду мактаби олии ҷумҳурӣ – Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ)-ро сарварӣ кардаааст.
Аз соли 1952 то рӯзҳои охирини ҳаёт як риштаи ҳаёташ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста буд. Яке аз аввалин аспирантони шуъбаи фалсафа, узви ҳайати таҳририяи аввалин донишномаи тоҷик (ЭСТ), муаллифу муқарризи як зумра мақолаҳои соҳаи фалсафа дар ин энсиклопедия, узви комиссияи навтаъсиси АИ Тоҷикистон доир ба пешниҳод ба Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино (раиси ин комиссия дар шуъбаи илмҳои ҷомеашиносӣ) буд. Мунзифа Қаҳҳоровна аз рӯзи таъсиси Шӯроҳои дифои рисолаҳои номзадӣ ва доктории назди пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҷумҳурӣ, ҳамчун узви фаъол дар роҳи тарбия ва рушди наслҳои ҷавони файласуфон саҳми назаррас дошт.
Аз рӯзҳои аввали нооромиҳо дар ҷумҳурӣ, бо ҷуръат ва ҷасорати махсус ин зани қавииродаю ҷасур аз тариқи радио ва телевизион мардумро барои барқарор шудани сохти конститутсиониву ҳар чи зудтар пойдор шудани сулҳу оштии миллӣ даъват мекард.
Ёд дорам, ки моҳи феврали соли 1993 бо даъвати роҳбарияти телевизиони ҷумҳурӣ ҳардуямон, муаллима М. Ғаффорова ва ман, барои дастгирии Ҳукумати нав ва сиёсати Раиси Шӯрои онвақтаи ҷумҳурӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбати мустақим доштем ва муаллима дар ҳамон вақтҳои вазнин устуворона ва ҷасурона бар зидди вайронкунандагони Конститутсия ва қонунҳо сухан меронд.
Мавқеи устувори сиёсӣ, донишмандӣ ва серталабӣ нисбат ба худ ва дигарон эҳтироми мо - муҳаққиқони фалсафаро ба ин бонуи хирадманд ва файласуфи донишманд хеле зиёд намуда буд ва имрӯз низ аз ӯ бо меҳру самимият ёд мекунем.
Саҳми арзандаи профессор М. Ғаффорова бо мукофотҳо ва унвонҳои  Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ду ордени «Байрақи сурхи меҳнат», ордени «Дӯстии халқҳо», ордени «Дӯстӣ» - и Ҷумҳурии Тоҷикистон, медалҳои «Барои меҳнати бошуҷоат дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945», «800 - солагии Москав» ва дигар медалҳо, ифтихорномаҳои давлатӣ, нишонҳои фахрии Аълочии маорифи ИҶШС, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, Мураббии ҷавонон қадр гардидааст.
Ӯ шахси меҳнатдӯст буд ва хастанопазирона, бо масъулиятшиносии бузург кор мекард. Чанд муддат пеш аз вафот бо тавсияи мушовараи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ китоби дарсии фалсафаро нашр намуд. Муқарризон ба ин китоб ҳамчун ҷавобгӯи талаботҳои ҷомеаи имрӯза баҳо додаанд.
Устоди хоксору донишманд, хайрхоҳу меҳрубон Мунзифа Ғаффорова то дами вопасин барои маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмат кард ва соҳиби обрӯю эътибор гардид. Зиндагӣ ва асарҳои ӯ намунаи ибрат барои олимон ва омӯзгорон буд.

Кароматулло ОЛИМОВ, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Арбоби илм ва техникаи ҷумҳурӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.09.2019    №: 185    Мутолиа карданд: 419
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед