Хабарҳо
Минск мизбони мулоқоти "Шарикии шарқӣ» мешавад
Sputnik. Вохӯрии сатҳи баланд дар доираи «Шарикии шарқӣ» 4 - 5 октябр дар Минск доир мегардад, - хабар додааст Вазорати корҳои хориҷии Беларус.
Ҷиҳати иштирок дар он ба пойтахти кишвар намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амният Федерика Могерини меояд.
Мавриди зикр аст, ки Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Молдавия ва Украина иштирокдорони ташаббуси ИА «Шарикии шарқӣ» маҳсуб меёбанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2364