logo

иҷтимоиёт

КАМБУДИҲО ИСЛОҲ МЕШАВАНД

Посух ба матлаби «Хатлон. Бефаъолиятии корхонаҳо соҳаи саноатро ба қафо мекашад!», ки 19 июни соли 2019 дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» чоп  шудааст.

Мақолаи «Хатлон. Бефаъолиятии корхонаҳо соҳаи саноатро қафо мекашад!» дар ҷаласаи назди раиси шаҳри Норак мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Зикр гардид, ки факту рақамҳои овардашуда дурустанд ва интиқоди рӯзнома аз бефаъолиятии корхонаҳо ба нафъи рушди кишвари азизи мо – Тоҷикистон аст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иттилоъ медиҳад, ки ҶДММ «Фаррухрӯз – М» ба истеҳсоли шарбат ва консерв машғул буд. Бинобар сабаби мавқеъ наёфтан дар бозори истеъмолӣ ва муфлисшавӣ корхона моҳи сентябри соли 2016 аз фаъолият бозмонд. «Фаррухрӯз – М» аз Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 бо мақсади васеъ намудани доираи истеҳсолот 600 ҳазор сомонӣ қарз гирифта буд. Бинобар сабаби сари вақт  баргардондани маблағ дар асоси ҳалномаи Суди ҳарбии гарнизони вилояти Хатлон иморату дастгоҳҳои истеҳсолии ҶДММ «Фаррухрӯз – М», ки дар гарав қарор доштанд, ба Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда шуданд ва айни замон Фонди дастгирии соҳибкорӣ онҳоро ба фурӯш гузоштааст.
Ба ҶСК «Бофандаи Норак» моҳи июни соли ҷорӣ 20 дастгоҳи нави дӯзандагӣ ворид шуда, 20 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид.
Бо мақсади таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ дар назди корхонаи ҶСП «Заводи таҷрибавӣ – механикӣ» аз ҳисоби соҳибмулк Хӯҷамурод Азимов ба маблағи беш аз 2 миллиону 780 ҳазор сомонӣ коргоҳи истеҳсоли брусчаткаи резинӣ бунёд гардида, дар он 25 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид.
Дар филиали ҶСК «Тоҷикгидромонтаж" аз тарафи соҳибкор Х. Зайдов бо маблағи 15,9 миллион сомонӣ коргоҳи истеҳсоли металлҳои гидротехникӣ бунёд гардида истодааст ва дар оянда дар ин иншооти истеҳсолӣ 160 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳад шуд.
Дар ин давра дар шаҳр 3 коргоҳи дӯзандагӣ ва коргоҳи истеҳсолии масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла шпаклёвка ва ротбандҳои сохтмонӣ, ба фаъолият пардохт ва дар онҳо 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъминанд.
Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти сохтмонӣ аз ҳисоби соҳибкори маҳаллӣ А.Назаров бунёди корхонаи истеҳсоли қуму шағал дар соли равон ба нақша гирифта шуда, айни замон корҳои тахту ҳамворнамоӣ босуръат идома доранд.
Ҳамчунин, соҳибкор Х. Табаров бунёд намудани корхонаи истеҳсоли хишти пухтаро мақсад гузоштааст ва айни ҳол кор дар зинаи ҳуҷҷатгузорӣ қарор дорад.
Соҳибкори маҳаллӣ Фахриддин Мамадқулов бо мақсади таъсис додани коргоҳи коркарди гӯшт ба Фонди дастгирии соҳибкории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қарзӣ пешниҳод намудааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр, бунёди корҳонаҳои нав, марҳила ба марҳила ба кор андохтани корхонаҳои азфаъолиятбозмонда ва фароҳам овардани ҷойҳои нави кориро дар меҳвари фаъолият  қарор дода, барои амалисозии ин мақсадҳо тамоми имконияту захираҳоро босамар истифода мебарад. Мутмаинем, ки камбудиҳои ҷойдошта бартараф мешаванд.
Д. АСОЗОДА, муовини якуми раиси шаҳри Норак


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.10.2019    №: 186    Мутолиа карданд: 1042

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед